Шаклҳо ва навъҳои мухталифи демократия

0
86

Айни замон дар амалияи сиёсию ҷамъиятӣ шаклҳо ва навъҳои мухталифи демократия мавҷуд аст. Ғайр аз ин, дар тӯли таърих шаклҳои гуногуни он арзи ҳастӣ намудаанд, ки онҳо то замони мо хусусиятҳои худро қисман ва ё пурра тағйир додаанд. Пеш аз ҳама, бо назардошти он ки иштироки одамон дар идоракунӣ дар кадом сатҳ қарор дорад, демократияро ба се навъи асосӣ ҷудо менамоянд: демократияи бевосита, плебиситарӣ ва намояндагӣ. Дар шароити мавҷудияти демократияи бевосита шаҳрвандон бевосита дар раванди омода сохтан, баррасӣ кардан ва қабул намудани қарорҳои сиёсӣ иштирок менамоянд. Чунин навъи демократия дар шакли мукаммал дар аҳди қадим ба мушоҳида мерасид. Айни замон дар баъзе аз давлатҳои алоҳида чунин шакли демократия дар сатҳи маҳал дида мешавад. Демократияи плебиситарӣ низ ифодагари иродаи сиёсии халқ мебошад, аммо дар он таъсири шаҳрвандон ба сиёсат маҳдуд карда шудааст ва онҳо дар раъйпурсиҳо иштирок намуда, қарорҳои сиёсиро ҷонибдорӣ ва ё инкор менамоянд. Демократияи намояндагӣ яке аз шаклҳои паҳншудаи демократия мебошад. Дар чунин шакли демократия шаҳрвандон ба воситаи намояндагони худ дар раванди қабули қарорҳои сиёсӣ иштирок менамоянд. Дар чунин шароит шаҳрвандон вазифаҳои сиёсии хешро дар ихтиёри намояндагони худ вогузор менамоянд. Намояндагон (вакилони мардумӣ) ҳангоми баррасии масъалаҳои сиёсӣ ва қабули қонунҳо бояд манфиатҳои пайравони худро ҳимоя намоянд.

Ғайр аз ин, бо назардошти мавқеи одамон дар ҷомеа ва хусусиятҳои ҳимояи манфиатҳои онҳо се навъи дигари демократияро аз ҳам фарқ менамоянд:

Загрузка...

1) демократияи либералӣ (индивидуалӣ) – сарчашмаи ҳокимият фарди алоҳида дониста мешавад;

2) демократияи плюралистӣ (гурӯҳӣ) – гурӯҳҳои иҷтимоию сиёсӣ сарчашмаи ҳокимият дониста мешаванд;

3) демократияи коллективӣ (дастаҷамъӣ) – тамоми мардум, як миллат ва ё як синф сарчашмаи ҳокимият дониста мешавад.

Аксари муҳаққиқони замони муосир қайд менамоянд, ки режимҳои демократии замони муосир дар зери таъсири бевоситаи либерализм ташаккул ёфтаанд. Либерализм дар зери шиори озодии шахс инсонро аз истисмори сиёсӣ раҳонидааст. Дар таърихи афкори иҷтимоию сиёсӣ либерализм аввалин шуда инсонро аз ҷомеа ва давлат ҷудо менамояд ва дар заминаи он ду соҳаи худмухторро ташаккул медиҳад. Яке давлат ва дигаре ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар чунин шароит баробарҳуқуқии сиёсии ҳамаи шаҳрвандон таъмин гардида, фарди алоҳида ба сифати унсури марказии ҳаёти сиёсии ҷомеа муаррифӣ мегардад. Демократияи либералӣ барои шахсони алоҳида имкониятҳои хеле васеъ фароҳам оварда, эҳтироми шаъну шарафи ӯро ба воситаи кафолати ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ таъмин менамояд.

Демократияи замони муосирро баъзан плюралистӣ меноманд, ки ин ба ҳақиқат хеле наздик аст. Зеро дар шароити демократияи плюралистӣ тавозуни неруҳои сиёсӣ асоси идоракуниро ташкил намуда, муборизаи рақобатноки онҳо дар шакли муборизаи сиёсии демократӣ сурат мегирад, ки он ифодагари манфиатҳои гурӯҳӣ ва таъминкунандаи рушди сиёсии мамлакат мебошад.

Демократияи коллективӣ ҳамчун аксуламал барои аз байн бурдани норасогиҳои демократияи либералӣ ва плюралистӣ ба вуҷуд меояд ва кӯшиш менамояд, ки ҳокимияти пурраи халқро дар амал татбиқ намояд.


Калидвожаҳо: Шаклхо ва навъхои мухталифи демократия, шаклхои демократия, навъхои демократия, навъҳои демократия.