географияи тоҷикистон, географияи точикистон, реферат, кори курси

Соҳаҳое, ки КАС-ро бо воситаҳои истеҳсолот таъмин мекунанд

Пешрафти комплекси агросаноатиро бе воситаҳои истеҳсолот, ки онро бо мошинҳои хоҷагии қишлоқ, трактор, мошинҳои ғалладаравӣ, мошинҳои махсус барои боғу токпарварӣ, чорводорӣ (тайёр кардани хӯроки чорво, ширҷӯшӣ), нақлиёти махсуси боркашонӣ ва ғайра тасаввур намудан ғайриимкон аст.

Ба истеҳсоли мошинҳои хоҷагии қишлоқ, ки ба соҳаҳои гуногун тақсим мешавад, пеш аз ҳама намуди техникаи шудгору коркарди замин, ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва дигар намудҳои зарурии техникаю таҷҳизот дохил мешаванд. Дар ин соҳа ба принсипҳои ҷойгиркунии корхонаҳои мошинсозӣ диққати асосӣ дода мешавад. Яъне, ҳар чӣ ба марказҳои истеҳсоли зироатҳои хоҷагии қишлоқ ва ноҳияҳои истеъмоли маҳсулоти он наздик ҷойгир намудани корхонаҳои он мебошад. Ин боз ба хотири он амалӣ мегардад, ки мошинҳои хоҷагии қишлоқ аксар вазнин ва калонҳаҷм буда, ҳангоми ба ноҳияҳои зироаткорӣ кашонидан хароҷоти калони нақлиётиро талаб менамояд. Масалан, дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ марказҳои асосии мошинҳои ғалладаравӣ дар Кубану Қазоқистон ва мошинҳои пахтачинӣ бошад,  дар Тошканд ҷойгир шуда буданд. Дар Осиёи Марказӣ қисми зиёди пахтаро Ӯзбекистон истеҳсол мекард ва дар Тошканд ҷойгир кардани мошинҳои пахтачинӣ ба мақсад мувофиқ буд, зеро ба ҷумҳуриҳои пахтакори Тоҷикистону Туркманистон кашонидани онҳо хароҷоти калони нақлиётиро талаб намекард.

Ҳоло дар Тоҷикистон корхонаҳои калони истеҳсоли мошинҳои гуногуни ба тахассуси истеҳсолии соҳаҳои он алоқаманд вуҷуд надоранд. Вале дар як қатор шаҳрҳои мамлакат вобаста ба талаботи ин намудҳои мошинсозӣ корхонаҳои истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии мошинҳои хоҷагии қишлоқ ба роҳ монда шудааст. Масалан, дар корхонаи «Ҳумо»-и шаҳри Душанбе баъзе қисмҳои трактор ва мошинҳои ғалладаравӣ истеҳсол карда мешавад. Дар вилояти Суғд корхонаи «Тоҷикселмаш» дар Конибодом ва корхонаи ҷамъияти саҳҳомии «Новселмаш» ба истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии мошинҳои хоҷагии қишлоқ машғул мебошанд. Иқтидори солонаи истеҳсоли маҳсулоти корхонаи «Новселмаш» ба 220 ҳазор доллар мерасад. Корхонаи ҷамъияти саҳҳомии «Гидроагрегат»-и Душанбе таҷҳизотҳои муҳимро аз қабили насосу гидроклапан ва дигар қисмҳои эҳтиётиро барои мошинҳои хоҷагии қишлоқ истеҳсол мекунад. Корхона бо як қатор муассисаҳои Россия, Украина, Белорус ва Қазоқистон равобити доимии истеҳсолӣ дорад.

Инкишофи соҳаҳои кишоварзиро бе истифода аз нуриҳои минералӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Ба ин хотир ҳанӯз солҳои 60-уми асри гузашта, бо назардошти талаботи зиёд ба нуриҳои азотӣ ва мавҷудияти шароитҳои табиӣ дар шаҳри Сарбанд корхонаи ба ном «нуриҳои азотии Вахш» барпо ёфт. Корхона дар баробари талаботи дохилӣ боз ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ маҳсулот мебаровард. Иқтидори солонаи корхона ба 180 ҳазор тонна карбомид ва 110 ҳазор тонна аммиак баробар мебошад. Ба наздики дар назди корхонаи мазкур ҷамъияти саҳҳомии «Азот» таъсис ёфт, ки он бо ширкати давлати Кипр бо номи «Хайрок Холдинг Лимитед» дар якҷоягӣ ҷамъияти пӯшидаи саҳҳомии «Тоҷиказот»-ро ташкил дод. Корхона аз нарасидани гази табиӣ (ашёи асосӣ барои истеҳсоли карбомид) танқисӣ мекашад. Ҳоло сохтмони газопроводи Хоҷасартез-Сарбанд сар шуд, ки он эҳтиёҷоти корхонаро бо гази табиӣ таъмин намуда, арзиши аслии маҳсулотро то 2 баробар паст мекунад. Дар солҳои наздик пурра намудани иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур имконияти баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои техникӣ, махсусан пахтакориро ба амал хоҳад овард.

Барои инкишофи соҳаи чорводорӣ дар марказҳои чорвопарварӣ корхонаҳои саноати микробиологӣ, ки соҳаи нав ба шумор меравад, бунёд ёфтаанд. Ин соҳа ба истеҳсоли хамиртурушҳои хӯроки чорво ва дигар маҳсулоте, ки бо роҳи кимиёвӣ истеҳсол мешаванд, машғул мебошанд. Хамиртуруш дар таркиби худ бисёр моддаҳои ғизогии барои чорво муҳимро нигоҳ медорад. Солҳои охир ба инкишофи соҳаи саноати микробиологӣ диққати ҷиддӣ дода намешавад, ки ин боиси пешрафт накардани соҳаи чорводорӣ мегардад.

Ҳамин тавр,  минбаъд инкишофи соҳаи кишоварзии мамлакатро бе мошинаҳои ҳозиразамони хоҷагии қишлоқ, нуриҳои минералию ядохимикатҳо тасаввур намудан ғайриимкон аст. Дар оянда дар баробари равобити истеҳсолӣ бо дигар давлатҳо оид ба таъмини мошинаю таҷҳизот ва нуриҳои минералӣ, лозим аст, ки вобаста ба талаботи соҳаи мазкур дар баъзе ноҳияҳои иқтисодии мамлакат корхонаҳои мошинсозии хоҷагии қишлоқ ва истеҳсоли нуриҳои минералиро ба роҳ мондан мувофиқи мақсад мебуд.

Шарҳ баста аст.