географияи тоҷикистон, географияи точикистон, реферат, кори курси

Саноат одатан бо ду метод омӯхта мешавад: соҳавӣ ва сиклӣ.

Дар методи соҳавӣ корхонаҳо мувофиқи истеҳсоли маҳсулоти якхела ва истифодабарии ягона ба ин ё он соҳаи саноат дохил карда мешавад. Умумияти онҳо ба истифодабарии ашёи хом, технологияи ягона ва истеҳсоли махсулоти якхела асос ёфтааст. Аз ин ҷо омӯзиши соҳавӣ тамоми алоқамандиҳои дар истеҳсолот ба амал ояндаро ошкор карда наметавонад. Чунончи дар методи соҳавӣ вобастагии технологӣ- минтақавии корхонаҳо ба инобат гирифта намешавад.

Таҷриба нишон медихад, ки аксарияти корхонаҳо дар ин ё он мавзеъ бо якдигар на танҳо муносибати умумииқтисодӣ, балки истеҳсолию технологӣ низ доранд. Ин барои ташаккули сиклҳои истеҳсолӣ заминаи асосӣ ба ҳисоб меравад.

Методи сикл истеҳсолотро ба таври комплексӣ меомӯзад. Вай дар асоси ба ҳисоб гирифтани ҷараёни технологӣ, яъне аз рӯи истеҳсол ва коркарди пайдарҳами ашёи хом ва партовҳо, корхонаҳои саноатиро бо ҳам муттаҳид менамоянд.

Методи омӯзиши сиклиро бори аввал Н.Н.Колосовский пешниҳод кардааст. Ӯ сикли истеҳсолиро чунин маънидод мекунад: иттиҳодияи устувори истеҳсолии бо ҳам алоқаманд, ки дар атрофи истеҳсолоти асосӣ инкишоф меёбад. Сикли истеҳсолӣ тамоми ҷараёни истеҳсолӣ, яъне аз коркарди ашёи хом то истеҳсоли маҳсулоти тайёрро дарбар мегирад. Таҳлили сиклҳои истеҳсолӣ нишон медиҳад, ки онҳо нафақат ба ҳам вобастагии истеҳсолӣ-технологӣ ва минтақавии корхонаҳои саноатиро акс менамояд, балки ҳамчун категорияи таърихӣ ҷараёни бо ҳам вобасташавии корхонаҳоро дар вақти муайян нишон медиҳанд. Ин ба он маънӣ, ки баробари инкишоф ёфтани қувваҳои истеҳсолкунанда истеҳсолотҳои нав пайдо шуда, алоқамандии байни онҳо гуногунҷабҳа мешавад, миқдори сиклҳои истеҳсолӣ зиёд ва таркибашон мураккаб мегардад. Бояд гуфт, ки вобаста ба бисёр омилҳои умумииқтисодӣ ва истеҳсолӣ-технологӣ сиклҳои истеҳсолӣ як хела инкишоф намеёбанд. Баъзеи онҳо тамоми зинаҳои технологӣ, яъне аз коркарди ибтидоии ашёи хом то истеҳсоли маҳсулоти тайёрро дар бар мегирад. Онро сикли пурра меноманд. Баръакс, сиклҳои истеҳсолие ҳастанд, ки ҳамаи зинаҳои технологиро дар бар намегиранд. Онҳоро сиклҳои нопурра меноманд.

Вобаста ба мавҷуд будани ашёи хом ва гуногунии он дар қаламрави муайян якчанд сиклҳои истеҳсолӣ ташкил шуда метавонад. Онҳо дар якҷоягӣ бо корхонаҳои хизматрасон комплексҳои минтақавию истеҳсолиро ташкил менамоянд. Сиклҳои истеҳсолӣ ядро, асоси комплексҳои территориявию истеҳсолиро ташкил мекунанд.

Дар айни замон дар Тоҷикистон сиклҳои зерини минтақавӣ-истеҳсолӣ ташаккул ёфтаанд:

а) сикли истеҳсолии металлургияи ранга, газоэнергокимиёвӣ;

б) гидроэлектрометаллургия;

в) электрокимиёвӣ;

г) сикли аграрию саноатӣ;

д) индустриалию сохтмон;

е) коркарди сангҳои қиматбаҳо.

Сикли минтақавию истеҳсолии металлургияи ранга — истихроҷи маъдан, нармкунӣ ва бойгардонии онро дар бар мегирад. Корхонаҳои ин сикл консентрати (ордаи) металлҳои гуногуни рангаро истеҳсол мекунанд. Онҳо дар Адрасмон, Консой, Табошар, Чоруқдарон, Майхӯра, Ҷилав, Анзоб ҷойгир шудаанд. Маҳсулоти сикл консентрати рӯҳ, сурб, симоб,  ва ғайра ба ҳисоб меравад. Бо сабаби набудани зинаи ба металли тайёр табдил додани консентрати металлҳои ранга, ин сикли нопурра ҳисоб мешавад. Маҳсулоти он ба хориҷ бароварда мешавад.

Сикли газоэнергокимиёвӣ дар ҷумҳурӣ як корхонаро дар бар мегирад. Ин корхонаи электрокимиёвии Ёвон буда, дар асоси гази табиии маҳаллӣ ва кашонида кор мекунад. Сикли электрокимиёвӣ навташкил аст ва дар асоси энергияи арзони ГЭС-и Норак ва ашёи хоми маҳаллӣ (намаки ошӣ ва оҳаксанг) ба амал омадааст. Мувофиқи нақшаи инкишофи манбаъда вай бояд чор шохаи истеҳсолиро дар бар гирад:

а) истеҳсоли материалҳои синтези хлорорганикӣ;

б) истеҳсоли соддаи каустикӣ;

в) истехсоли нурии минералӣ ва воситаҳои кимиёвӣ, муҳофизати зироатҳои хоҷагии қишлоқ;

г) коркарди материалҳои полимерӣ барои тайёр намудани маҳсулоти техникӣ ва маишӣ.

Ҳамаи ин шохаҳо ҳоло пурра нестанд. Бинобар дар оянда аз ҳисоби сохтани корхона ва сехҳои нав иқтидори истеҳсолии сикл зиёд мешавад ва таркиби сикл мураккаб мегардад.

Сикли гидроэлектрометаллургӣ — сикли минтақавию истеҳсолии нисбатан ҷавон ба ҳисоб меравад. Ин сикл дар заминаи энергияи электрикии арзон ва ашёи хоми кашонда (глинозем) кор мекунад. Корхонаи асосии ин сикл корхонаи алюминии Турсунзода ба ҳисоб меравад. Дар корхона фақат зинаи табдил додани глинозем ба металли алюминий вуҷуд дорад. Дар асоси коркарди партови корхона истеҳсоли чинӣ ташкил шудааст. Ин сикл дар оянда аз ҳисоби сохтмони заводи креолит дар Ёвон пурра мегардад.

Сикли аграрӣ-саноатӣ дар базаи истифодаи оқилонаи захираҳои обу замин ташаккул ёфтааст. Ин сикл ба ду шоха ҷудо мешавад: индустриалӣ-аграрӣ ва индустриалӣ- аграрӣ- гидромелиоративӣ. Умумияти ин сиклҳо дар он аст, ки онҳо дар асоси коркарди ашёи хоми хоҷагии қишлоқ кор мекунанд. Ҳар яки сиклҳо ҷараёни ба итмомрасидаи зинаҳои технологиро дар бар мегирад. Дар байни сиклҳои мазкур инчунин фарқият ҳам дида мешавад. Хусусияти хоси сикли индустриалӣ-аграрӣ-гидромелиоративӣ обёрии механикӣ мебошад. Бинобар ин сикл ғайр аз ҷараёни базавии истеҳсолӣ (кишти пахта, парвариши боғу токзорҳо, кирми пилла ва коркарди онҳо) инчунин истеҳсоли масолеҳи сохтмон, каналу иншоотҳои гидротехникӣ, мошину механизмҳои обёрикунанда, қубур ва руйпӯшҳои оҳану бетониро дар бар мегирад. Асоси сикли индустриалӣ-аграриро бошад,  маҳсулоти хоҷагии қишлоқи аз заминҳои обёрии ғайри механикӣ, аз заминҳои лалмӣ ва чарогоҳҳо ба даст оварда мешавад, ташкил менамояд. Ин сиклҳо бо ҳам алоқаманданд. Зеро маҳсулоти хоҷагии қишлоқи бо роҳи обёрии механикӣ ва ғайри механикӣ ва дар заминҳои обию лалмӣ истеҳсол шуда дар корхонаҳои саноатӣ бо як усул кор карда мешавад.

Сиклҳои зикрёфта, ки маҳсулоти гуногуни хоҷагии қишлоқро истифода мекунанд, вобаста ба технологияи истеҳсолӣ ба якчанд шохаҳо ва зерсиклҳо ҷудо мешаванд.

Сикли индустриалӣ-аграрӣ ба шохаҳои коркарди маҳсулоти гӯсфандпарварӣ ва чорвои шохдори калон ҷудо мешаванд. Зинаи ин шохаҳои сикли индустриалӣ-аграрӣ дар чарогоҳ, фермаҳо, иттиҳодияҳо, хоҷагии деҳқонӣ ташкил карда шудааст. Зинаи дуюми он коркарди гӯшту ширро дарбар мегирад, ки дар корхонаҳои саноатӣ мегузарад. Ингуна корхонаҳо дар марказҳои калони аҳолинишин (Душанбе, Хӯҷанд, Исфара, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Панҷакент ва ғайра) ҷойгир шудаанд.

Сикли аграрӣ-индустриалӣ-гидромелиоративӣ бошад, ба шохаҳои коркарди пахта, пилла, шолӣ, меваю ангур ва сабзавот ҷудо мешаванд. Корхонаҳои саноатии ин сиклҳо ва шохаҳои он дар марзи ҷумҳурӣ вобаста ба манбаи ашёи хом, энергия, қувваҳои меҳнатӣ ва талаботи аҳолӣ ҷойгир шудаанд.

Дар байни шохаҳои сикли аграрӣ-индустриалӣ-гидромелиоративӣ, шохаи пахтакоркунӣ мавқеи асосиро ишғол менамояд. Чунки вай тахсиси кишоварзии ҷумҳуриро муайян мекунад. Зинаи якуми ин сикл аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва саҳҳомӣ иборат аст. Корхонаҳои зинаи дуюми ин сиклро пунктҳои пахтақабулкунӣ ва заводҳои пахтатозакунӣ (заводи пахтаи шаҳри Хӯҷанд, Қӯрғонтеппа, Конибодом ва шаҳракҳои Уялӣ, Навобод, Шаҳритус, Спитамен, Ҷ.Расулов ва ғайра) ташкил менамоянд. Нуқтаҳои пахтақабулкунӣ, бошад дар наздикии хоҷагиҳои пахтакор сохта шудаанд.

Корхонаҳои ресандагӣ, бофандагӣ ва дӯзандагӣ ҳамчун зинаи сеюми сикл ба манбаи ашёи хом (заводҳои пахта) — ба қувваи корӣ, марказҳои истеъмолӣ наздик сохта мешаванд. Корхонаҳои калонтарини он — корхонаи матоъҳои пахтагини Душанбе, фабрикаи ресандагии Конибодом, фабрикаи дӯзандагии Душанбе, Хӯҷанд ва фабрикаҳои кешбофии Душанбе, Истаравшан мебошанд. Ҳангоми тоза кардани пахта чигит ҷудо мешавад, ки қисми онро барои равғанкашӣ истифода мебаранд.

Сикли индустриалию сохтмон дар байни саноат ва соҳаҳои сохтмон мавқеи мобайниро ишғол мекунад. Ин сикл хелҳои гуногуни истеҳсолотро дарбар мегирад: ҳосил намудани ашёи хом (оҳаксанг, мергел, гил, бӯр, шағал, қум, сангмайда, озекерит, хокаи сурх ва ғайра); коркард ва истеҳсоли маснуоти сохтмон (семент, гипс, керамзит, хишт, оҳак, ранг, асфалт, бетон); маҳсулоти нимтайёр (таҷҳизоти оҳану бетонӣ барои хонаҳои бисёрошёна, блокҳои деворӣ, рӯйпӯши оҳану бетонӣ, каналҳо) ва ғайра. Зинаи охири, сиклро сохтмон ташкил менамояд. Ҷиҳати хоси сикл аз он иборат аст, ки ҳангоми тайёр кардани маснуоти сохтмон миқдори зиёди ашёи хом, об ва энергияю сӯзишворӣ сарф мешавад. Бар хилофи дигар сиклҳои минтақавию истеҳсолӣ ин сикл асосан аҳамияти маҳаллӣ ва дохилиҷумҳуриявӣ дорад. Корхонаҳои сикл бештар дар ҳамон ноҳияҳои ҷумҳурӣ воқеъ гардидаанд, ки дар он ҷойҳо корҳои сохтмон васеъ ба роҳ монда шудааст. Ба чунин ноҳияҳо Шимоли Тоҷикистон ва водии Ҳисору Вахш дохил мешавад.

Дар ноҳияҳои Шимолии Тоҷикистон корхонаҳои сикли индустриалию сохтмонӣ дар Исфара, Хӯҷанд, Қайроқум, Пролетар ва Истаравшан воқеъ гардидаанд. Дар водии Ҳисор дар Душанбе, Ваҳдат ва водии Вахш бошад, Қӯрғонтеппаю Ёвон ҷойгир шудаанд. Солҳои охир дар Кӯлоб низ инкишоф ёфтаанд.

Сикли коркарди сангҳои қиматбаҳо. Ин сикл ба коркарди сангҳои қиматбаҳо асос ёфтааст. Чунин сангҳо асосан дар Помир бештар вомехӯранд. Корхонаҳои коркарди онҳо дар Хоруғ ва Душанбе воқеъ гардидаанд. Ҳангоми коркарди сангҳои қиматбаҳо партови зиёд хориҷ мешавад. Кормандони Институти физикаю техникаи Академияи илмҳо роҳи аз нав барқарор намудани онҳоро карданд. Истифодаи он самараи калони иқтисодӣ дорад. Пеш аз ҳама нархи асосии маҳсулотро арзон менамояд ва партовро ба нестӣ меоварад.

Ҳамин тавр, бо ҳам  вобастагии истеҳсолию иқтисодӣ ва технологии корхонаҳо оид ба истифода бурдани сарватҳои табиии ҷумҳурӣ боиси ташаккулёбии сиклҳои гуногуни минтақавию истеҳсолӣ гардидааст. Дар як вақт бо ҳам вобастагии сиклҳои минтақавию истеҳсолӣ барои ташаккул ёфтани ноҳияҳои саноатӣ ва комплексҳои территориявӣ-истеҳсолӣ замина шуда хизмат мекунад. Сиклҳои нав бошад, асосан дар асоси ба истеҳсолот ҷалб намудани захираҳои табиӣ ба миён меоянд.

Шарҳ баста аст.