географияи тоҷикистон, географияи точикистон, реферат, кори курси

Саноати сӯзишворӣ

Ин соҳаи саноат дар Тоҷикистон истеҳсоли ангишт, нефт ва газро дар бар мегирад. Дар байни захираҳои номбурда, конҳои ангишт мавқеи асосиро ишғол мекунанд. Ҳоло дар мамлакат 40 кони ангишт муайян карда шудааст, ки захираҳои геологии онҳо қариб ба 5 млрд. тонна мерасад. Ин бештар аз 41 фоизи захираи ангишти Осиёи Марказиро ташкил медиҳад. Қисми зиёди он ангишти коксшаванда буда, калнтарини он конҳои Фон-Яғноб, Шӯроб, Моғиён, Киштут, Назарайлоқ, Миёнаду, Зиддӣ мебошанд. Аксарияти ин конҳои номбурда дар ноҳияҳои баландкӯҳ воқеъ гардидаанд, ки шароити истихроҷ ва кашонидани ангиштро душвор мегардонанд. Аз тарафи дигар баландӣ ва мушкилии роҳ хароҷоти иловагиро талаб мекунад. Дар байни конҳои мавҷуда ҳавзаи Фон-Яғноб калонтарин буда, дар ҳавзаи дарёи Фон ва Яғноб (дар баландии 1700-2500 метр) ҷойгир шудааст. Қабати аҳамияти саноатӣ дошта 18-то буда, ҳар яке аз 0,5 то 12 метр ғафсӣ доранд. Аз рӯйи категорияи саноатӣ (А+В+С1) захираи кони Фон-Яғноб 840 млн. тонна буда, захираи геологии он зиёда аз 1 млрд. тоннаро ташкил медиҳад, ки 86 фоизи он ангишти коксшаванда мебошад. Истихроҷи ангишт дар ин кон барои талаботи комбинати металлургии Анзоб ба миқдори 20-25 ҳазор тонна ба ҷо оварда мешавад. Истеҳсолу коркарди кони Фон-Яғноб дар оянда ба сохтмони нерӯгоҳи барқӣ-олавӣ бо иқтидори 2 млн. кВт/соат дар водии Зарафшон вобаста мебошад. Дар водии Зарафшон боз конҳои Киштут ва Моғиён воқеъ гардидаанд. Кони Киштут 40 км шарқтари Панҷакент дар баландии 1500-2100 м ҷойгир шудааст. Дар ин кон 15 қабати ангишт вуҷуд дорад, ки ғафсии баъзеи он то 6,7 м мерасад. Захираи умумии он ба 850 млн. тонна мерасад. Кони ангишти Моғиён 42 км аз тарафи ҷанубу ғарбии ш. Панҷакент воқеъ буда, дар он 7 қабати ангишт бо ғафсии аз 2,5 то 5 м мерасад. Умуман конҳои ангишти водии Зарафшон дар якҷоягӣ 65,5 фоизи захираҳои ангишти Тоҷикистонро дар бар мегирад. Кони ангишти сиёҳтоби Шӯроб дар қисми шимолии қаторкӯҳи Туркистон дар ноҳияи Исфара ҷойгир аст. Қабатҳои ангишти ин 25-то буда, ғафсии умумии онҳо ба 35 м мерасад. Захираи ангишти Шӯроб зиёда аз 500 млн. тонна буда, ҳанӯз то замони Ҳокимияти Советӣ истихроҷ карда мешуд. Вобаста ба талаботи ангишт солҳои 50-ум ва 60-уми асри гузашта, истеҳсоли солонаи ангишт дар ин кон аз 500 то 1 млн тонна расонида шуда, он талаботи вилояти Суғду роҳи оҳани Осиёи Миёнаро таъмин мекард. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва минбаъд истеҳсоли ангишт дар кони Шӯроб қатъ гардида, қариб тамоми шахтаҳо хароб гардиданд. Ҳоло аз сари нав ба таъмири шахтаҳо шурӯъ карда шуд ва соли равон дар шахтаи №8 истеҳсоли ангишт то ба 50 ҳазор тонна расонида шуд.

Дар қисми ҷануб ва марказии Тоҷикистон конҳои калонтарини ангишт — ин Зиддӣ, Назарайлоқ ва Миёнаду ба ҳисоб мераванд, ки дар онҳо 14,2 фоизи захираи саноатӣ ва 31,7 фоизи захираҳои геологии ангишти мамлакат ҷойгир шудаанд. Кони Зиддӣ аз Душанбе дар масофаи 72 км воқеъ гардида, захираи умумии он ба 104 млн. тонна мерасад. Соли 2008 сармоягузорони Қазоқистон лоиҳаи коркарди ангишти Зиддӣ ва дар ин асос ба кор даровардани нерӯгоҳи олавии Душанбе (бо иқтидори 218 ҳазор кВт) ва Ёвон (180 ҳазор кВт)-ро пешниҳод намуданд. Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ дар ин кон ба 63,5 млн. доллар дар назар дошта шудааст. Аз рӯи таҷрибаи ҷаҳонӣ кашонидани ангишти Зиддӣ бо воситаи қубур бо назардошти ҳифзи муҳити зист ба амал бароварда мешавад. Мувофиқи нишондоди мутахассисон сохтани чунин дастгоҳ 1,2 млн. долларро талаб мекунад.

Дар ҳудуди ноҳияи Рашт кони ангишти Назарайлоқ бо сифати ниҳоят баланди худ фарқ мекунад. Сифати онро дар қатори ангишти беҳтарини ҷаҳонӣ Ха-Ту (Ветнам) мемонанд. Захираи геологии кони Назарайлоқ ба 500 млн. тонна баробар буда, миқдори хокистар дар қабати ангишт ҳамагӣ 5 фоизро ташкил мекунад. Истихроҷи он барои ноҳияҳои тобеи Марказ соле ба 10 ҳазор тонна мерасад. Вале ҳангоми истихроҷ (он дар баландии 3,5-4 ҳазор метр ҷойгир аст) муҳити атроф ба тариқи хело зиёд ифлос карда мешавад. Ягона роҳи пешгирии ҳолати экологии ин мавзеъ то поён бо воситаи роҳи канатӣ кашонидани ангишт мебошад.

Дар сарҳади ноҳияи Тавилдара ва Бадахшони Кӯҳӣ кони ангишти Миёнаду ҷойгир аст, ки аз роҳи автомобилгарди Помир дар масофаи 40 км воқеъ гардидааст. Захираи геологии он ба 635 млн. тонна баробар буда, дар сурати истифодабарӣ имконият пайдо мешуд, ки талаботи бо ангишт доштаи Бадахшон ва минтақаи кӯҳсори Кӯлоб пурра таъмин карда шавад.

Конҳои ангишт, ки дар дигар гӯшаҳои мамлакат ба монандӣ: Сайёд (дараи Ромит), Шӯробод (минтақаи Кӯлоб), Равнов (ноҳияи Дарвоз), Ҳакимӣ (ноҳияи Нуробод), Қуртеппа (Помири Шарқӣ) ва ғайра ҷойгир шудаанд, бояд дар мӯҳлатҳои наздик дуруст тадқиқ шуда ба истифода дода шаванд.

Нефту газ. Дар Тоҷикистон 28 кони нефту газ муайян карда шудааст. Захираи умумии геологии нефт ба 467 млн. тонна ва гази табиӣ ба 1036 млрд. м3 баҳо дода мешавад. Нефти Тоҷикистон ҳанӯз аввалҳои асри XX дар қисмати шимолии мамлакат муайян карда шуд. Чоҳи аввалини нефт дар деҳаи Селроҳа (ноҳияи Исфара) солҳои 1908-1909 парма карда шудааст. Соли 1912 ширкати Осиёимиёнагии савдои нефт (САНТО) дар ин мавзеъ зери назорати англисҳо таъсис ёфт. Дар замони Ҳокимияти Советӣ тадқиқоти васеи нефту газ ба солҳои 60-ӯм тааллуқ дорад. Дар ин давра якчанд конҳои нефту газро дар ҳудуди вилоятҳои Суғд, Хатлон ва водии Ҳисор пайдо намуданд. Минбаъд бо кӯшиши геологҳо конҳои нефту гази Ниёзбек, Айритан, Конибодом, Қарақчиқум (вилояти Суғд), Шоҳамбарӣ, Андигон, Қурғончаи Шимолӣ, Лучоб (водии Ҳисор), Кичикбел, Оқбошадир, Қизилтумшуқ (водии Вахш), Бештентоқ, Балҷувон, Сулдузӣ, Хоҷасартез (ноҳияи Кӯлоб) кашф карда шуданд. То пошхӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ конҳои нефти қисми шимолии мамлакат барои коркард ба заводҳои нефткоркунии Ӯзбекистон фиристода мешуд. Ҳоло барои дар дохили кишвар ба роҳ мондани истихроҷи нефт якчанд корхонаҳои хурду миёнаи нефткоркунӣ бо иқтидори аз 25 то 75 ҳазор тонна дар давоми сол сохта шудааст. Нефти қисмати водии Вахш сифати паст дошта (дар таркиби он моддаҳои омехтаи сулфур, парафин ва ғайра дучор меоянд), танҳо барои мумфарш кардани роҳҳои автомобилгард истифода мешаванд.

Аз конҳои газ солҳои 60-ӯм ва 70-ӯми асри гузашта, кони Қизилтумшуқ, Андигон ва Комсомол (Лучоб) истифода бурда мешуданд, ки ҳоло захираҳои онҳо ба охир расидааст. Дар водии Кӯлоб кони гази Хоҷасартез истифода мешавад, ки аз он ҷо хатти қубур то шаҳри Кӯлоб ва солҳои наздик то шаҳри Қӯрғонтеппа гузаронида мешавад. Дар қисми шимолии Тоҷикистон кони гази Хоҷабоқирғон тадқиқ шудааст ва истихроҷи он барои таъмини талаботи вилояти Суғд дар назар дошта мешавад.

Мувофиқи тадқиқоти геологҳо дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 120 сохтори эҳтимолии нефту газ вуҷуд дорад. Махсусан дар қисмати водиҳои Вахшу Поёнии Кофарниҳон захираҳои хело зиёди нефту газ кашфиёти худро интизоранд.


Истеҳсоли намудҳои асосии саноати сӯзишворӣ дар Тоҷикистон*

Намуди сӯзишворӣ С о л ҳ о
1991 1992 1993 1994 1997 1998 1999 2000 2003 2005 2008
Ангишт, ҳаз. тонна

Нефт (ҳамроҳи конденсати газ) ҳаз. тонна

Газ,млн. м3

 

 

313

 

108

 

 

 

 

93

 

 

214

 

61

 

 

 

 

72

 

 

174

 

42

 

 

 

 

49

 

 

106

 

33

 

 

 

 

33

 

 

17

 

26

 

 

 

 

42

 

 

19

 

19,4

 

 

 

 

32

 

 

19

 

18,7

 

 

 

 

36

 

 

22

 

18,4

 

 

 

 

40

 

 

46,5

 

17,7

 

 

 

 

32,8

 

 

98,5

 

21,7

 

 

 

 

29,4

 

 

198,5

 

25,8

 

 

 

 

16,1

* Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2009, с. 267.

Шарҳ баста аст.