аудит чист

Ширкатҳои аудиторӣ (аудитӣ) чӣ гуна ширкатанд?

Ширкатҳои аудиторӣ (аудитӣ) (аз калимаи англисии auditor-ревизор муфаттиш, назоратчӣ, ноиб…) барои ревизия кардани фаъолияти хоҷагию молиявии ширкатҳову хоҷагиҳо, муайян кардани қобилият ва имконияти инкишоф ва истиқрори он дар шароити бизнес ва бозор ташкил карда мешавад.

Тафтиш одатан, аз ҷониби ташкилотҳои мустақили давлатӣ ё ғайридавлатӣ, бо ташаббуси ҳокимият, комитетҳо, муассисон, менеҷерони корхонаю соҳа ва ғайра гузаронида мешавад. Ширкатҳои аудитӣ барои экспертизаи молҳои содиршаванда, додани лисензияҳо барои бурун бурдани (содироти) онҳо омода карда шудаанд.

Муассисоти таълимӣ шакли серсохти бозорест, ки бо воситаи онҳо (мактабҳои миёнаи махсус, олӣ, аспирантура, магистратура) мутахассисони соҳаҳои гуногун оиди идора ва роҳбарии объектҳои иқтисодӣ (бизнесменҳо, соҳибкорон, менеҷерон, ҳуқуқшиносони байналхалқӣ…) тайёр мекунад.

Дар ин ҷараён воситаи “фирори мағзҳо”, бозори ақлонӣ васеъ истифода карда мешавад.

Маълумоти бештар оиди «Ширкатҳои аудиторӣ» ва зерсохтори бозор дар ин мавзӯъ оварда шудаааст Зерсохти бозор, моҳият ва унсурҳои он

Рӯйхати пурраи мавзӯҳои иқтисодӣ

Шарҳ баста аст.