Сарчашмаҳои ҳуқуқи байналхалқӣ

0
28

Дар назарияи ҳуқуқӣ дар зери мафҳуми сарчашмаи ҳуқуқ шакли зоҳирии ифодаёбии меъёрҳои ҳуқуқро мефаҳманд, яъне сарчашмаҳои ҳуқуқ ин санадҳо ё ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки дар он қоидаҳои рафтори субъектони ҳуқуқ мустаҳкам гардиданд. Мисол, Конститутсия, қонун, кодекс, қарор ва монанди инҳо. Барои он ки субъектони ҳуқуқ донанд ҳангоми ворид шудан ба ягон муносибати ҳуқуқӣ кадом рафтор иҷозат дода мешавад, кадомаш не, онҳо инро аз талаботҳое, ки аз санадҳои зикргардида аниқ карда метавонанд.

Cарчашмаи ҳуқуқи байналхалқӣ гуфта шаклҳоеро меноманд, ки дар онҳо меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ мустаҳкам шуда, бавоситаи онҳо муносибатҳои субъектони ҳуқуқи байналхалқӣ ба танзим дароварда мешаванд.

Загрузка...

Сарчашмаҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ҷудо карда мешаванд ба:

  • Сарчашмаҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ;
  • Сарчашмаҳои ёридиҳандаи ҳуқуқи байналхалқӣ.

Ба сарчашмаҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ инҳо дохил мешаванд:

  • Шартномаи байналхалқӣ. Шартномаи байналхалқӣ ин созиши хаттии давлатҳо ва дигар субъектҳои ҳуқуқи байналхалқиест, ки дар асоси он меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ пайдо мешаванд, тағир меёбанд, ки баҳри ба танзим даровардани муносибатҳои ҳуқуқи байналхалқӣ равона карда шудаанд. Дар таҷрибаи ҳуқуқии байналхалқӣ шартномаҳои байналхалқӣ номгузории гуногун доранд. Мисол, Конвенсия, Муоҳида, Паймон, Эъломия, Протокол, Шартнома ва ғайра.)
  • Одати байналхалқӣ. Одати байналхалқӣ гуфта қоидаҳои рафтореро меноманд, ки дар натиҷаи бисёр ва якхела такрор ёфтан аз ҷониби субъектони ҳуқуқи байналхалқӣ, мустаҳкам гардида, инкишоф ёфтанд ва дар натиҷа ҳамчун меъёри ҳуқуқи байналхалқӣ этироф гардиданд. Қувваи ҳуқуқии одатҳои ҳуқуқӣ баробар аст ба қувваи ҳуқуқӣ шартномаҳои байналхалқӣ, лекин одатҳои байналхалқӣ дар фарқият аз шартномаҳои байналхалқӣ дар ягон ҳуҷҷатҳо ба расмият дароварда намешаванд. Аз ин рӯ, барои эътироф кардани қоидаи рафтор ҳамчун одати байналхалқӣ сарчашмаҳои ҳуқуқии байналхалқии ёрирасоне, ки дар м. 38 Статути Суди байналхалқии СММ муқаррар карда шудаанд, истифода бурда мешаванд.

Сарчашмаҳои зерини ҳуқуқи байналхалқӣ ба ҳайси сарчашмаҳои ёрирасон дохил карда мешаванд:

  • Қарорҳои судҳои байналхалқӣ. Аслан падидаи эътироф кардани қарори суд ба ҳайси сарчашмаи ҳуқуқӣ дар давлатҳои англосаксонӣ ҷой дорад. Дар низоми ҳуқуқи байналхалқӣ қарорҳои суд ҳамчун сарчашмаҳои мустақили ҳуқуқӣ эътироф карда мешаванд, лекин нақши онҳо дар равшан гардонидани одатҳо, кушоду равшан ва аниқтар гардонидани меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ назаррас мебошад. Бояд қайд кард, ки дар м. 38 Статути Суди байналхалқии СММ қоидае мустаҳкам гардидааст, ки ба м. 59 Статут ҳавола менамояд, Суди байналхалқии СММ бо қарорҳои пеш қабулкардааш вобаста нест, лекин сиёсате, ки дар қарорҳои пешинаи худ ба амал мебаровард, онро бояд риоя намуда ба амал барории онро давом диҳад.
  • Доктринаи ҳуқуқи байналхалқӣ. Дар асрҳои XIX корҳои тадқиқоти, нуқтаи назар ва консепсияи аксарияти олимони барҷастаи соҳаи ҳуқуқи байналхалқӣ ба ҳайси сарчашма эътироф гардида буданд. Дар шароити имрӯза мавқеи онҳо ба монанди аввала намебошад, лекин ҳангоми ҳалли ягон баҳси ба вуҷуд омада ба онҳо назар менамоянд.
  • Cанадҳои ташкилотҳои байналхалқӣ. Дар муносибатҳои байналхалқӣ фаъолияти ташкилотҳои байналхалқӣ хеле назаррас аст. Ҳатто давлатҳо кушиш менамоянд, ки аъзои якхел ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ гарданд. Мисол, Ташкилоти байналхалқии савдо (ВТО), ташкилоти алянси атлантикаи шимолӣ (НАТО), МАГАТЭ. Дар ҳамин асос дар низоми ҳуқуқи байналхалқӣ усули нави ҳуқуқэҷодкунӣ – ба воситаи қабули қатънома (резолютсия)-ҳо ба вуҷуд омад. Мавқеи ҳуқуқии санадҳои ташкилотҳои байнихалқӣ аз тарафи оинномаҳои онҳо муайян карда мешавад. Дар доираи салоҳияти худ ин мақомотҳо ҳамчун қоида санадҳои тавсиявӣ ё ин ки санадҳои хусусияти санадҳои татбиқёбии ҳуқуқиро қабул менамоянд.
  • Санадҳои яктарафаи давлатҳо. Дар ҳуқуқэҷодкунии байналхалқӣ меъёрҳои қонунгузории дохилидавлатӣ низ ба эътибор гирифта мешавад. Барои ин мисол шуда метавонад Эъломияи мустақилияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз соли 1776 ва Эъломияи Франсия оид ба ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд аз соли 1789, ки барои қабули намудани санади байналхалқие, ки имрӯзҳо қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳон эътирофаш менамоянд Эъломияи ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948, ҳамчун роҳнамо хизмат намуданд. Дар баробари ин нотаҳо ва муроҷиатҳои давлатҳо ба ҳайси сарчшмаи алоҳидаи ҳуқуқи байналхалқӣ баромад накунанд ҳам лекин барои пайдо шудани меъёри нави ҳуқуқии байналхалқӣ ҳамчун замина нақш бозида метавонанд.

Калидвожаҳо: Сарчашмахои хукуки байналхалки.