Сиёсати қарздиҳӣ ва фаъолияти бонкҳо дар шароити Осиёи Миёна

0
59

Кассаҳои қарздиҳии уездӣ. Кассаҳои қарздиҳии уездиро дар замони ҳукуматдории подшоҳӣ «ташкилотҳои қарздиҳии халқӣ» меномиданд. Зеро, онҳо барои дастгирии маҳз ҳочагии истеҳсолкунандагони хурд, ки аксари аҳолиро ташкил медоданд, нигаронида шуда буд.

Дар шароити кишвари Туркистон истеҳсолкунандагони хурдро ҳочагии пахтакорон, ғаллакорон, ҳунармандон, косибон ва чорводорон, яъне умуман ҳамаи онҳое, ки худ бо истеҳсолот машғул буданд, ташкил менамуданд. Онҳо ҳар сол ба фоидаи давлат хелҳои гуногуни андозро супорида, хазинаро пур мекарданд. Бинобар ин ҳукуматдорони подшоҳӣ бенавогардии ин қисми аҳолиро намехостанд. Зеро, чунин ҳолат натанҳо барои ҷамъоварии андоз, балки барои мавҷудияти худи низоми мустамликавӣ хавфи ҷиддӣ дошт. Аз ин рӯ ҳукуматдорони подшоҳӣ ба хубӣ эҳсос намуданд, ки истеҳсолкунандагони хурди кишвар мӯҳтоҷи дастгирии молиявӣ мебошанд ва ҳамин ҳолат онҳоро ба доми судхӯрон кашидааст, ки ба ивази қарзашон 60-80%-и солона талаб мекарданд. Баъзе амалдорони подшоҳӣ, дар шароити кишвар яке аз роҳҳои халосиро аз чунин ҳолат, дар ҷорӣ намудани фаъолияти кассаҳои қарздиҳии уездӣ медиданд.

Загрузка...

Соли 1870 генерал-губернатори Туркистон фон Кауфман дар шароити кишвар зарурияти кассаҳои қарздиҳии уездиро ба миён гузошта буд. Соли 1873 барои кишвари Туркистон оинномаи намунавии чунин кассаҳо тартиб дода шуд. Мувофиқи он пешниҳод гардида буд, ки ба ҳохишмандон-мӯҳтоҷон қарз ба миқдори аз 10 то 300 сӯм, ба мӯҳлати аз 3 моҳ то як сол, ба ивази 6%-и солона дода шавад. Дар асоси ин оинномаи намунавии умумии кишварӣ минбаъд ҳар як кассаи нав ба вуҷудомада оинномаи худро тартиб медод.

Дар ҳудуди кишвари Туркистон аввалин кассаҳои қарздиҳӣ соли 1876 дар шаҳри Намангони вилояти Фарғона, дуюмин, соли 1882 дар Катта-Қурғони округи Зарафшон (баъд вилояти Самарқанд) ташкил карда шуд. Доираи фаъолияти кассаи Катта-Қурғонӣ ҳудуди участкаи Панчакентро низ, ки тумани Нагорный меномиданд, дар бар мегирифт. Соли 1885 кассаи қарздиҳии уезди Хуҷанд ташкил ёфт. Соли 1903 миқдори умумии касаҳои қарздиҳии уезди дар кишвари Туркистон ба 21 адад расида буд.

Фонди пулии кассаҳо аз маблағи-даромади худи уезд ва вилоят таркиб меёфт. Чунин даромад аз ҳисоби андоз, махсусан андози кишоварзон, даромади шаҳрҳо ва ғайра, яъне умуман аз буҷаи маҳаллӣ иборат буд.

Фаъолияти қарздиҳии кассаҳо чунин сурат мегирифт. Сараввал шахси мӯҳтоҷ барои қарз бо ариза ба сарвари уезд муроҷиат мекард. Дар он инчунин шахсони кафолатдиҳандаро низ нишон медод. Сарвари уезд ҳолати пулии кассаро ба инобат гирифта, барои шахси муроҷиаткарда, миқдори қарзро, албатта камтар аз хости ӯ муайян мекард. Новобаста аз норасоиҳо (махсусан аз нарасидани буҷаи маҳаллӣ) фаъолияти кассаҳои қарздиҳии уездӣ аввалин таҷрибаи бевосита бо қарзи имтиёзноки давлатӣ таъмин намудани истеҳсолкунандагони хурд, аз ҷумла деҳқонон мебошад. Фаъолияти чунин кассаҳо дар ҳудуди аморати Бухоро ва хонии Хева паҳн нагардидааст.

Фаъолияти қарздиҳии ширкатҳои марказии Русия дар Осиёи Миёна. Ширкату рафоқатҳои марказии тиҷоратии Русия, ки манфиати саноатчиёни бофандагиро ҳимоя мекарданд, махсусан тарафдори инкишофи пахтакорӣ буданд. Маҳз он ширкату рафоқатҳо зарурияти қарзро барои инкишофи пахтакорӣ эҳсос намуда, чунин ҳочагиҳоро ба қадри имкон бо пул таъмин кардаанд.

Масалан Рафоқати мануфактураи бузурги Ярослав аз соли 1887 сар карда барои кишти пахтаи навъи америкоӣ, ба ивази 8%-и солона қарз медод. Ин рафоқат дар амалиёти қарздиҳии худ бо рафоқати «Владимир Алексеев» якҷоя фаъолият мекард. Ин ду рафоқат соли 1900 дар 14 волостҳои уезди Андиҷон ба 5632 нафар деҳқонон кариб 415 ҳазор сӯм қарз додаанд. Деҳқонон бошанд ба ивази, ин қарз пахтаи худро бояд маҳз ба намояндагони ҳамин рафоқатҳо месупориданд.

Намояндаи рафоқатҳои номбурда ва дигар рафоқати ширкатҳои Русиягӣ на танҳо дар ҳудуди вилоятҳои гуногуни кишвари Туркистон, балки дар ҳудуди  аморати  Бухоро ва хонигарии Хева ҳам амал мекарданд.

Умуман фаъолияти қарздиҳии онҳо дар роҳи инкишофи иқтисодиёти Осиёи Миёна, махсусан пахтакорӣ қадами ҷиддие буд. Маҳз бо ташаббуси ҳамин рафоқату ширкатҳои Русиягӣ дар ҳудуди кишвар барои фаъолияти васеи сармояи бонкӣ шароити қулайро ба вуҷуд овардаанд.

Бонкахо. Зарурияти дар шароити Осиёи Миёна, пеш аз ҳама кишвари Туркистон оғоз намудани фаъолияти бонкҳои марказии Русияро рафоқату ширкатҳои марказии тиҷоратӣ ба миён гузоштаанд. Зеро, гумоштагони онҳо, ки дар кишвар бо корҳои тиҷорат машғул буданд, на ҳама вақт бо пули зиёд ба ин сарзамин омада метавонистанд. Аз ин рӯ аз ҳукумати подшоҳӣ талаб карданд, ки дар кишвари дурдаст шӯъбаи бонкҳои Русияро ташкил намояд. Мувофиқи ин талаб 10 майи соли 1875 дар Тошкент аввалин ташкилоти бузургтарини давлатии қарздиҳӣ дар кишвар – шӯъбаи бонки Давлатии Русия кушода шуд. Он шӯъба то соли 1890 дар сарзамини Осиёи Миёна ягона ташкилоти калони қарзидиҳанда ба ҳисоб мерафт ва он ба рафоқату ширкат ва тоҷирони калон қарзи кӯтоҳмуддат (то 1 сол) медод. Минбаъд ин бонк шӯъбаҳои худро дар шаҳрҳои Самарқанд (с.1890), Қӯқанд (с.1893), Бухоро (с.1894), Ашқобод (с.1895), Андиҷону Верний (с.1911) кушод.

Аз аввали солҳои 90-и асри Х1Х дар Осиёи Миёна бонкҳои тиҷоратии Русия ҳам шӯъбаҳои худро кушоданд. Шумораи ташкилотҳои 9 бонкҳои тиҷоратии Русия асосан дар аввали асри ХХ афзуда то ба 45 адад расид. Ҳиссаи он бонкҳо дар ин ҳисоб чунинанд: Русию Осиёгӣ (дар асоси шӯъбаҳои собиқ бонки Русию Хитойӣ) – 12 шӯъба, Тиҷорати Сибирӣ – 8 шӯъба, Тиҷорати Азовию Донӣ – 7 шӯъба, Ҳисоби Москвагӣ – 6 шӯъба, Тиҷорати Волжию Камагӣ ва Муттаҳида (дар асоси шӯъбаҳои собиқ бонки Тиҷорати Байналхалқии Москвагӣ)-ҳар кадом 4 шӯъбагӣ, Русии барои тиҷорати беруна -2 шӯъба, Тиҷорати Москвагӣ ва Саноати Москвагӣ-ҳар кадом яктоӣ шӯъба кушоданд. Дар қатори 7 шӯъбаҳои дар боло номбурдаи бонки Давлатӣ, боз ду агентии бонки нимҳукуматии Ҳисоби қарздиҳии Эрон, 18 бонкҳои маҳаллӣ (бештар дар шакли ҷамъиятҳои қарздиҳии байнихудӣ) ба вуҷуд омадаанд. Шумораи умумии ташкилоти бонкҳои марказӣ ва маҳаллӣ дар Осиёи Миёна ба 72 адад расида буд, ки дар арафаи инқилоби Октябр 61 адади онҳо амал мекарданд.

Шӯъбаҳои бонкҳо бештар дар вилояти Фарғона (22 ташкилот) ҷойгир шуда буданд. Боқимонда дар вилоятҳои Сирдарёю Моварои Каспӣ (Закаспӣ) – дар ҳар кадом 10 ташкилотӣ, дар вилояти Самарқанду Ҳафтрӯд – дар ҳар кадом 9 ташкилотӣ, яъне ҷамъ дар кишвари Туркистон – 60 ташкилоти бонкӣ ҷойгир буданд. Дар аморати Бухоро бошад 11 ташкилот ва дар хонигарии Хева ҳамагӣ як ташкилоти бонкӣ амал мекарданду халос. Дар байни шаҳрҳо дар ҷои аввал Қӯқанд меистод, ки дар он ҷо ҷамъ 10 ташкилоти бонкӣ, дар ҷои дуюм  ва сеюм Бухорою Самарқанд, ки дар ҳар кадоми онҳо 8 ташкилотҳои бонкӣ ва дар ҷои чаҳорӯм Тошкент бо 7 ташкилоти бонкӣ буданд.

  Ба ғайр аз бонкҳои номбаршуда, танҳо дар ҳудуди кишвари Туркистон боз ду бонкҳои марказии кишоварзӣ: Нижегородию Самарагӣ (аз соли 1899) ва Полтавагӣ (аз соли 1902) амал мекарданд. Онҳо ба соҳибони мулкҳои ғайриманқула-соҳибони заводҳо, замин, хонаҳо ва ғайра ба мӯҳлати аз 10 то 66 солу 2 моҳ қарзи дарозмуддат медоданд. Вале хусусиятҳои кишварро ба назар гирифта ин бонкҳо қарзро асосан ба мӯҳлати 20 солу 7 моҳ додаанд.

Фаъолияти бонкҳо аз миқдори сармояи дар ихтиёри худ доштаашон вобастагӣ дошт. Бинобар ин қариб ҳамаи онҳо дар баробари сармояи худ инчунин амонат ҳам ҷамъ менамуданд. Дар шароити Осиёи Миёна маблағи аз ҳама зиёде, ки дар бонкҳои марказии Русия гузоштаанд, амирони охирини Бухоро – Абдулаҳадхон ва Олимхон буданд. Маблағи дар бонкҳои Русия гузоштаи онҳо ҷамъ 34 млн. сӯмро ташкил мекардааст. Ба амирон пайравӣ намуда қушбегӣ, раис ва дигар амалдорони Бухоро низ пули худро чун амонат дар шӯъбаҳои дар Бухоро доштаи бонкҳои Русиягӣ гузошта, фоизи зиёд мегирифтанд.

Дар шароити ҳамонвақтаи Осиёи Миёна бонкҳо имконият надоштанд, ки бевосита бо истеҳсолкунандагон – деҳқонон, ҳунармандон, косибон, чорводорони хурд ва ғайра кордор бошанд. Бинобар ин шӯъбаҳои бонкҳо пулро ҳамчун қарз ба рафоқату ширкатҳо ва савдогарони бонуфуз (бештари онҳо соҳиби заводҳои гуногун, махсусан заводҳои пахтатозакунӣ буданд) медоданд. Рафоқатҳо, ширкатҳо ва савдогарони калон дар навбати худ қарзи аз бонк гирифтаашонро дар байни миёнаравони нисбатан хурд: савдогарони миёна ва хурд, даллолҳо (комиссионерҳо), аробакашҳо ва ғайра тақсим мекарданд. Ин гурӯҳ дар навбати худ қарзро ба истеҳсолкунандагон, аз ҷумла ба деҳқонон мерасониданд.

Ҳамин тавр дар шароити Осиёи Миёна аппарати миёнаравҳо ташаккул ёфт. Апарати миёнаравҳо гуфта гурӯҳи рафоқату ширкатҳо, савдогарони бонуфуз, пахтаҷалобон (яъне соҳибони заводҳои пахтатозакунӣ), даллолҳо (комиссионерҳо) ва аробакашҳоро меноманд, ки онҳо алоқаи бонкҳоро бо истеҳсолкунандагони хурд, аз ҷумла деҳқонон ва баръакс, алоқаи истеҳсолкунандагони хурдро бо бонкҳо барқарор менамуданд.

Агар нуқтаи охири қарз ҳар чӣ қадар аз маркази ташкилотҳои бонкӣ дур бошад, миёнаравҳо ҳамон қадар зиёд ва фоизи қарз меафзуд. Яъне агар бонкҳо ба рафоқатҳо, ширкатҳо ё худ савдогарони калон қарзро ба ивази 8-10 физи солона диҳанд, дар маҳалҳои наздики бонк он қарз ба ивази 12-15 фоиз дастраси деҳқонон мешуд. Вале дар гӯшаҳои дурдаст, ки рақобат вуҷуд надошт, фоизи қарз то 50-60 фоиз ва ҳатто аз он ҳам зиёд мерасид. Бинобар ҳамин ҳам баъзе ширкатҳо манфиатдор буданд, ки қарзро аз бонкҳо гирифта, ба маҳалҳои дурдаст баранд. Зеро, дар чунин маҳалҳо, аз як тараф рақобат вуҷуд надошт, аз тарафи дигар онҳо фоизи қарзро мувофиқи хоҳиши худ боло бардошта метавонистанд. Дар натиҷаи ин ҳама пахтакорӣ сол аз сол на танҳо тамоми водиҳо, балки ҳатто ноҳияҳои кӯҳии Бухорои Шарқиро (масалан ноҳияи Дарвозро) низ фаро гирифта буд. Аз ҷумла соли 1911 дар бекигарии Дарвоз, ки дурдасттарин бекигарии аморати Бухоро ҳисоб мешуд, 10 ҳазор пуд пахта ҷамъ оварда шудааст.

Рафоқат ва ширкатҳои маҳаллӣ. Чуноне дар боло ишора рафт барои мутобиқ гардонидани фаъолияти бонкҳо дар шароити Осиёи Миёна, махсусан барои амалӣ гардидани амалиёти қарздиҳии онҳо, рафоқат ва ширкатҳо нақши махсусро бозидаанд. Рафоқатҳо ва ширкатҳое, ки солҳои 70-90-и асри Х1Х дар Осиёи Миёна амал мекарданд аксарият москвагӣ ва ё худ аз дигар шаҳрҳои марказии Русия буданд. Вале онҳо ҳам дар амалиёташон, баҳри инкишофи фаъолияти худ, ба тоҷирони маҳаллӣ такя мекарданд. Дар натиҷаи ин ҳама минбаъд аз ҳисоби тоҷирони маҳаллӣ бунёдкунандагони рафоқатҳои бузург сабзида расидаанд, ки мисоли онро дар симои рафоқатҳои бародарон Вадяевҳо, Р.Ш. Потеляхов ва ғайраҳо дида метавонем.

Чунончӣ, ҳанӯз 24 ноябри соли 1894 шӯъбаи Қӯқандии бонки Давлатии Русия ба тоҷирони начандон номӣ, бародарон Вадяевҳо, ки баромадашон аз яҳудиёни бухороӣ буд, 50 ҳазор сӯм қарз дода буд. 21 июли соли 1900 ҳамон шӯъба кордонии онҳоро ба инобат гирифта миқдори қарзашонро то ба 100 ҳазор сӯм зиёд намуд. Ингуна кӯмаки бонкӣ ба бародарон Вадяевҳо имконият дод, ки 28 феврали соли 1902 дар Қӯқанд ширкати мустақили худро ба номи «Хонаи тиҷоратии бародарон Вадяевҳо», бо сармояи 70 ҳазор сӯм бунёд кунанд. Мақсади ин ширкат асосан хариду фурӯши пахта, фурӯши маҳсулоти саноатӣ ва ғайра ба ҳисоб мерафт. Аз ҷумлаи бародарон Вадяевҳо махсусан кордонии Ёқуб ва Сион диққати амалдорони бонкҳои марказиро ба худ ҷалб карда буд. Пас аз ташкил ёфтани ширкат, бонки Давлатӣ миқдори қарзи Вадяевҳоро боз ҳам зиёдтар намуд, ки он соли 1903 то ба 200 ҳазор сӯм ва соли 1907 то ба 250 ҳазор сӯм афзуд.

Бародарон Вадяевҳо баъди дар Осиёи Миёна паҳн гардидани фаъолияти бонкҳои тиҷоратии Русиягӣ шахсони боэътимоди бисёре аз онҳо гардида буданд. Дар замони афзудани рақобати байни бонкҳо наздикшавии ширкати Вадяевҳо бо бонки тиҷоратии  марказӣ – Русию Осиёгӣ аҳамияти махсус дошт ва он 11 майи соли 1912 ба ташкил додани ширкати боз ҳам калонтар «Рафоқати тиҷоратию саноатии Вадяевҳо» оварда расонид. Дар шароити Осиёи Миёна ин аввалин иттиҳодияи монополистӣ буд. Дар рафоқати нав низ бародарон Сион ва Ёқуб нақши роҳбарикунандагиро бозиданд.

Рафоқати Вадяевҳо сол аз сол пурқувват мегардид. Аз панҷ як ҳиссаи пахтаи Осиёи Миёна танҳо ба воситаи ҳамин рафоқат ба марказҳои саноатии Русия фиристода мешуд. Ин рафоқат ҳатто ҳиссаи асосии саҳмияҳои яке аз ҷамъиятҳои калонтарини саҳомии Русия «Салолин»-ро низ ба даст даровард. Дар натиҷа  рафоқат  дар арафаи маҳви тартиботи подшоҳии Русия ба қатори  рафоқатҳои бузургтарини соҳаи саноати сабуки империя (махсусан дар соҳаи пахта, равған ва маргарин) дохил гардида буд.

 Ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ. Дар охири асри Х1Х ва аввалҳои асри ХХ дар инкишофи пахтакории Осиёи Миёна хочагиҳои деҳқонони миёнаҳол мақоми асосиро мебозиданд. Вале ҳукуматдорони подшоҳиро вазъияти ногувори ҳамонвақтаи он хоҷагиҳо сахт ба ташвиш гузошта буд. Зеро, миёнаравҳо: рафоқатҳо, ширкатҳо, тоҷирон, пахтаҷаллобон, махсусан судхӯрони маҳаллӣ аз деҳқонони харобгардида ба ивази қарзҳои напардохта порчаи замини онҳоро кашида мегирифтанд. Чунин ҳолат аз як тараф қисми мардуми Осиёи Миёнаро оҳиста-оҳиста ба ҳолати бенавоӣ-пролетарӣ оварда мерасонид, аз тарафи дигар ба инкишофи пахтакорӣ низ зарбаи қатъӣ мезад. Барои ҳукумати подшоҳии Русия ҳар дуи ин оқибатҳо ташвишовар буд. Бинобар ин, дар шароити кишвари Туркистон яке аз вазифаҳои навбатии он ин аз чанголи миёнаравҳо наҷот додани хоҷагиҳои деҳқонони миёнаҳол ба ҳисоб мерафт. Амалдорони ҳукумати подшоҳӣ дар ин соҳа роҳи ягонаи наҷотро дар ҷорӣ намудани амалиёти ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ медиданд.

Ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ, чун дар тамоми Русия, дар кишвари Туркистон ҳам бояд мувофиқи қонуни аз 7 июни соли 1904 бунёд мегардид. Дар асоси он қонун се намуди чунин ташкилотҳо пешбинӣ шуда буд: рафоқати қарздиҳӣ, рафоқати қарздиҳии амонатӣ ва кассаҳои ҷамъиятии қарздиҳии амонатӣ. Соли 1905 оиди ҳар кадоми ин шаклҳо оинномаҳои махсус бароварда шуд. Мувофиқи он ҳуҷҷатҳо рафоқати қарздиҳӣ танҳо аз ҳисоби маблағи бонки Давлатӣ ташкил меёфт, бинобар ин нисбати аъзоёни худ ҳаққи аъзогӣ надошт. Ҳангоми амалиёти мусбати рафоқат бонки Давлатӣ нисбати он сари чанд вақт миқдори қарзи худро зиёд мекард. Даромад ва зарари рафоқати қарздиҳӣ ҳамааш ба ӯҳдаи давлат мегузашт.

Рафоқати қарздиҳии амонатӣ бошад дар асоси ҳаққи аъзогӣ, аниқтараш ҳиссаи (пули гузаштаи) бунёдкунандагонаш ташкил карда мешуд ва даромаднокӣ, яъне ҳаққи аъзогии саҳм (дивидент) ҳам ба фоидаи онҳо буд. Фақат баъди як соли фаъолияти мусбат чунин ширкатҳо метавонистанд аз қарзи бонки Давлатӣ истифода баранд. Ҳангоми пароканда ва ё қатъ намудани фаъолияти чунин рафоқат тамоми маблағаш дар байни аъзоён – бунёдгузоронаш, мувофиқи ҳаҷми ҳиссаашон тақсим карда мешуд. Барои ташкил намудани ҳар ду шакли рафоқатҳо, яъне рафоқатҳои қарздиҳӣ ва қарздиҳии амонатӣ шартнома бо имзои зиёда аз 20 нафар шахсони алоҳида, танҳо аз ҷумлаи истеҳсолкунандагони хурд зарур буд.

Фарқияти шакли сеюм – кассаҳои ҷамъиятии қарздиҳии амонатӣ аз рафоқатҳои аввала дар он аст, ки чунин кассаҳо бо ташаббуси ҷамъиятҳои алоҳида, аз ҷумла ҷамъиятҳои қишлоқӣ, ё худ бо қарори ҷамъомадҳои қишлоқӣ ташкил карда мешуд. Дар шароити кишвари Туркистон аз ҳар се шаклҳои номбурда танҳо ду шакли аввала: рафоқатҳои қарздиҳӣ ва қарздиҳии амонатӣ ташкил карда шуда буданд.

Ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ қарзро чун қарзи имтиёзнок танҳо ба аъзоёни худ, ба миқдори барои ҳар як кас то ҳазор сӯм, ба ивази то 12 фоизи солона медоданд. Рафоқатҳо, мувофиқи оинномаашон, ба миҷозони худ қарзи дарозмуддат- то 5 сол ва кӯтоҳмуддат то 1 сол пешниҳод мекарданд.

Дар ҳудуди кишвари Туркистон соли 1907 аввалин рафоқати қарздиҳӣ дар вилояти Фарғона ташкил карда шуд. Аз соли 1910 дар сарзамини кишвари Туркистон ба тарзи оммавӣ бунёди ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ сар шуд ва соли 1917 шумораи умумии онҳо то ба 900 адад расид. Аз ин ҳисоб тахминан 340 рафоқатҳои қарздиҳӣ ва бештар аз 500 рафоқатҳои қарздиҳии амонатӣ буданд. Яъне, дар солҳои охир худи истеҳсолкунандагони хурд ҳавасманд буданд, ки маҳз рафоқати қарздиҳии амонатиро ташкил намоянд. Зеро, ин шакл барояшон аз ҳар ҷиҳат фоидаовар буд. Шумораи умумии аъзоёни ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ танҳо дар вилоятҳои Фарғона, Самарқанд ва Сирдарёи кишвари Туркистон то ба 200 ҳазор нафар расида буд. Яъне ҳамин миқдор истеҳсолкунандагони хурд аз истисмори миёнаравҳо халос гардидаанд.

Фаъолияти ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ноҳияҳои пахтакор (асосан), ғаллакор, чорводор, маҳаллаҳои ҳунармандону косибони кишвари Туркистонро фаро гирифта буд. Аз ин рӯ бисёр ҳочагиҳои ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ низ ба доираи фаъолияти ин ташкилотҳо дохил мешуданд. Ба ин фаъолияти рафоқатҳои қарздиҳии Ӯротеппа, Нов, Қистакӯз, Исписор, Ғулакандоз, Исфара, Маҳрам ва ғайра мисол шуда метавонанд.

Ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ, баробари мустаҳакамшавӣ ва васеъ намудани фаъолияташон, инчунин қисман вазифаи миёнаравиро низ ба ӯҳдаи худ гирифта, аъзоёнашонро бо асбобҳои кишоварзӣ, пунбаи тухмӣ, тухми кирмак, ғалла ва ғайра таъмин мекарданд. Баъзе ташкилотҳо дар назди идораи худ нуқтаҳои кирояи (прокати) ҳар гуна асбобҳои ҳочагии қишлоқро (аз ҷумла техникаи замонавиро) ташкил карда буданд. Дар натиҷаи ин аз техникаи ба даст даровардаи ин ё он ташкилот аъзоёни он ба хубӣ истифода бурда метавонистанд.

Фаъолияти ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ дар шароити Осиёи Миёна, чуноне таъкид намудем, танҳо сарзамини кишвари Туркистонро фаро гирифта буд. Яъне, он чорабинӣ барои сарзамини аморати Бухоро ва хонии Хева, ки дар идоракунии дохилӣ давлатҳои «мустақил» ҳисоб мешуданд, дахл надошт.