Шаклҳои ҳамкории иқтисодӣ ва робитаҳои берунии Тоҷикистон

0
188

Баъди истиқлолият баҳри пешрафти равобитҳои иқтисодии берунмарзии Тоҷикистон шароитҳои ниҳоят муҳим фароҳам омад. Зеро ки вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар бо алоқаҳои доимӣ бо иқтисодиёти давлатҳои дигар зич алоқаманд аст. Ҳамкорӣ ва робитаҳои берунмарзӣ яке аз воситаҳои то меъёри муайян паст намудани хароҷотҳои истеҳсолӣ гардида, ба суръати инкишофи илму техника мусоидат мекунад.

географияи тоҷикистон, географияи точикистон, реферат, кори курси

Загрузка...

Назар ба дигар шаклҳои ҳархелаи робитаҳои иқтисодии берунӣ дар мамлакати мо савдои берунӣ мавқеи асосӣ дорад. Савдои берунӣ дар ҳама маврид яке аз омилҳои муайянкунанда ва муҳим дар тақсимоти байналхалқии меҳнат амал мекунад ва дар оянда низ фаъолият мекунад. Айни замон савдои берунӣ бо се нишондиҳандаи асосӣ: гардиши молу хизмат, таркиби мол ва тақсимоти географӣ такя мекунад. Авҷ гирифтани фаъолияти савдои берунмарзии Тоҷикистон хусусан баъди Ваҳдати Миллӣ соли 1997 дар тамоми самтҳои асосӣ ба назар мерасад. Дар ин давра ҷумҳурӣ имконият пайдо намуд, ки муносибатҳои тиҷоратии худро бо тамоми давлатҳои ҷаҳон васеъ намояд.

Баробари афзудани иқтидори иқтисодӣ ва ба мамлакати серсоҳаи саноаташ мутараққӣ табдил ёфтани Тоҷикистон иштироки он дар тақсимоти байналхалқии меҳнат зиёд шуд. Маҳсулоти соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ сол аз сол меафзояд. Агар то солҳои замони истиқлол дар содироти мамлакат танҳо маҳсулоти кишоварзӣ бартарӣ дошта бошад, пас ҳоло ҳиссаи металлургияи ранга, саноати сабук ва маҳсулоти дигари саноатӣ низ афзуда истодааст.

Ҳоло Тоҷикистон бо 86 мамлакати хориҷии дур равобити иқтисодӣ дорад ва зиёда аз 20 номгӯй маҳсулот мебарорад. Айни замон Тоҷикистон аз ҷониби 130 давлат ба расмият шинохта шудааст ва узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид мебошад. То соли 2008 қариб 50 %-и робитаҳои берунии Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) буда, 31,9 фоиз ба давлатҳои Европа ва 16,1 фоиз ба давлатҳои Осиё рост меомад.

Ҳоло дар муносибатҳои берунии Тоҷикистон давраи нави тараққиёти стратегии иқтисодӣ сар шуд, ки мақсади асосии он чунин аст:

– дар мадди аввал барқарор ва инкишоф додани иқтидори содиротии мамлакат аз нигоҳи беҳтаркунии таркиби он;

– ҳар чӣ бештар такмил додани соҳаи воридот;

– пурзӯр кардани рақобатнокии корхонаҳои мамлакат ва беҳтар намудани сифати маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ.

Дар панҷ соли охир (солҳои 2002-2008) равобити савдои берунии Тоҷикистон хеле беҳтар шуд. Ҳаҷми равобит аз 1457,4 млн. доллари америкоӣ дар соли 2002 ба 46813 млн. доллар дар соли 2008 расид ё худ бештар аз 3 баробар афзуд. Ҳамагӣ дар солҳои 2002-2008 ҳаҷми умумии савдои берунии Тоҷистон ба 19301,4 млн. доллар расид, ки аз ин 11667,9 млн. доллар ба ҳиссаи воридотӣ ва 7633,5 млн. доллар ба ҳиссаи содиротӣ рост меояд.

Дар натиҷаи беҳтар гардидани вазъи сиёсию иқтисодӣ нишондиҳандаҳои берунии иқтисодии мамлакат низ дар ин давра нисбати солҳои пештар устувор гардиданд (ниг. ба ҷадвал).

Савдои хориҷии Тоҷикистон (солҳои 1991-2008) млн. доллар

Номгӯи нишонди-ҳандаҳо С о л ҳ о
1991 1994 1998 2000 2003 2005 2007 2008
I Гардиши сав-дои хориҷӣ – ҳамагӣ

Аз он ҷумла: давлатҳои ИДМ

Дигар дав-латҳои ҷаҳон

 

 

131,1

 

 

105,3

 

25,8

 

 

1038,9

 

 

325,6

 

713,3

 

 

1307,6

 

 

649,0

 

658,6

 

 

1459,3

 

 

933,5

 

525,8

 

 

1678,0

 

 

737,4

 

940,6

 

 

2238,8

 

 

1042,2

 

1196,6

 

 

4015,3

 

 

1840,0

 

2175,3

 

 

4681,3

 

 

2064,1

 

2617,2

II Содирот – ҳамагӣ

Аз он ҷумла: давлатҳои ИДМ

Дигар дав-латҳои ҷаҳон

 

67,9

 

 

53,5

 

14,4

 

491,9

 

 

92,5

 

399,4

 

596,6

 

 

202,8

 

393,8

 

784,3

 

 

373,8

 

410,5

 

797,2

 

 

138,5

 

658,7

 

908,7

 

 

177,9

 

730,8

 

1468,1

 

 

228,9

 

1239,2

 

1408,7

 

 

227,8

 

1180,9

III Воридот – ҳамагӣ

Аз он ҷумла: давлатҳои ИДМ

Дигар дав-латҳои ҷаҳон

 

63,2

 

 

51,8

 

11,4

 

547,0

 

 

233,1

 

38,9

 

711,0

 

 

446,2

 

264,8

 

675,0

 

 

559,7

 

115,3

 

880,8

 

 

598,9

 

281,9

 

1330,1

 

 

864,3

 

465,1

 

2547,2

 

 

1611,1

 

936,1

 

3272,6

 

 

1836,3

 

1436,3

Қисми зиёди даромад аз содирот барои таъмир ва барқароркунии корхонаҳои саноатӣ, нақлиёт ва муассисаҳои табобатию маориф равона карда мешавад. Ин даромад солҳои охир барои таҷҳизонидани корхонаҳо бо технологияи нав ва беҳтаркунии сифати маҳсулот истифода мешаванд.

Дар ҳайати молҳои содиршавандаи Тоҷикистон ҷои муҳимро алюминий, асбобҳои аз алюминий тайёршуда, металлҳои нодир, нахи пахта, меваю сабзавот, нӯшокиҳо, тамоку, абрешим, пӯсти қароқӯлӣ, пашм, матоъҳои пахтагин, нерӯи барқ ишғол мекунанд. Масалан, металли алюминий бештар ба давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Россия, Туркменистон), Нидерландия, Туркия; нахи пахта ба Россия, Белорусия, Белгия, Британияи Кабир, Корея; қувваи барқ ба Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Россия бароварда мешавад.

Дар равобити савдои берунии Тоҷикистон ҳоло ҳам мавқеи асосиро давлатҳои ИДМ ишғол менамоянд, ки ба ҳиссаи онҳо 32,9 фоизи ҳаҷми содирот ва 60,9 фоизи воридот дар соли 2008 рост меомад. Баъди мамлакатҳои ИДМ дар ҷои дуюм давлатҳои Европа – 64,9 фоизи содирот ва 11,7 фоизи воридот ва ба ҳиссаи давлатҳои Осиё бошад 1,7 фоизи содирот ва 26,6 фоизи воридот рост меояд. Дар байни давлатҳои ИДМ дар ҳамкории иқтисодӣ ҷои аввалро Россия мегирад, ки дар ин муддат ба ҳиссаи он 19,1 фоизи савдои хориҷӣ бо кишвари мо рост меояд. Аз давлатҳои дигари аъзои ИДМ дар муддати солҳои 2002-2008 савдои хориҷии мо бо Ӯзбекистон – 8,4 фоиз, Қазоқистон – 7,2 фоиз, Озарбойҷон – 3,1 фоиз, Украина – 2,8 ва бо Туркменистон – 1,9 фоизро ташкил намуд.

Дар байни давлатҳои Европа ҳамкории савдои хориҷии Тоҷикистон бо давлати Нидерландия бештар буда, ба ҳиссаи он 15,1 фоиз ва ба давлати Италия – 2 фоиз ва ба Латвия ҳамагӣ 1,8 фоизро ташкил медиҳад. Миёни давлатҳои Осиё мавқеи асосиро дар савдои хориҷӣ бо Тоҷикистон мамлакати Туркия (11,5 фоиз) ва сипас Хитою (5,8 фоиз) Эрон (3,7 фоиз) мегиранд. Нишондиҳандаҳои оморӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳиссаи содироти мол аз Тоҷикистон ба дигар давлатҳои хориҷӣ нисбати мамлакатҳои аъзои ИДМ зиёд шуда истодааст. Масалан, агар соли 1991 ҳиссаи молҳои содиротии мамлакати мо ба давлатҳои хориҷӣ (ғайр аз давлатҳои ИДМ) ҳамагӣ 21,2 фоизро дар бар мегирифт, пас ҳоло ба 82,9 фоиз расидааст. Соли 2008 зиёда аз 64 фоизи содироти Тоҷикистон ба давлатҳои Европа ва 32,9 фоизи он ба давлатҳои ИДМ рост омад. Дар байни давлатҳои Европа ба молҳои Тоҷикистон бештар Нидерландия таваҷҷӯҳ дорад. Дар солҳои 2002-2008 ба ин мамлакат ба маблағи 2890,3 млн. доллар мол бароварда шуд, ки ин 37,6 фоизи содиротро ба қитъаи Европа ташкил дод.

Равобити савдои хориҷии Тоҷикистон бо давлатҳои Осиё дар риштаи содирот сол аз сол меафзояд. Дар ин давра гардиши молҳои содиротии мамлакат бо Туркия ва Эрон зиёд шуда истодааст. Соли 2008 ба ҳиссаи Туркия 27,1 ва ба Эрон 6,8 фоизи молҳои содиротии Тоҷикистон, ки ба қитъаи Осиё бароварда буд рост меомад.

Содироти асосии молҳои Тоҷикистонро консентрати маъдани металлҳои ранга ташкил медиҳанд. Ба ҳиссаи онҳо 68,1 фоизи молҳои содиротии мамлакат рост меояд. Дар ҷои дуюм маҳсулоти бофандагӣ (16,6 фоиз) меистад, ки талабот ба он солҳои охир аз ҳисоби беҳтар шудани сифат зиёд шуда истодааст.

Дар маҷмӯъ солҳои 2002-2008 ба хориҷи кишвар аз молҳои асосӣ 55 фоизашро маҳсулоти алюминий, 8,4 фоизро энергияи барқ, 16,2 фоизро нахи пахта, 1,9 фоизро матоъи пахтагин ташкил намуд. Махсусан, дар бозори ҷаҳонӣ талабот ба маҳсулоти алюминий хело зиёд аст. Дар ин давра бештар аз нисфи ҳаҷми истеҳсоли ашёи алюминий ба Нидерландия, 19 фоизаш ба Туркия, 12 фоиз ба Шветсария ва миқдори муайян ба Эрон ва Латвия бароварда шуд. Дар фасли тобистон ба хотири барзиёдии қувваи барқ – 97 фоизи ҳиссаи содиротӣ ба Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон бароварда шуд.

Нахи пахтаи Тоҷикистон аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ харидори зиёд дошт ва ҳоло 31,4 %-и онро Латвия, 28,8 %ро Шветсария, 14,3 %-ро Россия, 12,4 %-ро Эрон ва 3,4 фоизро Украина харидорӣ мекунанд.

Ҳиссаи молҳои ба Тоҷикистон воридшаванда ғайри мамлакатҳои ИДМ аз дигар давлатҳои дуру наздик низ меафзояд. Масалан, аз Германия трансформатор, аккумулятор, либос, аз Британияи Кабир маҳсулоти нефт, насос, қисмҳои эҳтиётии автомобил, аз Эрон автомобили сабукрав, равғани офтобпараст, чой, либос, аз Полша қанд, аз Шветсия таҷҳизоти лабораторӣ ва ғайра.

Дар муддати солҳои 2002-2008 қариб 63%-и молҳои воридоти ба Тоҷикистон аз давлатҳои аъзои ИДМ ва 37,2 %-аш аз дигар давлатҳо (13,3 %  аз давлатҳои Европа, 19,5 % аз Осиё) дохил гардид. Аз давлатҳои ИДМ ҳиссаи зиёд ба Россия – 3123,7 млн. доллар (42,6 %), Қазоқистон – 1294,0 млн. доллар (11,1 %) ва Ӯзбекистон – 1130,8 млн. доллар (9,7 %) рост меояд. Аз давлатҳои хориҷӣ соли 2008 қисми зиёди молҳои воридотӣ аз Хитой (11,8 %), Италия (3,3 %), Туркия (3,6 %) ва Эрон (2,7 %) дохил шуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки молҳои содиротии худро тибқи талаботи бозори ҷаҳонӣ истеҳсол кунад ва пайваста сифати онҳоро беҳтар намояд.

Мувофиқи ҷадвал ҳиссаи содироту воридоти Тоҷикистон дар байни давлатҳои ҷаҳон чунин аст (дар соли 2008, бо ҳисоби фоиз):

Содирот (экспорт) Воридот (импорт)
1. Нидерландия                     37,6

2. Туркия                                27,1

3. Россия                                   8,8

4. Ӯзбекистон                          5,3

5. Шветсария                          1,7

6. Эрон                                     6,8

7. Латвия                                 2,4

8. Ҳиндустон                          1,15

9. Хитой                                  5,8

10  Қазоқистон                       1,2

1. Россия                                  32,0

2. Ӯзбекистон                           4,7

3. Қазоқистон                          8,7

4. Украина                                 3,1

5. Озарбойҷон                          4,2

6. Туркменистон                      2,1

7. Хитой                                     11,8

8. Италия                                   3,3

9. Туркия                                   3,6

10. Эрон                                     2,7

11. Германия                             1,3

Дар оянда таркиби молҳои воридотии мамлакат тағйир хоҳанд ёфт. Афзалияти асосӣ бештар ба вориди молҳои дараҷаи технологияи навтарин барои таҷҳизонидан ва азнавсозии соҳаҳои саноати мошинсозию металлкоркунӣ, энергетика, соҳаи саноати сабуку хӯрокворӣ дода мешавад.

Аз замони Ҳокимияти Шӯравӣ инҷониб Тоҷикистон пайваста дар намоишу ярмаркаҳои байналхалқӣ бо маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ширкат меварзад. Соли 1976 дар намоишгоҳи Ҷумҳурии Мисри Араб ва Эрон, соли 1977 дар Сурия, соли 1978 дар Булғория, соли 1979 дар Ироқ, соли 1980 дар Алҷазоир иштирок кард. Минбаъд солҳои истиқлолият бошад (аз соли 1994 то ин ҷониб), маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии Тоҷикистон дар Германия, Хитой, Кореяи Ҷанубӣ, Россия, Франсия, ШМА бомуваффақият намоиш дода шудаанд. Бо ин роҳ дар бозори ҷаҳонӣ ба маҳсулоти саноат ва кишоварзии Тоҷикистон мароқи зиёд пайдо гардид.

Дар шароити гузариш ба муносибатҳои бозоргонӣ яке аз фаъолияти асосиро барпо намудани корхонаҳои муштарак ташкил медиҳанд. Бунёди корхонаҳои муштарак яке аз шаклҳои беҳтарини ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаи истеҳсолоти моддӣ ба ҳисоб мераванд. Ин корхонаҳо ба истеҳсоли маҳсулотҳои гуногуни саноати маснуот ва иҷрои шаклҳои гуногуни хизматрасонӣ машғул мебошанд. Аксар қисми зиёди маҳсулоти корхонаҳои муштарак барои содирот пешкаш карда мешаванд. Ин корхонаҳо асосан бо ёрии давлатҳои ИДМ, ИМА, Англия, Хитой, Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Япония, Германия, Ҳиндустон, Эрон ва ғайра сохта шудаанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон 156 корхонаи муштарак бо кӯмаки инвеститсияи хориҷӣ кор мекунад, ки 120-тои он дар Душанбе ва 19-тоаш дар вилояти Суғд ҷойгир шудаанд. Қисми зиёди андӯхти инвеститсияҳои хориҷӣ дар ҷумҳурӣ ба соҳаҳои коркарду истихроҷи металлҳои қиматбаҳо (24,2 фоиз), истеҳсоли маҳсулоти бофандагӣ (23,3 фоиз), металлургияи ранга (11,8 фоиз) равона карда шудаанд. Корхонаҳои муштараки «Ҷавонӣ», «Сано», «Зарафшон», «Ситораи самар», «Ришта» ва ғайра аз қабили корхонаҳои калон мебошанд.

Дар Тоҷикистон бо кӯмаки сармоягузорони хориҷӣ сохтмони нақби ағбаи Анзоб, якчанд кӯпрукҳои муҳим дар дарёи Панҷ ба истифода дода шуданд ва минбаъд НБО-и Сангтӯда-2, тунелҳои ағбаи Шаҳристону Чормағзак, коркарди металлҳои рангаю нодир, коркарди пахта, истеҳсоли нуриҳои минералӣ, инкишофи соҳаҳои агросаноатӣ ва боз чандин корхонаҳои дигар ба кор хоҳанд даромад. 25 майи соли 2004 кушода шудани роҳи нави мошингарди Кӯлоб-Қалаъаихумб-Хоруғ-Мурғоб-Қулма дар инкишофи равобити иқтисодии Тоҷикистон бо давлати бузурги Хитой саҳифаи нав ба шумор меравад. Ба воситаи ин роҳ Тоҷикистон имконият меёбад, ки ба шоҳроҳи байналхалқии Қароқорум баромада, минбаъд муносибатҳои иқтисодии худро бо давлатҳои Покистон, Непал, Ҳиндустон ривоҷ диҳад. Аҳамияти таърихии ин шоҳроҳ боз дар он зоҳир мегардад, ки Тоҷикистон барои ба Уқёнуси Ҷаҳонӣ баромадан имконият пайдо мекунад.

Ҳоло дар Тоҷикистон барои аз бумбасти коммуникатсионӣ баромадани ҷумҳурӣ корҳои зиёде анҷом дода мешаванд. Ин пеш аз ҳама бо ёрии мутахассисони хориҷӣ таъмир ва азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Ғарм-Ҷиргатол-Саритош мебошад. Бо воситаи ин роҳ равобити марказ ва ҷануби мамлакат бо ноҳияи иқтисодии Рашт беҳтар гардида, аз тарафи дигар, бо воситаи ин роҳ имконияти равобити савдои хориҷӣ бо Қирғизистон, Қазоқистон ва вилояти Синзяну Уйғуру Хитой беҳтар мегардад. Таъмири роҳи Душанбе-Айнӣ-Истаравшан-Чанак низ барои суръат гирифтани равобити иқтисодии ноҳияҳои Шимолу Ҷануб ва минбаъд бо хориҷи мамлакат шароитҳои муҳимро фароҳам меоварад.

Дар байни шаклҳои гуногуни муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ муносибатҳои молию қарзӣ ҷои намоёнро мегиранд. Содирот ва воридоти сармоя нисбат ба савдою тиҷорат суръати зиёд дорад. Махсусан, сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноати мошинсозӣ, хӯрокворӣ ва соҳаҳои саноати сабук самарии хело зиёд меоранд. Ҳоло қисми зиёди сармоя ба Тоҷикистон аз давлатҳои Хитой, Руссия, Туркия, Эрон, Англия, ШМА, Шветсария дохил шуданд. Танзимкунандагони асосии муносибатҳои қарзию молиявӣ ин Фонди ҷаҳонии асъор ва дигар Бонкҳои байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар баробари робитаҳои иқтисодӣ Тоҷикистон муносибатҳои фарҳангии худро низ сол аз сол бо мамлакатҳои гуногун густариш медиҳад. Тайи чандин сол гузаронидани рӯзҳои санъату адабиёти Тоҷикистон дар Россия, Франсия, Германия, Полша, Ӯзбекистон ба шакли анъана даромадааст. Соли 2004 бошад, мардуми тоҷик бо хушнудии зиёд рӯзҳои маданияти Россия ва Қирғизистонро дар Тоҷикистон қайд намуданд. Соли 2006 дар ҷашни Бузургдошти тамаддуни ориёӣ аз тамоми гӯшаю канори дунё ходимони давлатӣ, олимон ва намояндагони фарҳанг иштирок намуданд.

Олимону нависандагони тоҷик бо бисёр марказҳои илмию фарҳангии Европа, Осиё ва қитъаи Америка робитаҳои наздик доранд. Асарҳои онҳо бо чандин забонҳои хориҷӣ нашр гардида, шӯҳрати илм ва адабиёти тоҷикро боз ҳам баландтар мегардонанд.