Шеърҳои табрикотӣ барои туй (шеърхои туёна, ошикона) №1

0
5088

Дилдода бувад дар бари дилдор дар ин шаб,

Пайваста барад лаззати дидор дар ин шаб.

Загрузка...

Пурфайз аҷаб базмгаҳи шоми арусӣ,

Домод бувад ҳамнафаси ёр дар ин шаб.

Аз дидаи мо хоб паридаст азизон,

То субҳ бимонанд ҳама бедор дар ин шаб.

Бигзор ки ин ҷуфти фавон бахт бубинанд.

Аз чеҳраашон бахт падидор дар ин шаб.

Домоду арус чону ба чонанд имшаб

Дар дахр факат ду кас чавонанд имшаб.

Гар зиндаги касди дурии инхо дошт.

Аз зиндаги касди худ ситонанд имшаб.


Илоҳо хонаат обод бошад,

Зи банди ғуссаҳо озод бошад.

Зи кудак то ба пири солхурда,

Тамоми аҳли байтат дилшод бошад.


Ҳама нозат ғанимат бошад эй гул,

Саропои ту давлат бошад эй гул.

Туро баҳри муҳаббат офариданд,

Мададгорат муҳаббат бошад эй гул


Имруз арус ба ин макон омадааст,

Дар хилвати ёри меҳрубон омадааст.

Аз пойи қудуми ин аруси зебо

Бас файзу барор ба хонадон омадааст.

 

Дар сад биравӣ, арӯси барно монӣ,

Ҷуфтат ба барат монаду раъно монӣ.

Дар ҳалқаи набераю хешу табор,

Бо қадди чу сарву руи зебо монӣ.


Шеърҳои бештарро дар қисми 2-юми ин матлаб дарёбед >> Шеърҳои табрикотӣ #2

Эй файзи саҳар арсуи дилбар,

Садбарги сафеди тозаву тар,

Сар то қадами ту накҳатомез,

Эй рашки ҳазор мушки анбар.

Офат нарасад ба боғи ҳуснат,

Армони дилат шавад муяссар.


Олам зи ишқу ошиқӣ обод мешавад,

Бе ишқ ҳастии ҳама бар бод мешавад.

Ман ҳам умед дорам, аҳли нишаст ҳам,

Келинд чароғи хонаи домод мешавад.

Туй дори бахту бароре хоҳамат,

Осмони беғуборе хоҳамат.

Дар раҳи пурпечутоби зиндагӣ,

Тоқату сабру қароре хоҳамат.

Умри одам гаҳ баҳору гаҳ хазон,

Умри сабзи арчаворе хоҳамат.

Чаллаат бошад нишони ишқу бахт,

Обрую эътиборе хоҳамат.


Эй хоҳари ҷон туят муборак бошад,

Гирди чодарат гулҳо қаторак бошад.

Худ гуфта будӣ: «Домоди хушкарда гирам»

Ин домоди хушкарда муборак бошад.


Чашми бади касс ба чашми мастат нарасад,

Офат ба лабони майпарастат нарасад.

Ман пеши Худо ҳамин мурод металабам,

Бар қадди муборакат шикасте нарасад.


Нигоҳи чашми ту андар амон бод,

Ниҳоли қоматат дурр аз хазон бод.

Зи даргоҳи Илоҳӣ ҳар чи хоҳи,

Насиби ту ҳамон боду ҳамон бод.


Баҳори зиндагият доимо гулафшон бод,

Чу атрии боғи Ирам накҳатат парафшон бод.

Саодати абадат ёр боду чашмаи ишқ,

Дуои лутфи Худо бар сари ту борон бод.


Қади сарват илоҳӣ кам нагардад,

Дили шодат ба даври ғам нагардад.

Дуои мо ҳамин бошад шабу руз.

Ки як му аз сари ту кам нагардад.


Аруси мо имшаб сафар мекунад,

Манзили худ ҷойи дигар мекунад.

Аз рухи худ хонаи торикро,

Равшантар аз нури саҳар мекунад,

Канда аз сар пардаи завлонаро,

Маҳкама дар куҳу камар мекунад.


Бо Ҳусни дилафрузат хуш бошию, хуш бошӣ,

Бо чеҳраи чун рузат хуш бошию, хуш бошӣ.

Дастон ба сано гирем, домони Худо гирем,

Ҳар руз зи дирузат хуш бошию, хуш бошӣ.


Эй аруси нозанин боғат муаттар мешавад,

Дар шаби туят сухан гуям , дилам тар мешавад.

Мон қадам бо устувор дар шоҳроҳи зиндагӣ,

Зиндагонии ҳақиқӣ баъд аз ин сар мешавад.


Аз хандаи бахт ҳамеша хуррам бошед,

Хушнуд зи мову ҳама олам бошед.

Мо дасти дуо баҳри шумо бардорем,

Эй дидаву дил, дурр зи ҳама ғам бошед.

Шеърҳои бештарро дар қисми 2-юми ин матлаб дарёбед >> Шеърҳои табрикотӣ #2


сухани табрикоти барои туйи арусу домоди, табрикоти туёна 2019, сухан барои арус, табрикот барои туй арусу домод, табрикнома барои туйи дугона, табрикоти туёна барои арус, табрикнома барои туйи хамсинф, табрикоти туёна 2018, табрикот барои туй, табрикот барои туйи, табрикот барои туйи аруси, табрикот барои туй арусу домод, табрикот барои туй бародар, табрикот барои туйи домоди, шеърхои ошики, шеърхои точики, шеърхои барои, шеърхои ошики барои, шеърхои ошики барои духтари, шеърхои ошики картинка, скачать шеърхои ошики, табрикот барои туй арусию домоди.