Субъектҳои ҳуқуқи байналхалқӣ

0
26

Субъекти ҳуқуқи байналхалқӣ гуфта иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи байналхалқиро меноманд, ки дорои қобилияти ҳуқуқдорӣ ва амалкунии байналхалқӣ буда, соҳиби ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои байналхалқӣ буда, дар коркард ва амалигардонии меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ метавонанд бевосита иштирок намоянд.

Дар илми ҳуқуқи байналхалқӣ нишонаҳои зерини субъекти ҳуқуқи байналхалқиро пешниҳод менамоянд:

Загрузка...
  • Субъектони ҳуқуқи байналхалқӣ дорои қобилияти ҳуқуқдорӣ ва амалкунии байналхалқиянд, яъне онҳо соҳиби ҳуқуқ ва уҳдадориҳои байналхалқӣ мебошанд ва дар баробари ин метавонанд, ки бо ҳаракатҳои худ низ соҳиби ҳуқуқу уҳдадориҳои байналхалқӣ гарданд.
  • Ҳамчун қоида субъектони ҳуқуқи байналхалқӣ ба ҳайси созмонҳое, ки сохтори дохилии худро доранд баромад менамоянд. Мисол, давлат аз ҳукумат, парламент, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мақомотҳои робитаҳои байналхалқӣ иборат мебошад, ё ташкилоти байналхалқӣ аз роҳбар (Котиби генералӣ, Директор) мақомоти иҷроия, кумитаҳо ва дигар сохторҳо иборат мебошад, ё халқу миллатҳои озодихоҳ аз ҳизби сиёсие, ки манфиатҳои онҳоро намояндагӣ ва ҳифз менамояд, иборатанд.
  • Субъектони ҳуқуқи байналхалқӣ дар коркард ва қабули меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ иштирок менамоянд.

Дар илми ҳуқуқи байналхалқӣ субъектони ҳуқуқи байналхалқиро ба субъектони аввалиндараҷа ва дуюминдараҷа ҷудо менамоянд:

  • аввалиндараҷа. Ба ин гурӯҳ субъектони ҳуқуқи байналхалқӣ давлатҳо ва халқу миллатҳои озодихоҳ дохил мешаванд. Барои он, ки ин категорияи субектҳои байналхалқӣ соҳиби соҳибҳуқуқии байналхалқӣ гарданд, хоҳиш, иҷозат, ё ин ки хулосаи ягон субъекти дигари байналхалқӣ талаб карда намешавад. Онҳо бо мавҷуд будани табиати ҳуқуқияшон соҳиби ҳуқуқ ва уҳдадориҳои байналхалқӣ мебошанд.

Давлат субъекти аввалиндараҷаи ҳуқуқи байналхалқӣ буда ин мақом аз табиат ва моҳияти худи давлат бармеояд. Оиди давлат чист ва он чи хел таъриф дода мешавад дар назарияи давлат[1] ақидаҳо мухталиф буда, лекин аниқ нишонаҳои зерини давлат пешниҳод карда мешаванд. Ин соҳибихтиёрӣ, доштани марзи маъмурӣ, аҳолӣ, мақомотҳои идоракунӣ ва маҷбурсозӣ, инчунин ғункунии андоз. Барои субъекти комилҳуқуқи байналхалқӣ гардидан зарур аст, ки давлат дорои соҳибихтиёрӣ бошад. Дар назарияи ҳуқуқ дар зери мафҳуми соҳибихтиёрӣ мустақилияти давлат ва волоияти ҳокимияти ӯ дар тамоми ҳудуде, ки ба ӯ тааллуқ дорад, инчунин баробарҳуқуқ будан дар муносибатҳои байналхалқӣ бо дигар давлатҳо фаҳмида мешавад. Соҳибихтиёрии давлат ду ҷабҳа дорад. Ин ҷабҳаи байналхалқӣ ва дохилӣ мебошад. Ҷабҳаҳои байналхалқии соҳибихтиёрӣ маънои онро дорад, ки дар ҳуқуқи байналхалқӣ мақомоти давлатӣ ва ё шахсони алоҳидаи мансабдори давлатӣ ҳамчун субъекти ҳуқуқи байналхалқӣ баромад накарда, балки тамоми амалҳои мақомотҳои давлатӣ ва шахсони мансабдори он ҳамчун аз номи давлат содиршуда эътироф карда мешаванд. Ҷабҳаи дохилии соҳибихтиёрӣ маънои доштани волоияти ҳокимияти давлатӣ ва мустақилияти сиёсии дар дохили ҳудуди давлатро мефаҳманд. Асоси ҳуқуқии байналхалқии мақоми давлатро ҳуқуқҳое ташкил медиханд, ки дар санадҳои ҳуқуқии байналхалқии мухталиф мустаҳкам гардидаанд. Мисол, ҳуқуқи таъсис додан ва иштирок намудан дар фаъолияти ташкилотҳои байналхалқӣ, ҳуқуқ ба баробарии соҳибихтиёрӣ, ҳуқуқ ба худмудофиа, ҳуқуқ ба бастани шартномаҳои байналхалқӣ ва монанди инҳо.

  • дуюминдараҷа. Ба ҳайси субъектони дуюминдараҷаи ҳуқуқи байналхалқӣ ташкилотҳои байналхалқӣ баромад менамоянд. Ин гурӯҳ субъектони байналхалқӣ дар асоси шартномаи байналхалқие, ки аз ҷониби давлатҳо баста мешавад, субъекти ҳуқуқи байналхалқӣ мегарданд, яъне давлатҳо барои ҳалли ягон масъала, ё ин ки баҳри ноил гаштани барои ягон мақсадҳои худ субъекти нави байналхалқиро таъсис дода, ӯро соҳиби қобилияти будани иштирокчиёни муносибатҳои байналхалқӣ мегардонад. Бо ҳамин мақсад ташкилотҳои байналхалқӣ субъектони дуюминдараҷаи байналхалқӣ номида мешаванд.

Ташкилотҳои байналхалқӣ ҷудо карда мешаванд ба ташкилотҳои байналхалқии байниҳукуматӣ (Созмони Миллали Муттаҳид, Шӯрои Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғ.) ва ташкилотҳои байналхалқии ғайриҳукуматӣ (Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх, Amnesty International ва монанди инҳо). Дар ҳуқуқи байналхалқӣ танҳо ташкилотҳои байналхалқии байниҳукуматиро ба ҳайси субъекти ҳуқуқи байналхалқӣ эътироф менамоянд, чунки ташкилотҳои байналхалқии ғайриҳукуматӣ аз тарафи давлатҳо ташкил карда намешаванд, баръакс аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва иттифоқҳои ғайриҳукуматӣ таъсис дода мешаванд.

Инчунин бояд қайд кард, ки дар ҳуқуқи байналхалқӣ дар фарқият аз низоми ҳуқуқии дохилидавлатӣ шахс (фард) ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналхалқӣ баромад карда наметавонад[2]. Шахс ба монанди ташкилотҳои байналхалқӣ ва давлатҳо ҳуқуқи қабул намудани меъёрҳои байналхалқӣ ва бастани шартномаҳои байналхалқиро надорад, лекин ба ин нигоҳ накарда ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон дар ҳуҷҷатҳои бонуфузи байналхалқӣ ба монанди Эъломияи ҳуқуқи башар, Паймони байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ аз соли 1966, Паймони байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз соли 1966, Конвенсияи аврупоӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон аз соли 1950 Конвенсияи Женева дар бораи асирони ҳарбӣ аз соли 1949, Конвенсияи Женева оид ба ҳимояи аҳолӣ аз соли 1949 ва монанди инҳо, мустаҳкам гардидаанд.


[1] Муфассалтар ниг.: Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи умумии ҳуқуқ ва давлат. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносӣ. – Душанбе. 2008, С. 201-214

[2] Муфассалтар ниг.: Ҳуқуқи байналхалқӣ. Китоби дарсӣ. Душанбе. Ирфон, 2008, 503 с.


Калидвожаҳо: хукуки байналхалки, ҳуқуқи байналхалқӣ, ҳуқуқи байналхалқӣ дар тоҷикистон, хукук, ҳуқуқ, Субъектхои хукуки байналхалки.