Соҳибкорӣ ҳамчун фаъолият. Вазифа, субъект ва объекти соҳибкорӣ

0
83

Соҳибкорӣ дар асл кор, фаъолият, шуғл, шавқ ё худ амалиётеро ифода мекунад, ки он ягон хел даромад ва фоидаро таъмин карда тавонад.

Дар шароити низоми амрӣ оиди ин мафҳум ҳисси бадбинӣ ё худ фоидаҷӯӣ, фаъолияти носолиму ноҳаққӣ, ки дар асоси ҳиллаю найранг ва азхуд кардани натиҷаи меҳнати шахси дигар сурат мегирифт тасаввур карда мешуд. Идеологияи коммунистӣ нисбат ба соҳибкорӣ (бизнес) таҳқирона рафтор менамуд.

Загрузка...

Мояи бадбинии бозор, савдо ва алалхусус соҳибкору соҳиб-корӣ ҳанӯз дар давраҳои қадим оғоз ёфта буданд. Намояндагони дини насронӣ фаъолияти савдогарон, миёнравон ва корчаллононро ҳамчун кори ношоиста ва гуноҳ тасаввур мекарданд. Тибқи ақидаи онҳо савдогар гӯё дар назди худо қадр надорад ва нисбат ба он бо чашми бад назар мекарданд1.

Аз сабаби ҳукмронии шакли хоҷагидории натуралӣ доираи фаъолияти соҳибкорӣ хеле ҳам маҳдуд боқӣ мемонд. То ҳатто асосгузорони илми “Иқтисоди сиёсӣ” ба маънои аслии он сарфаҳм нарафтаанд. Азбаски иқтисод ва бозор бо воситаи “дастҳои ноаён” ташкил ва инкишоф меёбад, бинобар ин соҳибкор аз нигоҳи А.Смит ба сифати моликиятдор ё худ шахси маблағгузор (Д.Рикардо) баромад мекунад. Ба ғайр аз ин, онҳо дигар вазифаҳои соҳибкориро эътироф накарда буданд.

К. Маркс дар сирати соҳибкор капиталистонро тасаввур мекард, ки он капитали худро ба корхона гузошта, меҳнати коргари кирояро истифода карда, дар натиҷаи истисмор фоида ба даст меорад. Аз ин ҷо, тибқи гуфтаи ӯ, капиталист – соҳибкор шахси муфтхӯр буда, сарвати ҷомеаро аз худ мекунад, қашшоқию бенавоиро афзун мегардонад ва аз ин ҷиҳат он дар қатори сохти капиталистӣ бояд аз байн рабурда шавад.

Соҳибкорӣ дар маънои аслӣ дар арафаи асриXIX ва XX-ӯм аз ҷониби иқтисоддонони мамлакатҳои Ғарб эътироф гардид. А. Маршалл ба сифати омилҳои мавҷу-даи истеҳсолот (омилҳои моддӣ ва шахсӣ – К.Маркс) омили дигар ”ташкили”-ро зам намуд, ки минбаъд бо ташаббуси И.Шумпетер (дар китоби “Назарияи инкишофи иқтисод”, 1912) он номи соҳибкорро гирифт.

Соҳибкорӣ ва сирату тасвиби он аз ҷониби В. Зомбарт ҳамчун фатҳкунанда (ташаббускор, ҳамеша барои амалиётҳои таваккалӣ тайёр, дорои озодии маънавӣ, аз ғоя бой, ба ақидаҳои худ устувор) ташкилотчӣ (барои иҷрои кор қобилияти ҳамаро дар як ҷой ҷамъ карда тавонистан) ва савдогар (барои харидани молҳои худ дигаронро ҷалб карда тавонистан, ба боварии харидорон даромадан) ба қалам дода мешавад.

В. Зомбарт мақсади асосии соҳибкориро аз ду ҷиҳат:

а) воситаи ривоҷу равнақ ва таъмин кардани раванди доимии рушди корхона;

б) ба даст овардани фоида мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Дар ташаккул ва таҳаввули илми соҳибкорӣ нақши И.Шумпетер бениҳоят бузург дониста мешавад. Таҳти мафҳуми соҳибкор ташкилотчие, ки дар асоси роҳҳои нави фатҳнагар-дида ва комбинатсияҳои гуногун раванди истеҳсолотро ба роҳ мемонад – мефаҳмад.

Ба сифати вазифаҳои соҳибкор И. Шумпетер чунин омилҳоро номбар мекунад:

1). Ба вуҷуд овардани навтарин неъматҳои моддие, ки амсолашон ба истеъмолкунанда маълум набошад ё худ неъматҳое, ки сифатан нав бошанд;

2). Ҷорӣ намудани тарзи нави истеҳсолоте, ки дар ягон соҳаи саноат то ҳанӯз вуҷуд надошта ва истифода нашуда бошад;

3). Фатҳ кардани бозори нави фурӯш ё худ бо таври васеъ истифода кардани бозори пештара;

4). Истифода кардани намудҳои нави ашё ё худ материалу нимфабрикатҳо;

5). Ҷорӣ кардани шакли навтарини ташкили кор, яъне таъмин намудани вазъи монополӣ ё худ бартараф кардани он1.

Ба ақидаи зиёди иқтисоддонон, назарияи хайрхоҳона ва ҳамаҷонибаи хоҷагидории И. Шумпетер ҳамчун чорчӯбаи асосии илми соҳибкорӣ то кунун аҳамияти худро гум накардааст.

Минбаъд назарияи соҳибкорӣ аз ҷониби Г.Брифс амиқ гардонда шуд. Он ба сифати вазифаи соҳибкорӣ фаъолияти назорат бурданро ба раванди пасту баландшавии нарху хароҷот ва таносуби онҳо илова намуд. Ин назария аз ҷониби Р.Коуз ва дигарон дастгирӣ ёфта, минбаъд такмил дода шудааст.

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ соҳибкорӣ аз се нуктаи назар – мавҳуми иқтисодӣ, методӣ, хоҷагидорӣ ва навъи тафаккури иқтисодӣ тавсиф карда мешавад.

  1. Соҳибкорӣ ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ. Фаъолияти соҳибкорӣ ҳамеша дар доираи муносибатҳои муайян, муносибатҳои байни субъект ва объектхои иқтисодӣ сурат мегирад. Ба субъекти соҳибкорӣ кулли иштирокчиёни ин фаъолият – шахсони алоҳида (ташкилотчиёни воҳидҳои алоҳидаи шахсӣ, оила, коллектив), гурӯҳи одамон, ки дар асоси муносибатҳои шартномавӣ ва манфиати умум ташкил карда мешаванд (ширкатҳои саҳҳомӣ, кооператив, коллективҳои иҷоравӣ…), ташкилотҳои алоҳидаи давлатӣ ва ғайра дохил мешаванд. Бо ибораи дигар, ба сифати субъекти соҳибкорӣ шахсиятҳои ҳуқуқӣ, молик, коргари кироя ва институтҳои давлатӣ баромад мекунанд.

а) Молик (соҳибмулк, соҳибкор) шахсест, ки ташаббуси ба ҳам пайваст кардани омилхои истеҳсолот, тавлиди неъматҳову хадамот, таъмини фоидаро ба зиммаи худ мегирад.

б) Мутахассиси кироя, ки ҳамчун мутахассиси соҳаи менеҷ-мент, баъзан ба ҷои соҳибкор вазифаи идораи корхонаро ба дӯши худ мегирад. Он ба манфиати ба даст овардани даромад (бо воситаи иҷро кардани вазифа ва сабақҳое, ки ба дӯши он гузошта мешаванд), таъмин кардани ҳуқуқи якхелаи ташкили фаъолияти соҳибкорӣ ва амалӣ гардондани ҳадафи асосии фирма ӯҳдадории идораи фирмаро ба зиммаи худ мегирад. Мутахассиси кироя дар натиҷаи андӯхтани молу сарват, донишу маҳорат оҳиста-оҳиста имконияти дар оянда харида гирифтани корхона ва ба соҳибкори аслӣ табдил гаштанро дорад.

в) Институтҳои давлатӣ ҳамчун шарикони баробарҳуқуқ метавонанд ба фаъолияти муносибатхои корчаллонӣ, мустақи-ман бо воситаи нархгузорӣ, додани имтиёз, таклифҳои муфид, фармоишҳои ҳукумат, навсозӣ ва азнавтаҷҳизонӣ ба раванди со-ҳибкорӣ шарик шаванд ё худ мустақил раванди соҳибкориро ба анҷом расонанд.

Барои муайян кардани нақш ва мақоми соҳибкорӣ ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ дарк ва муайян кардани объекти соҳибкорӣ низ аз аҳамият холӣ нест. Таҳти объекти соҳибкорӣ комбинат-сияҳои нисбатан самараноктарини истифодаи омилҳои истеҳсо-лот ва ба ҳадди аксар расондани даромад тасаввур карда мешавад. Маҳз тарзу услуби ба ҳам омезиш додани захираҳои иқти-содӣ соҳибкорро аз хоҷагидории оддӣ тафриқа месозад.

Чи тавре дар боло махсус қайд карда гузаштем, соҳибкорон барои тавлиди ягон намуди маҳсулоти нав, ки то ҳанӯз ба истеъмолгар маълум нест, аз комбинатсияи захираҳо васеъ истифода мекунанд; ба ин мақсад аз тарзу услуби нави истеҳсолот, техникаю технологияи нав, шаклҳои пурсамари тиҷорат ва фурӯши мол бенасиб намемонанд;  аз имконияти бозори нав, бозори фурӯши маҳсулот, манобеъи ашё ва азнавтаҷҳизонӣ баҳраманд мешаванд. Аз ин нуқтаи назар метавон гуфт, ки объект ва субъекти соҳибкорӣ ҳамчун унсури асосии низоми бозорӣ дар ягонагӣ ва ба ҳам алоқамандӣ раванди соҳибкориро таъмин менамоянд. Аз ин нуктаи назар, соҳибкорӣ ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ ташаккул ва густариш меёбад.

  1. Дар амалия соҳибкориро ҳамчун методи дар амал тадбиқ намудани хоҷагидорӣ бештар пазироӣ мекунанд. Он одатан, тиб-қи сирати шакл ва унсурҳои ҳуқуқии моликият ва фирма муайян карда мешавад. Шарти муҳимтарини он – мустақилият ва истиқ-лолияти иқтисодии субъектҳои хоҷагидор, маҷмӯи ҳаққу ҳуқуқ оиди интихоби фаъолияти соҳибкорӣ, сарчашмаи сармоягузорӣ, ташаккули барномаи истеҳсолӣ, имконият доштан ба сарчашмаҳои истифодаи захираҳо, фурӯши маҳсулот, муқаррар кардани нарх, озодона тақсим кардани фоида ба шумор меравад.

Мустақилияти соҳибкорӣ маънои онро дорад, ки дар болои он ташкилоти болоии ҳукмроне, ки масъалаи умдаи иқтисодро ҳал ва муайян кунад вуҷуд надорад. Вай ҳамеша зери таъсири механизми бозор – тақозо, арза, нарх, рақобат боқӣ мемонад.

Унсури дигари соҳибкорӣ – ҷавобгари қабули қарорҳо мебошад, ки аксар вақт тибқи принсипи таваккалӣ анҷом меёбад. Таваккалӣ ҳамеша бо номуайянӣ ва номаълумӣ сару кор дорад.

  1. Соҳибкорӣ ҳамчун навъи махсуси тафаккури иқтисодӣ тибқи маҷмӯи ақидаҳои олиҷанобу рафторҳои нек, қабул ва ҳалли масъалаҳои хоҷагидорӣ ва истифодаи онҳо дар амалия муайян карда мешавад. Мавқеи асосиро дар ин ҷо шахсияти соҳибкор ташкил медиҳад. Соҳибкорӣ ин шуғл ва вазифа нест, он ҳамчун натиҷаи инкишофи ақл ва ахлоқу одоб густариш меёбад. Ҳамаи хислат, қобилият, маҳорат ва дигар усулу услуби фаъолияти соҳибкор, ки дар ин мавзӯъ мавриди муҳокима қарор дода шудааст, натиҷаи тафаккури иқтисодии соҳибкор мебошад.

Сохибкори хамчун фаъолият, Вазифа, субъект ва объекти сохибкори, Сохибкори хамчун мафхуми иктисоди, вазифахои сохибкори


1 Верхан П.Х. Предприниматель. Минск, 1992. с. 9.

1 Шумпетер И. Теория экономического развития. М.: 1982. с.169-170.