географияи тоҷикистон, географияи точикистон, реферат, кори курси

Саноати чӯбкоркунӣ ва маснуоти сохтмон

Саноати чӯбкоркунӣ яке аз шохаҳои муҳими саноати сохтмон ба ҳисоб меравад. Дар шароити кӯҳистон дар сохтмони қасру манзилҳо бо назардошти хатари заминларза дар ҳамешагӣ чӯбро афзалтар медонистанд. Хонаҳои мардуми Бадахшон қариб саросар бо чӯб сохта ва оро дода шудаанд. Шояд минбаъд аз сангу гил бунёд ёфтани манзилу хонаҳо дар Тоҷикистон аз нарасидани чӯб бошад. Бисёр сайёҳатчиёне, ки ҳатто то асрҳои XVIII-XIX ба сарзамини мо омаданд, пеш аз ҳама бешазори кӯҳистони онро бештар васф кардаанд. Сайёҳатчии рус Абрамов навиштааст, ки анбӯҳи дарахтони арча дар водии Зарафшон ниҳоят зиёд будааст, вале мардум бераҳмона онро нест мекунанд ва қисман дарахтҳоро буррида, ба дарёи Зарафшон меоқонанд, то дар поёноб, яъне дар Самарқанд онҳоро гирифта, ба сифати сӯзишворӣ дар корхонаҳои оҳангарӣ истифода баранд.

Ҳоло бошад, қаламрави Тоҷикистон аз ҷангал бой нест ва дар марзи он 268 намуди дарахтон ва растаниҳои буттагӣ мавҷуданд. Дар байни дигар намуди дарахтон арча бартарӣ дорад ва қариб 50 фоизи масоҳати ҷангалзорро ташкил медиҳад. Чӯби дарахти арча ниҳоят пурқувват аст ва аз замонҳои пеш барои сохтмони иморату пул истифода мебурданд. Ҳоло дарахти арча ва дигар бешазорҳои Тоҷикистон аҳамияти саноатӣ надоранд. Солҳои Ҳокимияти Советӣ барои қонеъ гардонидани талабот ҳар сол аз Россия аз 15 то 20 ҳазор метри мукааб чӯби лунда меоваранд. Дар асоси чӯби кашонида корхонаҳои гуногуни коркарди чӯб дар Тоҷикистон сохта шуда буданд. Дар байни ин корхонаҳо фабрикаи мебелсозии Душанбе ва Хуҷанд мавқеи хос доштанд. Ин корхонаҳо чӯби лӯндаро гирифта, онро ба таври комплексӣ, яъне аз тахта то аррамайдаи онро истифода мебурданд, ки ин ба арзоншавии нархи аслии мебел имконият медод. Аксар, мавриди сохтани корхонаҳои чӯбкоркунӣ пеш аз ҳама омили нақлиёт ба ҳисоб гирифта мешавад. Мувофиқи ҳисоби мутахассисон кашонидани мебел назар ба кашонидани ашёи хом 8-10 маротиба қимат аст.

Саноати маснуоти сохтмон. Ин соҳа дар кори бунёди корхонаю муассиса ва тараққиёти манзилгоҳ нақши бағоят бузург дорад. Ҷойгиршавии сохтмон дар қаламрави ҳар ноҳияи иқтисодӣ бо дараҷаи азхудкунӣ ва таркиби маблағгузории соҳаҳо, системаи ташаккул ёфтани маҳалҳои аҳолинишин ва хусусиятҳои истифодабарии захираҳои масолеҳи сохтмонӣ муайян карда мешавад.

Вазъияти имрӯзаи сохтмони асосӣ баъди истиқлолият дар ҳолати бӯҳрон қарор дорад, ки сабаби ин вайрон шудани системаи таъминоти марказноки моддию техникӣ ва маблағгузории доимӣ ба ин соҳа мебошад. Дар бисёр ҳолат баланд шудани нархи маҳсулоти сохтмонӣ боиси паст шудани иқтидори истеҳсолот ва кам шудани ҳаҷми маҳсулот низ гардид. Аз тарафи дигар кам шудани ҳаҷми кор дар сохтмон яке аз сабабҳои асосии ҷумҳуриро тарк намудани мутахассисон ва авҷ гирифтани бӯҳрони иқтисодӣ дар ин соҳа шуд.

Айни замон соҳаҳои асосии саноати сохтмонии мамлакат ин истеҳсоли семент, хишт, истеҳсоли конструксия ва маснуоти васлшаванда ва маснуоти васлшавандаи оҳану бетонӣ мебошанд. Ҳоло дар ҷадвал истеҳсоли ин намудҳои масолеҳи сохтмон нишон дода шудааст.

Истеҳсоли намудҳои асосии масолеҳи сохтмонӣ

дар Тоҷикистон

Номгӯи масолеҳи сохтмонӣ Воҳиди ченак 1991 1998 1999 2000 2001 2003 2005 2008
1. Истеҳсоли семент ҳаз. т. 1015,0 17,7 33,2 54,8 68,9 166,0 253,1 190,4
2. Истеҳсоли хишти сохтмон млн. дона 268 33 33,4 30,0 24 33 45,9 49,4
3. Истеҳсоли конструксия ва маснуоти васлшавандаи оҳану бетонӣ ҳаз. м3 960 12,2 21 12,5 12,8 17 20,8 46,0
4. Гипс ҳаз. т. 32,9 25,0 31,0 40,9 42,1 44,2 57,3 45,0
5. Реги сохтмонӣ ҳаз. м3 1627 93,0 52,1 44,7 53,1 56,2 74,9 194,2
6. Регу шағал ҳаз. м3 1258 7,6 7,1 3,4 5,4 5,7 34,5 19,2

Ҳамаи корхонаҳое, ки ба истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ машғуланд, дар якҷоягӣ комплекси корхонаҳои маснуоти сохтмонро ташкил менамоянд. Ҳоло ба ин комплекс корхонаи истеҳсоли семент, маҳсулоти истеҳсоли асбесту семент, заводи тахтасангҳои оҳану бетонӣ, миқдори зиёди корхонаҳои маснуоти деворбоб, рег, шағал, санг, гипс, оҳак истеҳсолкунанда дохил мешаванд.

Ноҳияҳои асосии маснуоти сохтмон истеҳсолкунандаи мамлакат шимолии Тоҷикистон ва марказии водии Ҳисор мебошанд. Ба ин ду ноҳия қариб тамоми истеҳсоли семент, шифер, гипс, хишт ва ҳиссаи зиёди маснуоти деворбарор, оҳану бетонӣ, оҳаки сохтмонии ҷумҳурӣ рост меояд. Бо сабаби зиёд шудани талабот ба семент дар мамлакат истеҳсоли он аз 54,8 ҳаз. тоннаи соли 2000 дар соли 2007 то 313,1 ҳаз. тонна ва ё худ 5,7 баробар афзуд. Ин пеш аз ҳама ба зиёд шудани талабот ба семент дар сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2 ва Роғун зич алоқаманд аст. Соли 2008 нисбати соли 2000-ум истеҳсоли гаҷ 2 баробар, шифер 1, 2 баробар, реги сохтмонӣ 2,6, шағал 1,6 ва оҳану бетон 2,2 баробар зиёд гардид. Чунин суръати афзоиши истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ба авҷ гирифтани корҳои сохтмонӣ дар мамлакат алоқаманд мебошад.

Солҳои охир баробари инкишоф ёфтани иқтисодиёти водии Вахш, Кӯлоб, Рашт ва Помир талабот ба маснуоти сохтмонӣ афзуд. Алҳол марказҳои калонтарини саноати маснуоти сохтмон шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд мебошанд. Корхонаҳои на чандон калони он дар шаҳрҳои Ваҳдат, Ёвон, Турсунзода, Кӯлоб, Хоруғ, Шаҳритус ва ғайра ҷойгир шудаанд. Ба хотири талаботи зиёд ба масолеҳи сохтмон ва ғайри самаранок будани кашонидани он ба масофаҳои дур лозим меояд, ки дар оянда дар ҳама ноҳияҳои мамлакат корхонаҳои хурду миёнаи ин соҳа барпо карда шаванд.

Шарҳ баста аст.