Сарварии сиёсӣ ва вазифаҳои он

Сарварони сиёсӣ дар ҷомеа як қатор вазифаҳои муҳимми ҷамъиятиро иҷро менамоянд. Сиёсатшиноси амрикоӣ Р.Такер вазифаҳои сарвари сиёсиро ба таври зерин нишон додааст:

1.Сарварони сиёсӣ вазъияти баамаломадаро саривақт ва ҳамаҷониба таҳлил намуда, ба равандҳои сиёсӣ баҳои объективӣ медиҳанд.

2.Сарварони сиёсӣ барои амалӣ намудани мақсадҳои гузошташуда дар самти ташаккули барномаҳои амалӣ саҳми калон гузошта, рафтори пайравону тобеони худро муайян менамоянд.

3.Сарварони сиёсӣ бо мақсади самаранок иҷро гардидани нақшаҳои сиёсӣ кӯшиш менамоянд, ки дар ҷомеа ҷонибдорони бештар дошта бошанд ва аз ин рӯ тобеону пайравони худро ба самти муайян сафарбар менамоянд.

4.Сарвари сиёсӣ қарорҳои муҳим ва саривақтӣ қабул менамояд. Сарвар дигаргуниҳои соҳаи сиёсатро таҳлил намуда, дурнамои рушди равандҳои сиёсиро муайян менамояд ва роҳу усулҳои афзалиятноки ҳалли масъалаҳои ҷамъиятиро ба вуҷуд меоварад.

Сарвар ҳамчун субъекти фаъоли сиёсат ва намояндаи бевоситаи ҳокимияти сиёсӣ ба ҳаёти сиёсии ҷомеа таъсир мерасонад. Дар шароити муосир сарварӣ яке аз воситаҳои муҳимми ташаккули ҳокимияти сиёсӣ ба шумор меравад. Зеро сарварон барои хубтару беҳтар ҳал намудани масъалаҳои мубрами рушди ҷамъиятӣ кӯшиш менамоянд, ки намояндагони фаъоли ҷомеаро муттаҳид созанд ва ба воситаи онҳо барномаҳои сиёсии хешро амалӣ намоянд. Дар робита бо чунин вазъият, сарварӣ дар се зинаи иҷтимоӣ зоҳир мегардад ва дар ҳар яке аз онҳо масъалаҳои мушаххаси ҷамъиятӣ ҳаллу фасл мешаванд:

1.Сарварӣ дар дараҷаи гурӯҳҳои хурд. Сарварони гурӯҳҳои хӯрд одатан аъзоёни гурӯҳро дар заминаи манфиатҳои сиёсӣ муттаҳид намуда, фаъолияти дастаҷамъонаи онҳоро ташаккул медиҳад. Дар чунин шароит хислатҳои шахсии сарвар хеле аҳамиятноканд: қобилияти қабул намудани қарорҳои оқилона, бар дӯши худ гирифтани масъулият ва ҷавобгарӣ ва ғ. Чунин навъи сарварӣ хосси тамоми ҷомеаҳо мебошад. Дар гурӯҳҳои хурд сарвар вазифаи ба ҳам наздик намудани аъзоёни гурӯҳ ва дар миёни онҳо ба роҳ мондани ҳамкориро иҷро менамояд.

2.Сарварӣ дар дараҷаи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ. Дар дараҷаи мазкур муборизаҳои сиёсии байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ барои ба даст овардани ҳокимият дида мешавад ва сарварӣ низ дар чунин шароит ташаккул меёбад. Аллакай дар дараҷаи мазкур хислатҳои шахсии сарвар нокифоя мебошад ва аз ин рӯ, қобилияти ҳимоя намудани манфиатҳои пайравон аз сарварон талаб карда мешавад. Дар ин дараҷа вазифаҳои сарварон низ каме васеътар гардида, вазифаи прагматикӣ низ дар қатори дигар вазифаҳо илова мегардад. Яъне, сарвар бояд барои баланд бардоштани мавқеи иҷтимоии худ ва пайравони худ барномаи сиёсии онҳоро ташаккул диҳад. Чунин навъи сарварон дар ҳар як ҷомеа ба мушоҳида мерасанд.

3.Сарварӣ ҳамчун воситаи ташкили ҳокимияти сиёсӣ дар кулли ҷомеа. Мавҷудияти чунин навъи сарварӣ дар шароити ҷомеаи шаҳрвандӣ, тақсими ҳокимият ба шохаҳо ва ба синфҳо ҷудо гардидани ҷомеа имконпазир аст. Ин дараҷаи олии сарварӣ мебошад ва танҳо дар шароитҳои номбаршуда метавонад ба вуҷуд ояд. Сарварони сиёсӣ дар дараҷаи мазкур бояд дар баробари манфиатҳои сиёсии худ, инчунин манфиатҳои табақаҳои гуногуни ҷомеаро низ ҳимоя намоянд. Дар ҷомеа низ дар сатҳи шуури ҷамъиятӣ ҷаҳонбиние ташаккул меёбад, ки мувофиқи он сарвар барои беҳтар намудани вазъияти ҳамагон кӯшиш менамояд. Чунин навъи сарварон на танҳо ба воситаи қонунҳои мавҷуда, балки ба воситаи арзишҳои ахлоқӣ низ мавқеи худро дар ҷомеа мустаҳкам менамоянд. Дар баробари вазифаҳои интегратсионӣ ва прагматикӣ, инчунин сарварони сиёсӣ дар дараҷаи мазкур вазифаи танзими муносибатҳоро низ иҷро менамоянд.

Дараҷаҳои мазкур марҳилаҳои асосии рушди сарварии сиёсӣ ба шумор мераванд ва танҳо дар дараҷаи ниҳоӣ сарвари сиёсӣ ташаккулдиҳандаи ҳокимият ва офарандаи сиёсат ба шумор меравад. Сарварони сиёсӣ аз тарафи гурӯҳҳои мушаххаси иҷтимоӣ дастгирӣ меёбанд ва мавқеи сарвар низ аз мавқеи пайравони ӯ ва сатҳу сифати дастгирии онҳо вобастагии зиёд дорад. Бинобар ин, сарварон дар танҳоӣ раванди ҳодисоту воқеотро тағйир дода наметавонанд. Аммо, бешакку шубҳа, сарварони сиёсӣ манфиатҳои гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоиро ифода намуда, ба равандҳои сиёсии ҷомеа таъсири амиқ мерасонанд. Махсусан, дар шароитҳои буҳронӣ ва дар давраи гузариш нақши сарвари сиёсӣ дар таъмини амният ва рушди ҷомеа хеле муассир мебошад. Сарвари сиёсӣ дар чунин вазъият муҳиммият ва зарурияти масъалаҳоро дарк намуда, барои ҳалли онҳо қарорҳои саривақтӣ қабл менамояд.

Дар шароити муосир дар зери таъсири рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ ва тағйиротҳои босуръати ҷаҳонӣ аз сарварони сиёсӣ иҷроиши вазифаҳои хеле гуногун талаб карда мешавад. Барои он ки сарвари сиёсӣ мавқеи худро дар ҷомеа нигоҳ дорад ва пайравони зиёде дошта бошад, ӯро лозим аст, ки ба талаботҳои зерин худро ҷавобгӯ гардонад:

– боло гузоштани манфиатҳои ҷомеа аз манфиатҳои шахсии худ; аммо ба инобат гирифтан, ифода кардан ва ҳимоя намудани манфиатҳои гурӯҳҳои мушаххаси иҷтимоӣ (пайравон) низ хеле муҳим мебошад;

– сарвар бояд барномаи сиёсии худро дошта бошад;

– сарвар бояд қобилияти ташкилотчигӣ дошта бошад ва оммаи мардумро барои иҷроиши барномаи сиёсии худ сафар намуда, дар муқобили рақибони худ сарбаландона мубориза бурда тавонад;

– сарвар барои баланд намудани шаъну шараф ва нуфузи худ меҳру муҳаббати оммаи мардумро бояд ба даст оварда тавонад;

– барои исбот намудани қобилиятҳои сарварии худ имкониятҳои зарурӣ ба вуҷуд оварад;

– ба воситаи фаъолиятҳои ҳамарӯзаи худ исбот намояд, ки ӯ сазовори ин мавқеъ мебошад;

– дар дараҷаи зарурӣ маданияти сиёсии ӯ бояд ташаккул ёфта бошад;

– новобаста аз мавқеи иҷтимоию сиёсӣ симои сиёсии худро ҳифз карда тавонад;

– сарвар бояд иштирокчии фаъоли муносибатҳои ҷамъиятӣ бошад ва дар мавридҳои зарурӣ ба онҳо таъсири амиқ расонад;

– сарвар бояд як қатор хислатҳои шахсиро соҳиб бошад (омодагии касбӣ, ахлоқи писандида, иродаи қавӣ, серталабӣ, қобилияти суханварӣ, ҷаҳонбинии васеъ, таҷрибаи зиёд, қобилияти барқарор намудани иртибот бо дигарон, дурусткорӣ, савияи баланди дониш ва ғ.).

Сарварони сиёсии воқеӣ дар раванди муборизаҳои сиёсӣ ҳаматарафа ташаккул меёбанд. Ҳар як сарвар кӯшиш менамояд, ки дар ҷомеа пайравони бештар дошта бошад ва бо ин роҳ мавқеи худро дар низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ мустаҳкам намояд. Ҳамин тариқ, сарвари сиёсӣ шахсе мебошад, ки дар ҷомеа ҷонибдорон ва пайравони зиёд дошта, ҳамзамон ба ҷомеа таъсири доимӣ мерасонад ва дар самти амалӣ намудани манфиатҳои сиёсии худ қарорҳои дахлдор қабул мекунад.


Калидвожаҳо: Сарварии сиёси ва вазифахои он, вазифахои сарвари сиёси.

Шарҳ баста аст.