Саросар коллективонидани кишоварзон дар шароити Тоҷикистон ва кӯшишҳо барои рушди он

Гузаштан ба саросар коллективонидани кишоварзон. Аз нимаи дуюми соли 1929 дар Тоҷикистон, чун дар  тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ, маъракаи  саросар коллективонидани кишоварзон оғоз гардид. Зеро, дар доираи Иттиҳод, дар ин сол  колхозу совхозҳо нисбат ба ғаллаи соли 1927 истеҳсолкардаи хоҷагиҳои яккадаст зиёдтар маҳсулот истеҳсол карданд. Дар ин асос сиёсатмадорони Шӯравӣ коллективонидани кишоварзонро ягона роҳи рушди ин соҳа ҳисобиданд. Бинобар ин колхозу совхозҳо минбаъд ҳам ҳар лаҳза кӯмаки амалии давлатиро дар таъмин   намудан  бо  маблағ,  техника,  кам   кардани  андозҳо  ва  ғайра эҳсос мекарданд. Дар натиҷа дар сиёсати коллективонӣ ва умуман соҳаи кишоварзӣ гардиши куллӣ ба амал омад.

Гардиши куллӣ дар сиёсати коллективонӣ гуфта чунин ҳолатеро ба назар доранд, ки акнун, яъне аз нимаи дуюми соли 1929 сар карда, ба хоҷагиҳои коллективӣ, дар баробари деҳқонони камзамину безамин, деҳқонони миёнаҳолро сафарбар намуданд. Дар аввал ин маърака то андозае шарти ихтиёран ба хоҷагиҳои коллективӣ, яъне ба артели кишоварзон ё ба ширкати якҷоя коркарди замин (тозҳо) дохил шудани онҳо риоя карда мешуд. 5-январи соли 1930 қарори кумитаи марказии ҳизби коммунистии (болшевикии) Умумииттифоқӣ «Оид ба суръати коллективонӣ ва чораҳои ёрии давлат ба сохтмони колхозӣ» баромад. Ин қарор суръати коллективониро барои гурӯҳҳои гуногуни минтақаҳо, вобаста ба омодагии онҳо ба маъракаи коллективонӣ муқаррар намуд. Ба ғайр аз ин аз ҳамин лаҳза дар баробари пеш гирифтани сиёсати саросар коллективонидани кишоварзон, инчунин сиёсати ҳамчун синф барҳам додани бойҳои деҳот-кулакҳо  низ ба миён гузошта шуд.

Мувофиқи сиёсати нав оиди коллективонӣ пешгирифтаи Иттифоқ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, аз он ҷумла Тоҷикистон коллективонии кишоварзон бояд то охири панҷсолаи якӯм, яъне соли 1933 ба итмом расонида мешуд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам чун дар тамоми Иттиҳод, дар масъалаи коллективонидании кишоварзон на танҳо ба шитобкорӣ, балки ба хатогиҳои ҷиддӣ низ роҳ доданд. Корҳои фаҳмондадиҳӣ суст ба роҳ монда шуда буд. Бинобар ин на ҳамаи деҳқонон моҳияти хоҷагиҳои коллективиро мефаҳмиданд. Дар баъзе ноҳияҳо ба деҳқонон имконият намедоданд, ки худашон шакли хоҷагии коллективии барояшон мақбулро интихоб намоянд. Баъзан онҳоро маҷбур мекарданд, ки на ба ТОЗ-ҳо, балки ба дараҷаи баланди хоҷагии коллективӣ – артелҳо дохил шаванд. Бо чунин тадбирҳо онҳо кордонии худро нишон доданӣ мешуданд.

Нимаи дуюми соли 1930 дар ҷумҳурӣ «Оинномаи намунавии ширкати якҷоя коркарди замин (ТОЗ-ҳо)» нашр гардид. Мувофиқи он ҳар деҳқоне, ки ба тозҳо дохил мешуд, ба фонди умумӣ бо тухмӣ низ ҳисса гузошта, инчунин миқдори муайяни замини ин фондро бо нурии маҳаллӣ таъмин мекард. Ин оиннома дар вақте ҷорӣ гардид, ки дар ҷумҳурӣ, аз ҷиҳати миқдор, тозҳо нисбат ба артели кишоварзӣ бартарӣ доштанд. Чунончӣ, аввали соли 1931 дар ҷумҳурӣ 52,8%-и хоҷагиҳои коллективиро маҳз тозҳо ташкил медоданд. Дар ин сол дар ҳудуди ҷумҳурӣ 14-адад совхозҳои нав низ пайдо шуданд.

Барбод рафтани охирин ҳуҷуми Иброҳимбек ва таъсири он ба рафти коллективонии кишоварзӣ. Охири  солҳои  20-ум  ва  аввали 30-уми асри ХХ вазъи Афғонистон хело мураккаб боқӣ монд. Октябри соли 1929 Нодиршоҳ Ҳабибуллохонро мағлуб ва қатл намуда, ҳокимиятро ба дасти худ гирифт.Дар ин муддат Иброҳимбек, ки дар Шимоли Афғонистон қарор дошт, шумораи сарбозони худро зиёд намуда, дар ҳамон ҷо ҳам бедодгариҳои зиёд намуд. Ҳукумати Нодиршоҳ аз Иброҳимбек талаб кард, ки аслиҳаи дар ихтиёр доштаашро супорад. Аммо Иброҳимбек аз иҷрои он саркашӣ кард. Баҳори солӣ 1931 ҳукумати Афғонистон Иброҳимбекро ҷинояткори давлатӣ эълон карда, ба муқобили ӯ амалиёти ҷангиро оғоз намуд. Дар натиҷа Иброҳимбек дар ҳолати ногувор монд. Сарбозони ӯро на танҳо хавфи парокандашавӣ, балки маҳвшавӣ таҳдид мекард. Аз тарафи дигар вай боварӣ дошт, ки аз сиёсати коллективонии кишоварзон мардумони ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон норозӣ ҳастанд ва агар дар чунин лаҳза ба ин мулкҳо ҳуҷум кунад, онҳоро ба тарафи худ кашида, ғалаба ба даст дароварданаш мумкин аст. Бо ҳамин гуна умедҳо Иброҳимбек ба муқобили Тоҷикистон ҳуҷум кард.

30 марти соли 1931 Иброҳимбек сарбозони худро ба қисмҳо тақсим намуда, аз дарёи Панҷ ба сарзамини Тоҷикистон гузаронид. Вале сараввал ӯ дар ноҳияи Кӯлоб ба муқобилияти сахт дучор шуд. Дар муддати кӯтоҳ сарварони округи ҳарбии Осиёимиёнагӣ ба муқобили Иброҳимбек қувваи зиёди ҳарбиро сафарбар намуданд. Ин дафъа Иброҳимбек қариб дар ягон маҳал дастгирии мардуми маҳаллиро надид. Ҳатто қисми зиёди авлодонаш-мардуми қабилаи лақай вайро дастгирӣ накарданд. Баръакс аз байни мардуми маҳаллӣ сафи муборизони тартиботи нав- Шӯравӣ, ки бо номи «Калтакдорони сурх» машҳур аст, зиёд шуда, то ба 50 ҳазор нафар расида буд. Ба он отрядҳои ихтиёрӣ Муқим Султонов, Саид Назаров, Йӯлдош Соҳибназаров, Қарахон Сардоров ва дигарон сарварӣ мекарданд. Онҳо якҷоя бо аскарони сурх амал мекарданд. Шикасти Иброҳимбек дар муҳорибаи Найзабулоқи наздикии Данғара (8-апрели соли 1931) барояш хело вазнин буд. Ӯ сараввал бо соҳилҳои рост, баъд чапи дарёи Вахш ҳаракат карда, ба Лақай расид ва аз он ҷо ҳам муддате дар кӯҳҳои Боботоғ пинҳон шуда, баъди ноумедӣ ба ҳудуди вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон гузашт. Вай мехост ба воситаи Бойсун-Келиф боз ба Афғонистон гурезад. Аммо натавонист. Зеро, дар иҳотаи аскарон ва калтакдорони сурх монда буд. Ниҳоят, 23-июни соли 1931 Иброҳимбек ҳангоми гузаштан аз дарёи Кофарниҳон, дар деҳаи Хоҷибулбуллон, аз тарафи отрядҳои М. Султонов, Қ. Сардоров, А. Валишев ва дигарон дастгир ва ҳабс, минъбад бо ҳукми суд қатл карда шуд.

Барбод рафтани охирин ҳуҷуми Иброҳимбек дигар қувваҳои зиддишӯравии дар ҳудуди Тоҷикистон вуҷуд доштаро хеле ноумед кард. Онҳо аз амалиёти фаъолона даст кашида, қисмашон ба Ҳокимияти Шуравӣ таслим шуданд. Ин ҳама обрӯ ва эътибори ҳокимиятро дар назди мардум, аз ҷумла деҳқонон боз ҳам зиёдтар намуд. Он деҳқононе, ки то ин лаҳза дар масъалаи дохил шудан ба хоҷагиҳои коллективӣ дар калавиш буданд, акнун аз ноилоҷӣ ба онҳо ҳамроҳ мешуданд. Зеро, умеди ба Афғонистон фирор кардан ҳам дигар онҳоро қаноатманд намекард. Ба ғайр аз ин, дар натиҷаи мураккабии вазъи Афғонистон, қисме аз фирориёни пештара ба ватани худ Тоҷикистон аллакай баргашта буданд.

Дар шароити ба амал омадаи Тоҷикистон минъбад деҳқонони берун аз хоҷагиҳои коллективӣ дуру дароз хоҷагии худро нигоҳ дошта наметавонистанд. Баъди маҳви Иброҳимбек ташкилотҳои маҳаллии Ҳокимияти Шӯравӣ нисбат ба деҳқононе, ки ба хоҷагиҳои коллективӣ дохил нашудаанд, бетараф набуданд. Аниқтараш ин гуна деҳқононро, агарчанде бечора ё миёнаҳол буданд, бойи деҳот — кулак ҳисобида, молу мулкашро мусодира намуда, худашро ба мулкҳои дур бадарға мекарданд. Хулоса, деҳқонон ба хубӣ фаҳмиданд, ки барои онҳо ба ғайр аз ба хоҷагиҳои коллективӣ ҳамроҳ шудан, чораи дигаре нест.

Ба итмом расидани маъракаи коллективонидани кишоварзӣ. Чуноне таъкид шуд, баъди маҳви Иброҳимбек деҳқонони яккадаст аз ноилоҷӣ  маҷбур  буданд,  ки рӯ  ба хоҷагиҳои коллективӣ гардонанд. Соли 1932 дар Тоҷикистон ин гуна хоҷагиҳо аллакай 41,9%-и хоҷагиҳои деҳқониро дар бар мегирифтанд ва дар ихтиёри онҳо 65,3%-и замини корам буд.

Ҳукумати Шӯравӣ кӯшиш мекард, ки аз як тараф ҳар чӣ бештар хоҷагиҳои деҳқониро ба хоҷагиҳои коллективӣ ҷалб намояд, аз тарафи дигар, дастовардҳои ин соҳаро мустаҳкам намояд. Аз аввали соли 1933 дар назди МТС-ҳо ва совхозҳо шӯъбаҳои сиёсӣ ташкил карда шуд. Вазифаи ин шӯъбаҳо аз он иборат буд, ки фаъолияти колхозу совхозҳо ва МТС-ҳоро бо роҳи муайяннамудаи ҳизби коммунистӣ пеш баранд. Чунин шӯъбаҳо то ноябри соли 1934 фаъолият намуда, гӯё вазифаи худро иҷро намуданд. Бинобар ин минъбад алоҳида нигоҳ доштани шӯъбаҳои сиёсӣ нолозим ҳисобида шуд ва онҳо бо кумитаҳои ноҳиявии ҳизби коммунистӣ омехта шуданд.

Соли 1933 дар Тоҷикистон ҳам қисми зиёди деҳқонон аллакай аъзои хоҷагиҳои коллективӣ гардида буданд. Моҳи августи он сол анҷумани якуми колхозчиёни пешқадами ҷумҳурӣ барпо гардид. Ин худ низ як воситаи ташфиқот ба сохти колхозӣ буд. Маҳз дар ҳамин сол дар ноҳияи Шуғнон аввалин хоҷагии коллективӣ бунёд гардид. Ин оғози маъракаи колективонидани кишоварзон дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд.

Феврали соли 1935 анҷумани II колхозчиёни пешқадами Умумииттифоқ (ИҶШС-СССР) барпо гардид. Ин анҷуман оинномаи нави намунавии артели хоҷагии қишлоқро (кишоварзиро) қабул намуд. Феврал-марти ҳамин соли анҷумани II колхозчиёни пешқадами Тоҷикистон барпо гардид ва он оинномаи нави намунавии Ширкати якҷоя коркарди замини (ТОЗ) ҷумҳуриро қабул кард. Баъди ин анҷуман, дар ҷумҳурӣ маъракаи ба колхозҳо додани ҳуҷҷати расмии истифодаи доимии замин оғоз гардид.

Дар солҳои 5-солаи 2-юм (солҳои 1933-1937) ҳам дар Тоҷикистон маъракаи ба хоҷагиҳои коллективӣ ҷалб намудани деҳқонон дар авҷ буд. Дар охири ин 5-сола (соли 1937) хоҷагиҳои коллективӣ 89,9 %-и хоҷагиҳои деҳқониро муттаҳид намуданд ва дар ихтиёрашон 98,3 %-и замини корам буд. Дар ин сол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳам ҳаракати колхозӣ характери умумиро гирифта буд.

Душвориҳои замон ба истеҳсоли пахта низ, ки аллакай барои ҷумҳурӣ маҳсулоти асосии соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб мерафт, таъсири худро расонида буд. Аз ҷумла, солҳои 1930-1932 дар ҷумҳурӣ истеҳсоли пахта кам шуд. Чунончӣ: соли 1930-63,1 ҳаз. тонна (охирин,ба ҳисоби миёна-4,08сентер аз ҳар гектар) истеҳсол карда шуд. Яке аз сабабҳои камшавӣ ин таъсири давраи гузариш ба сохти колхозӣ мебошад. Аз соли 1933 истеҳсоли пахта дар ҷумҳурӣ боз зиёд шуд. Дар ин сол зиёда аз 57 ҳаз. тонна пахта истеҳсол карда шуд. Минбаъд, соли 1935-қариб 81 ҳаз. тонна, соли 1937-178,4 ҳаз. тонна, соли 1938-183 ҳаз. тонна, соли 1939-173,2 ҳаз. тонна, соли 1940-172,4 ҳаз. тонна пахта истеҳсол карда шуд, ки ин ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 16,2 сентнериро ташкил медод.

Аввали соли 1938 дар Тоҷикистон шумораи хоҷагиҳои коллективӣ ба 3848 адад расид, ки аз ин 2553 ададаш ширкати якҷоя коркарди замин (ТОЗ-ҳо) буданд. Дар ин сол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳам ҳаракати колхозӣ ба итмом расид. Аз ин рӯ вазифаи 5-солаи 3-юм дар ин соҳа ба артели хоҷагии қишлоқ табдил додани ширкати якҷоя коркарди замин ба ҳисоб мерафт. Моҳи июли соли 1940 хоҷагиҳои коллективӣ  98,7%-и хоҷагиҳои деҳқониро дар бар мегирифтанд. Ин ҳама аз хусуси ба итмом расидани маъракаи коллективонидани кишоварзон гувоҳӣ медод.

Техникаи кишоварзӣ. Бо техника таъмин намудани кишоварзон на танҳо барои баланд бардоштани ҳосилнокии  меҳнат, балки барои ҳар чӣ бештар ба хоҷагиҳои коллективӣ ҷалб намудани деҳқонон аҳамияти махсус дошт. Ин беҳтарин воситаи ташфиқот ба сохти колхозӣ буд. Бинобар ҳамин ҳам аз тарафи Давлати Шӯравӣ ба хоҷагиҳои коллективӣ ҳар чӣ бештар тракторҳо, плугҳо ва ғайра фиристода шуданд. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1929 сар карда истгоҳҳои мошину тракторӣ (ИМТ-МТС) бунёд гардид, ки онҳо бояд ба такягоҳи хоҷагиҳои коллективӣ табдил меёфтанд. Давлати Шӯравӣ техникаи кишоварзиро ба ихтиёри онҳо мефиристанд ва ин ташкилотҳо дар ҳақиқат бо номи «МТС» дар байни мардум шӯҳрат пйдо карда буданд. Баҳори соли 1930 дар Тоҷикистон чор адад МТС-ҳо дар ноҳияҳои пахтакори Чиптура (Шаҳринав), Арал, Саройкамар, Панҷ ва Шаҳритус бунёд гардиданд, ки дар ихтиёри онҳо 300 адад трактор ва дигар намуди техникаи кишоварзӣ буд. Соли 1933, яъне соли охири 5-солаи якӯм, шумораи МТС-ҳо дар ҷумҳурӣ ба 18 адад ва шумораи техникаи онҳо ба 1085 адад расид. Дар ин сол бо қувваи тракторҳо 46,3%-и заминҳои колхозҳо шудгор карда шуд. Ба ғайр аз ин ҳамон сол ба ҷумҳурӣ  аввалин 24 адад комбайн оварда шуд.

Дар солҳои 5-солаи 2-юм ва 3-юм ҳам ба масъалаи бо техника таъмин намудани колхозҳо диққати ҷиддӣ дода шуд. Дар натиҷа, дар ҷумҳурӣ соли 1940 шумораи МТС-ҳо зиёд шуда, ба 51-адад расид, ки дар ихтиёри онҳо 3884 адад трактор, 137 адад комбайн ва ғайра буд. Шумораи мошинҳои боркаш 1533 ададро ташкил дод.

Иншоотҳои обёрӣ. Чуноне аллакай таъкид гардид, соли 1929 дар ноҳияи Сарой Камар (Панҷ) нахустин таҷрибаи кишти пахтаи маҳиннах, ки «пахтаи мисрӣ» меномиданд, натиҷаи хуб дод. Минъбад ин намуди пахта ҳатто номи «пахтаи маҳиннахи Шӯравӣ»-ро гирифт. Аз ҳамон вақт ба водии Вахш, ҳамчун макони пахтаи моҳиннах аҳамияти ҷиддӣ медоданд. Аммо вазъи объёрии ин водӣ дар ҳолати ногувор буд. Ҳарчанд дарёи сероби Вахш аз байни ин водӣ гузарад ҳам, аммо ҳамагӣ 25,5 ҳазор гектар заминҳои ноҳияҳои Қӯрғонтеппа ва Ҷилликӯл, ба воситаи каналҳоиҶӯйбор ва Ҷилликӯл, ки обро аз дарёи Вахш мегирифтанд, обёрӣ карда мешуданду халос. Бинобар ин масъалаи сохтмони канали замонавӣ- Канали магистралии Вахш ба миён омад.

Солҳои 1928-1930 оиди сохтмони канали Вахш корҳои тадқиқотӣ гузаронида шуд. Мувофиқи нақша дарозии канал, бо шохаҳояш 13 ҳаз. км буда, 155,7 млн. сӯм (рубл) арзиш дошт. Баъди сохтмон ин канал имконият медод, ки 130 ҳаз. га. замин обшор карда шавад. Соли 1930 ба кори сохтмон шурӯъ карданд. Дар кори сохтмони канал қариб 10 ҳазор нафар коргар, 28 адад экскваторҳо, 500 адад трактор, 350 адад мошинҳои боркаш сафарбар шуда буд. 13 сентябри соли 1933 обро аз дарёи Вахш ба канали Вахш кушоданд. 15 сентябр ба тарзи расмӣ кушодашавии каналро қайд карданд. Баъди он каналҳои Ҷуйбор ва Ҷилликул нолозим шуда монд. Сохтмони канали Вахш соли 1938 ба охир расид.

Баъди он ки сохтмони канали Вахш ба итмом расид, соли 1939  дар водии Фарғона сохтмони Канали калони Фарғона оғоз гардид. Ташаббуси сохтмони ин каналро колхозчиёни Ӯзбекистонӣ ба миён гузоштанд ва мардуми вилояти Ленинободи (имрӯза Суғд) Тоҷикистон ба он ҳамроҳ шуданд. Ин канал аз ҳудуди ҷумҳурии Қирғизистон, аз дарёи Норин оғоз гардида, ба воситаи шаҳр ва ноҳияи Қӯқанди Ӯзбекистон, ба ноҳияи Конибодоми Тоҷикистон мегузашт. 1 августи соли 1939 сохтмони канал оғоз гардид ва дар тамоми хати он якбора 160 ҳазор нафар сохтмончиён ба кор шурӯъ карданд. Дарозии қисми Тоҷикистонии канал 65 км буд ва дар ин қисм 41 адад тракторҳо кор  мекарданд.  10  сентябр  корҳои заминкании  канал  ба итмом  расид.  29 декабри он сол навбати аввали канал пурра ба истифода дода шуд. Вале бо таклифи меҳнаткашони вилояти Ленинобод, ҳанӯз моҳи октябри ҳамон сол сохтмони навбати дуюми ин канал-аз Конибодом то шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) сар шуда буд. Дар муддати 15 рӯз корҳои заминкании ин қисми канал ба итмом расид. 12 феврали соли 1940 ин қисми канал ҳам ба истифода дода шуд ва дар натиҷа дарозии канал 79 км. зиёд шуд. Ҳамон моҳ навбати сеюми сохтмони ин канал (қисми шимолӣ) ба миён омад, ки дарозии он 160 км мебошад. Аз ҷумла қисми тоҷикистонии он 60 км буд, ки дар натиҷаи он 5,5 ҳазор гектар заминҳои ноҳияи Ашт обёрӣ мегардид. Дар қисми тоҷикистонии канал корҳои заминканӣ 21 феврал оғоз гардид ва дар муддати 14 рӯз, яъне 6 март ба итмом расид. Дар сохтмони ин қисми канал зиёда аз 19,6 ҳазор меҳнаткашон иштирок намудаанд.

23 июли соли 1940 лоиҳаи сохтмони Канали калони Ҳисор тасдиқ гардид. Дарозии он 45 км буда, 20,5 км канал аз ҳудуди Тоҷикистон мегузашт. Канал аз дарёи Душанбе оғоз гардида, инчунин аз дарёи Қаратоғ низ об гирифта, заминҳои водии Ҳисор ва вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистонро бояд обшор мекард. Дар кандани қисми тоҷикистонии канал қариб 40 ҳазор нафар меҳнаткашон ширкат намуданд. Ба сохтмони канал аввали моҳи сентябри соли 1940 шурӯъ карда, 23-уми марти соли 1941 сохтмони навбати аввали онро ба итмом расониданд.

Умуман, дар натиҷаи сохтмони  каналҳои нав ва дигар иншоотҳои обёрикунанда, заминҳои обёришавандаи ҷумҳурӣ то ба 330 ҳазор га расонида шуд.

Муҳоҷиркунӣ. Зарурияти инкишофи  соҳаи пахтакорӣ, сохтани каналҳои нав ва умуман инкишоф додани иншоотҳои обёрикунанда, зарурияти идома додани сиёсати муҳоҷиркунии мардум, яъне аз ноҳияҳои сераҳолӣ ва куҳистон кӯчонидани онҳоро ба миён овард. Танҳо дар соли 1929, яъне соли таъсисёбии Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон шумораи муҳоҷиршудагон ба 7414 хоҷагӣ расид, ки ин нисбат ба солҳои пешин чандин маротиба зиёд аст. Аммо соли 1930 шумораи муҳоҷирон нисбатан камтар, ба 6531 хоҷагӣ расид. Апрели соли 1931 бошад миқдори муҳоҷирони ба заминҳои нав ҷойгир карда шуда ба 9729 хоҷагӣ расид.

Умуман солҳои 1930-1935 ба водиҳои ҷумҳурии Тоҷикистон 43 ҳазор хоҷагиҳо муҳоҷир карда шуданд, ки онҳо аз ноҳияҳои кӯҳии худи Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва дигар ҷумҳуриҳои ИҶШС буданд. Вале аз ин миқдор 25 ҳазор хоҷагиҳо ба ҷойи аслии хеш ва дигар шаҳру деҳот баргаштанд. Аз ҷумла, аз соли 1933 то соли 1937 ба води Вахш зиёда аз 18 ҳазор хоҷагиҳо кӯчонида шуда буданд, ки аз онҳо 3,5 ҳаз. хоҷагӣ боз ба ҷойҳои собиқи худ баргаштаанд.

Чуноне таъкид гардид, миёнаи солҳои 30-юми асри ХХ барои азхудкунии  води Вахш диққати махсус дода шуд. Аз ҳамин сабаб ҳам сафи муҳоҷиршудагон ба ин водӣ махсусан зиёд буд. Ба ин гӯшаи мамлакат ҳатто аз қисми аврупогии ИҶШС (СССР) низ муҳоҷирон кӯчонида оварда шудаанд. Аз ҷумла, солҳои 1935-1936 ба ин водӣ води 8860 хоҷагиҳо  кӯчонида оварда шудаанд, ки аз онҳо 3638 хоҷагиҳо аз қисми  аврупогии Иттифоқ, яъне, асосан онҳое, ки ҳамчун кулак бадарға карда шудаанд, ташкил медоданд. Дар ҷумҳурӣ аз соли 1937 то соли 1941 шумораи муҳоҷирон нисбат ба солҳои пешин хело кам гардид.


Калидвожаҳо: Тоҷикон дар давраи дигаргунсозиҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии солҳои 1929 – 1941, Точикон дар давраи дигаргунсозихои сиёси, ичтимоию иктисоди ва фархангии солхои 1929 – 1941, Саросар коллективонидани кишоварзон дар шароити Точикистон ва кушишхо барои рушди он, Барбод рафтани охирин хучуми Иброхимбек ва таъсири он ба рафти коллективонии кишоварзи.

Шарҳ баста аст.