Саноати кимиё яке аз соҳаҳои ниҳоят мураккаб ва комёбии прогресси илму техника буда, дар ҳайати худ соҳаҳои кимиёи асосӣ, кимиёи маъдани кӯҳӣ, истеҳсоли нуриҳои минералӣ, таҷҳизоти полимерӣ, истеҳсоли нахи сунъӣ, рангу бор, соҳаи истеҳсоли доруворӣ (фармасевтика) ва ғайраро муттаҳид месозад.

Дар Тоҷикистон саноати кимиё соҳаи нисбатан нав ба ҳисоб меравад. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки Тоҷикистон дорои манбаъҳои калони ашёи хоми саноати кимиё мебошад. Махсусан, заминаи арзони қувваи барқ барои инкишоф додани соҳаҳои электрокимиёвӣ имкониятҳои бузург медиҳад. Мамлакат дорои захираҳои калони намаки ош, доломит, гипс, мармар, оҳаксанг, ангишти коксшаванда ва ғайра мебошад, ки асоси инкишофи соҳаҳои саноати кимиё  ба ҳисоб мераванд. Бо вуҷуди ин на ҳамаи ноҳияҳои Тоҷикистон чунин имконият доранд. Масалан, дар қисми шимолии мамлакат, қатъи назар аз мавҷуд будани ашёи хом бо сабаби кам будани захираи об ташкил намудани баъзе соҳаҳои саноати кимиё ғайриимкон аст. Баръакс, барои равнақ додани соҳаҳои саноати кимиё дар ҷануби Тоҷикистон ҳама шароитҳо мусоид мебошанд. Дар ин ҷо баробари захираҳои калони ашёи хом (оҳаксанг, намаки ош, доломит ба миқдори муайян нефту газ), манбаи пуриқтидори қувваи барқ (нерӯгоҳи Норак, Бойғозӣ, Сангтӯда-1 ва дар оянда Сангтӯда-2 ва Роғун), захираи калони об ва миқдори зиёди захираҳои меҳнатӣ мавҷуд аст. Дар замони истиқлолият сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб ва як қатор роҳҳои автомобилгард ин имкониятҳоро боз ҳам васеъ менамояд.

Инкишофи саноати кимиё дар Тоҷикистон асосан аз сохтмони корхонаи нуриҳои азотии Вахш дар шаҳри Сарбанд (соли 1967) ибтидо ёфтааст. Заводи нуриҳои азотии Вахш то соли 1991 талаботи ноҳияҳои ҷанубии Осиёи Миёнаро бо маводи кимиёвӣ таъмин менамуд. Ин корхона бештар дар асоси гази табиӣ кор мекунад, вале бо сабаби кам шудани воридоти газ аз Ӯзбекистон, корхона бо иқтидори пуррааш кор намекунад.

Ба қариби дар назди корхонаи нуриҳои азотии Вахш чамъияти саҳҳомии «Азот» таъсис дода шуда, вале нарасидани ашёи хом ба арзиши маҳсулот таъсири манфӣ мерасонад. Масалан, дар корхона барои истеҳсоли як тонна карбомид 1247 м3 газ сарф мешавад, ҳол он ки нархи 1000 м3 газ аз 55 доллар дар соли 2008 то 220 доллар баланд шуд. Барои беҳтар намудани вазъияти саноати кимиё бунёди корхонаҳои муштарак нақши муҳим мебозанд. Корхонаи саҳҳомии «Азот» ба қариби бо компанияи давлати Кипр бо номи «Хайрок Холдинг Лимитед» дар якҷоягӣ бо ҷамъияти пӯшидаи саҳҳомии «Тоҷиказот»-ро таъсис доданд. Тарафи Кипр ӯҳдадор шуд, ки корҳои таъмир ва бо таҷҳизоти нав таъминкунии корхонаро ба ӯҳда мегирад  ва ба ин мақсад 15 млн. доллар ҷудо намуд. Иқтидори корхона баъди таъмир дучанд зиёд шуда, истеҳсоли солонаи карбомид то 180 ҳазор тонна расонида мешавад. Дар як муддати кӯтоҳ корхонаи «Тоҷиказот» истеҳсоли карбомидро аз 7,5 ҳазор тонна (соли 2001) то 88 ҳазор тонна зиёд намуд.

Корхонаи дигари саноати кимиёи мамлакат заводи электрокимиёвии Ёвон мебошад. Ин корхона дар асоси истифодабарии ашёи хоми маҳаллӣ — кони намаки Тутбулоқ ва доломити Пусхур кор мекунад. Дар айни замон дар корхона истеҳсоли хлор, оҳаки хлорӣ, соддаи каустикӣ ва дигар намудаҳои гуногуни маҳсулоти хлоридӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷикхимпром»-и Ёвон ҳам бо компанияи дигари давлати Кипр «SEMETEK» корхонаи муштаракеро бо номи «Киме» таъсис доданд. Дар корхонаи мазкур ғайри истеҳсоли хлор ва содаи каустикӣ боз маҳсулоти маишӣ аз қабили хокаи ҷомашӯии «Белизна», «Санакса», «Хлорина» ва ғайра ба роҳ монда шудааст.

Яке аз корхонаи дигари саноати кимиё  ин заводи лак ва рангу бори- Исфара дар вилояти Суғд мебошад. Ин корхона имконияти васеъи зиёд намудани маҳсулотро дорад. Аз ҷадвал истеҳсоли намудҳои асосии саноати кимиё аён аст.

Истеҳсоли маҳсулоти саноати кимиёи Тоҷикистон

Номгӯи маҳсулот 1991 1998 1999 2000 2003 2005 2008
1. Аммиаки синтетикӣ, ҳаз.т. 110 21,3 9,7 19,4 26,1 53,6 29,6
2. Соддаи каустикӣ, тонна 31121 620 740 3666 2800 777
3. Нуриҳои минералӣ, ҳаз.т. 83,5 11,9 4,6 11,1 19,3 40,5 23,0
4. Карбамид, ҳаз.т. 181 25 10 24,1 42 70,3 50,2
5. Маводи рангу бор, тонн 12253 123 96,4 117,8 363 124,6 24,5

Шарҳ баста аст.