Сарчашмаҳои мурофиаи ҷиноятӣ

0
69

Сарчашмаи ҳуқуқ гуфта – ин шакли зоҳирии ифодаёбии бо тартиби муқарраргардида қабул шудаи меъёри ҳуқуқро меноманд, ки иҷроиши он ҳатмӣ мебошад.

Зери мафҳуми сарчашмаҳои мурофиаи ҷиноятӣ мо санадҳои меъёри ҳуқуқиеро дар назар дорем, ки дар он меъёрҳои ҳуқуқ муносибатҳои мурофиавиро муқаррар намуда, онҳоро ба танзим медароранд. Дар низоми қонунгузории ҶТ санадҳои гуногуне қабул гардидаанд, ки маҳз ба ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ иртибот доранд.

Загрузка...

  1. Конститутсияи ҶТ (соли 1994) санади ҳуқуқиест, ки тибқи муқаррароти меъёрҳои он қувваи олии юридикӣ дорад. Аз сабабе, ки Конститутсияи ҶТ – ин бунёди соҳаҳои қонунгузорист, дар як вақт чун асоси қонунгузории мурофияи ҷиноятӣ ба ҳисоб рафта дар низоми сарчашмаҳои мурофиаи ҷиноятӣ мавқеи аввалиндараҷаро ишғол менамояд.

Дар Конститутсияи ҶТ якқатор ғояҳои роҳбарикунандае муқаррар гардидаанд, ки онҳоро мо ҳамчун принсип эътироф менамоем ва дар як вақт талаботҳои онҳо барои иҷроиш аз тарафи тамоми иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ ҳатмӣ мебошанд. Масалан, эҳтимолияти бегуноҳӣ, баробари ҳама дар назди қонун ва суд, ворид шудани ҳимоячӣ аз лаҳзаи дастгир шудан, кафолати ҳифзи судӣ, дахлнопазирии шахсият ва манзил, ба амал баровардани адолати судӣ танҳо аз тарафи суд, ҳуқуқи истифодаи забони модарӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ, мустақилияти судяҳо ва танҳо ба қонун итоат кардани онҳо.

Тибқи муқаррароти Конститутсияи ҶТ, меъёрҳои конститутсия дар қаламравӣ ҶТ мустақиман амал менамоянд ва ҳангоми тафтиш, баррасӣ ва ҳаллу фасли парвандаҳо мақомотҳои таҳқиқ, муфаттиш, прокурор ва суд дар ҳолатҳои пешбини намудаи қонун метавонанд меъёри конститутсияро мустақиман тадбиқ намоянд. Инчунин ҳангоми барраси намудани парванда дар суд, агар судя ба қароре ояд, ки меъёри тадбиқшаванда хилофи конститутсия мебошад, онгоҳ ӯ мӯҳлати баррасиро боз дошта барои гузоштани хулосаи конститутсионӣ оид ба мутобиқ будан ва ё набудани меъёри мазкур ба конститутсия масълагузорӣ намояд.

  1. Тибқи муқарароти моддаи 10-и Конститутсияи ҶТ меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқии эътирофгардида қисми таркиби низоми ҳуқуқии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Инчунин дар моддаи мазкур муқаррар шудааст, ки дар сурати мухолиф будани меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ эътирофгардида, онгоҳ меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ амал менамояд.

Аз сабаби он, ки Конститутсияи ҶТ таърихи нисбатан навин дорад. Дар он бисёр талаботҳо ва муқаррароти санадҳои байналхалқи эътирофгардида инъикос ёфта, яке аз санадҳои байналхалқие, ки Тоҷикистон онро эътироф намудааст ва он ҳамчун қисми таркибии низоми ҳуқуқии Тоҷикистонро ташкил медиҳад ин Паймони байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ мебошанд (с.1966).

Дар Паймони мазкур якқаторпринсипҳои мурофиаи ҷиноятӣ ба мисли – ошкорогии муҳокимаи судӣ, таъмини ҳуқуқи гумонбаршуда ва айбдоршаванда, эҳтимолияти бегуноҳи, принсипи талаб намудани баррасии парванда аз ҷониби судҳои босалоҳият ва беғараз ва ғ. қобили қайд аст, ки як қатор меъёрҳои Эломияи умумии ҳуқуқи башар, ки хусусияти тавсиявӣ доранд дорои талаботҳои мурофиавӣ мебошанд.

Фаромӯш набояд сохт, ки қисмати зиёди меъёрҳои Эломияи умумии ҳуқуқи башар дар Паймони зикргардида, мустаҳкам шуда то андозае инкишоф дода шудааст. Ҳамзамон бархе аз ин талаботҳо дар Конститутсияи амалкунандаи Тоҷикистон мустаҳкам карда шудааст.

  1. Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ, ки моҳи августи соли 1961 қабул гардидааст сарчашмаи асосии мурофиаи ҷиноятӣ ба ҳисоб меравад. Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ санади мураттабгардидае, мебошад, ки дорои хусусияти Кодекси мурофиаи ҷиноятии континенталӣ, алалхусус ба Кодекси мурофиаи ҷиноятии Фаронса шабоҳат дорад. Аз он лиҳоз Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ сарчашмаи асосӣ ба ҳисоб меравад, ки тамоми фаъолияти мурофиаи мақомотҳои давлатӣ ва шахсони мансабдорро вобаста ба тафтиши ҷиноят ва баррасии парвандаҳо дар суд ҳаматарафа муқаррар мекунад. Кодекси мазкур аз 10 фасл, 35 боб ва 431 модда иборат аст.
  2. Қарорҳои Суди Конститутсионӣ ва қарорҳои Пленуми Суди Олӣ гарчанде ба низоми сарчашмаҳои мурофиаи ҷиноятӣ дохил нашаванд, ҳам вале дар ин низом мақоми хоса доранд.