Роҳи наҷот аз қарз

Оне, ки хотирро парешон мекунад ва ғаму андӯҳро афзун мекунад, қарздорӣ ва тангии зиндагист. Барои ҳамин баъзе роҳҳои наҷотро аз ин бало зикр мекунем:

1.Касе молашро эҳтиёт кунад, ба хубӣ нафақа кунад, молашро аз барои ҳоҷат ҳифз кунад ва худашро аз исрофу сарфакории беҳуда дур гирад, фақир намегардад. Зеро исрофкорон бародарони шайтонанд.

2.Касби мол бо роҳи ҳалол ва дур шудан аз касбу пулу моли ҳаром, зеро Аллоҳ пок аст, нопокиро қабул намекунад ва барои моли ҳаром баракат намедиҳад.

3.Кӯшишу ғайрат дар талаби ризқи ҳалол ва дур шудан аз бекориву вақтро беҳуда гузаронидан.

Намозҳоятро ба ҷо биёр ва аз пайи талаби ризқу рӯзиат шав ва аз фазли Худо талаб кун, шояд ки зафар ёбӣ.

Шарҳ баста аст.