Ташаккули Роҳи бузурги абрешим

0
453

Сабаби ном ва воситаи асосии нақлиёт. Ташаккулёбии Роҳи бузурги абрешим асосан ба асри II пеш аз милод рост меояд. Чунин ном рамзӣ аст. Ин мафҳум роҳҳои гуногуни тиҷоратиеро, ки ҳанӯз дар замонҳои қадим ва асрҳои миёна аз мулкҳои ҷудогонаи Чину Ҳиндустон то мулкҳои Аврупои Ғарбию Африқои Шимолӣ тӯл кашида буд, ифода мекунад. Он роҳҳо аз кӯҳзорҳо, майдонҳои зироатӣ ва биёбонҳо гузашта, алоқаи байни мардуми машғули касбу кори гуногун: зироаткор, чорводор ва косибу ҳунармандони на танҳо як мулки муайян, балки мулкҳо – давлатҳои гуногунро ҷорӣ ва инкишоф медод.

Барои инкишофи алоқаҳои тиҷоратии байни Чину мамлакатҳои Осиёи Марказӣ сафари сайёҳони чинӣ Чжан Сзян ва Ган ин, инчунин сафари сайёҳи македонӣ Майк Татсианӣ, дар бисёр мамлакатҳои Осиёт Марказӣ, ки дар ҳамин асрҳо ба вуқӯъ омадааст, такони ҷиддӣ додааст.

Загрузка...

Бо сабаби он ки яке аз молҳои асосии тоҷирон – ин матоъҳои абрешими чинӣ, махсусан атлас, ё худ шоҳӣ буд, бинобар ин он роҳҳо минбаъд аз тарафи тадқиқотчиён номи «Роҳи бузурги абрешим»-ро гирифт. Воситаи асосии нақлиёт, ки ба воситаи онҳо молҳои тоҷирон ба нуқтаҳои нисбатан дур кашонида мешуд, шутурҳо ба ҳисоб мерафтанд. Дар баъзе самтҳо тоҷирон аз асп, фил, хар, қутос ва ғайра истифода мебурданд.

Роҳи бузурги абрешим ҳанӯз дар ҳамон давр натанҳо роҳхои гуногуни хушкигард, балки роҳҳои обиро низ дар бар мегирифт. Аз ҷумла яке аз роҳхои асосии обӣ ба воситаи уқёнуси Ором аз Ҳиндустон ба халиҷи Форс тӯл кашида буд.

Заминаҳои ташаккулёбии Роҳи бузурги абрешим. Роҳи бузурги абрешим албатта яку якбора ташаккул наёфтааст. Ба он алоқаҳои тиҷоратие, ки ҳанӯз пеш дар байни мамлакатҳо ва халқҳои гуногуни ҳамсоя вуҷуд дошт, асос шудаанд. Маҳз ҳамон гуна муносибатҳои тиҷоратии ҳамсоягӣ инкишоф ёфта, оҳиста – оҳиста ҳанӯз дар замони дунёи қадим халқҳои се қитъаҳои олам Осиё, Аврупо ва Африқоро бо ҳам пайвастааст. Масалан, оғози алоқаи тиҷоратии байни мулкҳои Осиёи Миёна бо Байнаннаҳрайн (мулкҳои дар маҷрои миёна ва поении дарёҳои Фурот ва Даҷла воқеъ бударо дар бар мегирифт), ба ҳазорсолаи сеюми пеш аз милод рост меояд. Маҳз дар ҳамин давр лаъли Бадахшон дар Байнаннаҳрайн аллакай шӯҳрат пайдо карда буд.

Дар ҳазорсолаи II пеш аз милод (эҳтимол дар замони болоравии давлати Бобулистон) роҳҳои тиҷоратӣ аллакай аз шаҳрҳои Байнаннаҳрайн, ба воситаи мулкҳои Эрон, Туркманистони ҷанубӣ то Фарғона расида буд. Роҳи дигар аз Фарғона ба воситаи дигар мулкҳои Қаротегину Олой ба сӯи Чин мегузашт.

Дар он давр молҳое, ки тоҷирон барои муомилот мекашонидаанд сангҳои қимматбаҳо (махсусан лаъли Бадахшон), устухони фил, ҷавоҳирот, асбобҳои оҳанӣ, ғалла, чорвои хурд ва ғайра буданд. Тахмин меравад, ки  дар он давра сангҳои қимматбаҳо (асосан лаъли Бадахшон), асбобҳои оҳанӣ, чорвои хурд дар тиҷорат ҳамчун эквиваленти мол хизмат мекарданд. Аз нимаи дуюми ҳазорсолаи якум сар карда (аз замони ҳукумронии Ҳахоманишиҳо) чун эквиваленти мол – пул – танга мақоми асосиро ишғол намуд.

Инкишофи роҳҳои тиҷоратӣ. Дар замони ташаккулёбӣ роҳи тиҷоратӣ   аз шаҳри Сиани Чин оғоз гардида, ба воситаи Ланчжоу ба Дун Хуан расида, аз он ҷо ба ду самт – шимолӣ ва ҷанубӣ тақсим мешуд. Роҳи самти шимолӣ, аз Турфон ва Помир гузашта, ба Фарғона ва Дашти казоқ мерасид. Роҳи самти ҷанубӣ аз шафати кӯли Лабнор, аз қисми чанубии биёбони Такламакон гузашта, ба воситаи Ёркент ва Помир ба Порт (Парфия ё худ давлати Аршакиён), Ҳиндустон ва то Шарқи Наздик тӯл мекашид.

Асри I милодӣ нуқтаи баландтарини инкишофи ин роҳҳо дар замони дунёи қадим ба ҳисоб меравад. Дар ин давр маҳз ба шарофати роҳҳои номбурда алоқаи тиҷоратии байни империяи Рим, давлати Парфия (Империяи Аршакиҳо), подшоҳии Кӯшон, давлати Чин (Империяи Ханҳо), ки давлатҳои бузургтарин ва аз ҷиҳати иқтисодию сиёсӣ, инчунин маданӣ тараққикардатарин давлатҳои ҳамон давраи дунёи қадим ба ҳисоб мерафтанд, инкишоф ёфт. Маҳз алоқаи тиҷоратии байни ин мамлакатҳо ҳанӯз дар ҳамон давр қитъаҳои Осиёю Аврупо ва Африқоро бо ҳам пайваст.

Маълумотҳои дастрасшуда боз аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳанӯз аз замонҳои қадим матоъҳоеро (махсусан шоҳии чиниро) дар Рим пайдо кардан мумкин буд, ки он молҳо асосан аз Чини шимолӣ – ғарбӣ, ба воситаи сарзамини Бохтар (водиҳои Олою Қаротегин, Ҳисору Вахш ва Афғонистон) ба сарзамини имрӯзаи Эрон мегузаштанд. Тоҷирони бохтарӣ бошанд, ба ғайр аз сарзамини Бохтару Суғд ва дигар мулкҳои атроф, ҳатто дар Искандарияи Миср низ бо тоҷирӣ машғул шудаанд. Тоҷирони  империяи Рими қадим бошанд, дар мулкҳои гуногуни Осиёи Марказӣ тиҷорат кардаанд. Яъне, барои тоҷирон ҳангоми оромии байни давлатҳо ягон хел маҳдудияти сарҳадӣ  вуҷуд надошт. Бинобар ин тоҷирон ҳар ҷое, ки моли барои харидор мақбул пайдо мекарданд, ё худ мавҷуд будани харидори зиёдро пай мебурданд, ба он нуқта сафар мекарданд. Дар натиҷаи ин ҳама Роҳи бузурги абрешим боз ҳам васеътар мегардид.

Барои равшантар гардидани аҳамияти Роҳи бузурги абрешим ба нуқтаҳо ё худ роҳҳои асосии тиҷоратии танҳо қисми шимолии мулкҳои Тахористон назар мекунем. Нуқтаи асосии тиҷорат дар ин мулк шаҳри Термиз ба ҳисоб мерафт. Он аз ҳар ҷиҳат мустаҳкам ва сераҳолӣ, махсусан дорои зиёди нуқтаҳои тиҷоратӣ буд. Дар шаҳр дӯконҳои тоҷирон аз ноҳияҳои гуногуни Мовароуннаҳр, Ҳиндустон ва Чин дида мешуд. Ба ғайр аз ин Термиз яке аз марказҳои дини буддоӣ ҳисоб мешуд ва ин сифат ҳам барои инкишофи корҳои тиҷоратӣ гӯё такон медод. Дар худи Термиз собун ва ширеши часпак (клей) истеҳсол карда мешуд ва ин  маҳсулотҳоро тоҷирони беруна бо рағбати  зиёд харид мекарданд.

Дар наздикии Термиз, аз шаҳри Чармингон роҳҳои тиҷоратӣ ба се самт тақсим мешуд. Яке ба воситаи дарёи Шеробод, маҳалҳои Кофиён, Босанд ва Дарбанд ба сӯи сарзамини Суғд мебурд. Роҳи дуюм, ба воситаи болооби дарёи Аму ба Қубодиён, роҳи сеюм, ба сӯи Ҳошимгард ва Сағониён мебурд. Дар Сағониён бозорҳои зиёде мавҷуд буд, ки дар онҳо ба миқдори хеле зиёд гӯшт, ғалла, заъфарон, намад, чакманҳои пашмин ва ғайра фурӯхта мешуд. Заъфарон ва дигар маҳсулотҳои номбурда инчунин дар тамоми шаҳрҳои Чағониён, Аҳорун, Шумон ва Вашгирд фурӯхта мешуд. Дар шаҳрҳои Зинур, Буроб, Рагдашт (Регар, ҳозира Турсунзода), Ҳамварон  (Шаҳринав)  қароргоҳи корвонҳои тоҷирон таваққуф ва истироҳат намуда, молҳои худро фурӯхта, маҳсулотҳои ба худ заруриро мехариданд. Аз Шумон роҳи тиҷоратӣ боз ба ду самт: яке бо соҳилҳои Кофарниҳон ба Қубодиён ва Вахш, дигаре ба сӯи Душанбе, Андигон ва ниҳоят то ба Вашгирд  мебурд.

Душанбе ҳамчун шаҳр дар замони мавҷудияти давлати Юнону Бохтар, дар қади роҳи тиҷоратӣ ба вуҷуд омадааст. Аз Вашгирд  роҳ ба ду самти мувофиқ тақсим мешуд: яке ба сӯи Хатлон , дигаре ба сӯи водии Олой ва Кашғар. Аз ҷумла роҳе, ки ба сӯи Хатлон мерафт, ба воситаи Пули Сангин, аз болои дарёи Вахш, ва шаҳрҳои Тамилот, Мунк, Ҳулбук, Андичароғ, Фархор, Ковбанич, баъд ба воситаи истгоҳи оби Орхон, ба сӯи Бадахшон мегузашт.

Маълум аст, ки роҳи тиҷоратии аксар  ноҳияҳои Бохтари қадим, аз ҷумла сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони  ҷанубӣ, бо шаҳрҳои қадимаи Суғд – Самарқанд ва Бухоро маҳз аз даштҳои беканори қисми чанубии Суғд, ки ҳавзаи Қашқадарё меноманд, мегузашт. Пас дар шароити беобӣ ин ҳавза роҳҳои тиҷоратӣ ба кадом ҳолат ташкил меёфт? Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дар чунин ҳолат низ роҳҳои тиҷоратӣ аксар аз соҳилҳои дарёҳо ва ҳавзаҳои обдор (сойҳо) мегузаштанд. Албатта ҳангоми интихоби ин ё он роҳ, мавсими сол, вазъи сиёсию ҷамъиятӣ, ҳолати хоҷагию иқтисодии ноҳия ва ғайраҳоро ба инобат гирифта, худи тоҷирон барояшон роҳеро интихоб менамуданд.

Барои ҳавзаи Қашқадарё роҳи аз ҳама қулайтаре, ки ин ҳавзаро бо водии Зарафшон мепайваст, ин роҳ аз Термиз, бо соҳили Сурхандарё ва шохаи он Тӯфлангсой, ба воситаи ағбаи Тошқӯрғон, ба соҳили Қизилдарё (Сурхоб), ки баробари ба водӣ баромадан номи дигар – дарёи Яккабоғро мегирад, мегузашт. Аз ҳамин ҷо, яъне баробари ба водӣ, ё худ қисми Яккабоғ баромадан роҳ ба самтҳои Ғарб ва Шарқ тӯл мекашид. Ба сӯи Шарқ, ба воситаи Кеш (Шаҳрисабз) ба Самарқанд, ё худ ба воситаи роҳи ғарбӣ, ба воситаи Насаф (Қаршии ҳозира) ба Бухоро ва Самарқанд рафтан мумкин буд.

Дар фасли тобистон, яъне ҳангоме, ки аз ағбаҳо беягон хавфу хатар гузаштан мумкин буд, роҳҳои бо соҳили дарёи Ғузор , Лангар, Танхез вуҷуд доштаро истифода мебурданд. Дар ин фасл гузаргоҳи Амударёро аз Зам – Каркӣ истифода бурда, баъд рост ба сӯи Насаф (Қаршӣ) ҳаракат мекарданд. Аз Насаф роҳи тобистонӣ ба се тараф тақсим мешуд: роҳи ғарбӣ – ба сӯи Бухоро, шимолӣ ба воситаи Ҷом ба Самарқанд ва роҳи шарқӣ ба Кеш (Шаҳрисабз) мебурд. Аз шаҳрҳои номбурда, роҳҳо боз ба нуқтаҳои мухталиф вуҷуд доштанд.

Бозёфтҳои бостоншиносон  нишон дод, ки барои бехатарии роҳҳои тиҷоратӣ, махсусан бехатарии худи тоҷирон ва молҳои онҳо, дар саргоҳ, ё худ саршавии ин ё он водӣ қалъаҳои махсус вуҷуд доштанд. Аз ҷумлаи чунин қалъаҳо, ё худ маҳалҳои мустаҳкамкардашуда, ба монанди: Ҳусейнтеппа хангоми баромадан аз соҳили дарёи Сурхоб, Бобуртеппа, ҳангоми баромадан аз дарёи Лангар ва ғайраҳо ба ҳисоб мерафтанд. Ҳеҷ ҷойи шубҳа нест, ки чунин шаҳрҳои номии ҳавза – Кеш ва Насаф дар роҳҳои қулайи тиҷоратӣ, яъне чорроҳаҳо ба вуҷуд омадаанд.

Албатта ҳангоми интихоби роҳ тоҷирон дар ин ҳавзаи нисбатан камоб ва камаҳолӣ, махсусан аҳмияти иқтисодии ин ноҳияҳоро ба назар мегирифтанд. Зеро, ҳанӯз аз ҳамон давр водии дарёи Лангар бо намаки хушсифат, Сурхоб, Танхоз, Оқсу ва ғайра бо маъданҳо, аз ҷумла сурма, симоб (махсусан аз соҳилҳои Оқсу), атрофи Қаршӣ ва Ғузор бо графит машҳур буданд.

Чуноне таъкид намудем, Роҳи бузурги абрешим дар давраҳои гуногун ташкил ёфта, инкишоф ёфтааст. Бинобар ҳамин ҳам ҳар як давлате, ки дар хатти ин самтҳо вуҷуд дошт, дар ташаккулу инкишофи он ҳиссаи худро гузоштааст. Ҷойи шубҳа нест, ки дар замони қадим, ташаккул ва инкишофи Роҳи бузурги абрешим ба давраи болоравии давлати Кушониён вобастагӣ дорад. Соли 99-и милодӣ дар шаҳри Рим шудани сафири кӯшонӣ далели он аст, ки сарварони ин давлат хоҳони инкишоф додани муносибатҳои дипломатию тиҷоратиро на танҳо бо давлатҳои ҳамсоя, балки бо мамлакатҳои хеле дур ҳам доштаанд. Дар давлатҳо ва шаҳрҳои ҷудогона, ки Роҳи бузурги абрешим аз онҳо мегузашт, нуқтаҳои иваз намудани асъор низ  вуҷуд доштанд. Аз ҷумла дар Рими қадим шахсони махсус дар нуқтаҳои сераҳолӣ, пеш аз ҳама бозорҳо курсӣ гузошта, бо чунин фаъолият машғул мешуданд. Курсӣ бо забони итолиёвӣ «банко» мебошад. Минбаъд ҳамон «курсӣ» то ба бонки имрӯза сабзида расид ва калимаи «бонк» аз тарафи тамоми халқҳои ҷаҳон қабул гардид.

Аҳамияти таърихии роҳ. Бояд ба инобат гирифта, ки Роҳи бузурги абрешим бегуфтугӯ барои инкишофи иқтисодиёти мамлакатҳои ба доираи худ гирифта, такони бузург медод. Мардуми мамлакатҳои гуногун ба воситаи тоҷирон на танҳо бо молҳои гуногун шинос мешуданд, балки бештар дар асоси он молҳо ба такмил додани молҳои худ, ё худ  дар асоси он истеҳсол намудани моли нав  мекӯшиданд.

Барои мисол ба истеҳсоли шиша аҳамият медиҳем. Маълум аст, ки дар замони қадим Миср, Рим, Ҳиндустон, Эрон ва дигар мулкҳо бо истеҳсоли шиша шӯҳрат  пайдо карда буданд. Албатта тоҷироне, ки аз мулкҳои зиёде мегузаштанд, дар қатори маҳсулотҳои гуногун, инчунин  шишаро низ барои фурӯш ба нуқтаҳои дигар мебурданд. Ин аз як тараф ба истеҳсолкунандагони шиша имконият медод, ки аз маҳсулотҳои якдигар шинос шаванд. Аз тарфи дигар, ҳар як истеҳсолкунандаи шиша бо чунин шиносшавӣ дар кӯшиши боз ҳам беҳтар намудани сифати маҳсулоти худ мешуд. Эҳтимол дар Бохтар истеҳсоли шиша нисбатан дертар оғоз гардидааст. Вале он сифатан, бо таркиби кимиёвии ба ин мулк хос, аз шишаи бисёр мулкҳои дигар ҷиддан фарқ мекардааст. Бостоншиносон аз мулкҳои ба давраи Аршакиён (Парфия), Бохтари қадим ва Хоразми қадим хокпораи шишаҳоро пайдо намудаанд, ки торкиби кимиёвиашон ба шишаҳои истеҳсоли Рими қадим хеле наздик аст. Инчунин аз ҳудуди Бохтари қадим пораҳои шишаҳоро низ пайдо намудаанд, ки онҳо ба шишаҳои Ҳиндустони қадим низ наздикӣ доранд. Дар навбати худ аз ҳудуди Ҳиндустон бошад шишаҳоеро пайдо намудаанд, ки онҳо ба шишаи истеҳсоли Осиёи Миёнаги хеле шабоҳат доранд.

Ё худ дар замони Аршакиён (Парфия) аз ҳудуди 19-сатрапиҳои он Роҳи бузурги абрешим мегузоштааст. Миқдори шаҳрҳои хурду калони он қариб ба 100-адад мерасидааст. Он ҳама барои инкишофи ҳунармандӣ ва тиҷорат хеле қулай буд. Дар асри V – и милодӣ кирмакпарварӣ аз Чин то Марв расид ва дар нимаи дуюми  асри VI то ба Византия паҳн гардид. Барои паҳн шудани кирмакпарварӣ дар мулкҳои нав Осиёи Миёна роли миёнаравиро бозидааст. Шаҳрҳои Марв, Самарқанд, Гургон ба марказҳои нави кирмакпарварӣ табдил ёфта буданд.

Ҳукуматдорон ҳама вақт тоҷирони худро дастгирӣ менамуданд. Ҷойи шубҳа нест, ки тоҷирон низ дар сиёсати дохилӣ ва беруна аксари давлатҳои дар Роҳи бузурги абрешим ҷой гирифта, нуфузи зиёд доштанд. Зеро, ҳукуматдорон низ ба хубӣ медонистанд, ки обрӯ ва эътибори эшон на танҳо дар байни мамлакатҳои ҳамсоя, балки дар дохили мулкашон ҳам бештар аз мавқеъи тоҷиронаш вобастагӣ дорад. Бинобар ҳамин ҳам онҳо барои тоҷиронашон шароити мусоидро муҳайё менамуданд.

Ҳангоми инкишофи муносибатҳои тиҷоратии тарафайн, баъзан тарафҳо кӯшиш мекарданд, ки барои боз ҳам инкишофёбии он норасоиҳои мавҷударо, агар чанде онҳо ҷузъӣ бошанд ҳам, зудтар бартараф намоянд. Масалан, ҳукумати Сензян (Чин) дар асрҳои VI-YIII  мелодӣ кӯшидааст, ки тангаҳоро ба ду забон: чинӣ ва суғдӣ барорад. Хукумати Суғд бошад, шакли тангаҳоро худро ба тангҳаҳои чинӣ монанд, яъне доирашакли дар марказаш шикофии чоркунҷадор сикка зананд.

Чунин факт аз он далолат медиҳад, ки ҳукуматдорони ҳар ду тараф ҳам барои инкишофи тиҷорати тарафайн ҳавасманд будаанд. Бинобар ҳамин ҳам онҳо барои ба ҳар ду тараф қулай ва фаҳмо гардонидани воситаи асосии муомилот-пул-тангаҳои худ тағйиротҳои ҷиддӣ дохил намудаанд.