Саноати хӯрокворӣ

Саноати хӯрокворӣ ҳамчун қисми муҳими комплекси агросаноатӣ дар таъмин намудани аҳолӣ бо озуқа ва самаранок истифодабарии захираҳои ашёи хом нақши муҳимро мебозад.

Дар замони Шӯравӣ саноати хӯрокворӣ 20 %-и маҳсулоти умумии саноатро истеҳсол намуда, ба ҳиссаи он 8 %-и фондҳои истеҳсолӣ ва 12 %-и шумораи коргарони саноати ҷумҳурӣ рост меомад.

Ҳоло дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноати мамлакат, ҳиссаи саноати хӯрокворӣ 24,4 %-и ҳаҷми маҳсулотро медиҳад.

Саноати хӯрокворӣ серсоҳа аст. Соҳаҳои муҳимтарини он саноати равғанкашӣ, винопазӣ, консервабарорӣ ва гӯшту шир аст. Ин соҳаҳо 70 фоизи маҳсулоти саноати хӯроквориро истеҳсол мекунанд. Дар байни онҳо саноати равғанкашӣ, винопазӣ, консерва (инчунин меваи хушк) ва тамоку соҳаҳои махсусгардонидаи саноати хӯрокворӣ ба ҳисоб мераванд ва маҳсулоти онҳо ба дигар давлатҳо низ фиристода мешавад. Ҳоло истеҳсоли консерваи мева ба ҳар сари аҳолӣ назар ба ҳисоби миёнаи ИДМ 1,2 баробар ва меваи хушк қариб 10 баробар зиёд аст.

Корхонаҳои саноати хӯрокворӣ қариб дар ҳамаи гӯшаю канори мамлакат ҷойгир шудаанд. Оид ба инкишофи соҳаҳои саноати хӯрокворӣ рақамҳои зерин гувоҳӣ медиҳанд:

Истеҳсоли намудҳои муҳими маҳсулоти  саноати хӯрокворӣ

Номгӯи маҳсулот 1991 2000 2003 2005 2007 2008
Равғани растанӣ, ҳаз. т. 53,1

 

25,5

 

29,0

 

23,0

 

23,7

 

17,3

 

Маҳсулоти ши-ри холис ба ҳи-соби шир, ҳаз. т 134,6

 

3,2

 

4,7

 

4,7

 

5,1

 

4,0

 

 

Маҳсулоти қаннодӣ, ҳаз. т. 45,0 0,22 1,1

 

2,5

 

3,2

 

2,9

 

Консерваи мева, млн. қуттии шартӣ 215

 

106,0

 

108,6

 

77,8

 

67,2

 

76,4

 

 

Гӯшт (ҳамроҳи калапоча) ҳаз.т 31,2

 

14,8

 

17,9

 

19,6

 

21,4

 

21,8

 

Равғани чорво, ҳаз. т. 2,7 0,92 0,06 0,09 0,01 0,01

Саноати хӯроквории Тоҷикистон 475 корхонаҳои баланси мустақил доштаро муттаҳид намудааст.

Саноати хӯроквории ҷумҳурӣ заминаи мустаҳками ашёи хом дорад. Саноати хӯроквориро соҳаҳои кишоварзӣ, боғу токдорӣ, чорводорӣ бо ашё таъмин мекунанд. Пеш саноати хӯрокворӣ соҳаи асосии хоҷагии халқ буд, вале аз корхонаҳои хурди косибӣ иборат буд. Дар солҳои минбаъда саноати хӯроквории Тоҷикистон серсоҳа гашта, босуръат инкишоф меёбад. Фақат дар тӯли солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ маҳсулоти он 15 баробар, аз ҷумла гӯшт 16, равған 76, паниру шир 310 баробар афзуд. Дар инкишофи маҳсулоти саноати хӯрокворӣ аҳамияти интегратсияи агросаноатӣ (вақте ки кишоварзӣ ва истеҳсолоти саноати комплекси хоҷагӣ бо ҳам алоқаманд мегарданд) калон аст.

Соли равон саноати хӯроквории ҷумҳурӣ ба сари аҳолӣ 3,0 кг гӯшт, 70 грамм ҳасиб, 10 грамм равғани ҳайвонот, 400 грамм маҳсулоти қаннодӣ, 300 грамм макарон, 0,5 литр нӯшокиҳои беспирт ва 0,37 литр оби маъданӣ истеҳсол кард. Ин нишондиҳандаҳо нисбати меъёри физиологӣ ба сари кас хеле кам аст ва истеҳсоли намудҳои асосии маҳсулоти хӯрокӣ нисбати соли 1991 бештар аз 2,5 баробар кам шудааст.

Хусусияти умумии ҷойгиршавии саноати хӯрокворӣ ин пеш аз ҳама дуруст ҷо ба ҷо гузории он дар ҳама шаҳру ноҳияҳо мебошад. Вобаста ба сарчашмаҳои ашёи хом ва марказҳои истеъмоли соҳаҳои саноатӣ хӯроквориро ба се гурӯҳ ҷудо мекунанд: 1) Соҳаҳое, ки ба ноҳияҳои истеъмолӣ тамоил доранд (нонпазӣ, шир, қаннодӣ, пивопазӣ ва ғайра). 2) Соҳаҳое, ки ҳам ба ашёи хом ва ҳам ба марказҳои истеъмолӣ тамоил доранд (ордкашӣ, шаробпазӣ, гӯштӣ, тамоку ва ғайра). 3) Соҳаҳое, ки фақат ба сарчашмаҳои ашёи хом тамоил доранд (равған, консерваҳо, спирт, маҳсулоти гӯшту шир, қанд ва ғайра).

Саноати равған соҳаи махсусгардидаи саноати хӯрокворӣ мебошад. Ин соҳа дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ дорои 42 корхона буд ва дар 4 корхонаи калонтарини он (Душанбе, Конибодом, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб) ҳар сол зиёда аз 92 ҳазор тонна равғани растанӣ тайёр карда мешуд, ки он 3,1 %-и ин навъи маҳсулоти тамоми Иттиҳоди Шӯравиро ташкил медод. Ғайр аз равғани пахта ба миқдори кофӣ равғани анҷибор (геран) истеҳсол карда мешавад, ки дар саноати атриёт, қаннодӣ васеъ истифода мебаранд. Ду корхонаи ин соҳа дар Турсунзода ва Қумсангир қариб 60 %-и равғани герани ИДМ истеҳсол мекунанд. Ҳоло корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсоли равғани пахта дар ҷумҳурӣ сохта шуда истодаанд. Партовҳои ҳини софкории равған боқимондаро барои истеҳсоли собуни ҷомашӯӣ кор мефармоянд. Равғани пахтаи Тоҷикистон ба кишварҳои дигар фиристода мешавад.

Саноати консерви меваю сабзавот аз чумлаи соҳаҳои асосии саноати хӯрокворӣ мебошад. Вай аз даҳҳо корхонаҳои хурду миёна иборат аст, ки соле қариб 2 %-и консерваҳои меваю сабзавот ва бештар аз 10 %-и меваи хушки ИДМ-ро истеҳсол мекунанд. Аввалин корхонаҳои консерваи ҷумҳурӣ дар Конибодом (соли 1928), Хуҷанд (соли 1932), Исфара (соли 1938), Истаравшан (соли 1942) ва Чиптура (соли 1955) сохта шуданд. То соли 1991 ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 42 корхонаи консервабарорӣ вуҷуд дошт, ки дар онҳо қариб 6 ҳазор коргар кор мекард. Айни замон қариб нисфи корхонаҳои консервабарорӣ дар вилояти Суғд, ҷой гирифтаанд. Корхонаҳои ин соҳаи саноат зиёда аз 100 ногӯи консерваҳои меваю сабзавот, шарбати мева ва помидору ангур истеҳсол менамоянд. Дар аксари заводҳои консерва хатҳои автоматӣ ва нимавтоматии истеҳсоли консерваҳои меваю сабзавотӣ вуҷуд доранд. Чунин заводҳо дар Хуҷанд, Конибодом, Панҷакент, Чиптура мавҷуданд. Аз соли 2000 корхонаи Хуҷанд ба ҷамъияти саҳҳомии намуди озод табдил ёфт ва маҳсулнокии он хело баланд гардид. Корхона ҳангоми пурра истифодабарии иқтидорҳояш имконияти коркарди 24 ҳазор тонна сабзавот, 8 ҳазор тонна мева ва 5 ҳазор тонна ангурро дорад. Дар корхона ду хатти коркарди помидор аст, ки хатти якуми он (технологияи Югославия) дар як шабонарӯз 200 тонна шираи помидор (томат) ва хатти (линияи) дуюм (технологияи Венгрия) имконияти дар як шабонарӯз истеҳсол намудани 480 тонна шираи помидорро дорад. Консерваҳои мевагин ва хушкмеваҳои Тоҷикистон борҳо дар намоишгоҳҳои байналхалқӣ баҳои сазовор гирифтаанд.

Шароббарорӣ ва обҳои нӯшокӣ низ соҳаи муҳими саноати хӯрокворӣ мебошанд. Аввалин корхонаҳои шаробпазиро дар Деҳмой (соли 1873), Истаравшан ( соли 1912) ва Ҳисор (соли 1913) помешикони рус сохта буданд, ки иқтидори кам дошта, ба таври мавсимӣ кор мекарданд. Дар замони Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон 15 корхонаи шаробпазӣ ташкил шуд. Пас аз қарори Ҳукумати Шӯравӣ «Дар бораи чораҳои барҳам додани бадмастию майзадагӣ» (моҳи майи соли 1985) истеҳсоли винои меваю ангур хело кам шуд. Ин қарор боиси хело маҳдудшавии токзори навъи шаробӣ гардид. Замони Шӯравӣ ба ҳиссаи Тоҷикистон 2 % токзор,  2,3 %  ҳосили ангур ва 1,5 % шароби ангур рост меомад.

Замони ҷанги шаҳрвандӣ ба ин соҳа зарари хеле зиёди моддӣ расонида шуд. Вале вобаста ба талабот ва афзоиши муносибатҳои бозаргонӣ соҳаи шароббарорӣ ва истеҳсоли обҳои нӯшокию маъданӣ хеле инкишоф ёфт. Танҳо дар давоми солҳои 1998-2008 истеҳсоли обҳои маъданӣ то 8 баробар афзуд. Ҳоло корхонаҳои «Оби зулол», «Шамбарӣ», «Сиёма», «Файзобод» ва ғайра бо обҳои нӯшокию маъданӣ берун аз Тоҷикистон низ шӯҳрат пайдо намудаанд. Солҳои охир дар шаҳри Душанбе, Хуҷанд ва Истаравшан корхонаҳои истеҳсоли оби мева сохта шудаанд, ки маҳсулоти онҳо дар мамлакат ва берун аз он харидорони зиёд пайдо намудаанд.

Дар мамлакат ба мақсади барқарор намудани корхонаҳои шароббарорӣ ва беҳтар намудани сифати онҳо корҳои зиёде ба сомон расонида мешаванд. Корхонаҳои муҳими ин соҳа дар Душанбе, Шаҳринав, Истаравшан, Хуҷанд ва Панҷакент ҷойгир шудаанд.

Саноати тамоку дар шаҳрҳои Панҷакент (заводи ферментонии тамоку) ва Душанбе (фабрикаи тамоку) ҷойгир шудаанд. Ғайр аз ин дар чумҳурӣ боз якчанд корхонаҳои хурди коркарди нахустини тамоку вуҷуд доранд. Тамоку асосан дар хоҷагиҳои водии Зарафшон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадашон кишт карда мешавад. Тамокуи тозаферментонидаро ба фабрикаи тамокуи Душанбе ва дигар ҷумҳуриҳо мефиристанд.

Саноати гӯшту шир дар таркиби саноати хӯрокворӣ аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулот ҷои аввалро мегирад. Бо вуҷуди ин саноати гӯшту шир аҳамияти маҳаллӣ дорад ва талаботи ҷумҳуриро пурра бо гӯшт, шир ва маҳсулоти ширӣ таъмин намекунад. Саноати гӯшту шир якчанд корхонаи гӯшт ва ширро дар бар мегирад, ки калонтарини онҳо дар Душанбе, Хуҷанд, Қурғонтеппа, Исфара ва Кӯлоб ҷойгир шудаанд. Дар ин корхонаҳо ҳар сол ба миқдори зиёд маҳсулоти нимтайёри гӯшт ва шир истеҳсол карда мешаванд. Тоҷикистон аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти гӯшту шир ба ҳар сари аҳолӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳоло ҳам яке аз ҷойҳои охиринро мегирад. Бинобар ин маҳсулоти гӯшту ширӣ аксар аз дигар ноҳияҳо оварда мешавад.

Саноати орд  аз корхонаҳои сершумор иборат аст, ки онҳо бештар аз 30 %-и маҳсулоти хӯроквориро истеҳсол мекунанд. Дар ин корхонаҳо соле 500 ҳазор тонна гандум орд карда мешавад.

Ҳоло дар бисёр деҳаҳои мамлакат осиёбҳои зиёди обӣ ва бо қувваи барқ сохта шудаанд, ки талаботи дохилиро аксар таъмин мекунанд.

Саноати нон садҳо корхонаро дар бар мегирад. Саноати нонпазӣ дар миқёси саноати хӯрокворӣ аз рӯи шумораи корхона дар ҷои аввал меистад. Дар ин соҳа зиёда аз 77 %-и миқдори корхонаҳо ва (26,5 %) коргарони саноати хӯроквории мамлакат кор мекунанд. Аввалин заводи механиконидашудаи нонпазӣ дар Душанбе соли 1938 ба кор сар кард. Дертар чунин намуди корхонаҳо дар Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Конибодом, Хоруғ, Қӯрғонтеппа сохта шуданд. Ҳоло заводҳои нонпазӣ ва нонвойхонаҳо қариб дар тамоми ноҳияҳои мамлакат сохта шудаанд.

Корхонаҳои саноати орду нон дар ноҳияҳо вобаста ба талаботи мардум ҷой дода шудаанд. Маҳсулоти онҳо аҳамияти маҳаллӣ дорад.

Дигар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ низ дар ҷумҳурӣ тараққӣ ёфта истодааст. Муҳимтарини онҳо заводҳои намаки Ашт ва Восеъ, заводи спирти Исфара, Фабрикаи қаннодии «Ширин» (Душанбе) ва ғайра ба шумор мераванд.

Шарҳ баста аст.