Саёҳат ва туризм

Ин ду мафум бо ҳам ҷудонопазир буда, хусусияти ифодакунандаи шакли фаъолияти инсонӣ мебошанд, яъне ин истироҳат, шуғли фаъол, варзиш, дарки олами иҳотанамуда, савдо, табобат ва дигар шаклҳои зиёди фаъолият мебошад. Гузашта аз ин, саёҳат хусусияти хосеро доро мебошад, ки онро аз дигар бахшҳои фаъолият ҷудо менамояд. Чунончӣ, ҳаракати одамон ба дигар маҳал ё мамлакат, қитъае ки аз макони сукунати ӯ беҳтараст.

Саёҳат, фардиятҳои ҷудогона, гурӯҳи шахсоне, ки мақсади ягона доранд, экспедитсияҳои том аз ҷумла низоми (ҳарбӣ), ки дар таркиби он метавонад садҳо ё ҳазорҳо мутахассисон бошанд, ғайр аз ин дипломатҳо, муҳоҷирин ва кӯчманчиёнро, дар бар мегирад. Барои халқҳои ҷудогона саёҳат ҳамчун инъикосгари ҳаёт аст, ки тӯли қарнҳо ба амал омадааст ва он бо хусусияти иқлими маҳалли сукунатӣ вобастагӣ дорад. Масалан, ба инҳо қавмҳои кӯчманчӣ ба монанди бедуинҳо, лӯлиҳо, зулусҳо ва дигар қавмҳои бодиянишини Осиёӣ шомиланд. Чунончӣ, кӯчманчиён бо чорвои худ ҳамасола барои дарёфти чарогоҳҳои муносиб доимо ҳиҷрат менамоянд ва дар ин ҳиҷрат пеши роҳи онҳоро ҳатто марзҳои давлатии кишварҳо гирифта наметавонад.

Саёҳат ин вожаест, ки дорои умумияти хоси фаъолияти ҳаракати одамон дар фазо ва вақт мебошад.

Саёҳат ин ҳаракати одамон  дар фазо ва вақт буда, инсоне, ки новобаста аз мақсад, самт, воситаи ҳаракат ва фосилаи вақт саёҳат менамояд, саёҳатчӣ номида мешавад.

Вобаста ба хусусиятҳои саёҳат-саёҳатчӣ ба сифати баҳрнавард, кайҳоннавард, тоҷир, табиатшинос (натуралист) ва ғайра шинохта мешавад.

Маркази иттилоотӣ оид ба туризми ИМА аз таркиби саёҳат чунин шаклҳои сафарҳоро хориҷ намуд.

  • ҳаракати аъзоёни сарнишини киштиҳои баҳрӣ, қатораҳои роҳи оҳан, ҳавопаймоҳо ва ғ;
  • саёҳати афроди саёҳаткунандаи байни минтақаҳою давлатҳо бо мақсади кори музднок;
  • саёҳати афроди саёҳаткунанда байни минтақаҳою давлатҳо бо мақсади таҳсил;

Туризм ҳамчун зуҳуроти инфиродии сайр маҳдудиятҳои мушаххас дошта, хусусият ва таснифоти хосро дорост.

Нисбат ба саёҳат, туризм категорияи таъсиркунанда ба иқтисодиёт ва хусусияти дуалистӣ (дугонагӣ) дорад. Аз ин хотир туризм ин як намуди саёҳати махсуси оммавӣ ва фаъолият оид ба ташкил ва амалгардонии сайр ба ҳисоб меравад.

Бояд таъкид намуд, ки сабки класикии тавсифи туризм чунин мешавад:

Туризм ҳаракати мувақатии одамон аз макони зисти доимӣ ба дигар мамлакат ё маҳалли бурунмарзӣ, ҳангоми фориғ будан аз кори доимӣ, бо мақсади лаззат бурдану истироҳат намудан, табобат, меҳмонӣ, маърифатӣ ва мақсадҳои  касбию соҳибкорӣ, бидуни кори музднок дар ҷои ташрифотӣ, ба шумор меравад.

Муҳаққиқи рус дар соҳаи туризм Кварталнов В.А. 5 хусусияти асосии фарқкунандаи туризм аз саёҳатро ҷудо намудааст.

  1. Туризм фарогири муҳлати тӯлонӣ нест.

Аслан туризм асри ХХ ва асри ХХI ривоҷ ёфта, рушди иқтисодии ҷаҳонӣ ба он мусоидат намудааст, ки тамоми гӯшаю канори олам ба инсоният дастрас гардид.

Мувофиқи нишондиҳандаҳои оморӣ ҳиссаи бештарро туризми рӯзи истироҳат (2-3 рӯз), баъдан сафарҳои начандон тӯлонии туристӣ (6-7 рӯз) ва инчунин ҳиссаи камтарро сайрҳои 8-10 рӯза ташкил медиҳад. Боқимонда шаклҳои сафар мувофиқи нишондодҳои оморӣ ночизанд.

  1. Барои туризм, категорияи ҷои зисти доимиро муайян намудан муҳим аст. Туризм рафтани одамонро аз макони зисти доимӣ ба дигар маҳал ё мамлакат бо мақсади сайр пешбинӣ менамояд. Ҷой ивазнамоӣ дар ҳудуди макони зисти доимӣ, масалан сайри ҳаррӯза ба кор ба туризм нисбат дода намешавад.

Дар мамлакат институтҳои ҳуқуқии қайди зист мавҷуд мебошанд, ки он мӯҳоҷирати аҳолиро аз ҷониби хадамоти ҳокимияти давлатӣ танзиму сабт менамояд.

Моҳияти дигар категория -ҷои зисти доимии маъмӯлӣ аст ва муҳлати онро дар вақте, ки инсон дар макони зист сипарӣ менамояд, муайян месозанд. Аз ин хотир дар ҳар нуқта, ноҳия ва кишвар миёни аҳолӣ ҷоиз аст, ки ашхосонро ба категорияи сокини доимӣ ё муваққатӣ нисбат диҳем. Масалан: мувофиқи нишондоди туризми дохилӣ категорияи аҳолиеро, ки ҳаммарӯза ба кор дар фосилаи вақт ва масофа ҳаракат менамоянд, маҳдуд намудан зарур аст.

Суоле бармеояд: — Оё  нафароне, ки рӯзҳои  истироҳатӣ  ё  ҳангоми таътил ба масофаи беш аз 50 км берун аз маҳалли зист ба бӯстонсароҳо ё истироҳатгоҳхои шахсӣ мераванд, турист номидан мумкин аст ё на? Дар ин ҳол чунин зикр бояд кард: «Нафароне, ки ба категорияи доро ё сарватманд дохиланд ва дар бӯстонсароҳо хизматгузор доранд ва танҳо бо мақсади истироҳату фароғат сафар мекунанд, турист шумурда мешаванд. Аз назари мо категорияи дигаре, ки ба гурӯҳи миёнаҳол шомиланд бо мақсади кор ва  пайдо намудани ризқу рӯзӣ аз замини назди бӯстонсаро, сафар мекунанд, турист шумурда намешаванд, зеро яке аз талаботҳои асосии туризм ин сафар бидуни даромад мебошад.

  1. Яке аз хусусиятҳои дигари фарқкунандаи туризм аз саёҳат он аст, ки туризм ҳамчун усули истироҳат маҳсуб меёбад, аммо ин тавсифот хилофи баъзе намудҳои туризм ба монанди туризми касбию соҳибкорӣ, ки ширкаткунандагони он аксари вақт сафарҳои хешро ба сифати мутахассис аз ҷониби ширкат фиристодашаванда амалӣ менамоянд, мебошад.
  2. Категорияи асосӣ-мақсади туризм намудҳои фаъолияти худро мушаххас гардонидааст, ки дорои имтиёзҳои гумрукӣ, мақомоти андоз ва дигар сохторҳо, ки давлат барои туризм истисно намудааст, маҳсуб меёбад. Мақсади асосии туризми фароғатӣ- фароғат, рекреатсия ва маърифат мебошад. инчунин беҳдоштию-солимгардонӣ, баъдан касбӣ-тиҷоратӣ, меҳмонӣ ва ғ.
  3. Туризм дар таркиби иқтисодиёти аксари кишварҳо ҳамчун яке аз соҳаҳои аосӣ маҳсуб ёфта, он шуғли аҳолии маҳалро таъмин намуда, боиси банд намудани меҳмонхонаҳо ва меҳмонсароҳо, тарабхонаҳо, чорабиниҳои тамошобоб мешавад ва сабаби воридшавии арзи хориҷӣ мегардад. Туризм ба истифодаи захираҳои туристии маҳаллӣ асоснок гардида, ба маҳалли мавҷуда ва давлат даромади бузурги иқтисодӣ меорад.

Инак туризм:

— шакли махсуси саёҳати оммавӣ бо мақсадҳои мушаххас намудае, ки туристон анҷом медиҳанд;

— ташкил ва роҳнамоии чунин саёҳатҳоро, фаъолияти туристӣ меноманд.

Шарҳ баста аст.