Режимҳои ғайридемократӣ

Тоталитаризм. Мафҳуми «тоталитаризм» (лот. totalis — пурра, мукаммал ва ҳамарофарогиранда) солҳои 20-уми асри ХХ бори аввал аз ҷониби Бенито Мусолини мавриди истифода қарор мегирад. Пайдоиши мафҳуми мазкур бо пайдоиши фашизм алоқаманд буда, назарияпардозони фашизм онро «консепсияи ҳамарофарогирандаи ҳаёт» номида буданд. Бинобар ин, дар аввал мафҳуми тоталитаризм танҳо дар муносибат бо фашизм ва ҳамчун муродифи он истифода бурда мешуд. Аммо баъди солҳои 30-юми асри ХХ мафҳуми мазкур дар муносибат бо сохтори сиёсие, ки дар замони ҳукмронии Сталин ташаккул меёбад, истифода бурда мешавад.

Дар шароити режими тоталитарӣ ҳокимияти сиёсӣ дар монополияи як гурӯҳ одамон, асосан як ҳизби сиёсӣ, қарор гирифта, ҳама намуд озодиҳои сиёсӣ аз байн бурда мешаванд ва барои фаъолияти оппозитисияи сиёсӣ ҳеҷ имконият дода намешавад. Тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ тобеи манфиатҳои давлатӣ гардонида шуда, ҳокимият ба воситаи маҷбурнамоӣ, террор ва назорати қатъӣ мавҷудияти худро нигоҳ медорад.

Ҳокимият тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро назорат менамояд. Аз ҷумла иқтисодиёт, фарҳанг, дин, ҳаёти шахсии шаҳрвандон, афкори ҷамъиятӣ, рафтори одамон ва монанди инҳо. Ташаккули ҳокимият ба таври бюрократӣ ба роҳ монда шуда, он барои ҷомеа дастнорас мебошад. Назорати ҳокимият аз тарафи ҷомеа номумкин аст. Ҷомеа аз ҳокимият пурра маҳрум гардонида шудааст, ки инро истисмори сиёсӣ меноманд. Аммо чунин истисмор аз ҷониби шаҳрвандон дарк намегардад. Ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҳуқуқ, ахлоқ, илм, иқтисод, фарҳанг, иҷтимоиёт ва ғ. тобеи идеология гардонида шудаанд. Ба ғайр аз идеологияи расмӣ идеологияи дигар вуҷуд дошта наметавонад. Идеология аз ҷониби ҳизби ягона ташаккул дода мешавад ва онро бояд ҳама эътироф намоянд. Ҳар шакку шубҳае, ки нисбат ба идеология зоҳир мегардад, зуд аз байн бурда мешавад. Дастрасӣ ба иттилоот хеле маҳдуд мебошад. Зеро дар ҷомеа шакли олии сензура ҷорӣ мегардад. Ҷомеаи тоталитарӣ ҷомеаи пӯшида мебошад. Ҳеҷ гуна алоқа бо ҷомеаҳои дигар бояд вуҷуд надошта бошад. Зеро ҷомеаи тоталитарӣ дар байни ҷомеаҳои дигари ҷаҳон беҳтарин ва дурусттарин муаррифӣ мегардад.

Дар шароити режими тоталитарӣ «одамони типи нав» ба вуҷуд оварда мешаванд. Рафтори сиёсӣ ва шуури сиёсии ин гуна одамон дар зери таъсири идеологияи ягона тобеи манфиатҳои давлатӣ гардонида мешавад.

Дар ҷомеаи тоталитарӣ ҳизби ягона мавҷуд буда, мавҷудияти ҳизбҳои дигар инкор карда мешавад. Ҳокимияти ҳизбӣ ба шохаи мустақили ҳокимият табдил ёфта, қарорҳои муҳимми сиёсиро қабул менамояд ва мақомоти давлатӣ онҳоро иҷро менамоянд. Дар шароити режими тоталитарӣ ба ғайр аз иҷроиши амру супоришҳо, дигар ҳеҷ чиз иҷозат дода намешавад. Пояҳои асосии тоталитаризм инҳо мебошанд: назорат аз болои манбаъҳо, дастгоҳи пуриқтидори ҷазодиҳӣ, тарғиботу ташвиқоти идеологӣ.

Авторитаризм. Режими авторитарӣ ифодагари ҳокимияти як шахс буда, дар ин гуна режим идоранамоӣ бо методҳои диктаторӣ амалӣ карда мешавад. Авторитаризм бо тоталитаризм хеле наздик аст. Зеро онҳо ғайридемократӣ мебошанд. Аммо байни онҳо баъзе хусусиятҳои фарқкунанда низ мавҷуданд. Дар режимҳои авторитарӣ гузаронидани интихобот хеле маҳдуд гардонида мешавад ва баъзан иҷозат дода намешавад. Ваколатҳои сиёсии мақомоти иҷроияи ҳокимият дар муносибат бо мақомоти қонунгузор чанд маротиба боло бурда мешавад. Яъне, фаъолияти мақомоти намояндагӣ хеле маҳдуд карда шуда, баъзан иҷзоат дода намешавад. Фаъолияти он ташкилотҳои ҷамъиятие иҷозат дода мешавад, ки агар онҳо хусусияти оппозитсионӣ надошта бошанд. Фаъолияти ҳизбҳои сиёсии оппозитсионӣ ё маҳдуд карда мешавад ва ё иҷозат дода намешавад. Дар шароити режими авторитарӣ «ҳама чиз иҷозат дода мешавад, ғайр аз сиёсат». Назорат ва маҷбурнамоӣ мавҷуд аст, аммо тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро фаро намегирад. Дастгоҳи ҷазодиҳӣ танҳо дар муносибат бо он нафарон ва ё ташкилотҳое амалӣ мегардад, ки онҳо бар зидди режими мазкур баромад менамоянд. Режими авторитарӣ ба неруҳои ҳарбӣ такя намуда, ҳама гуна беитоатиро барҳам мезанад. Ба монанди тоталитаризм дар режими авторитарӣ одамон аз ҳокимият маҳрум гардонида шудаанд. Аммо дар шароити режими авторитарӣ одамон истисмор гардидани худро дарк менамоянд. Режими авторитарӣ одатан режими яккаҳокимиятӣ мебошад. Аммо шаклҳои гурӯҳии он чун хунтаҳои ҳарбӣ низ мавҷуд аст. Ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ хеле маҳдуд гардонида шудаанд. Шаклҳои дигари ҳуқуқ ва озодиҳо на танҳо кафолат дода мешаванд, балки дар амал татбиқ гардидани онҳо низ имконпазир аст. Нақши идеологияи расмӣ дар ҷомеа хеле барҷаста мебошад, зеро он унсури асосии сиёсат дониста мешавад. Арзишҳои дигар идеологияҳо низ метавонанд арзи ҳастӣ намоянд. Зеро барои режими авторитарӣ ҷаҳонбинии мардум он қадар аҳамиятнок набуда, нигоҳ доштани ҳокимият муҳимтар аст. Бинобар ин, ҳар андешае, ки барои сарнагун кардани ҳокимият равона мегардад, зуд нобуд карда мешавад.

Ҳокимият рафтори сиёсии шаҳрвандонро зери назорати қатъӣ қарор дода, ба соҳаҳои дигар он қадар аҳамият намедиҳад. Баъзан соҳаҳои иқтисод, дин, фарҳанг ва ҳаёти шахсии шаҳрвандон қисман аз тарафи ҳокимият зери назорат қарор дода мешавад. Режимҳои авторитарӣ тадриҷан ба режимҳои демократӣ табдил меёбанд.


Калидвожаҳо: Режимхои гайридемократи, Режими гайридемократи, режими идоракунии гайридемократи.

Шарҳ баста аст.