Шартномаи коллективӣ ва шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ

Шартномаи коллективӣ. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарики иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ» аз 28 июли соли 2007 бастан ва иҷроиши шартномаҳои коллективӣ ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ва масъулияти ҷонибҳои шартномаи коллективиро муайян намуда, муқаррароти он тамоми ташкилот ва муассисаҳоро қатъи назар аз шаклҳои моликият ва хоҷагидориашон фаро мегирад. Ба ҳайси ҷонибҳои шартномаи коллективӣ кормандон дар симои як ё якчанд иттифоқҳои касаба (қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ва кафолатҳои фаъолияти онҳо» аз 12 марти соли 1992 бо тағийроту иловаҳо аз соли 1997), дигар мақомоти намояндагии аз ҷониби кормандон ваколатдоршуда ва бевосита кордиҳанда ё намояндаи аз ҷониби ӯ ваколатдоршуда баромад мекунанд. Коллективҳои меҳнатӣ бевосита бо худи кормандон мустақиман дар бастани шартномаи коллективӣ ширкат намеварзанд, балки дар симои мақомоти намояндагии ваколатдоршудаи хеш амал менамоянд. Асосан дар шартномаи коллективӣ манфиати ду гурӯҳи иҷтимоӣ, яке кормандони кироя ва дигаре корфармоён инъикос ёфта бо принсипи дуҷониба асос меёбанд. Мувофиқи моддаи 2 б. 6. ҳамин қонун дар зери мафҳуми шартномаи коллективӣ санади меъёрие (локалӣ) фаҳмида мешавад, ки муносибатҳои истеҳсолию меҳнатӣ ва иҷтимоиро дар байни корфармо (молик, соҳибкор) ва меҳнаткашон дар кор­хона, му­ассиса, ташкилот новобаста аз шаклҳои моликият ва хоҷагидорӣ ба танзим меда­рорад.[1] Шартномаи коллективӣ ҳамчун институти ҳуқуқи меҳнатӣ ва санади меъёри ҳуқуқӣ дар баробари дигар санадҳои меъёрӣ мавқеи махсуси худро ишғол менамояд.

Тарзи бастани шартномаи коллективи ва тартиби таҳия кардани онро Қонунгузории амалкунанда пешбинӣ намудааст, ки дар асоси он зинаи аввалро музокироти коллективӣ ташкил медиҳад. Ташаббускори музокирот ҳарду тараф шуда метавонанд. Яке аз тарафҳо тарафи дигарро ҳафт рӯз пеш аз оғози музокирот огоҳ месозад. Агар зарурияти бастани шартномаи нави коллективӣ ба миён ояд, ҳар кадоме аз тарафҳо огоҳиномаи хаттиро оиди оғози музокирот дар давоми се моҳ то анҷоми мӯҳлати амали шартномаи қаблӣ ирсол дошта метавонанд. Агар дар рафти музокирот ихтилофот ба миён ояд, протоколи ихтилофот тартиб дода шуда, дар давоми се рӯзи баъди тартиб дода шудани чунин протокол аз ҳайати худ комиссияи мусолиҳа созмон медиҳанд. Дар ҳолати ба мувофиқа наомадан тарафҳо метавонанд ба миёнарав — олими ҳуқуқшинос ва ё шахсияти дигари шинохта муроҷиат намоянд. Комиссияи мусолиҳа дар давоми ҳафт рӯз протоколи ихтилофотро баррасӣ намуда, қарори тавсиявиро қабул мекунад.[2] Лоиҳаи шартномаи коллективӣ дар коллективҳои меҳнатӣ муҳокима гашта, дар шакли мукаммалгашта барои қабул ба Маҷлиси умумии коллективи меҳнатӣ пешниҳод мегардад. Шартномаи коллективӣ аз лаҳзаи ба имзо расиданаш ё аз санаи дар он ишорашуда эътибор пайдо мекунад. Шартнома ва созишномаҳои коллективӣ бо мақсади илова ба санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудани шароити меҳнат, шуғл ва кафолати иҷтимоӣ баста мешаванд.

Тартиби таҳия, ба имзо расонидан ва амали шартномаҳо ва созишномаҳои коллективиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Шартҳои бастани шартномаи коллективӣ:

— риоя кардани қонунгузорӣ;

— баробарҳуқуқии тарафҳо;

— ваколатдории мақомоти намояндагии ҳар ду тараф;

— ихтиёрона ба дӯш гирифтани ӯҳдадориҳо;

— интихоб ва баррасии озодонаи масъалаҳое, ки мазмуни шартномаи коллективиро ташкил медиҳанд;

— ба дӯш гирифтани таъмини ӯҳдадориҳо;

— аз рафти риоя ва иҷрои шартномаи коллективӣ назорати қатъи бурдан;

Мувофиқи моддаи 24 КМ ҶТ соле як маротиба дар маҷлиси умумии коллективи меҳнатӣ аз рӯи иҷрои шартномаи коллективӣ тарафҳо ҳисобот медиҳанд. Назорат аз болои иҷроиши шартномаи коллективӣ ба зиммаи комиссияи салоҳиятдор, ки аз ҳисоби намояндагии тарафҳо таъсис дода мешавад, вогузор карда мешавад.

Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ. Шартномаи меҳнатӣ монанди шартномаи коллективӣ аз мафҳум, усул, принсип ва вазифаҳои ба худ хос иборат аст.

Мувофиқи моддаи 26 КМ ҶТ шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ гуфта — созишномаи байни корфармо ва кормандро меноманд, ки тибқи он корманд вазифадор аст корҳоро аз рӯи як касб, якчанд касби муайян, ихтисос, ё вазифа бо дараҷаҳои дахлдор, бо риояи тартиби дохилии меҳнатӣ иҷро намояд, корфармо бошад, вазифадор аст барои ҳамин кор ба корманд музд диҳад ва шароити меҳнатиро, ки санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат ва созишномаҳои тарафҳо муайян намудаанд, таъмин кунад.

Шартномаи меҳнатӣ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад: а) ҳамчун факти юридикӣ, асоси пайдоиши муносибатҳои меҳнатӣ буда, робитаи ҳуқуқии байни корфармо ва кормандро муқаррар месозад. Ҳамчунин ба сифати асоси пайдоиши муносибатҳои меҳнатӣ иштирок дар озмунҳо низ баромад карда метавонад; б) яке аз василаҳои асосӣ ва маъмултарини амали сохтани ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба меҳнат мебошад; в) ҳамчун шакли ҳуқуқии ташкили меҳнат дар корхонаҳо, муассисаҳо ва хоҷагиҳо баромад мекунад; г) воситаи муайян намудани мақоми корманд дар коллектив мебошад; д) муносибати меҳнатиро танзим менамояд.

Шаҳрванде, ки ба синни 15 расидааст, метавонад чун корманд шартномаи меҳнатӣ бандад дар мавриди ба синни 14 расидан ҳолати шаҳрвандро ба назар гирифта бо тартиби муқаррар намудаи Кодекси меҳнати (моддаи 174) ӯ метавонад шартномаи меҳнатӣ бандад. Ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ корфармо ва корманд озод буда, ҳуқуқи баробар доранд. Маҷбур намудан барои бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба ғайр аз ҳолатҳое, ки Кодекси меҳнатӣ, дигар қонунҳо ва ё ӯҳдадориҳои ихтиёран қабулнамудаи корфармо пешбинӣ намудаанд, мумкин нест. Бо талаби корманд ва ё мақоми манфиатдор корфармо вазифадор аст дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба онҳо дар бораи сабабҳои рад карда шудани қабул ба кор ба таври хаттӣ иттилоъ диҳад. Дар сурати рад кардани қабул ба кор корфармо ба корманд дар мӯҳлати 3 рӯз ба таври хаттӣ, бо имзои шахси мансабдоре, ки ҳуқуқи ба кор қабул карданро дорад, бо нишон додани сабаби асосноки рад кардани қабул ба кор ҷавоб диҳад. Оиди чунин радкунӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст (КМ ҶТ банди 2 моддаи 29).

Мувофиқи КМ ҶТ моддаи 28 пеш аз бастани шартномаи меҳнатӣ мумкин аст шартҳои иловагӣ пешбинӣ шавад. Масалан, гузаштан аз озмун, интихоб шудан ба вазифа. Дар матни шартномаи меҳнатӣ бояд ҷои кор, кадом ташкилоте, ки шумо барои кор муроҷиат кардед, вазифаи меҳнатии корманд, рӯзи оғози кор мӯҳлати амалӣ шартномаи меҳнатӣ, ҳаҷми музди меҳнат, давомнокӣ ва низоми вақти корӣ, давомнокии рухсатии меҳнатӣ ва дигар шароитҳои меҳнат нишон дода шуда бошад.

Шартномаи меҳнатӣ метавонад хаттӣ ва ё шифоҳӣ баста шавад, қарордод бошад танҳо ба шакли хаттӣ дар ду нусха, ки ба он тарафҳо имзо мегузоранд баста мешавад. Як нусхаи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба корманд дода мешавад, нусхаи дигарро корфармо маҳфуз медорад. Тибқи Кодекси меҳнат (моддаи 32) ҳангоми ба кор дохил шудан ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд;

1) дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳои бори аввал ба кор дохил гардидан);

2) шиноснома (шаҳодатномаи таваллуд барои шахсоне, ки ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидаанд);

3) ҳуҷҷатҳо дар бораи маълумот дар ҳолатҳои пешбининамудаи санади меъёрӣ;

4) барои ӯҳдадорони ҳарбӣ – билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи бақайдгирӣ.

Моддаи 44 КМ ҶТ асосҳои зерини қатъшавии шартномаи (қарордоди) меҳнатиро муқаррар менамояд:

1) бо созишномаи тарафҳо. Бо ин асос мумкин аст ҳар гуна шартнома

(қарордод) ҳар вақт қатъ карда шавад;

2) бо ташаббуси корманд;

3) бо ташаббуси корфармо;

4) бо гузаштани мӯҳлати шартномаи меҳнатӣ;

5) бо ҳолатҳои ба иродаи тарафҳо вобаста набуда.

Ҳолатҳое мешаванд, ки катъ шудани шартномаи меҳнатӣ ба иродаи тарафҳо вобастагӣ надоранд мувофиқи банди 5-и моддаи 44 масалан:

  • ҳангоми даъват ё ба хизмати ҳарбӣ дохил шудани корманд;

2) ҳангоми ба кор барқарор намудани корманде, ки пештар ин корро иҷро мекард;

3) ҳангоми қувваи қонунӣ пайдо намудани ҳукми суд, ки бо он корманд ба ҷазо маҳкум шудааст ва давом додани кори пештараашро истисно менамояд;

4) бинобар вафот кардани корманд;

5) дар сурати вайрон кардани қоидаҳои муқарраршудаи қабул ба кор;

6) дар ҳолатҳои дигаре, ки қонун пешбинӣ кардааст.

Ҳангоми аз кор озод кардани корманд дафтарчаи меҳнатӣ дар рӯзи охирини кор ба ӯ супорида мешавад. Дар сурати роҳ додани кашолкорӣ оиди супоридани дафтарчаи меҳнатӣ бо гуноҳи корфармо ба корманд барои ҳар рӯзи кашолкорӣ музди миёна дода мешавад.


[1] Кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе. 1997 бо тағйироту иловаҳо 2006. (моддаи 2.)

[2] Усмонов О.У. ва диг. Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе .Маориф.1999.-С.155-168.


Калидвожаҳо: хукуки мехнати, ҳуқуқи меҳнатӣ, хукук, ҳуқуқ, мехнат, меҳнат, donishju tj, донишчу тч, студент тч, донишҷӯ тҷ, реферат, донишҷӯ, кори курси, кори курсӣ, реферати точики, реферат бо забони точики, реферат бо забони тоҷикӣ

Шарҳ баста аст.