Шариати дини зардуштӣ

0
29

 Тибқи матнҳои Авесто парастиши Аҳуромаздо пеш аз ҳама дар парастиши оташ зоҳир мегардад. Аз ҳамин рӯ зардуштиёнро оташпараст низ меноманд. Ягон маросим ё ид бе оташ (атар)-рамзи худо Аҳуромаздо намегузашт. Зардуштиҳо рӯзе панҷ бор ба сӯи ҷануб рӯ оварда (парсҳо ба сӯи шимол) намоз мегузоштанд. Намозашонро дар ҳар ҷо хондан мумкин аст. Дар ин дин ҳарому ҳалол ҷой дорад. Масалан зардуштиҳо наметавонанд ба мурча,  мор ё баъзе растаниҳо даст расонанд, зеро онҳо ҳарому мурдор эълон шудаанд. Одам, саг, гов, гӯсфанд, хорпушт, дарахтон, растаниҳо (ба истиснои баъзеҳояшон), меваҳои боғ, сабзавот ҳалолу тозаанд. Даст расонидан ба чизҳои мурдор гуноҳ аст. Оташу обу замин пок ҳисобида шуда, зардуштӣ бояд кӯшиш кунад, ки онҳоро ифлос нанамояд. Одами зинда хайру неъмат меорад, вале чун мурд, мурдор ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин сабаб, ба ғайр аз «насасаларҳо» (мурдашӯйҳо) ҳатто ягон хешу табори наздики мурда ҳақ надошт, ки ба он даст расонад.

          Ҷасади мурдаро баъди 4-рӯз бурда дар болои дахма мебастанд. Баъд аз он, ки ҷонварону паррандагон гӯштҳои ӯро хӯрданд, устухонҳояшро ба даруни дахма мерехтанд. Агар зардуштӣ дар зимистон мурад, ҷасадашро дар хонаи махсус то фаро расидани гармо нигоҳ дошта (то омадани лошахӯрон) баъд ҷасадро ба дахма мебурданд.

Загрузка...

          Зардуштиён ба хотири дар оянда бо рӯҳи хешованди мурдаашон пайвастан, баъзе маросимҳоро иҷро мекарданд. Чунончи, ҳамаи хешовандон ҷамъ шуда аввал таҳорат мекарданд (дасту рӯю гарданҳояшонро мешустанд), либоси тоза мепӯшиданд, фарши хонаро тоза шуста, баъд оташро ба хона медароварданд (дар тобистон баъди 10-рӯз ва дар зимистон баъди як моҳи мурдани шахс). Дар маърака ҳама таом мехӯрданд, ҳирбадон намоз хонда ҳаома (шароби муқаддас) тайёр менамуданд. Намозхонҳо нишаста намоз мехонданд ва даст ба дуо мебардоштанд, аммо ҳангоми саҷда сарҳояшонро ба замин намерасониданд. Ба ҳамин шакл маъракаи 30-рӯзагӣ ва сари соли мурда ва баъдтар баъзе маъракаҳои дигар низ гузаронида мешуданд.

          Тибқи ақидаи зардуштиён, рӯҳи шахси мурда аввал ба кӯҳи адолат, ки Ҳаре ном дорад, меравад. Дар он ҷо дар байни ин кӯҳ ва биҳишт пуле бо номи Чинват мавҷуд аст. Агар мурда инсони солеҳ бошад, ҳангоми гузаштанаш аз болои Чинват, он васеъ гашта, одам ба осонӣ аз болои он гузашта, дохили ҷаннат мегардад. Дар он ҷо бо арвоҳҳои одамони пок ҳамроҳ гашта, тарозу ва тахти тиллоии худоро мебинад. Агар мурда дар зиндагиаш одами гунаҳкор бошад, пули Чинват бориктар мешавад ва шахси гунаҳкор аз болои он ба зер-дӯзах меафтад.