Сохтори давлатӣ ва марзи маъмурӣ

Сохтори марзӣ — давлати падидаи мустақили ҳуқуқи — қонститутсионӣ буда, аз маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки вазъи ҳуқуқи конститутсионии давлатро бутун ва сохтори марзию маъмурии онро муаӣян ва мустаҳқам менамояд.

Сохтори марзӣ — давлати вобаста ба таркиби давлат шакли ягона (унитарӣ — аз лотинӣ «unitas» гирифта шуда, маънояш ягонагӣ), яъне содда ё шақли иттифоқи (федеративӣ — аз лотинӣ «fedeкatio» гирифта шуда, маънояш иттиҳод) яъне мураккаб гирифта метавонад.

Ҳар яқе аз шаклҳои номбаршуда хусусиятҳои ба худ хос доранд. Ба давлатҳои ягона чунин хусусиягҳо хос мебошанд:

1 .        Давлатҳои ягона марзи бутуни ягонаи давлати доранд.

  1. Давлати ягона шаҳрванди ягонаи ҳудро дорад.
  2. Давлати ягона Конститутсияи худро дорад.
  3. Давлати ягона мақомоти олии қонунгузорӣ иҷроия ва судии ҳудро дорад, ки қонун, қарор ва санадҳои дигари онҳо дар тамоми қаламрави давлат, барои ҳама ҳатмӣ мебошанд.
  4. Давлати ягона рамзҳои ягонаи давлатии ҳудро дорад, қи аз Парчами давлати, Нишони давлати ва Суруди миллиӣ иборат аст.

Давлати иттифоқи чунин хусусиятҳо дорад.

  1. Давлати иттифоқи Конститутсияи ҳудро дорад, қи дар тамоми қаламрави иттифоқ амал мекунад. Аъзоёни иттифоқ низ конститутсияи ҳудро доранд, ки мувофиқи қонститутсияи иттифоқ аз тарафи мақомоти олии қонунбарории онҳо қабул қарда мешавад. Конститутсияи субъекти иттифоқ дар ҳадди марзи давлатии он амал мекунад.
  2. Давлати иттифоқӣ марзи давлатии худро дорад. Ҳар як аъзои иттифоқ низ марзи давлатии худро дорад, ки бе розигии худи у онро тағӣир додан мумқин нест.
  3. Давлати иттифоқӣ шаҳрванди иттифоқӣ дорад. Ҳдр яқ аъзои иттифоқ низ шаҳрвандии ҳудро дорад. Шаҳрванди аъзои иттифоқ дар яқ вақт шаҳрванди иттифоқ мебошад.
  4. Давлати иттифоқӣ мақомоти олии ҳокимияти конунгузорӣ, иҷроия ва суди дорад. Санадҳои онҳо дар марзи тамоми иттифоқ амал меқунанд ва иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад. Дар як вақт аъзоёни иттифоқ низ мақомоти олии давлатии худро доранд, қи санадҳои онҳо дар марзи субъектони мазкур амал мекунанд.

Ба ҳамин тариқ, ҷудошавии шакли сохтори давлат ба ягона ва итти­фоқӣ ба таркибу ҳаӣати онҳо вобаста буда, дар як вақт ҳам давлати итттифоқӣ ва ҳам давлати ягона аз номи ҳуд мустақилона баромад менамоянд.

Яқе аз шақлҳои ҳамкорию муттаҳидшавии давлатҳо итттифоқӣ мураккаб (конфедератсия) мебошад. Аслан итттифоқӣ мураккаби давлатҳо ҳадафи ташқили давлати нав ё ташкили дастгоҳи аз болои фаъолияти давлатҳои аъзои итттифоқӣ мураккаб назораткунандаро надорад. Гарчи дар ташкилу фаъолияти он ҳар ду ин хислат мушоҳида мешавад. Одатан ин итттифоқӣ нисбатан заиф ва ноустувори давлатҳо буда, ҳислати муваққатӣ дорад ва давлатҳои ҳамсарҳад ба мақсади ҳифзи нигоҳдории истиқлолияти худ, ба амалбарории сиёсат дар самтҳои муаӣян муттаҳид мешаванд. Чунин якҷоякунии кушиш бештар вақт дар соҳаҳои муносибатҳои хориҷӣ, мудофиа, муқаррар кардани воситаҳои ягонаи алоқа, пардохти гумруки ва ғаӣра ба роҳ монда мешавад. Бо ин мақсад давлатҳои аъзои иттифоқӣ мураккаб як ё якҷанд мақомот ва мансабҳои махсус таъсис менамояд. Ҳадди салоҳияти онҳо бо нақшаю мақсадҳои иттифоқӣ мураккаб маҳдуд мегардад. Мақомоти иттифоқӣ мураккаб аз болои давлатҳои аъзо ҳокимияти мустақил надоранд. Санадҳои иттифоқӣ мураккаб дар асоси консенсус қабул гардида, баъди аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои иттифоқӣ мураккаб тасдиқ шудан, ба амал медароянд. Асоси ҳуқуқии иттифоқӣ мураккаб шартномаи давлатҳои аъзои итттифоқӣ мазкур буда, он хислати конститутсионӣ паӣдо намекунад. Давлатҳои аъзои иттифоқӣ мураккаб ҳар вақт метавонанд, озодана аз ҳайати ин итттифоқ бароянд.

Яке аз хусусиятҳои муҳими таркиби давлат ташкили марзии у мебо­шад, ки он одатан, аз воҳидҳои марзию маъмурӣ иборат аст. Ҳамчун қоида, марзи давлатҳои унитарӣ, яъне ягона ба воҳидҳои марзию маъмурӣ ҷудо мешавад. Дар давлатҳои сохти федеративи бошад, ба воҳидҳои марзию маъмурӣ марзи субъектони федератсия тақсим мешавад. Аммо ба таври истисно, як қисми марзи давлати федеративи низ метавонад аз воҳидҳои марзию маъмурӣ иборат бошад.

Сохтори марзию маъмурии дар асоси чунин усулҳо бояд ташқил ёбад:

  • баҳисобгирии шароити иқтисодӣ маҳал;
  • баҳисобгирии шароити табиӣ ҷугрофии маҳал;
  • баҳисобгирии алоқаҳои анъанавии таъриҳии маҳал бо маҳаллӣ дигар;
  • баҳисобгирии ҳаӣати миллии аҳолии маҳал;
  • наздик гардонидани мақомоти маҳаллии ҳоқимияти давлатӣ ба аҳолӣ.

Шарҳ баста аст.