Сароғоз

Эй номи ту беҳтарин сароғоз,

Бе номи ту кай нома кунам боз?

Ҳамди беҳад мар Худои покро,

Он ки ҷон бахшид мушти хокро.

Он ки дар одам дамид ӯ рӯҳро,

Дод аз тӯфон наҷот ӯ Нӯҳро.

Он ки фармон кард қаҳраш бодро,

То сазое дод қавми одро.

Он ки лутфи хешро изҳор кард,

Бар халилаш норро гулзор кард.

Он Худованде, ки ҳангоми саҳар,

Кард қавми лутро зеру забар.

Сӯи ӯ хасме, ки тир андохтӣ,

Пашшае кораш кифоят сохтӣ.

Он ки аъдоро ба дарё даркашид,

Ноқаро аз санги хоро баркашид.

Чун иноят қодири қайюм кард,

Бар кафи Довуд оҳан мум кард.

Бо Сулаймон дод мулки сарварӣ,

Шуд мутеи хотамаш деву парӣ.

Он ки бар мурғи ҳаво моҳӣ диҳад,

Бандагонро давлати шоҳӣ диҳад.

Бепадар фарзанд пайдо ӯ кунад,

Тифлро дар маҳд гӯё ӯ кунад.

Мурдаи садсоларо ҳай мекунад,

Ин ба ҷуз Ҳақ дигаре кай мекунад?

Аз замини хушк рӯёнад гиёҳ,

Осмонро бесутун дорад нигоҳ.

Ҳеҷ кас дар мулки ӯ анбоз не,

Қавли ӯро лаҳн не овоз не.

Баъд аз ин гӯям дуруди Мустафо,

Он ки олам ёфт аз нӯраш сафо.

Сайидулкавнайн, хатмулмурсалин,

Охир омад, буд фахрулаввалин.

Он ки омад нӯҳ фалак меъроҷи ӯ,

Анбиёву авлиё муҳтоҷи ӯ.

Шуд вуҷудаш раҳматал-лил-оламин,

Масҷиди ӯ шуд ҳама рӯи замин.

Сад ҳазорон раҳмати ҷонофарин,

Бар ваю бар оли поки Тоҳирин.

Он ки шуд ёраш Абӯбакру Умар,

Аз сари ангӯшти ӯ шақ шуд қамар.

Он яке ӯро рафиқи ғор буд,

В-он дигар лашкаркаши аброр буд.

Соҳибаш буданд Усмону Алӣ,

Баҳри ӯ гаштанд дар олам валӣ.

Он яке кони ҳаёву ҳилм буд,

В-он дигар боби мадина илм буд.

Он Расули Ҳақ хайруннос буд,

Амми покаш Ҳамзаву Аббос буд.

Ҳар дам аз мо сад дуруду сад салом,

Бар Расулу оли асҳобаш тамом.

Шарҳ баста аст.