Сохтори сиёсатшиносӣ

Ҳангоми муайян намудани сохтори сиёсатшиносӣ ба ду масъала диққат додан лозим аст: якум, сиёсатшиносӣ ҳамчун илм ва дуюм сиёсатшиносӣ ҳамчун фанни таълимӣ. Сиёсатшиносӣ ҳамчун илм ба гузаронидани таҳқиқоти назариявӣ, коркарди консепсияҳои назариявӣ ва тавсияҳои амалӣ машғул аст. Сиёсатшиносӣ ҳамчун фанни мустақил дар бораи сиёсат тасаввуротҳои муайянро ташаккул дода, муносибатҳои гуногуни методологиро дар бар мегирад ва имкон медиҳад, ки мавқеи инсон дар системаи сиёсии ҷомеа муайян гардад ва рафтори сиёсии ӯ баҳогузорӣ карда шавад.

Ҳангоми муайян намудани сохтори сиёсатшиносӣ онро бояд аз нуқтаи назари муносибатҳои мухталиф гурӯҳбандӣ намуд. Сиёсатшиносиро аз рӯйи мақсадҳои таъйиншуда ба сиёсатшиносии таҳлилӣ ва амалӣ ҷудо менамоянд. Сиёсатшиносии таҳлилӣ ба омӯзиши вазъияти иҷтимоию сиёсӣ, шаклҳои амалишавии ҳокимияти сиёсӣ, сохтори сиёсии ҷомеа ва равандҳои сиёсӣ машғул гардида, асосҳои ояндабинии рушди сиёсиро таъмин менамояд. Сиёсатшиносии амалӣ ба мушаххасгардонии сохтори сиёсӣ ва моделсозӣ машғул гардида, асосҳои методологии ҳалли масъалаҳои ҷамъиятиро ба таври амалӣ ба вуҷуд меоварад. Сиёсатшиносии амалӣ то андозае офарандаи сиёсат ба шумор меравад. Зеро он консепсияҳои сиёсиро дар вазъияти мушаххас амалӣ мегардонад.

Инчунин, сиёсатшиносиро аз рӯйи объекти таҳқиқот ба чунин гурӯҳҳо ҷудо менамоянд:

  1. Сиёсатшиносии умумӣ, ки он масъалаҳои сиёсиро ба таври назариявӣ таҳқиқ ва асоснок менамояд. Ба ибораи дигар, сиёсатшиносии умумӣ ҳамаи масъалаҳои сиёсиро ба таври назариявӣ таҳлил намуда, умумият ва хусусиятҳои раванди сиёсӣ ва падидаҳои сиёсиро нишон дода, ояндабинии рушди воқеияти сиёсиро амалӣ месозад.
  2. Сиёсатшиносии муқоисавӣ, ки он масъалаи рушди сиёсии мамлакатҳои алоҳидаро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Ин навъи сиёсатшиносӣ равандҳои сиёсии дар шароити мухталиф бамалояндаро мавриди муқоиса қарор дода, бо назардошти вазъияти мушаххаси иҷтимоию сиёсӣ ва хусусиятҳои миллии мамлакати алоҳида роҳҳои самараноки танзими равандҳои сиёсӣ ва ҳалли масъалаҳои сиёсиро пешниҳод менамояд.

Шарҳ баста аст.