Реформатсия, зуҳури протестантизм ва равияҳои он

Дар соли 1517 дар шаҳри Виттенберги Германия профессори илоҳиёти Университети он Мартин Лютер (1483-1540) пешниҳод кард, ки маҷлис ороста, дар он масъалаи индулгенсияҳо муҳокима карда шавад.

Дар ибтидо маънои индулгенсия – бахшидани гуноҳҳои гунаҳкори тавбакарда ва озод кардани он аз ҷазо ба воситаи папаи Рим буд. Вале чун папаи Рим Леви X барои сохтмони Маъбади Пётри Муқаддас дар Рим ба маблағҳои калон эҳтиёҷ дошт, ӯ вакилони худро ба тамоми кишварҳои аврупоӣ барои фурӯхтани индулгенсияҳо фиристод. Бо амри ӯ дар кишварҳои мазкур индулгенсияҳоро ҳамчун мол мефурӯхтагӣ шуданд. Касе, ки аз гуноҳ пок шудан мехост индулгенсияро, ки дар шакли справка буд, мехарид. Индулгенсияҳоро пулдорон барои худ ва хешу таборашон мехариданд. Он ҳатто номи «тиҷорати муқаддас»-ро гирифт. Мегуфтанд, ки папа метавонад дари дӯзахро баста дари ҷаннатро кушояд.

Дар 31 октябри соли 1517 Лютер ба муқобили ин амалияи номатлуб 95 тезис навишта, онҳоро дар дарвозаи калисои шаҳри Виттенберг мехкӯб кард. Ӯ амалияи индулгенсиядиҳиро маҳкум карда хоҳишмандонро ба мубоҳиса даъват намуд. Зеро, ба ақидаи ӯ касе, ки индулгенсия харад, дигар на парвои худо дораду на парвои Христос. Тарафдорони ӯ рӯз то рӯз зиёд мегардиданд. Ӯ Библияро бо дӯстонаш ба немисӣ тарҷума карда, маънои онро ба мардум мерасонид.  Зеро Библия бо забони лотинӣ буда, мардум мазмуни онро намедонист. Ин ва ҳаракатҳои дигари ба ин монанд дар он замон номи реформатсия ва протестантизмро гирифтанд.

Калисои католикӣ ба муқобили ҳаракати мазкур баромад. Император Карли V барои роҳ надодан ба ҷудоӣ қарор кард, ки ҷонибдорони Лютерро нест намояд. Дар ҷавоб 6 нафар княз – волиҳои Германия ва 14 шаҳри он ба муқобили ӯ «протест» (эътироз) баён карданд. Ана ҳамин тавр, мафҳуми «протестантизм» ва ҷонибдорони ин ҳаракат пайдо гардиданд. Ҳаракати протестантӣ кӯшише буд барои баргаштан ба суннатҳои аввалии масеҳият. Асоси реформатсияро инкори он навигариҳое, ки дар асрҳои миёна ба масеҳият дохил намуда буданд, ташкил медиҳад. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки таълимоти Библияро зинда гардонанд. Ба ақидаи протестантҳо дар калисо бояд ҳамчун каломи худо Библия ҳукмрон бошад. Худо бо одамон ба воситаи Библия сухан мегӯяд. Принсипи муҳимтарини протестантҳо, ки аз католитсизм фарқ мекунад ин «хамду сано гуфтан фақат ба Худо» мебошад, на ба папа. Ба ақидаи онҳо, рӯҳониён аз мардуми одӣ фарқе надоранд. Худованд ҳамаро як хел даъват менамояд. Протестантҳо ҳокимияти папа, индулгенсияҳо, миёнаравии Мария, шафоати авлиёҳоро қабул надоранд.

Қариб ҳамзамон бо Лютер дар соли 1523 роҳиб Цвингли дар шаҳри Цюрихи Швейтсария бо 67 тезис бар зидди таълимоти католитсизм баромада низоми нави диниро пешниҳод кард, ки ақидаҳои ӯ нисбат ба ақидаҳои Лютер радикалитар буданд. Шаҳрдории Цюрих барномаи ислоҳотии Цвинглиро қабул кард. Акнун калисои Цюрих на тобеи папаи Рим, балки тобеи магистрати шаҳр  гардид. Дайру монастирҳо бекор карда шуда, амволу заминҳои онҳо дар корҳои хайрия сарф карда шуданд, калисоҳо аз ҷасадҳои шахсиятҳои муқаддас, меҳробҳо, зангӯлаҳо, иконаҳо, расмҳо тоза карда шуданд. Ба ҷои онҳо дар калисоҳо гуфтани мавъизаҳо, сурудхонӣ аз рӯи псалмаҳо, намозхонӣ ҷорӣ карда шуданд. Цвингли дар соли 1531 дар ҷанг бо католикҳо кушта шуд.

Кори Цвинглиро дар Женева ҳуқуқшинос ва роҳиби  франсуз Жан Калвин давом дод. Аз соли 1541 то соли 1564 Калвин дар Женева калисои типи навро созмон дод, ки низоми сахти парҳезкорона дошт. Аз тамоми хушиҳои зиндагӣ-фақат ҳаёти оилавӣ иҷозат дода шуда буд. Дар назди ҷамъият суруд хондан, рақс кардан, зиёд хӯрдан, нӯшидан, костюмҳои ранги сафеддошта пӯшидан ва ғайра манъ буд. Агар касе ба калисо намерафт ё ҳақиқатҳои дини масеҳиро на ба монанди Калвин маънидод мекард, дар оташ кушта мешуд. Баъд аз  марги Калвин низоми пешниҳодкардаи ӯ мӯътадилу мулоимтар карда шуд ва он номи калвинизмро гирифт. Калвиниҳо аз фарзҳо фақат крещение (ғусли таъмид)-ро эътироф мекарданду, причащениеро не.

Агар дар Германияву Швейтсария аксари мардум аз католитсизм рӯ ба протестантизм оварда бошад, дар Англия вазъият дигар хел буд. Шоҳи Англия Генрихи VIII католицизро ҳимоя мекард. Ӯ дар соли 1521 китоберо дар муқобили ақидаҳои лютеранӣ ба табъ расонид ва барои ин кораш аз ҷониби папа бо тӯҳфаи олӣ-садбарги тиллоӣ ва дараҷаи  фахрии «Ҳомии дин» сарфароз гардонида шуд. Аммо ин ҳолат дер давом  накард. Дар соли 1571 парламенти Англия зери роҳбарии Малика Елизавета  «39 моддаро» дар хусуси тарзи нави диндорӣ қабул кард, ки мазмуни  онҳо ба калвинизм  наздик буданд. Тибқи он калисо ва роҳибон дар тобеияти давлат қарор дода шуданд.

Ҳамин тавр, ҳаракати реформатсия як қатор калисоҳои протестантӣ созмон дода, аз католитсизми римӣ ҷудо шуд. Муҳимтарини онҳо – лютерианӣ дар Германияю Скандинавия, калвинизм – дар Швейтсария ва Нидерландия, пресвитерианӣ – дар Шотландия, англиканӣ – дар Англия мебошанд. Ҷиҳати асосии ҳамаи калисоҳои зикршуда эътироф намудани фақат Библия дар ҳамаи корҳои динӣ ҳамчун сарчашмаи мӯътабартарини динӣ мебошад.

Протестантҳо аз ҷумлаи 7 фарз фақат дутояшро – ғусли таъмид ва хӯронидани нону шароби табаррукиро эътироф менамоянд.

Шарҳ баста аст.