Системаи ҳизбӣ ва навъҳои асосии он

Таҳлили фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ нишон медиҳад, ки дар миёни онҳо доимо муносибатҳои мутақобила ба назар мерасанд. Инчунин, дар миёни ҳизбҳои сиёсӣ ва давлат низ муносибатҳои мухталиф дида мешаванд. Системаи ҳизбӣ навъи махсуси муносибатҳои мутақобилаи ҳизбҳои сиёсӣ буда, механизми мубориза барои ба даст овардан ва дар амал татбиқ намудани ҳокимият мебошад. Ҳамчунин системаи ҳизбӣ маҷмӯи ҳизбҳои дар мамлакат мавҷудбударо дар бар гирифта, муносибатҳои мутақобилаи онҳоро ифода менамояд.

Хусусиятҳои муҳимми системаи ҳизбии ин ва ё он мамлакат бо назардошти омилҳои зерин муайян карда мешаванд:

— ҷойгиршавии қувваҳои иҷтимоию синфӣ;

— дараҷаи рушди сиёсии ҷомеа;

— дараҷаи шуури сиёсӣ ва маданияти сиёсӣ;

— анъанаҳои таърихӣ;

— таркиби миллӣ ва этникии аҳолии мамлакат;

— тафаккури динию мазҳабии мардум ва ғ.

Бояд гуфт, ки системаҳои ҳизбӣ, пеш аз ҳама, дар зери таъсири қонунҳои амалкунанда ва ҳуқуқи интихоботӣ ташаккул меёбанд.

Бо назардошти омилҳои дар боло зикршуда дар мамлакатҳои дунё навъҳои мухталифи системаҳои ҳизбӣ ба вуҷуд оварда мешаванд. Системаҳои ҳизбӣ аз рӯйи шумораи ҳизбҳо, ки онҳо дар раванди муборизаи сиёсӣ ва дар раванди ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ширкат меварзанд, ба таври анъанавӣ ба се гурӯҳ ҷудо карда мешаванд: 1) системаҳои бисёрҳизбӣ; 2) системаҳои дуҳизбӣ; 3) системаҳои якҳизбӣ.

Системаҳои бисёрҳизбӣ ва дуҳизбӣ барои рушди ҷомеаҳои демократӣ хеле мувофиқ буда, шароитҳои мусоидро фароҳам меоваранд. Дар шароити мавҷудияти системаҳои бисёрҳизбӣ ва дуҳизбӣ ташаккули оппозитсияи сиёсӣ таъмин гардида, ҳокимияти давлатӣ дар зери монополияи як ҳизб қарор намегирад ва дар миёни ҳизбҳои сиёсӣ дар атрофи ҳокимияти давлатӣ доимо муборизаи сиёсӣ сурат мегирад.

Системаи бисёрҳизбӣ. Системаҳои бисёрҳизбӣ дар ҷомеа мавҷудияти як қатор ҳизбҳои сиёсиро таъмин намуда, ба онҳо имкон медиҳад, ки барои ба даст овардани ҳокимият мубориза баранд. Системаи бисёрҳизбӣ имкон медиҳад, ки гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ манфиатҳои худро хубтару беҳтар ҳимоя намоянд. Ҳамчунин, дар шароити системаи бисёрҳизбӣ рақобатпазирӣ ва оммавияти равандҳои сиёсӣ таъмин гардида, марҳила ба марҳила элитаи сиёсии ҷомеа таҷдиди назар мегардад.

Таҳлили таҷрибаи сиёсӣ имкон медиҳад, ки навъҳои гуногуни системаҳои бисёрҳизбиро муайян намоем. Дар раванди муайян сохтани навъҳои системаи бисёрҳизбӣ анъана ва оини ҳизбӣ ба инобат гирифта мешавад. Оини ҳизбӣ шакли ташаккулёфтаи ҳамкориҳои ҳизбӣ ва муносибатҳои устувори ҳизбӣ оид ба истифодаи ҳокимияти сиёсӣ мебошад.

Системаи бисёрҳизбии классикӣ рақобати ҳизбҳои сиёсиеро дар бар мегирад, ки ҳеҷ яке аз онҳо наметавонанд дар парлумон аксарияти ҷойҳоро соҳиб гарданд. Дар чунин шароит ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби якчанд ҳизби коалитсионӣ дар амал татбиқ карда мешавад. Чунин навъи системаи бисёрҳизбиро одатан оини парокандаи бисёрҳизбӣ меноманд. Дар ин гуна вазъият ҳизбҳо маҷбур мегарданд, ки ба созиш оянд ва ба хотири ташаккули коалитсияи аксарияти парлумонӣ барои ҳамдигар иттифоқчиёни мувофиқро ҷустуҷӯ намоянд. Дар асоси коалитсияи аксарияти парлумонӣ ҳукумат ташкил мегардад. Чунин навъи системаи бисёрҳизбӣ дар Дания, Белгия, Австрия, Нидерландия ва якчанд давлати дигари аврупоӣ дида мешавад.

Аммо системаи бисёрҳизбиеро, ки дар он як ҳизби сиёсӣ афзалияти аз ҳама бештар дорад, махсус қайд намудан мумкин аст. Дар чунин шароит ҳизби ҳоким дар парлумон аксарияти ҷойҳоро ишғол намуда, ҳукуматро ташкил медиҳад. Ҳизби ҳоким ба шарофати ноустуворӣ ва парокандагии ҳизбҳои оппозитсионӣ ба муддати дуру дароз мавқеи афзалиятноки худро нигоҳ медорад. Масалан, айни замон дар Шветсия Ҳизби сотсиал-демократии коргарон то ҳанӯз мавқеи афзалиятноки худро нигоҳ медорад ва дар Ҷопон Ҳизби либералию демократӣ ба муддати хеле тӯлонӣ ҳокимиятро дар дасти худ нигоҳ доштааст. Оини ҳизби афзалиятнок имкон медиҳад, ки ҳукумати устувори якҳизба ташаккул дода шавад. Аммо доимо хавфи он аст, ки дар чунин шароит таассуб ва ғафлати ҳизбӣ ба вуҷуд омада, тадриҷан онро ба карахтӣ дучор менамояд.

Системаи дуҳизбӣ. Дар шароити системаи дуҳизбӣ дар мамлакат ду ҳизби сиёсии пурқудрате арзи ҳастӣ менамоянд, ки дар раванди мубориза барои ба даст овардани ҳокимияти давлатӣ танҳо онҳо ширкат меварзанд. Вақте ки дар интихобот як ҳизб ғолиб мебарояд, ҳизби дуюм ҳатман мавқеи оппозитсиониро ишғол менамояд ва ҳамин тавр ҳокимият аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар интиқол меёбад. Баъзан дар шароити системаи дуҳизбӣ ҳизбҳои сеюм ва чорум ҳам арзи ҳастӣ менамоянд. Аммо онҳо мувофиқи ҳуқуқи интихоботӣ ва ноустувории худ наметавонанд, ки барои ба даст овардани ҳокимияти давлатӣ мубориза баранд.

Намунаи классикии системаи дуҳизбӣ аввалин маротиба дар ИМА ба вуҷуд омадааст, ки дар он ҷо Ҳизби демократӣ бо Ҳизби ҷумҳуриявӣ дар рақобат қарор доранд. Дар Британияи Кабир чунин мубориза аз ҷониби консерваторон ва либералҳо сурат мегирад.

Дар баробари системаи дуҳизбии классикӣ, инчунин системаи дуҳизбии тағйирёфтаро низ мушоҳида намудан мумкин аст. Чунин ҳолат дар шароите ташаккул меёбад, ки агар аз ду ҳизби устувор дар парлумон ҳеҷ яке аксарияти ҷойҳоро ба даст оварда натавонад. Бинобар ин, барои ташкил намудани ҳукумат ҳизби сеюм низ иҷозат дода мешавад ва аз ҳисоби он коалитсияи ҳизбӣ ташкил мегардад, ки барои нигоҳ доштани тавозуни парлумонӣ ва таъмин намудани афзалиятҳои ҳизби ҳукмрон хизмат хоҳад кард. Чунин системаи ҳизбиро дар Ҷумҳурии Федералии Олмон мушоҳида намудан мумкин аст.

Бояд гуфт, ки системаи дуҳизбӣ хосси давлатҳое мебошад, ки онҳо дорои системаи сиёсии устувор ва ҳизбҳои сиёсии марказонидашуда ҳастанд. Барои ташаккули системаи дуҳизбӣ истифодаи системаи интихоботии мажоритарӣ саҳми беандоза мегузорад. Ба ақидаи сиёсатшиноси фаронсавӣ Р.Ж.Шварсенберг, системаи дуҳизбӣ устувории ҳокимиятро таъмин менамояд ва ба раванди ҳимояи манфиатҳои мардум мусоидат мекунад. Зеро ҳар яке аз ҳизбҳо кӯшиш менамоянд, ки талабот ва манфиатҳои мардумро хубтару беҳтар ифода кунанд ва бо ин роҳ шумораи ҷонибдорони худро зиёд намоянд. Аммо системаи дуҳизбӣ ба ҳизбҳои сиёсии хурд ва ноустувор имкони дар раванди муборизаи сиёсӣ ширкат варзиданро намедиҳад ва аз ин рӯ, аз ҷониби гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ зери тозиёнаи танқид қарор мегирад.

Системаи якҳизбӣ. Монополияи ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби як ҳизб моҳияти аслии системаҳои якҳизбиро ташкил медиҳад. Дар шароити мавҷудияти системаи якҳизбӣ рақобат ва муборизаи сиёсӣ ба назар намерасад. Зеро ҳизби ҳукмрон намегузорад, ки барои ба даст овардани ҳокимият неруҳои дигар мубориза баранд. Ҳарчанд дар шароити мавҷудияти режими авторитарӣ дар баробари ҳизби ҳукмрон ҳизбҳои дигар ба таври қонунӣ амал намоянд ҳам, самтҳои фаъолияти онҳо маҳдуд гардонида шуда, ҳеҷ гуна мустақилият надоранд. Ҳамзамон, ҳизбҳои сиёсии дар режими авторитарӣ мавҷудбуда нақши роҳбарикунандаи ҳизби ҳукмронро эътироф менамоянд. Чунин системаи ҳизбӣ баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон дар Аврупои Шарқӣ, аниқтараш дар Булғория, Ҷумҳурии Демократии Олмон, Полша ва Чехословакия ба вуҷуд омада буд. Дар давлатҳои мазкур ҳизбҳои ғайриҳукмрон ҳамчун иттифоқчиёни ҳизби ҳукмрон маҳсуб ёфта, дар ҳаёти сиёсии ҷомеа мавқеи дуюмдараҷаро ишғол менамуданд.

Як қатор давлатҳои рӯ ба инкишофи авторитарӣ дар худ хусусиятҳои системаи якҳизбиро инъикос менамоянд. Дар чунин давлатҳо ҳизби ҳукмрон бояд корҳои бузурги тарғиботию ташвиқотиро тавре анҷом диҳад, ки дар натиҷаи он сиёсати роҳбарияти давлат аз ҷониби оммаи мардум дастгирӣ ёбад. Аммо худи ҳизб дар идоракунии давлат бевосита ширкат намеварзад.

Дар шароити мавҷудияти режими тоталитарӣ танҳо як ҳизби сиёсӣ амал намуда, ҳизбҳои дигарро пароканда месозад ва фаъолияти онҳоро мамнуъ эълон менамояд. Ғайр аз ин, ҳизби ягонаи ҳукмрон сохтори ҳизбӣ ва давлатиро ташаккул дода, дар идоракунии корҳои ҷамъиятӣ нисбат ба давлат нақши аввалиндараҷаро мебозад. Монополияи ҳокимият аз ҷониби ҳизби ягона боиси пайдоиши усулҳои фармонфармоӣ мегардад. Дар натиҷа оммаи мардум аз сиёсат барканор карда шуда, истисмори сиёсӣ ташаккул меёбад.


Калидвожаҳо: хизб, хизби сиёси, хизбхои точикистон, сиёсатшиносӣ, сиёсатшиноси, реферат бо забони точики, реферати точики, кори курси, маводхои омузишии точики, сомонаи донишчу тч, донишҷӯ тҷ, donishju tj, сайтхои точики, сайти омузиши, сомонаи омузиши, Системаи хизби ва навъхои асосии он, навъхои хизбхо, системахои бисёрхизби, системахои духизби, системахои якхизби.

Шарҳ баста аст.