Шеърҳои табрикотӣ барои туй (шеърхои туёна, ошикона) #2

0
3462

Барои ду ҷавон имшаб дари дил боз мегардад,

Тамоми рози бинҳуфта кунун иброз мегардад.

Загрузка...

Дар ин гулшан, ки аз ишқу муҳаббат накҳате дорад,

Хушо бо булбули шайдо гуле ҳамроз мегардад.


Дар боғи шумо ситора дидему ҳилол,

Ишқ аст ҳилолу ошиқӣ бори ниҳол.

Домоду арус ба ҳамдигар ҷону диланд,

Шаҳд асту шакар ба коми шабҳои висол.


Арусу шаҳ, Илоҳо шод бошед,

Ба гулбоғи ҳаёт озод бошед.

Дар оғӯши диёри ишқу армон,

Яке Ширин, дигар Фарҳод бошед.

табрикоти туёна, шеърхои табрикот


Аруси мо мекунад майли табассум,

Дили домод аз ин мезанад гум.

Худоё, то шаби садсолагишон,

Бикун ҳардуро ҷо дар дили мардум.


Домоду арус ба ҳамдигар пир шавед,

Дар олами ишқи худ ҷаҳонгир шавед.

Аз чарх таманнои азизон ин аст,

Садсола шаведу баъд аз он пир шавед.


Ду тан ёри азизу меҳрубон шуд,

Ба ҳам дил додаю пайванди ҷон шуд.

Дар ин гулбоғи пур аз орзуҳо,

Яке булбул,дуюмин арғувон шуд.

зодруз муборак, табрикот барои модар оча

Чӣ зебою дилороед ҳарду,

Ба тан ҷону ба дил ҷоед ҳарду.

Ба пеши тахт ҳамчун моҳи тобон,

Чароғи қалб бар моед ҳарду.


Домоду арус гули боғу чамананд,

Тоҷи сару нури дидаи анҷумананд.

Чун пораи шеъри шоири олимақом,

Дар маҳфили ошиқон худ сарсухананд.


Маҳи бахту зафар рахшанда бодо,

Рухи ҷононаро зебанда бодо.

Ба истиқболи иқболи ёраш,

Маҳи бахту зафар тобанда бодо.

Салиму солиму хуршедчеҳра,

Ҳамин ҷуфти ҷавон поянда бодо.


Ду дил, ки яке қарору тасмим кунанд,

Як бахту ду насибаро тақсим кунанд.

Аз ғояти сарфарозӣ ба пиру ҷавон,

Бархоставу ба лутф таъзим кунанд.


Гули маҳтоб шумо,дурри ноёб шумо,

Ҳарду шоҳбайти яке ғазали ноб шумо.


Илоҳо то ҷаҳон бошад, шумо бошед,

Замину осмон бошад, шумо бошед.


Шумо ду шохи гул,ду навниҳолед,

Шумо ду қатраи оби зулолед.

Аз ин рузу аз ин соат аз ин дам,

Барои ҳамдигар ҳаққу ҳалолед.


Эй хушо,имрӯзу фардо чеҳраи шод зинда бод,

Доимо ободии келину домод зинда бод.

Эй хушо, обод гардад ин хонаи бахту умед,

Хонаи бахту умед шоду обод зинда бод.


Хуршедсифат басо ҷаҳонгир шавед,

Садсола шавед,баъд аз он пир шавед.


Ба ишқу ошиқӣ афсона бошед,

Яке шамъу яке парвона бошед.

Худо хушбахт гардонад шуморо,

Ки умре ҳамдилу ҳамхона бошед.

ишку ошики, картинки ошики скачать

Ало ёрон шуморо бахти неку ҳамсафар бодо,

Шаби фардоятон равшантар аз руйи саҳар бодо.

Барои рузгори нав қадам якҷоя бинҳодед,

Қадамҳотон аз аввал то ба охир бехатар бодо.


Ду дилдоре, ки бо ҳам дил бидоданд,

Дари бахтро ба руйи ҳам кушоданд.

Намуда қалби якдигар мунаввар,

Ба роҳи зиндагонӣ по ниҳоданд.


Эй шоҳи шаҳон аруси хушбахт муборак,

Эй моҳи ҷавон шоҳи сари тахт муборак.

Шаби васлу шарафмандӣ муборак,

Чунин шодию хурсандӣ муборак.

Дилогоҳию дилбандӣ муборак

Чу нахле гашата пайвандӣ муборак.


Шеърҳои бештарро дар қисми аввали матлаб дарёбед >> Шеърҳои табрикотӣ 1


сухани табрикоти барои туйи арусу домоди, табрикоти туёна 2019, сухан барои арус, табрикот барои туй арусу домод, табрикнома барои туйи дугона, табрикоти туёна барои арус, табрикнома барои туйи хамсинф, табрикоти туёна 2018, табрикот барои туй, табрикот барои туйи, табрикот барои туйи аруси, табрикот барои туй арусу домод, табрикот барои туй бародар, табрикот барои туйи домоди, шеърхои ошики, шеърхои точики, шеърхои барои, шеърхои ошики барои, шеърхои ошики барои духтари, шеърхои ошики картинка, скачать шеърхои ошики.