Сиғаи амрии феъл (забони англисӣ)

Пеш аз он ки мавзӯи мазкурро шарҳ диҳем, хотиррасон мекунем, ки феъл чӣ дар забони тоҷикию англисӣ ва чӣ дар забонҳои дигари дунё яке аз ҳиссаҳои асосии нутқ ба шумор меравад. Муҳимтарин ва мушкилтарин ҳиссаи нутқ низ дар забон феъл аст. Мо то ин дарс асосан аз исм, сифат, ҷонишин, пешоянд, зарф ва дигар ҳиссаҳои нутқ фаровон истифода кардем. Аз мавзуи феъл бошад, мо асосан аз шаклҳои феъли “to be” дар замони ҳозира, яъне аз “am”, “are”, “is” истифода намудем. Метавон гуфт, ки мо ҳоло вориди кучаи феълҳои забони англисӣ нагаштаем. Аз ин дарс шурӯъ намуда, мо бо феълҳои забони англисӣ сарукор хоҳем дошт ва аз хонандагони арҷманд хоҳиш менамоем, ки ба мавзӯи феъл назаре ҷиддӣ андозанд. Мавзӯи ҳозираи мо низ яке аз мавзӯҳои муҳим ба шумор меравад.

Сиғаи амрии феъл хоҳишу супориш, фармону таъкидро ифода мекунад ва он асосан ба шахси дуюм, яъне ҳам ба шахси дуюми танҳо ва ҳам ба шахси дуюми ҷамъ нигаронида мешавад. Аввал назаре ба сиғаи амрии забони модариамон меафканем. Сиғаи амрӣ дар забони тоҷикӣ аз асоси замони ҳозираи феъл сохта мешавад. Мисолҳо:

Оҳиста рав. Шухӣ накун. Ором шинед. Дурӯғ нагӯӣ.

ҳоло баъзе ҷумлаҳоро дар сигаҳои амрии феъл таҳлил мекунем:

Дарро кушо.

Дарро кушоед.

Дарро кушоетон.

Ҷумлаи якум ба шахси дуюми танҳо равона шудааст. Ҷумлаи дуюм ҳам ба шахси дуюми танҳо равона щудааст, лекин дар ин ҷумла дараҷаи эҳтиром риоя шудааст. Ҷумлаи сеюм бошад, ба шахси дуюми ҷамъ равона шудааст.

Акнун ҳолати мазкурро дар забони англисӣ дида мебароем. Сиғаи амрии феъл дар забони англисӣ “Imperative” ном дорад. Сиғаи амрии феълҳои забони англисӣ аз шакли асосии феълҳо сохта мешавад. Се ҷумлаи тоҷикии дар боло зикршуда дар забони англисӣ як хел садо медиҳанд. Муқоиса кунед:

  1. Дарро кушо. Open the door.
  2. Дарро кушоед. Open the door.
  3. Дарро кушоетон. Open the door.

Ҳангоми муроҷиат кардан чӣ ба шахси дуюми танҳо ва чӣ ба шахси дуюми ҷамъ дар сиғаи амрии феълҳои англисӣ асоси феълӣ тағйир намеёбад. Дар чунин ҳолат ҳайрон шудан мумкин, ки кай аз кадом намуди тарҷумаи тоҷикии ҷумлаҳои боло истифода бояд бурд. Шарҳ медиҳем, ки аслан ҷумлаи англисии “open the door” дар забони модарии мо метавонад ду хел фахмида шавад:

Дарро кушоед (ба шахси дуюми танҳо).

Дарро кушоетон (ба шахси дуюми ҷамъ).

Чунки дар забони англисӣ ба инсон, хоҳ ӯ хурд бошад ва хоҳ калон, асосан “шумо” гуфта муроҷиат мекунанд. Азбаски дар забони модарии мо ба шахси дуюми танҳо ҳам ту ва ҳам  “шумо” гуфта муроҷиат мекунанд ҷумлаи англисии дар боло зикршуда метавонад ки се хел тарҷума шавад.

Мисоли дигар:

Go stright!

Ҷумлаи мазкур ҳам метавонад, ки се хел тарҷума шавад. Агар он ба шахси хурдсоле гуфта шавад, мо онро “Рост рав!”, агар ба шахси калонсоле нигаронида шуда бошад, “Рост равед!” ва агар ба якчанд нафар гуфта шавад, “Рост раветон!” тарҷума мекунем.

Мисолҳои дигар

Come in, please. — Марҳамат дароед.

Close the window. — Тирезаро пӯш.


Шакли инкории сиғаи амрии феъл дар забони англисӣ ба воситаи феъли ёридиҳандаи “to do” ва ҳиссачаи инкории “not” сохта мешавад. Дар ин маврид пеш аз феъли асосӣ ибораи “do not” дар шакли мухтасар “don’t” гузошта мешавад, ки шахси дуюмро ба иҷро накардани амале водор месозад.

Do not open the door!

Ва ё

Don’t open the door!

Ҷумлаи мазкур метавонад дорои се намуди тарҷума бошад:

  1. Дарро накушо! 2. Дарро накушоед! 3. Дарро накушоетон!

Мисолҳои дигар

Don’t hurry! — Шитоб накун!

Don’t worry! — Хавотир нашав!

Don’t forget me! — Маро фаромуш накун!

Don’t take my pencil! — Қалами маро нагир.


СИГАИ АМРИИ ФЕЪЛ

Шарҳ баста аст.