Соҳаҳои асосии ҳаёти ҷомеа. Соҳаҳои татбиқи амалии ҷамъият ҳамчун низом

Чуноне ки дар фаслҳои пешина қайд гардид, аз дидгоҳи таҳлили системавӣ ҷомеа як навъ маҷмӯи таърихан  ташаккулёфтаи одамонест, ки бо ҳамдигар тавассути фаъолияти муштаракашон барои расидан ба аҳдофи барояшон умумӣ алоқаманданд ва дар ин раванд байни онҳо муносибатҳои муайяни истеҳсолӣ ташаккул меёбад. Сохтори ҷомеаро маҳз муносибатҳои гуногунранги дар раванди фаъолияти муштарак шаклгирифтаву табақабандона бунёдшудаи байни одамон ташкил медиҳанд.

Ҷомеа чун низоми дилхоҳи зинда низоми кушодае мебошад, ки дар ҳолати мубодилаи муттасили модда, энергия ва иттилоот бо муҳити онро иҳотанамуда қарор дорад. Ҷомеа аз муҳити онро иҳотакарда дида ташкилаи дараҷаи нисбатан баландтарро дорост. Барои худро ҳамчун том нигоҳ доштан он бояд доимо талаботи худро қонеъ гардонад: дар навбати аввал он талаботи моддии одамонро, ки характери аёнӣ ва таърихан тағйирпазир доранд, кӯшиши қонеъ гардониданро мекунад. Сатҳи қонеъшавии ин талаботҳо-талаботи моддӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ-нишондиҳандаи асосии самаранок амалкунии ҷомеа ҳамчун низом баромад мекунад. Инсон дар навбати худ бо барқароркунии робита бо муҳит онро азхуд ва дигаргун месозад.

Инсон воқеияти иҳотанамудаашро бо се тарзи имконпазир аз худ мекунад: тавассути азхудкунии ҳиссию амалӣ, азхудкунии назариявӣ ва билохир, азхудкунии арзишӣ. Ҳамаи ин се тарз он вақт маънои ҳақиқӣ ва таъинотии худро соҳиб мешаванд, ки агар ҷомеа фаъолият ва амал кунад, аҳдофи комилан мушаххасро пайгирӣ намояд. Вобаста ба чунин шаклҳои азхудкунии инсон аз воқеияти онро иҳотакарда дар фалсафаи иҷтимоӣ ҳаёти ҷамъиятиро ба соҳаҳои алоҳида табақабандӣ менамоянд.

Дар ин табақабандӣ соҳаи истеҳсолоти моддӣ ҳамчун соҳаи муҳиму бунёдии ҳаёти ҷомеа дониста мешавад. Дар вақташ К.Маркс дар партави рушди анъанаи нигоҳҳо ба ҷомеа андешаи муҳимеро иброз дошт, ки «Одамон дар истеҳсоли ҷамъиятии ҳаёти худ муносибатҳои муайян ва зарурии ба иродаи худашон новобаста – муносибатҳои истеҳсолиро муқаррар менамоянд, ки ин муносибатҳо ба зинаи муайяни инкишофи қувваҳои истеҳсолкунандаи моддии онҳо мувофиқ меоянд. Маҷмӯи ин муносибатҳои истеҳсолӣ таркиби иқтисодӣ, базиси воқеие мебошад, ки бар он рӯбинои ҳуқуқӣ ва сиёсие қарор гирифта, шаклҳои муайяни шуури ҷамъиятии ба ин зербино мувофиқ меоянд. Тарзи истеҳсолоти моддӣ сабабгори умуман равандҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавии ҳаёт мегардад». Ин тасниф умуман ба озмоиши замон тоб овард, ҳарчанд ки худи проблемаи ҷудо кардану фаҳмидани соҳаҳои умумитарини ҷомеа аз ҷониби олимон мухталиф ҳаллу фасл карда мешавад.

Соҳаи истеҳсолоти моддӣ бо соҳаи фаъолияти назариявӣ (соҳаи умумии дуюм) зич иртибот дорад ва ин соҳа ба ҷомеа донишҳоро роҷеъ ба он ки олам чи гуна сохта шудааст (оламе, ки ба дигаркунонии амалӣ гирифтор меояд) пешкаш месозад. Ин дониш шаклҳои хеле гуногун доштаву дар намуди илм, сеҳр, анъанаҳо, астрология вуҷуд дошта метавонад. Дар ҳар мавриди дилхоҳ ҷомеа доиман иттилоотро дар бораи муҳити иҳотакардааш ҷамъ меоварад ва инро чун касбе барои доираи муайяни ашхос- коҳинон, ходимони масҷиду калисо, уламо, олимон қарор медиҳад.

Соҳаи сеюми умумитарини ҳаёти ҷомеаро фаъолияти одамон баҳри азхудкунии арзишии воқеият ташкил медиҳад. Ба ин, қабл аз ҳама фалсафа, ҳуқуқ, санъат, дин машғуланд. Арзишҳо соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ ва фаъолияти назарявиро ба ҳамдигар пайванд мебахшанд. Фаъолияти дилхоҳи мақсадноку бошууронаи инсонӣ барои ҳаёти иҷтимоӣ, ҳаёти фардӣ натиҷаи мусбатро ба даст оварда метавонад, агар инсон дар бораи аҳамиятнокию арзиши он тасаввурот дошта бошад. Ин соҳаи ҳаёти ҷомеаро инчунин соҳаи ҳаёти маънавӣ низ мегӯянд.

Ҳамрадиф бо се соҳаи умумитарини ишорашудаи фаъолияти ҳаётии одамон дар ҷомеа, ки ба се тарзи аз ҷониби онҳо азхудкунии воқеияти берунӣ мувофиқат мекунанд, ба мавҷудияти боз як соҳаи умумитарин- соҳаи идоракунии равандҳои ҷамъиятӣ (яъне идоракунии ҷомеа ҳамчун низоми томи худрушдёбанда) ишора намудан зарур аст. Аз лаҳзаи пайдоиши давлат идоракунии ҳаёти ҷомеа характери идоракунии сиёсиро мегирад ва бинобар ҳамин ҳам аксар маврид ин соҳаро соҳаи ҳаёти сиёсии ҷомеа низ ном мебаранд.

Соҳаи дигари умумитарини фаъолияти ҳаёти одамон худи соҳаи иҷтимоист. Дар ин соҳа истеъмоли он чи сурат мегирад, ки дар соҳаи истеҳсолӣ- дар истеҳсолоти моддӣ, дар илм, дар соҳаи арзишӣ- аз ҷониби инсон офарида мешавад. Ин истеъмолот дар айни замон истеҳсол ё ин ки заминаи бозтавлидии инсон чун мавҷуди табиӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ низ ҳаст.

Панҷ соҳаи асосии фаъолияти ҳаёти одамон дар ҷомеа инҳоянд:

  1. Истеҳсолоти моддӣ.
  2. Соҳаи истеҳсолоти дониши назариявӣ (илм).
  3. Соҳаи ҳаёти иҷтимоӣ .
  4. Идоракунии равандҳои ҷамъиятӣ (соҳаи сиёсӣ).
  5. Соҳаи ҳаёти маънавӣ.

Инак, ба таҳлили фишурдаи соҳаҳои  ишорашудаи  умумитарини ҳаёти ҷомеа мутаваҷҷеҳ мешавем.


 Сохахои асосии хаёти чомеа. Сохахои татбики амалии чамъият хамчун низом

Шарҳ баста аст.