Шуури ҳукуқӣ, ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва фалсафаи ҳуқуқ

Шуури ҳуқуқӣ шакли шуури ҷамъиятӣ буда, маҷмӯи тасаввурот, ақидаҳо, ғояҳо, мафҳумҳо, эҳсосот, ҳиссиёт оид ба ҳуқуқ ва падидаҳои ҳуқуқӣ мебошад. Шуури ҳуқуқӣ як шакли шуури ҷамъиятӣ буда, бо шуури ахлоқӣ, динӣ, эстетикӣ, сиёсӣ ва диг. равобити устувор дорад. Маҳз дар заминаи ҳамин равобит эҳсос ва дарки васеи ҳуқуқ дар робита бо падидаҳои ҳуқуқӣ ва ғайриҳуқуқӣ ташаккул меёбад, мафҳумҳои маърифативу арзишии ҳуқуқ вориди шуури ҳуқуқӣ мегарданд. Дар натиҷа ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ташаккулу инкишоф меёбад. Фаҳмиши ҷаҳонбинонаи ҳуқуқ дар сатҳи маърифати ҳуқуқӣ инкишоф меёбад, ки воқеан фаҳмиши фалсафии ҳуқуқ мебошад.

Шуури ҳуқуқӣ муносибати одамонро ба ҳуқуқи амалкунанда, амалияи ҳуқуқӣ, қонун, қонунгузорӣ, ҳуқуқу озодиҳо, вазифаҳои инсон ва падидаҳои дигари ҳуқуқӣ (меъёрҳои ҳуқуқӣ, муносибатҳои ҳуқуқӣ, амали ҳуқуқӣ, ҳукуқвайронкунӣ, қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва диг.) ифода мекунад. Бо дарназардошти сатҳи эҳсосотӣ ва маърифатии шуури ҳуқуқӣ дар таркиби он психологияи ҳуқуқӣ ва мафкураи ҳуқуқиро ҷудо мекунанд. Сатҳи мафкуравии шуури ҳуқуқӣ ақидаҳо, ғояҳо, мафҳумҳо, нуқтаҳои назар ва назарияҳои мухталифи ҳуқуқиро оид ба мафҳум, моҳият ва нақши  ҳуқуқ фаро мегирад.

Ҷузъи мафкураи ҳуқуқӣ ғояву мафҳумҳо ва назарияҳо оид ба аҳамият, нуфуз ва арзиши ҳуқуқ мебошанд, ки сатҳи фалсафии дарку фаҳмиши ҳуқуқро ташкил медиҳанд. Маҳз дар сатҳи маърифати ҳуқуқӣ сатҳи баланди ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ташаккул меёбад. Он хислат ва мазмуни бештар арзиширо дорост, зеро аҳамият, нуфуз, волоият, нақши ҳалкунанда ва арзиши ҳуқуқро дар ҳаёти инсон муайян мекунад. Ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ, ки дар раванди маърифати фалсафӣ ташаккул меёбад, арзиши ҳуқуқро дар робита бо мафҳуму категорияҳо ва назарияҳои ҳам ҳуқуқӣ ва ҳам фалсафӣ муайян мекунад. Аз ин хотир, фалсафаи ҳуқуқ ҷузъи ҷаҳонбинии ҳуқуқ, аниқтараш сатҳи баланди дарку маърифати ҳуқуқӣ мебошад.

Шуури ҳуқуқӣ заминаи ташаккули ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва фаҳмиши фалсафии ҳуқуқ мебошад. Барои иҷрои ин нақши заминавӣ шуури ҳуқуқӣ имконоти воқеиро дорост. Пеш аз ҳама, шуури ҳуқуқӣ аз унсурҳои марбут ба эҳсос, ақл, маърифат ва арзиш иборат аст. Шуури ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаҳои маърифатӣ, иттилоотӣ, арзишӣ, танзимӣ ва тарбиявиро иҷро мекунад. Шуури ҳуқуқӣ шакли инъикоси воқеияти ҳуқуқӣ буда, ҳамзамон ба он таъсир мерасонад. Чунончи, сатҳи дарки воқеияти ҳуқуқӣ, баҳодиҳӣ ба равандҳои ҳаёти ҳуқуқӣ, ба инобат гирифтан, ё нагирифтани зарурати дигаргуниҳои ҳуқуқӣ, суръати ислоҳоти ҳуқуқӣ, сифати қонунҳо, амалишавии қонунҳо дар ҳаёти ҳамарӯзаи одамон, таъмини қонуният ва ғ. маҳз аз сатҳи шуури ҳуқуқӣ вобастаанд.

Аз ин нуқтаи назар, сатҳи муқаррарӣ, касбӣ ва илмии шуури ҳуқуқиро ҷудо мекунанд, ки дар ҷараёни мушоҳидаҳои ҳаётию ҳамарӯзаи одамон (мушоҳидаи фаъолияти қонунгузорӣ, сифати кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сатҳи амалӣ гаштани қонунҳо, риояи қонунҳо ва ғ.), азбаркунии донишҳои касбии ҳуқуқӣ ва маърифати илмӣ-ҳуқуқӣ ташаккул меёбанд. Шуури ҳуқуқӣ байни гурӯҳҳои гуногуни одамон (донишҷӯён, соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ, нафақахӯрон ва диг.) ва умуман ҷомеа ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, шуури ҳуқуқии гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ ва шуури ҳуқуқии ҷомеаро ҷудо мекунанд.

Ташаккули шуури ҳуқуқӣ танҳо бо мушоҳидаҳои ҳамарӯзаи одамон маҳдуд шуда наметавонад. Аз ин рӯ, бо мақсади баланд намудани сатҳи шуури ҳуқуқӣ тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ тавассути тарғиботи ҳуқуқӣ, бо истифода аз воситаҳои ахбор, адабиёти илмиву бадеӣ, таҳсилоти ҳуқуқӣ гузаронида мешавад. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ тарбияи ҳуқуқӣ дар заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (фармонҳои Президенти Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ) сурат мегирад, омӯзиши фанҳои таълимии асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон дар мактабҳои таҳсилоти миёна, миёнаи касбӣ ва олӣ ба роҳ монда мешавад.

Бо дарназардошти дигаргуниҳои куллии ҳаёти имрӯза, аз ҷумла ислоҳоти ҳуқуқӣ, тарбияи ҳуқуқӣ ҳоло ҳадафҳои нав дорад. Яке аз ҳадафҳои муҳими тарбияи ҳуқуқӣ дар давраи имрӯза ин ташаккул ва инкишофи сатҳи маърифативу арзишии шуури ҳуқуқӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин замина ташаккули ҷаҳонбинии васеи ҳуқуқӣ, инкишофи фаҳмиши фалсафии ҳуқуқ имконпазир мегардад. Бо ин мақсад дар кишварҳои пасошӯравӣ, аз он ҷумла дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба омӯзиши фанни таълимии фалсафаи ҳуқуқ эътибори ҷиддӣ медиҳанд.

Бо дарназардошти аҳамияти фаҳмиши ҷаҳонбинонаи ҳуқуқ мутафаккирони гузашта (Афлотун, Арсту, Форобӣ, Сино, Насириддни Тӯсӣ, Низомулмулк, Кант, Гегел ва диг.) ҳуқуқро дар робита бо мафҳумҳои фалсафӣ адолат, озодӣ, баробарӣ, хирад дарку таҳлил мекарданд. Дар натиҷаи чунин таҳлилҳо аҳамият, нақш, нуфуз ва арзиши баланди ҳуқуқ дар ҳаёти инсонӣ ошкор мешавад. Таҳлили илмиву назариявии фалсафии ҳуқуқ имкон медиҳад, ки дарку омӯзиши ҳуқуқ дар сатҳи маърифати фалсафӣ, дар заминаи ҷаҳонбинии васеи фалсафӣ ва ҳуқуқӣ ба роҳ монда шавад, аз ҷумла аҳамияти арзишии ҳуқуқ дар робита на танҳо бо қонунгузорӣ, балки бо мафҳумҳои арзишии адолат, баробарӣ, озодӣ, виҷдон, хирад, қадри инсонӣ дарку эҳсос гардад. Ҳамзамон таҳлили фалсафии ҳуқуқ дар раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ, таҳияи лоиҳаи қонунҳо, татбиқ ва риояи қонунҳо бо дарназардошти нақши арзишии ҳуқуқ, аз ҷумла бо мақсади ба талаботи адолат, озодӣ, баробарӣ, қадри инсон мувофиқ намудани қонунҳо аҳамияти амалӣ низ дорад.

Ташаккули шуури ҳуқуқӣ дар робита бо шаклҳои дигари шуури ҷамъиятӣ сурат мегирад, ки барои ташаккули ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ муҳим аст. Чунончи, дар ҷомеаи Тоҷикистон шуури ахлоқӣ дар ташаккули шуури ҳуқуқӣ нақши ҳалкунанда дорад, зеро одамон ба қонун, қонуният, адолати судӣ ва дигар падидаҳои ҳаёти ҳуқуқӣ бо истифода аз категориҳои ахлоқии адолат ва беадолатӣ, виҷдон ва бевиҷдонӣ ва диг. баҳо медиҳанд. Шуури сиёсии одамон, сатҳи дарки равандҳои сиёсии ҳаёти ҷомеа ва ҷаҳон, фаъолнокии сиёсии шаҳрвандон, иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, зиракии сиёсӣ бо шуури ҳуқуқӣ алоқаманданд, зеро фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва умуман ҳаёти сиёсии одамон дар чаҳорчӯбаи қонун сурат мегирад. Дар ташаккули шуури ҳуқуқӣ нақши анъанаҳои миллӣ, дастовардҳои фарҳанги миллӣ, худшиносии миллӣ низ калон аст, чунки фаъолияти қонунгузорӣ бояд бо дарназардошти анъанаҳо ва манфиатҳои миллӣ сурат гирад.

Ҳамин тариқ, ташаккули шуури ҳуқуқӣ дар ҳар кишвар бо дарназардошти воқеияти ҷамъиятӣ, анъанаҳои миллӣ, дастовардҳои фарҳанги миллӣ, пешрафти тамаддунӣ, дар робита бо шаклҳои шуури ҷамъиятӣ сурат мегирад, ки худ заминаи ташаккули ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ, инкишофи фаҳмиши васеи фалсафии ҳуқуқ мебошад. Барои ҳамин назарияҳои гуногуни фалсафаи ҳуқуқ, дарки ҷаҳонбинонаи ҳуқуқ дар ҳар кишвар ва минтақа дар робита бо пешрафти фарҳангиву тамаддунӣ арзи вуҷуд доштанд. Аз ин ҷост, ки дарки фалсафии ҳуқуқ дар Ғарб дар робита бо парастиши фардӣ, мутлақ гардонидани арзишҳои фардӣ, ҳимояи моликиятдории хусусӣ ва сармояи хусусӣ, ё дар алоқамандӣ бо арзишҳои дини масеҳӣ, ахлоқи масеҳӣ, ахлоқи православӣ сурат гирифтааст. Дар Шарқ дарки ҷаҳонбинонаи ҳуқуқ дар робита бо арзишҳои тамаддуни ориёӣ, сипас дар ҷаҳони ислом дар доираи ислом, дар алоқамандӣ бо ахлоқ, сиёсатмадорӣ, давлатдорӣ, анъанаҳо, ахлоқи хоси ҳамин минтақа ташаккулу инкишоф ёфтааст.

Ҳамзамон дарки фалсафии ҳуқуқ ҳамеша зимни робитаи фарҳангӣ, бо истифода аз дастовардҳои тамаддунии ҳамдигар ташаккулу иинкишоф меёбад. Файласуфон ва мутафаккирони Шарқ ва Ғарб аз дастовардҳои фарҳангии хеш дар ҳамаи давраҳои таърихӣ истифода намудаанд. Ба ин нигоҳ накарда, ташаккулу инкишофи шуури ҳуқуқӣ, ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва фалсафаи ҳуқуқ бо дарназардошти воқеяти ин ё он кишвару минтақа, шуури ахлоқӣ, динӣ, сиёсӣ ва дигари ҷамъиятӣ, анъанаҳои миллӣ сурат мегирад. Барои ҳамин, ғояҳои давлати ҳуқуқбунёд, таҷзияи ҳокимият, озодии инсон ва ғ., ки асосан аз афкори Ғарб, зимни омӯзиши адабиёти ғарбӣ вориди ҷомеаи мо гаштаанд, бояд бо дарназардошти анъанаҳои милливу фарҳангӣ, ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, шароити маҳаллӣ таҳлил ва истифода шаванд.

Робитаи байни шуури ҳуқуқӣ ва шаклҳои дигари шуури ҷамъиятӣ ҳамеша ҷой дорад ва омилҳои ахлоқӣ, динӣ, маҳаллӣ, миллӣ, психологӣ ва дигари ҷомеа ба ташаккулу инкишофи шуури ҳуқуқӣ ҳама вақт таъсир мерасонанд. Меъёрҳои ахлоқӣ, динӣ, одатӣ, анъанавӣ нисбат ба меъёрҳои қонун таърихи бештар дошта, ҳазорсолаҳо боз арзи вуҷуд доранд. Таъсири онҳо ба шуури ҳуқуқӣ назаррас аст. Бесабаб нест, ки мутафаккирони Шарқ нуфузи арзишҳои ахлоқиро дар давлатдорӣ ҳимоя менамуданд, дар хусуси ҷавобгӯи талаботи диниву ахлоқӣ будани соҳибмансабон, сифатҳои волои ахлоқии мадинаи фозила ҳарф мезаданд, сиёсат, давлат, қонунро дар робита бо адолат, озодӣ, баробарӣ, ақлу хирад, дониш, нафс ва ғ. таҳлил мекарданд. Форобӣ, Сино, Насириддини Тӯсӣ, Давонӣ, Ғазолӣ, Имом Абӯҳанифа, Низомулмулк, Румӣ, Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Ҷомӣ ва ҳамзамонону пайравони онҳо ҷаҳонбинии васеи ҳуқуқиро касб намуда буданд, падидаҳои ҳуқуқиро (қонунҳо, риояи қонунҳо, қонуният, ҷиноят ва ҷазо, ҳокимияти қазоӣ, таносуби қувваи қазоия ва муҷрия ва диг.) дар заминаи дарки васеи ҳуқуқ, дар робита бо адолат, озодӣ, баробарӣ, хирад, қадри инсон таҳлил мекарданд. Аз ин рӯ, асарҳои онҳо дар ташаккули ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ аҳамияти арзишӣ доранд.

Сатҳи фалсафии дарки шуури ҳуқуқӣ дар ҷараёни омӯзиши ҳуқуқ дар робита бо падидаҳои ҳам ҳуқуқӣ (қонун, қонунгузорӣ, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва диг.) ва ҳам ғайриҳуқуқӣ (ахлоқ, одатҳо, анъанаҳо, дин, сиёсат ва диг.) ташаккул меёбад. Маҳз робитаи шуури ҳуқуқӣ бо шаклҳои дигари шуури ҷамъиятӣ, дарки ҳуқуқ бо дарназардошти адолат, озодӣ, баробарӣ, хирад, виҷдон, қадр ва арзиши инсонӣ заминаи ташаккулу инкишофи фаҳмиши фалсафии ҳуқуқ мебошанд. Фаҳмиши фалсафии ҳуқуқ аз инсон сатҳи кофии маърифат ва ҷаҳонбинии васеи ҳуқуқиро талаб мекунад. Ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ бошад, дар робита бо дарки маърифативу арзишии ҳуқуқ имконпазир мегардад, ки дар навбати худ таҳлили ҳуқуқро дар робита бо адолат, озодӣ, хирад ва мафҳумҳову падидаҳои дигари маърифативу арзишӣ тақозо мекунад. Бидуни ҷаҳонбинии васеи ҳуқуқӣ сатҳи фалсафии шуури ҳуқуқӣ ташаккул намеёбад. Барои ҳамин, дар ҳамаи назарияҳои фалсафии ҳуқуқ таносуби ҳуқуқ бо адолат, озодӣ, баробарӣ, хирад, виҷдон, қадри инсонӣ ва арзишҳои дигари иҷтимоӣ масъалаи марказии назариявӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, байни шуури ҳуқуқӣ, ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва дарки фалсафии ҳуқуқ равобити ногусастанӣ ҷой дорад. Шуури ҳуқуқӣ заминаи аввали ташаккулу инкишофи ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ мебошад, ба шарте ки агар дар таркиби он сатҳи маърифативу арзишӣ ташаккул ёфта бошад, чунки шуури ҳуқуқӣ метавонад бо қонунгузорӣ маҳдуд гардад. Дар ин ҳолат мафҳумҳои ҳуқуқӣ бо ҳуқуқи расмии давлат маҳдуд гашта, омӯзиши ҳуқуқ дар доираи танҳо маводи меъёрии ҳуқуқӣ (қонунҳо, меъёрҳои қонун, таснифу тафсири онҳо ва ғ.) сурат гирифта, талаботи адолат, озодӣ, баробарӣ, хирад, виҷдон, қадри инсонӣ ба инобат гирифта намешаванд. Ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ бошад, танҳо дар заминаи сатҳи маърифативу арзишии шуури ҳуқуқӣ ташаккул  меёбад.

Ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ аз мафҳумҳо, ақидаҳо, ғояҳо, назарияҳое иборат аст, ки нақш ва нуфузи баланди арзишии ҳуқуқро дар ҳаёти инсон, ҷомеа ва давлат эътироф ва исбот мекунанд. Аҳамият ва нуфузи арзишии ҳуқуқ дар ҳолати ба инобат гирифтани талаботи адолат, озодӣ, баробарӣ, хирад, виҷдон, ҳуқуқҳои тавлидӣ ва дахлнопазири инсон, қадри волои инсон, риояи қонуни ҳуқуқӣ ва таъмини қонунияти ҳуқуқӣ имконпазир мегарданд.

Аз ин рӯ, ҳама гуна ақидаҳо ва назарияҳое, ки мухолифи арзиши баланди ҳуқуқанд, аз ҷумла назарияҳое, ки ҳуқуқро ҳамчун воситаи истисмори синфӣ, зулму асорати одамон мешиносанд, нақши ҳуқуқро дар ҷомеа маҳдуд, ё пурра инкор мекунанд, ҳуқуқро танҳо бо қонун алоқаманд намуда, қонунҳои беадолат (зиддиҳуқуқӣ) ва қонунҳои боадолатро (ҳуқуқиро) фарқ намекунанд, дар хусуси муваққатӣ ва аз байн рафтани ҳуқуқ дар давраҳои минбаъдаи таърихӣ ҳарф мезананд, бо ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ робита надоранд. Дар заминаи чунин назарияҳо фаҳмиши маҳдуди ҳуқуқ ҳосил мешавад, мафҳумҳои ҳуқуқ ва қонун аз ҳам ҷудо карда намешаванд, ҳуқуқҳои фитрии инсон (ҳаёт, дахлнопазирии шахсӣ, қадру номус ва диг.) ва талаботи дигари фитрӣ-ҳуқуқӣ (адолат, озодӣ, хирад ва диг.) сарфи назар мешаванд. Аз ин хотир, бо мақсади рӯшан намудани ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ поёнтар назарияҳои ҳуқуқ, ки ба фаҳмиши васеи (ғайримеъёрии) ҳуқуқ асос мегузоранд, муфассал таҳлил мешаванд.

Дар заминаи ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ дарки фалсафии ҳуқуқ, сатҳи фалсафии шуури ҳуқуқӣ ташаккулу инкишоф меёбад. Фаҳмиши фалсафии ҳуқуқ воқеан фаҳмиши ҷаҳонбинонаи ҳуқуқ мебошад. Роҳҳо, усулҳо, шаклҳои ташаккули фаҳмиши фалсафии ҳуқуқро фалсафаи ҳуқуқ муайян мекунад.


Шуури хукуки, чахонбинии хукуки ва фалсафаи хукук

Шарҳ баста аст.