Нерӯи барқ асоси инкишофи иқтисодиёт, пешрафти ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ва ҷорӣ намудани прогресси техникӣ дар истеҳсолот мебошад. Ҳанӯз соли 1920 Давлати Советӣ плани ГОЭЛРО, яъне нақшаи бо нерӯи барқ таъмин намудани тамоми мамлакатро қабул намуда буд. Мувофиқи ин нақша дар Тоҷикистон бояд нерӯгоҳи барқӣ-обии Хоҷабоқирғон сохта мешуд. Вале бо сабабҳои номаълум нақшаи бунёди ин нерӯгоҳ дар Тоҷикистон амалӣ нагардид.

Мавқеи географии Тоҷикистон ба он овардааст, ки дар қаламрави он бузургтарин захираҳои обӣ-энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ ҷойгир шудаанд.

Захираҳои потенсиалии гидроэнергетикии Тоҷикистон қариб ба 530 млрд. кВт/соат дар як сол баҳо дода мешаванд, ки ин 5% захираҳои ҷаҳониро ташкил медиҳанд. Вале имрӯз дар мамлакат танҳо 3,1% ин захираҳо истифода мешаванду халос.

Агар дар муқоиса бо дигар захираҳои сӯзишворӣ-энергетикии мамлакат бинем, пас захираҳои гидроэнергетикӣ нисбати захираҳои потенсиалии ангишт — 18,8 баробар, нефт — 83 баробар ва гази табиӣ — 211 баробар зиёд мебошад. Ин исботи он аст, ки амнияти энергетикии мамлакатро дар оянда истифодаи васеъ ва самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ муайян хоҳанд намуд. Боз ҷиҳати дигари бартарии гидроэнергетика аз он иборат аст, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза, барқароршаванда ва манбаи муҳиму самараноки тавлиди қувваи барқ мебошад.

Ҳоло захираҳои бузурги потенсиалии энергетикии Тоҷикистон дар дарёҳои Панҷ (97,6 млрд. кВт-соат), Вахш (45 млрд. кВт-соат), Обихингоб (17,6 млрд. кВт-соат), Сурхоб (14,7 млрд. кВт-соат), Кофарниҳон (12,5 млрд. кВт-соат) ва Зарафшон (10,6 млрд. кВт-соат) ҷойгир шудаанд. Дар байни ин дарёҳо Вахш дорои захираи бузурги энергетикӣ буда, дар 1 км дарозии маҷрои он 1,7 баробар нисбати дарёи Норин, 2 баробар нисбати Панҷ ва 7 баробар нисбати дарёи Ому бештар қувваи барқ дорад. Дар якҷоягӣ дарёи Вахш бо Панҷ аз 9/10 ҳиссаи ҳаҷми захираҳои энергетикии мамлакатро доро мебошанд.

Дар байни давлатҳои Осиёи Миёна Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи гидроэнергетикӣ ҷои аввалро мегирад. Захираи об ба 1 м2 дар Тоҷикистон аз ҳисоби миёнаи ИДМ 13 баробар бештар аст.

Агар дар Тоҷикистон ба ҳар як км2 майдони он 2100 кВт/соат гидроэнергия рост ояд, пас ин нишондиҳанда дар Қирғизистон ба 720, Ӯзбекистон — 197 ва Туркменистон ба 49 кВт/соат баробар аст.

Дар айни замон истеҳсоли солонаи қувваи барқ дар Тоҷикистон ба 14248 млн. кВт/соат мерасад. Аз ин ҳисоб ба нерӯгоҳи барқии обӣ 14025 млн. кВт/соат ва ба нерӯгоҳҳои барқии олавӣ 222 млн. кВт/соат истеҳсоли қувваи барқ рост меояд. Калонтарин нерӯгоҳхои барқии обӣ — ин Норак (3 млн. кВт), Сарбанд (210 ҳаз. кВт), Қайроқум (126 ҳаз. кВт), Бойғозӣ (600 ҳаз. кВт), Сангтӯда-1 (670 ҳаз. кВт) ва нерӯгоҳхои олавии Душанбе (223 ҳаз. кВт), Ёвон (180 ҳаз. кВт) ба ҳисоб мераванд.

Нерӯгоҳи барқии обии Норак асоси Комплекси минтақавию территориявии Тоҷикистони Ҷанубӣ (КМТТҶ) мебошад. Дар ин ҷо дар заминаи қувваи арзони барқ соҳаҳои энергияталаби истеҳсолот (истеҳсоли нуриҳои минералӣ, алюминий, металлҳои ранга ва нодир) инкишоф меёбад.

Хусусияти сохтмони нерӯгоҳҳои обии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки онҳо ба тарзи силсила, яъне дар як дарё якчандто нерӯгоҳҳои барқӣ сохта шудаанд. Чунин тарзи ҷойгир намудани нерӯгоҳҳои барқӣ боиси самаранок истифода бурдани қувваи оби дарёҳо мегардад. Ҳоло дар ҳавзаи дарёи Варзоб силсилаи нерӯгоҳҳои барқии Варзоби Боло, Варзоби Поён, Варзоби Миёна; дар дарёи Вахш — нерӯгоҳҳои Сарбанд, Марказӣ, Норак, Бойғозӣ, Сангтуда-1 сохта шудааст.

Иқтидори нерӯгоҳи барқии обии Роғун, ки сохтмонаш давом дорад, 3,6 млн. кВт-соат аст. Баландии сарбанди он 335 м мебошад. Ин аз манораи машҳури Эйфели Париж баландтар мебошад. НБО-и Роғун соле 13 млрд. кВт-соат (НБО-и Норак 11,2 млрд. кВт-соат) қувваи барқ истеҳсол хоҳад кард. Масоҳати обанбори он 160 км2, чуқуриаш 300 м аст. Ин калонтарин нерӯгоҳи барқии обии Осиёи Марказӣ буда, барои тезонидани суръати сохтмони он ҳама чораҳои муҳим андешида мешавад.

Дар айни замон сохтмони НБО-и Сангтӯда-2 дар якҷоягӣ бо мутахассисони Эрон босуръат идома дорад ва соли 2012 ба кор хоҳад даромад.

Қувваи барқе, ки нерӯгоҳҳои барқии обии ҷумҳурӣ истеҳсол мекунанд, дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагӣ истифода мешавад. Арзиши 1 кВт-соат қувваи барқи қаторстансияҳои Вахш аз дигар манбаи нерӯҳои барқӣ хеле арзон мебошад. Оянда дар дарёҳои Вахш ва Панҷ истгоҳҳои барқии обии нав сохта хоҳанд шуд.

Сохтмони нерӯгоҳи барқии Даштиҷум бо иқтидори 4 млн. кВт соат имконият медиҳад, ки Ҷумҳурии Афғонистон низ дар оянда бо қувваи барқ таъмин карда шавад.

Солҳои охир ғайри нерӯгоҳи барқии обии «Помир-1», боз якчанд нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар дарёҳои Ванҷ, Сурхоб, Кофарниҳон, Бартанг ба кор даромаданд. Хусусияти муҳими сохтмони нерӯгоҳҳои барқии обӣ аз он иборат аст, ки обанборҳои онҳо ба ғайр аз истеҳсоли қувваи барқ, инчунин барои идоракунии маҷрои дарёҳо, пешгирии обхезӣ, обёрикунии заминҳои корам ва бо об таъмин намудани шаҳру деҳаҳо шароиту имконият фароҳам меоранд.

Шарҳ баста аст.