Таҳлили образҳои асосии «Комде ва Мадан»-и Абдулқодири Бедил

Абдулқодири Бедил маъруфтарин намояндаи адабиёти форсизабони Ҳиндустон буда, бо осори пурқиматаш дар ривоҷу равнақи адабиёти форсу тоҷик саҳми босазое гузоштааст. Аз ӯ ба мо осори манзуму мансури фаровоне ба ёдгор мондааст.

Дар байни осори шоир «Ирфон» ҳамчун асари бузургҳаҷм ва машҳур мавқеи хоса дорад. Ин асар дорои 11000 байт мебошад. Достони ишқии «Комде ва Мадан» дар дохили ин асар ҷой дода шудааст. Дар ин достон сухан дар бораи муҳаббати ду дилдода меравад, ки сахтиву шиканҷаҳои зиёдро аз сар гузаронида, ниҳоят ба муроди дил мерасанд.

Ҳамон тавре ки аз номи достон бармеояд, шоир дар ин асар аз муҳаббат ва саргузашти ошиқу маъшуқа Комде ва Мадан ҳикоят мекунад. Дар достон Комде чун духтари соҳибҷамол, оқилаву табдирҷӯ ба тасвир омадааст. Комде қаҳрамони дӯстдоштаи шоир мебошад. Комде духтари некбинест, ки бо вуҷуди он ҳама нокомӣ ва ноумедиҳо ба фаро расидани рӯзи мақсуд эътимод дорад. Зеро дар қалби меҳрпарвари ӯ ҷасорати мардона, иродаи маҳкам ва сидқу вафо ошён кардаанд.

Комдеи нозанин қаду қомат, рӯю мӯй ва чашму абрӯи зебо дорад. Ботинан низ зебост. Вай санъаткор аст ва бо рақсу хиромидани худ ҳамаро мафтун мекунад. Ба базму нишастҳои шоҳона бо ҳунари нотакрораш шукӯҳи хоса мебахшад:

Базми шоҳ бе рухаш ҳузур надошт,

Бо ҳазорон чароғ нур надошт.

Муҳимтар аз ҳама дар сиришти Комде ишқу садоқат мақоми асосӣ дорад. Ӯ Маданро самимона дӯст медорад.  Ишқи Комде ишқи беолоиш ва пок аст. Дар роҳи расидан ба дидори дӯст ҳеҷ монеаеро намеписандад. Ба қадри ишқу ошиқӣ мерасад ва онро муқаддасу гиромӣ медорад:

Ҷурми ҳусн аст, ишқ озод аст,

Нақши Ширин балои Фарҳод аст.

Ӯ аз носипосӣ ва бераҳмии шоҳ ва атрофиёнаш забон ба шиква мекушояд. Зеро онҳо Мадани бегуноҳро ба азобу шиканҷа гирифтор кардаанд. Зимомдорони вақтро ба меҳрубонӣ ва адолатпарварӣ даъват мекунад. Сабру таҳаммул ва истодагарии ӯ имкон медиҳад, ки бо нияти ба мақсад расидан мубориза барад ва ба он муваффақ ҳам мегардад.

Мадан низ дӯстодри санъат буда, бо овози хушу ширадораш машҳур гардида буд. Қабл аз ҳама ӯ ҷавони тануманд, чалоку ҷасур ва бо ҳусни расои худ Комдеро мафтуни худ карда буд. Бо маҳорати навозандагӣ ва садои шӯрангезаш ба қалби шунаванда рӯҳу равони тоза мебахшад:

Ҳар куҷо базми нағма морост,

Зинда мемурду мурда бармехост.

Мадан дар роҳи аҳду вафо устувор аст. Ӯ низ ба мисли Комде дар ҷустуҷӯи шеваи ба коми дил комёб гардидан ҷаҳду талош меварзад. Нокомии худро аз сабукандешӣ ва бехирадии шоҳи худхоҳ, яъне шоҳи кишвари Комде медонад. Дигаронро низ ба кӯшиш ва ҳиммат даъват мекунад. Ба ақидаи ӯ:

Ҳиммат он ҷо, ки бастааст камар,

Мӯр бар шер бурдааст зафар.

Дар фарҷоми достон Комде ва Мадан ба висоли ҳамдигар мерасанд. Некӣ ба бадӣ ғолиб меояд, яъне зафар насиби шоҳи одил мегардад ва бо ин музаффарият ду дилдодаи ранҷу азияткашида муроди дил ҳосил мекунанд. Шоир аз забони қаҳрамонҳои достон бисёр фикрҳои сиёсию иҷтимоӣ ва панду насиҳати худро баён доштааст, ки мазмун ва мӯҳтавои достонро комилтар ва таъсирбахш гардонидааст.


Калидвожаҳо: Тахлили образхои асосии «Комде ва Мадан»-и Абдулкодири Бедил, иншо ва мавзухо, адабиёти точик, Бедил.

Шарҳ баста аст.