Соҳибкорӣ ва моликият

0
138

Фаъолияти соҳибкорӣ мустақиман бо шаклҳои ташкилию ҳуқуқии фирмаҳо, яъне гуногуншаклии моликият алоқаманд мебошад. Вобаста ба шакли моликият ва дастаи ҳуқуқии он, шакл ва намудҳои корхонаҳо, алалхусус, фаъолияти соҳибкорӣ ташкил ва инкишоф меёбад.

Загрузка...

Дар таҷрибаи хоҷагидорӣ меъёри ягона ва ҳатмии маҳдуд ва тобеъгардонии шакли моликият ва соҳибкорӣ вуҷуд надорад. Фаъолияти соҳибкорӣ ба ин ё он шакли моликият: хусусӣ, давлатӣ, саҳҳомӣ, кооперативӣ… вобаста намебошад. Имконияти васеи ба ҳам омезиш ва ташкили вариантҳои гуногуни соҳибко-рӣ ва бизнес имконпазиранд. Ин маънои онро дорад, ки агент-ҳои иқтисодие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ шуғл меварзанд, ҳатман соҳиби пурраи сармояи фирма буданашон шарт нест. Соҳибкор дар ин ҷода метавонад бидуни моликияти худ, мо-ликияти шахси дигар, шахси ғайр(бегона)-ро ҳамчун қарз ё худ иҷора истифода кунад. Дар ин асно, ҷавобгарию масъулият ва хавфи таваккалии иқтисодӣ оиди истифодаи сармояи бегона ва ба ивази он баргардондани фоида, албатта дучанду сечанд мешавад. Дар ҳолати азони худӣ будани моликият муносибатҳои соҳибию азонихудкунӣ, истифодаю идора, тақсими даромад ва ғайра бечуну чаро тағйир меёбад.

Соҳибӣ кардан вобаста ба шаклҳои моликият ҳархела сурат мегирад. Дар ҳолате ки соҳибкор соҳиби корхонаи алоҳида бошад, он ҳуқуқи пурраи истифодаи муносибатҳои дастаи моликиятро дорад ва онҳоро ба мақсади ташкил кардани фаъолияти бизнес ва ба даст овардани даромад истифода мебарад. Соҳиб-кор шахсан барои иҷро кардани ӯҳдадориҳои корхона на дар назди ягон шахси дигар, балки виҷдон, дороӣ ва ақлу хиради худ ҷавобгар мебошад.

Дар ҳолати мавҷуд будани шаклҳои дигари фирма- (корхо-наҳои гурӯҳӣ, иттифоқҳо, иттиҳодия(ҷамъият)-ҳои рафиқона, ширкатхои саҳҳомӣ, кооперативҳо, комбинатҳо, консернҳо ва ғайра), яъне шаклҳои гуногуни моликият, бешубҳа шакли гурӯ-ҳӣ ва коллективии соҳибкорӣ ба миён меояд ва муносибатҳои дастаи ҳуқуқии моликият дар байни онҳо тақсим карда мешавад (масалан, муносибатҳо оиди соҳибӣ кардан, истифода бурдан, идора намудан, тақсими даромад ва ғайра).

Принсипҳои соҳибкорӣ ва ташкили бизнес – манфиат, ташаббус, ҷавобгарию масъулият ва ғайра на ба зиммаи як шахс, балки гурӯҳи субъектҳои соҳибкорӣ гузошта мешавад. Дар ин асно, принсипи “коллективизм” барои амалӣ гардонидани ҳада-фи асосӣ ба мадди аввал гузошта мешавад. Нақш ва мавқеи мар-кетинг ва менеҷмент дар ин ҷараён бештар меафзояд. Дараҷаи масрифи трансаксионӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ дар доираи фирмаҳо ҳархела сурат мегирад.

Моликияти хусусӣ ва густариши сектори хусусӣ барои со-ҳибкории озод имконияти васеъ муҳайё менамояд. Иқтисоди бозорӣ барои арзи вуҷуд намудани соҳибкории озод замонат медиҳад.

Соҳибкории озод тақозо менамояд, ки ҳар як субъекти иқти-содӣ ба таври озод аз захираҳои иқтисодӣ метавонад истифода барад, дар мояи он истеҳсолотро ташкил ва неъматҳоро тавлид намояд.

Тибқи қоидаву қонунҳои таҳсисёфтаи мамлакатҳои Ғарб давлат ба ҷараёни фаъолияти соҳибкорӣ ҳаққу ҳуқуқи дахолат карданро надорад. Он фақат бо воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ метавонад доираи фаъолияти соҳибкориро танзим, назорат ва маҳдуду ҳавасманд гардонад.

Интихоби озод маънои онро дорад, ки соҳибони захираҳои моддӣ ва пулӣ метавонанд онҳоро озодона, бидуни монеъгариҳо ба даст оранд ё худ фурӯшанд ва тибқи дархосту эҳтиёҷотҳои хеш истифода намоянд. Кормандон ҳуқуқи озодона ба намудҳои гуногуни меҳнат шуғл варзиданро доранд.

Истеъмолгар, вобаста ба ҳаҷм ва имконияти даромади пулии худ, ба таври дилхоҳ теъдоди муайяну лозимии неъматҳову хадамотҳое, ки барояшон зарур бошад, харида гирифта метавонанд. Истеъмолгар ҳамчун воҳиди комилҳуқуқ масоили умдаи иқтисод: чиро бояд тавлид намуд? ҳаллу фасл менамояд. Охирон, доира ва самту равиши фаъолияти соҳибкориро дар истифодаи захираҳо (сармоя) муайян менамояд.

Дар руҷӯи кор, соҳибкор мустақиман аз захираҳо: захира-ҳои табиат, меҳнатӣ, молиявӣ, иттиолоотӣ истифода мебарад. Вазифаи соҳибкор дар ин ҷода самаранок истифода кардан ва аз як шакл ба шакли дигар (ба маҳсулоти ниҳоӣ ва хизматҳо) табдил додани захираҳо мебошад. Маҳз дар ин мазмун захираҳо ҳамчун омили истеҳсолот баромад мекунанд.

Вазифаи муҳимтарини фаъолияти соҳибкорӣ истифода кардани унсурҳои меҳнат (меҳнат, предмети меҳнат, воситаҳои меҳнат) дар истеҳсолот муҳайё намудани шароитҳои ба ҳам пайвасткунии онҳо ва дар ин асос тавлид намудани маҳсулоту адо кардани хизматҳо ва қонеъ гардондани талабот мебошад.

Ба сифати омилҳои истеҳсолот соҳибкор одатан воситаҳои истеҳсолот(сармоя)-ро истифода менамояд (қитъаҳои замин, бинои истеҳсолӣ, мошинҳои корӣ, таҷҳизот, барои боркашонӣ, фурӯш, воситаҳои алоқа, технологияи компютерӣ).

Соҳибкор бидуни сармояи асосӣ, аз сармояи гардон (захира-ҳои моддӣ, ашё, материал, қувваи барқ, сӯзишворӣ), аз сармояи пулӣ (чекҳо, банкнотҳо, ҳисобкуниҳои нақдию ғайринақдӣ, қарз, саҳмия, асъор, маблағгузориҳо…) ва захираҳои иттилоотӣ (ахборот оиди фаъолият, тарзи ташкили кор, музди кор, маҳ-сулот, технология, лоиҳа…) ба таври васеъ истифода мекунад.

Барои ба даст овардани даромад, соҳибкор бояд қудрати ба ҳам пайваст кардани истифодаи омилҳои истеҳсолот (захираҳои иқтисодӣ)-ро дошта бошад.

Ба ҳам мутобиқгардонии захираҳо – звенои муҳимтарини фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Онҳо мувофиқи гуфтаи И. Шумпетер чунин равияҳоро дарбар мегирад:

1) тавлид намудани неъматҳои нав ё худ ба вуҷуд овардани маҳсулот ва неъматҳои сифатан нав нисбат ба пештараи онҳо;

2) ҷорӣ кардани методҳои навтарини истеҳсолот;

3) аз худ кардани бозори нави фурӯши неъматҳову хадамот;

4) ба даст овардани манобеъи нави ашё ва нимфабрикатҳо;

5) ташкили ҷараёни азнавсозию таҷҳизонии истеҳсолот.

Бояд тазаккур дод, ки баҳам мутобиқсозии захираҳо ва омилҳои истеҳсолот дар раванди соҳибкорӣ дар ҳар як замону макон, бо хусусиятҳои махсуси худ зуҳур мегарданд. Ж.Б. Сэй инро барвақт ҳис намуда, ба гуфтаи А.Смит тағйирот дароварда, соҳибкорро агенти иқтисодӣ номидааст, ки он дар чорчӯбаи ба ҳам омезиш ёфтани омилҳои истеҳсолот амал ме-кунад.


Сохибкори ва моликият