Суруди миллӣ – рукни муқаддаси давлатдорӣ

0
33

Агар ватану ватандорӣ аз гаҳвора оғоз гардад, пас ватанпарастиву ватандӯстдорӣ аз ҳувияти миллӣ сарчашма мегирад, ки асоси онро нишони Ватан ташкил медиҳад. Нишони Ватан, ки дар ҳар куҷову дар ҳар ҷо аз Ватан дарак хоҳад дод. Беҳуда нест, ки гузаштагони мо ҳангоми сафар бо худ ҳатман як каф хоки Ватанро мегирифтанд, то аз Ватани худ нишоне дошта бошанд ва бо ҳамин хумори дидори Ватанро шикананд.

Асрҳо паси сар шуданд, солҳо гузаштанд, замон дигар гардид, одамон дигар шуданд. Илму техника тараққӣ кард, шароитҳову имконоти нав ба нав падид гардид. Давлату давлатдорӣ соҳиби рамзи худ гардид. Соҳиби рамзе, ки аз соҳибихтиёрии он дарак медиҳад, соҳиби рамзест, ки ҳувияти миллиро ба вуҷуд меорад. Рамзе, ки аз ҷой доштани Тоҷикистони кӯчак шаҳодат медиҳаду миллати тоҷикро ба сӯи худ боз мехонад, онро дар гирду атрофии худ ҷамъ месозад, миллати тоҷикро аз парокандашавӣ нигоҳ медорад.

Загрузка...

гимн, гимни точикистон, суруди милли, иншо,

Танинандоз гардидани суруди миллӣ ба дили кас илҳом мебахшад, шахсро ба сӯйи фатҳи қуллаҳои нав ба нав ҳидоят менамояд, корнамоиҳои бемислу монандро тараннум ме-кунад. Булбули бечаманро сӯйи манзил – Ватан даъват менамояд. Дар ботини шахс эҳсоси ғурур, ғурур аз ватану ватандориро тавлид месозад. Ба шахс аз зафариятҳои дар пеш истода дарак медиҳад, дили шахсро ба фатҳи қуллаҳои нав дилгарм месозад, одамонро баҳри ободии Ватан ҳидоят менамояд.

Садо додани суруди миллӣ дар мавриди ба фаъолияти худ оғоз намудани иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи худро аз суруди миллӣ оғоз намудани телевизиону радиои ҷумҳурӣ, сароида шудани суруди миллӣ ҳангоми сафари расмии сарвари давлат ба давлатҳои дигар, сароида шудани суруди миллӣ ҳангоми барафрохтани парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бо шарофати варзишгарони бонангу номуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахс рӯҳу илҳоми тоза мебахшад, оғози рӯзи навро бо ҳидояти Ватан шурӯъ менамоянд, аз Ватани худ муаррифӣ мекунанд.

Суруди миллӣ ба дили кас қувват мебахшад. Мисли садои булбули хушилҳон дар тамоми фазои Ватан танинандоз гардида, фаро расидани субҳи содиқи Ватанро ба ҳар як соҳибватан табрик менамояд.

Суруди миллӣ тилисмест дар шахс, тилисмест, ки онро аз ҳар гуна офатҳо нигаҳ медорад, ба тани беҷони ӯ ҷон мебахшад, тамоми қувваи бозуи ӯро ҷамъ меоварад. Бо шунидани суруди миллӣ шахс тамоми қувваи бозуи худро ҷамъ меорад, ба пеш мехазад, ҳаркат мекунад то Ватани худро наҷот бахшад. Наҷот бахшад аз тохту тозҳо, наҷот бахшад аз фаноёбӣ, наҷот бахшад аз беҳудагӯиҳо. Исбот мекунад, ки Ватани ӯ дигар аст, зодгоҳи пешравиҳост, зодгоҳи тамаддунҳост, сарчашмаи сулҳу тифоқ, амнияту ҳамкорист. Аз Ватани ӯ оғоз мегардад сарчашмаи меҳру муҳаббат, адолату шафқат, дӯстиву меҳрубониҳо. Ободиҳо, тараққиёти илму техника, ҳамдигар-фаҳмиҳо.

Суруди миллӣ мисли дили оташфишони Данкост. Дили шаби торро шикофта ба сӯи умеду орзуҳо, ба сӯи ояндаи нек, ба сӯи сулҳу субот, оромиву осудагӣ роҳ мекушояд, одамонро аз паси худ мебарад, дар гирду атрофии худ муттаҳид месозад, аз як гиребон сар мебароранд, қувваи бузурги созандаву ободкорро тавлид мекунад, иншоотҳои бузурги аср – нерӯгоҳи обиву барқии Роғун, Сангтӯда, нақби Анзобу Шаҳристон, Шаршару Чормағзак, Роҳи абрешиму Душанбе – Бӯстон – Чанокро буньёд менамояд.

Ҳамаи ин сеҳрест сеҳри Суруди миллӣ. Суруде, ки ифодагари тамоми қувваи созандаву ободкор, пешбарандаву накӯкор аст. Муттаҳидкунандаи халқияту миллатҳо, гаҳвораҷунбони дуньё, сарчашмаи хушкнашавандаи рӯҳу илҳоми нав ба нав, қувваи тақдирсоз, қувваи пешбаранда, таскинкунандаву ҳидоятгар, қувваи нав ба нав…