Садриддин Айнӣ

Садриддин Айнӣ (1878-1954) адиби барҷаста, олими маъруф ва арбоби намоёни давлатӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон мебошад. Асарҳои шоиставу пурмазмуни ӯ на танҳо дар самтгириву таҳкими раванди худшиносӣ ва ғояи миллӣ, ҳамчунин дар рушди ҷаҳонбинӣ ва афкори иҷтимоӣ-сиёсии халқи тоҷик низ беназир аст. Садриддин Айнӣ ҳамчун муборизи фидоии зиёиёни тоҷик барои исботи ҳастиву бақопазирии халқи худ ва суботу пойдории он ҷаҳду талошҳои нотакроре кардааст. Вай бо дарназардошти фазои бӯҳронии сиёсӣ ба исботу ҳифзи фаҳангии ҳастӣ, қадимият, ғановат ва азамати таърихи илму тамаддун ва адабиёту маънавиёти тоҷикон пардохтааст. Асари маъруфу пурарзиши устод Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» мебошад, ки дар ҳастиву бақопазирӣ ва асолату ҳуввияти халқи шарифи тоҷик саҳми бузурги таърихӣ ва фарҳангӣ гузоштааст. Устод Айнӣ тавассути ин асараш доир ба таърихи афкори иҷтимоӣ-сиёсии халқи тоҷик ва кишварҳои ҳамзабону ҳамҷувори он маълумоти пур арзишу ҳамаҷониба додаст. Ҳамчунин устод ба воситаи асарҳои маъруфи худ сохти давлатдории аморати Бухороро сахт танқид намуда, таназзул ва ҷаҳолатмандиву истибдодпешагии амирони манғитиро қотеъона маҳкум менамояд. Вай мӯътақид буд, ки дастбакорони амир, ашрофон ва тамоми зимомдорони ҳукумат набояд ба айшу ишрат ва зулму истибдоди омма мубтало бошанд. Ҳукуматдорон бояд афроди одилу оқил ва раиятпарвар бошанд.

Фақат дар чунин маврид давлат рушд мекунад ва кишвар обод мешавад.

Масъалаи тарғиби илму дониш ва мактабу маориф низ дар афкори иҷтимоӣ-сиёсии Садриддин Айнӣ мақоми хоса дорад. Вай илму донишро муҳимтарин воситаи рушди ҷомеа медонист. Бинобар ин, аз давлвтдорон талаб менамуд, ки ба тараққиёти бемайлони илму маориф бештар рӯ биоранд.

Устод Айнӣ тавонистааст иллатҳои зулму асорат, ҷаҳолату таассубзадагӣ, зиддияту муқовиматҳои байни табақаҳои гуногуни иҷтимоиро сареҳан ишфо созад ва саъйю ибтикор барои дарёфти роҳу воситаҳои аз байн бурдани чунин низоъҳо намудааст. Вай доир ба роҳу воситаҳои фатҳи масъалаҳои пурихтилоф ва муқовиматомези иҷтимоии ҷомеа андеша намуда, муборизаи фаъоли сиёсиро фатҳсозандаи ҳалли мушкилот ҳисобида,   инқилобро роҳи ниҳойии комилан бартараф сохтани зулму ҷаҳолат медонад.

Устод Айнӣ, ки дар даврони салтанати аморати Бухоро азобу шиканҷаҳои зиёд кашида буд, бо тамоми ҳастиаш истиқрори сохти нави ҷамъитиро ҷонибдор буд. Вай тарафдори сохте буд, ки аз зулму асорат ва ҷаҳолату истибдод озод бошад.

Гузашта аз ин   мутафаккири маорифпарвар инқилобро роҳи асосии тантанаи ақлу адл ва меъёри адолатмандӣ дониста, мардуми бенаворо барои музаффариятҳо дар инқилоб сидқан истиқбол менамуд. Шеъри «Марши ҳуррият»-и ӯ далели возеҳи ин гуфтаҳост.

Калидвожаҳо: акидахои фалсафии Садриддин Айни, ақидаҳои фалсафии Садриддин Айнӣ, Устод Айни, фалсафаи Устод Айни, реферат, фалсафа.

Шарҳ баста аст.