географияи тоҷикистон, географияи точикистон, реферат, кори курси

Сокиншавӣ ва зичии аҳолӣ

Маскуншавии аҳолӣ ба бисёр омилҳо, пеш аз ҳама ба релеф ва тафовути иқлимӣ вобастагии калон дорад. Маҳз ин омилҳо бештар зичӣ ва маскуншавии аҳолиро дар қаламрави ҷумҳурӣ муайян менамояд. Ҳоло 71 фоизи аҳолӣ дар баландиҳои 1000 метр, 25 фоизаш дар баландии аз 1000 то 2000 метр ва фақат  4 фоизи он дар баландии бештар аз 2000 метр аз сатҳи баҳр маскун шудааст. Ҳисоби миёнаи зичии аҳолӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар як километри мураббаъ 51,5-ро ташкил мекунад. Аммо аз маълумотҳои дар боло оварда маълум мешавад, ки вобаста ба баландии маҳал, мавчуд будани заминҳои кишт (хусусан обӣ) миқдори аҳолӣ ва зичии он тағйир меёбад. Дар водиҳо ва доманакӯҳҳо дар як километри мураббаъ 67,7 нафар дар пасткӯҳҳо 28,8, дар миёнакӯҳҳо 9,6 ва дар баландкӯҳҳо 1,5 нафар рост меояд. Мутобиқан ба релеф зичии аҳолӣ дар ҳама қисми ҷумҳурӣ низ як хел нест. Дар водии Ҳисор зичии миёнаи аҳолӣ дар як километри мураббаъ 56 дар водии Вахш 48, дар Тоҷикистони Шимолӣ 81 ва дар Помир 3,3 нафарро ташкил менамояд.

Дар Тоҷикистон вобаста ба шуғли аҳолӣ ду намуди маҳалҳои аҳолинишин ташаккул ёфтанд: шаҳр ва деҳот. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 23 шаҳр ва 48 шаҳрак вуҷуд дорад. Шаҳрҳо дар хоҷагии халқи мамлакат вазифаҳои гуногунро иҷро менамоянд. Аз ин нигоҳ шаҳрҳоро ба гурӯҳҳои зерин ҷудо менамоем: шаҳрҳои калонтарин ва калон (Душанбе ва Хуҷанд); шаҳрҳои миёна ва хурд, ки вазифаҳои гуногуни маъмурӣ ва хоҷагиро иҷро менамоянд. Ин шаҳрҳо одатан маркази ноҳияҳои маъмурӣ мебошанд (Конибодом, Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Турсунзода ва ғайра); шаҳрҳои миёна ва хурд, ки вазифаи маркази сиёсию маъмурӣ ва маданию хоҷагиро иҷро менамоянд (Кӯлоб, Ваҳдат ва Хоруғ); шаҳрҳои миёна ва хурд, ки вазифаи истеҳсолӣ ва фарҳангиро иҷро менамоянд (Қайроқум, Чкаловск, Норак, Сарбанд, Шӯроб ва ғайра). Марказҳои аҳолинишини нисбатан хурд (шаҳракҳо) дар заминаи истифода бурдани сарватҳои аз худ намудани заминҳои бекорхобида ва дигар талаботҳои хоҷагӣ ба миён омаданд. Аз рӯи вазифа онҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст: якум шаҳрчаҳои тахсиси маҳдуддошта. Ба он шаҳрчаҳое дохил мешаванд, ки дар онҳо корхонаҳои саноати кӯҳӣ ва ё муассисаҳои тандурустию истироҳатӣ бунёд шуданд (Адрасмон, Олтинтопкан, Консой, Чоруқдарон, Нефтобод, Зарафшон, Майхӯра ва шаҳракҳои истироҳатӣ -Хоҷаобигарм, Обигарм, Шоҳамбарӣ); дуюм шаҳракҳои муштарак. Онҳо вазифаи марказӣ-маъмӯрӣ, ташкилию истеҳсолӣ ва ғайраро дар бар мегиранд. Ба он шаҳрчаҳое дохил мешаванд, ки маркази ноҳияҳои маъмӯрӣ шуда хизмат мекунанд. Аҳолии ин шаҳракҳо асосан ба хоҷагии қишлоқ машғуланд. Дар як қисми онҳо корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои пахтасупорӣ, фабрикаи мурғпарварӣ, корхонаҳои хизматрасонӣ ва ғайра амал мекунанд.

Аҳолии деҳот аз нигоҳи релефи маҳал асосан ба ду намуди маскуншавӣ ҷудо мешавад: ҳамворигӣ ва кӯҳӣ. Дар ҳамворӣ водиҳои сераҳолӣ ва деҳаҳои калон бартарӣ дорад. Онҳо бештар дар водии дарёҳои хурд ва наҳрҳои обиёрикунанда бунёд гардиданд. Онҳоро деҳаҳои маҳалли зист  мегӯянд.  Чунин деҳаҳо тақрибан аз 1,5 то 10 ҳазор аҳолӣ доранд. Калонтарини онҳо Қистакӯз, Исфисор, Чоркӯҳ, Кӯлканд, Навгилем, Уджӣ, Ворух, Шӯрча ва ғайра, онҳо дар вилояти Суғд бештар воқеъ гардиданд. Дар водии Вахш ва Ҳисор ҳам ингуна деҳаҳо кам нестанд. Атрофи деҳаҳоро боғу токзор ва замини кишт иҳота карданд.

Деҳаҳое, ки дар дара ва домани кӯҳҳо ҷойгир шуданд, нисбатан хурд мебошанд. Замине, ки аҳолӣ киштукор мекунад дар байни шохаи кӯҳҳо қитъа-қитъа ҷойгир шудаанд. Қисман заминҳо аз деҳаҳо якчанд километр дур воқеъ гардиданд.

Дар водии дарёҳо, дар суфаи онҳо деҳаҳо нисбатан калон ва иморатҳо алоҳида-алоҳида ҷойгир шудаанд. Дар деҳаҳои доманакӯҳи иморатҳо дар нишеби доманаи кӯҳ зич ба монанди «зинапоя», яке дар болои дигар сохта шудаанд. Ҳамин тавр деҳаҳо аз ҷиҳати миқёс, тарҳ ва мавқеи ҷойгиршавӣ, шароити табиӣ, махсусгардонии хоҷагӣ ва дигар аломатҳо аз якдигар фарқ мекунанд. Аз нигоҳи махсусгардонии истеҳсолот деҳаҳои Тоҷикистон ба чор намуд ҷудо мешаванд:

  1. Сокиншавӣ дар доираи хоҷагии тараққикардаи деҳқонӣ. Ин намуди сокиншавӣ дар атрофи шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва ғайра паҳн гардидааст. Дар ин ҷо деҳаҳои калон воқеъ гардиданд;
  2. Сокиншавӣ дар доираи заминдории доманакӯҳӣ. Деҳқонони ин мавзеъ дар қисми ҳамвории он ба боғу токпарварӣ, пахтакорӣ машғуланд. Чунин намуди сокиншавӣ дар доманакӯҳҳои Ҳисор, қисми ғарбии водии Фарғона, водии Вахшу Кӯлоб дида мешавад. Деҳаҳои ин ҷо он қадар калон нестанд.
  3. Сокиншавии нахустин (аввалин), ки дар заминҳои нав обёришуда дучор мешаванд. Ин заминҳо дар шимоли ҷумҳурӣ ва ҷануби он бо тарзи механикӣ ва бо наҳрҳои худҷоришаванда обиёрӣ карда мешаванд. Хоҷагиҳо ба пахтакорӣ, обчакорӣ ва боғу токпарварӣ машғуланд. Маҳалҳои аҳолинишин аз рӯи нақша сохта шудаанд. Намуди зоҳирии деҳаҳо ба шаҳракҳо қаробат доранд.
  4. Сокиншавии интихобӣ. Ин намуди сокиншавӣ дар доманаҳои кӯҳӣ ва аксар дар Бадахшон дида мешавад, ки он аз деҳаҳои хурду миёна иборат буда, аз якдигар дар масофаи дур ҷойгир шудаанд. Дар ин мавзеъҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ғаллакорӣ, картошкакорӣ ва чорводорӣ машғул мебошанд. Дар маҳалҳои нисбатан гарм ба боғу токпарварӣ сару кор доранд. Аз ҷумла дар водии Заравшон, Рашт ва Дарвоз.

Шарҳ баста аст.