Таърихи пайдоиш ва муҳоҷирати ориёиҳо

Ориёиҳо аҷдоди қадими тоҷикон, эрониён, курдҳо, осетинҳо, паштуҳо ва баъзе халқҳои дигари эронизабон мебошанд. Мутобиқи маълумоти дақиқи сарчашмаҳои хаттӣ дар асрҳои IX – VIII п.м. ориёиҳо  тақрибан дар нисфи қитъаи Осиё аз сарҳади Байнаннаҳрайн то шимоли Ҳиндустон ва аз Аврупои Шарқӣ – Ҷанубӣ то Олтойу Сибири Ғарбӣ зиндагӣ мекарданд. Ба қатори халқҳои ориёии ин давра бохтариҳо, суғдҳо, хоразмиҳо, портҳо, модҳо, форсҳо, халқҳои саҳронишин сакоиҳо — скифҳо, сарматҳо, массагетҳо ва халқҳои дигар дохил мешуданд. Аммо таърихи қадимтари ориёиҳо, алалхусус дар асри биринҷ дар ҳазорсолаи II п.м. ва пештар аз он, бинобар набудани маълумоти хаттӣ чандон равшан нест. Яъне дақиқ маълум нест, ки дар минтақаҳои номбаршуда ориёиҳо аз кай боз истиқомат доштанд. Дар бораи ин давра танҳо бостоншиносӣ маълумот медиҳад, аммо дар асоси он муайян кардани мансубияти этникӣ кори душвор ва бештар қиёсӣ аст.

Барои таърихи қадимтарини ориёиҳо сарчашмаи хеле муҳим китобҳои муқаддаси дини зардуштӣ Авесто ва дини ҳиндуӣ Ведҳо мебошанд. Ин китобҳо барои он муҳиманд, ки офарандагони онҳо худро ориёӣ номидаанд ва ин қадимтарин маълумоти хаттӣ дар бораи ин халқ мебошад. Яъне агар мо кай ва дар кадом кишвар таълиф шудани ин китобҳоро муайян кунем, пас дақиқ  гуфта метавонем, ки дар он ҷо дар замони офаридани ин китобҳо ориёиҳо зиндагӣ мекарданд. Аммо санаи таълифи ин китобҳо дақиқ маълум нест ва дар ин бора ақидаҳои гуногун вуҷуд доранд. Ба ақидаи аксари олимон Ригведа, яке аз қадимтарин китоби Ведҳо на дертар аз а. XII – X п.м. дар шимоли Ҳиндустон таълиф шудааст. Ақидаҳое низ ҳастанд, ки Ригведаро ба давраҳои қадимтар, ҳатто ба ҳазорсолаи III п.м. нисбат медиҳанд. Аксари муҳаққиқон Авесторо ба нимаи аввали ҳазорсолаи якум ё саршавии он, яъне ба а. X – IX п.м. нисбат медиҳанд. Аммо маълумоте низ ҳастанд, ки дар бораи дар а. XIII п.м. таълиф шудани Авесто гувоҳӣ медиҳанд. Тамоми кишварҳои дар Авесто номбар шуда ва кишварҳои ориёӣ номида шуда дар ҳудуди Осиёи Миёна ва Эрони Шарқӣ ҷойгиранд. Дар ин асос ҳамаи олимон мӯътақиданд, ки Авесто дар Осиёи Миёна таълиф шудааст. Мо бо боварии том гуфта метавонем, ки на дертар аз а. X – IX п.м. аҳолии Осиёи Миёна ва Эрони Шарқиро яқинан ориёиҳои авестоӣ ва на дертар аз а. XII – X п.м. аҳолии Ҳиндустонро ориёиҳои ведоӣ ташкил мекарданд. Санадҳое низ ҳастанд, ки дар бораи аз ин ҳам барвақттар дар Осиёи Миёна ҳузур доштани ориёиҳо шаҳодат медиҳанд. Бостоншинос В.М. Массон маданияти кишоварзии ҳазорсолаҳои  V – III п.м. ҷануби Туркманистонро ба ориёиҳо нисбат медиҳад. Ақидае низ ҳаст, ки дар ҳазорсолаҳои III – II п.м. ҳам зироаткорон ва ҳам чорводорони Осиёи Миёна ориёиҳо буданд. В.И. Сарианиди маданияти бохтарӣ-марғинонии ҳазорсолаи II п. м., ки маъбадҳои мӯҳташами оташ ва нишонаҳои парастиши хаома дорад, ба ориёиҳо нисбат медиҳад. Ҳамаи ин фикрҳои мухталиф далели хос ва ҳақи мавҷудият доранд.

Офарандагони Ведҳо ва Авесто худро як хел «аря», яъне «ориёӣ» номидаанд.  Онҳо аз лиҳози забон, ақоиди динӣ, асотир, урфу одат, сохти иҷтимоию сиёсӣ низ бо ҳам хеле наздик буданд. Дар ин асос олимон ба хулосае омадаанд, ки дар қадим аҷдоди ориёиҳои авестоӣ ва ведоӣ ҷамъияти ягонаи этникиро ташкил мекарданд, яъне як халқ буданд, бо як забон гап мезаданд ва дар як кишвар  зиндагӣ мекарданд. Тақрибан дар а. XX- XV п.м. онҳо ба ду шоха тақсим шуданд, ки яке аз онҳо ба Ҳиндустон кӯчида дар онҷо Ведҳоро таълиф карданд. Гурӯҳи дуюм дар Осиёи Миёна ва Эрони Шарқӣ зиндагӣ мекарданд ва Авесторо офариданд. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки ин ду халқи ориёӣ пеш аз ҷудо шуданашон дар кадом минтақа зиндагонӣ мекарданд, кай ва бо кадом роҳ ориёиҳои ведоӣ ба Ҳиндустон ва авестоӣ ба Осиёи Миёна ва Эрони Шарқӣ омада буданд. Дар ин бора фикрҳои гуногун вуҷуд доранд. Аммо аксари олимон бар он ақидаанд, ки то аз ҳам ҷудо шудан ориёиҳои авестоӣ ва ведоӣ дар Осиёи Миёна ва минтақаҳои ҳамҷавори он зиндагӣ мекарданд. Баъди ин дар а. XX- XV п.м. як гурӯҳи онҳо ба Ҳиндустон ва Шимоли Байнаннаҳрайн ва қисми дигарашон, аҷдодони модҳо ва форсҳо ба Эрони Ғарбӣ муҳоҷират карданд ва қисми зиёдашон дар макони пешинаи худ, яъне дар Осиёи Миёна ва Эрони Шарқӣ монданд.

Е.Е.Кузмина ва баъзе бостоншиносони дигар ориёиҳоро бо қабилаҳои чорводору саҳронишини андроновӣ, ки дар ҷануби Урал ва Сибири Ғарбӣ зиндагӣ мекарданд ва дар а. XII-XI п.м. ба Осиёи Миёна омада буданд, як медонанд. Гӯё аҳолии маҳаллӣ забони ин қабилаҳоро қабул карда, ориёӣ шуданд. Аммо қисме аз ориёшиносон ин ақидаро қабул надоранд ва тавре, ки мо дар боло ёдовар шудем, ҳузури ориёиҳоро дар Осиёи Миёна ва шимолу – шарқи Эрон ба давраҳои хеле қадимтар, ба ҳазорсолаҳои V-III п.м. нисбат медиҳанд. Ба ақидаи онҳо ориёиҳои саҳронишини андроновӣ дар Осиёи Миёна бо ҳамқавмон ва ҳамзабонони кишоварз ва чорводори худ, ки хеле пештар аз онҳо ба ин минтақа омада буданд, рӯ ба рӯ шуданд.

Ақидае низ ҳаст, ки мутобиқи он то омадани ориёиҳои саҳронишини андроновӣ дар Осиёи Миёна дравидҳо  (ҳиндунажодони сиёҳпуст) зиндагӣ мекарданд, аммо ягон осори ҳузури онҳо мавҷуд нест. Андеша дар бораи ба пешҳиндуаврупоиён мансуб будани аҳолии Осиёи Миёна то омадани ориёиҳои саҳронишини андроновӣ ҷолиб аст, аммо он низ далели қотеъ надорад.

Аз таҳлили ақоиди мавҷуда чунин хулоса бармеояд: 1). Ориёиҳо дар давраҳои хеле қадим, тақрибан дар ҳазорсолаҳои VII-V п.м. дар ҷанубу – шарқӣ Аврупо зиндагӣ мекарданд; 2). Офарандагони қадимтарин тамаддунҳои кишоварзӣ дар Осиёи Миёна (маданияти Ҷайтун) ва Хуросон (маданияти марғинонӣ-бохтарӣ), ки мутаносибан ба ҳазорсолаҳои VI-III ва II п.м. тааллуқ доранд, ориёиҳо буданд ва онҳо аз шимолу-ғарбӣ Эрон ва Байнаннаҳрайн омада бо аҳолии маҳаллӣ омехта шудаанд; 3). Тақрибан дар ҳазорсолаи III п.м. ориёиҳои саҳронишин аз ҷанубу – шарқии Аврупо ба воситаи  шимоли баҳрҳои Сиёҳ ва Каспӣ ба Урал, Сибири ғарбӣ, Олтой ва Осиёи Миёна омаданд; 4). Ориёиҳои Осиёи Миёна ва минтақаҳои атрофи он тақрибан дар охири ҳазорсолаи III п.м. ба ду шоха ҷудо шуда, як қисмашон ба Ҳиндустон рафтанд ва қисми дигарашон дар Осиёи Миёна монданд ва қисман ба Эрони ғарбӣ рафтанд; 5). Осиёи Миёна ва Хуросон аз ҳазорсолаи VI п.м. маркази асосии ташаккулёбии тамаддуни ориёӣ будааст ва дар давраҳои минбаъда низ тамаддуни ориёиасл дар ин ҷо боқӣ монд, дар ҳоле, ки дар бисёр минтақаҳои дигар (ҷанубу –шарқии Аврупо, шимоли баҳри Сиёҳ ва то Урали ҷанубӣ, Сибири ғарбӣ ва Олтой) ин тамаддун бо дигар тамаддунҳо омехта шуда, амалан аз байн рафт; 6). Тамаддуни авестоӣ, ки дастоварди муҳими башарӣ мебошад, тақрибан дар нимаи дуюми ҳазорсолаи II п.м. ё аз он ҳам барвақттар дар Осиёи Миёна ва Хуросон ташаккул ёфтааст ва офарандагони он худро ориёӣ номидаанд. Яъне ин тамаддунро аҷдодони тоҷикон ва эрониёни имрӯза офаридаанд.

Масъалаи дигаре, ки бо ориёиҳо иртибот дорад, ин ҷамъияти этникии ҳиндуаврупоӣ мебошад. Забоншиносон дар асоси усулҳои муқоисавӣ – таърихӣ муайян намуданд, ки аксарияти забонҳои аврупоӣ — славянӣ, германӣ, романӣ, юнонӣ ва як забони осиёгӣ – форсӣ аз як реша пайдо шудаанд ва дар давраҳои хеле қадим қабилаҳое, ки бо ин забонҳо гуфтугӯ мекарданд дар як кишвар зиндагӣ мекарданд, бо як забон гап мезаданд, яъне як халқ буданд. Олимон ин халқро шартан ҳиндуаврупоӣ номиданд. Тақрибан дар ҳазорсолаи V п.м. забони ягонаи ҳиндуаврупоӣ ба чанд забони мустақил, ки мо онҳоро дар боло номбар кардем тақсим мешавад ва халқҳои соҳибзабон ба ватанҳои таърихиашон мераванд. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки то аз ҳам ҷудо шудани  иттиҳоди этникии ҳиндуаврупоӣ дар куҷо зиндагӣ мекарданд, яъне нахустватани муштараки онҳо дар куҷо ҷойгир буд? Олимон қариб 200 сол боз дар ин хусус баҳс мекунанд ва ҳоло ҳам ба як ақида наомадаанд. Доир ба ин масъала андешаҳои гуногун вуҷуд доранд. Аммо аксари донишмандон нахустватани ҳиндуориёиҳоро дар яке аз ин кишварҳо ҷой медиҳанд: Аврупои Марказӣ, Балкан ва ҳавзаи Днепр, шимоли баҳри Сиёҳ. Ориёиҳо дар қисми шарқии нахустватани иттиҳоди этникии ҳиндуаврупоиён сукунат доштанд ва аз он ҷо ба шарқ ва баъд ба ҷануб ҳаракат карда, ба Осиёи Миёна ва баъд аз ин ҷо ба Ҳиндустону  Эрон рафтанд.

Дар аввали солҳои 1970 олимони шӯравӣ Т.В. Гамкрелидзе ва В.В. Иванов дар асоси маълумоти забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ ақидаи комилан навро пешниҳод карданд. Мувофиқи он нахустватани ҳиндуаврупоиён Осиёи Хурд буд ва онҳо аз он ҷо ба воситаи шимоли Эрон ба Осиёи Миёна ва аз ин ҷо ба воситаи шимоли баҳри Каспӣ ва баҳри Сиёҳ ба Аврупо рафтаанд. Баъзе қабилаҳо шояд ба воситаи Кавказ ба Аврупо рафта бошанд. Аммо гумон аст, ки чандин халқ муташаккилона ҳаракат карда, пароканда нашуда, дар роҳи ҳаракати худ танҳо ориёиҳоро гузошта, гирдогашт то Аврупо рафта бошанд. Баръакс ҳузури аксари халқҳои ҳиндуаврупоӣ дар қитъаи Аврупо далели қавиест ба фоидаи ақидаи дар ин минтақа ҷойгир будани нахустватани онҳо.

Аз рӯи бозёфтҳои бостоншиносӣ дар давраҳои неолит, энеолит ва аввали биринҷ (ҳазорсолаҳои V – III п.м.) муҳоҷирати қабилаҳо аз Эрони Ғарбӣ ва Байнаннаҳрайн  ба Осиёи Миёна  мушоҳида мешавад. Як қисми бостоншиносон ин қабилаҳоро ориёӣ  мешуморанд, ки ба ҳақиқат наздик аст.

Бостоншиноси тоҷик Ю. Яъқубов ба нуқтаи назари Т.В. Гамкрелидзе ва В.В. Иванов такя карда Осиёи Хурдро нахустватани на ҳиндуаврупоиён балки ориёиҳо мешуморад. Ба фикри ӯ ориёиҳо аз он ҷо бо ду роҳ ба самти шарқ ҳаракат карданд. Як гурӯҳи онҳо ба воситаи шимоли Эрон ба Осиёи Миёна ва гурӯҳи дигар, ки минбаъд саҳронишин шуда, бо чорводорӣ машғул шуданд, ба воситаи шимоли баҳри Сиёҳ ва баҳри Каспӣ ба ҷануби Урал,  Сибири Ғарбӣ ва Олтой рафтаанд.  Ин ақида хеле ҷолиб аст, аммо осори ориёӣ ба он андозае, ки дар Осиёи Миёна мавҷуд аст, дар Осиёи Хурд нест. Академик Н. Неъматов Осиёи Миёнаро нахустватани ҳиндуаврупоиён мешуморад. Аммо дар ин ҷо ягон нишонаи ҳузури дигар халқҳои ҳиндуаврупоӣ ба ғайр аз ориёиҳо пайдо карда нашудааст.

Шарҳ баста аст.