Равобити мутақобилаи идеология бо фалсафа ва илм

0
17

Ҳар гуна  идеологияи аз ҷиҳати  фикр ғанӣ ба мафҳумҳои муайяни фалсафӣ такя мекунад. Агар ҳеҷ фалсафаи муносиб мавҷуд набошад, эҷодкорони идеология аксаран онро худашон ба вуҷуд меоваранд. Ҳамин тариқ, идеологияи Маорифпарварии франсавӣ, ки таҳкурсии фалсафавии онро Волтер, Монтеске, Руссо, Дидро Гелвейтсий гузоштаанд, ба вуҷуд омадааст. Дар ташаккули асосҳои идеологияи маорифпарварии олмонӣ файласуфон Лессинг, Гердер, Гёте, Шиллер ва дигарон нақши бузург бозидаанд. Асоси фалсафии идеологияи марксистиро материализми диалектикӣ ва таърихии  К.Маркс ва Ф. Энгельс эҷод карданд, ки дар оянда дар асарҳои Каутский, Плеханов, Ленин, Грамши, Лукач ва дигар файласуфон инкишофи худро  ёфт.

Равобити печдарпечи фалсафа ва идеология як қонунияти комилан табиӣ  аст. Фалсафа хамчун яке аз шаклҳои фаъолияти маънавӣ бо ҳадафи тадвину роҳи ҳалли масоили фалсафӣ ба самти масъалагузорӣ ва ҳалли мушкилиҳои ҷаҳонбинӣ, ки бо коркарди назари куллӣ дар бораи оламу мавқеи инсон дар он алоқаманд аст, равона мешавад. Агар дар маркази диққати фалсафа – зоҳир кардани  имконияту вазифаҳои  кулли инсон ва сарнавишти ӯ бошад, идеология  натанҳо бо шахс, балки бо шахси конкретие, ки дар макон ва замони муайян фаъолият мебарад, машғул аст. Дарки «воридшавии» инсонро бар ҷаҳон ва системаи арзишҳои маънавие, ки барномаи фардию иҷтимоии фаъолияти  одамонро муайян мекунанд, таъмин намуда, фалсафа беихтиёр идеологияро бо абзору олате мусаллаҳ менамояд, ки  бар вай дар ҳалли мушкилоти нисбат ба  шароитҳои зиндагӣ ва ҷомеаҳои  мардумӣ: гурӯҳҳои иҷтимоӣ, умумиятҳои этникӣ, халқ ва ҷамъият кӯмак мерасонад. Фалсафа ба идеология барои худдорӣ  намудан аз аутизм, канораҷӯии шахс ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ баҳри манфиатҳои шахсӣ, ки бегуфтугӯ аҳамияти муҳим доранд,  ёрӣ мерасонад.

Загрузка...

Иделогия бо ҳамаи илмҳо, на танҳо бо илмҳои ҷамъиятӣ, балки бо илмҳои табиӣ низ алоқаи зич дорад. Илм бо роҳи пешниҳоди манзараи нави олам, усулҳои нави идрок, тафаккур, забони нав барои тасвири воқеаҳо, ҷараёнҳо, қонуниятҳои табиату ҷамъият ба ташкили асосҳои идеология таъсири амалӣ  мерасонад. Бо ин восита илм бо идеология робита ин пайдо мекунад. Маълум аст, ки ҳар идеология дар ҷомеа майли асоснок ва пойдор намудани сохти ҷамъиятеро, ки ихтиёр кардааст дорад. Ба ин мақсад он илмро истифода мебарад. Илм барои ҳамаи идеологияҳо чун заминаи олии машруъиятбахшӣ хидмат мекунад. Ин вазифаи илм, хусусан дар асрҳои XIX-XX замоне, ки эътиқод ба қудрати илм афзуд, аҳамияти  бузург пайдо мекунад.

Ҳангоме, ки оид ба баҳамтаъсиррасонии илм ва идеология сухан меравад, пеш аз ҳама таъсири  манфии идеологияро ба фаъолияти олимон мушоҳида мекунем.  Дар таърихи илм ва китобҳои дарсӣ чунин мисолҳо хеле зиёданд. Зиндагонии Ҷ.Бруно ва Г.Галилей, таъқибҳое, ки  дар солҳои 40-50-уми  асри гузашта дар СССР  рух додаанд, дар қатори онҳо илмҳои ҷадид  — генетика, кибернетика назарияи нисбият ва ғайраҳо мисоли равшани ин робитаҳо мебошанд. Вале ин танҳо як ҷабҳаи  баҳамтаъсиррасонии илм ва идеология мебошад. Агар ба ҳастии маънавии  чорсадсолаи охир бо диққат назар кунем, мебинем, ки  алоқаи идеология бо илм ҳамеша дутарафа буд: омилҳои идеологӣ бевосита ба назарияҳои илмӣ таъсир мерасониданд, дастовардҳои илмӣ, назарияҳои илмӣ ба идеология тағйиротҳои куллӣ  меоваранд. Масалан, таълимоти Ч. Дарвин оид ба пайдоиш ва эволютсияи намудҳо нишонаҳои таъсири асарҳои илмии  Т.Малтусро доштанд ва он пеш аз ҳама идеяи  ӯ оид ба  мубориза барои ҳаёт буд, ки дар он шахсони пурқувват зинда мемонданд ва фардҳои камкувват оқибат нест мешуданд. Мисоли дигар, системаи Нютон аст. Аз рӯи як қатор тадқиқотҳо ба пайдоиши он санадҳо консепсияи либералии озодӣ ва ҳуқуқи инсон, усули ҷудо намудани ҳокимият, идеяи озодии соҳибкорон ва рақобат  мусоидат намудааст. Бо вуҷуди равобити зичу устувори байниҳамдигарӣ идеология ва илм ба ҳам якҷоя намешаванд.

Тафовути асосии илм аз идеология одатан дар он аст, ки илм пурра нисбати арзишҳо ва ормонҳо бетараф аст, аз афзалиятҳои идеологӣ ва сиесӣ озод аст. Он ба инсон дониш медиҳад, аммо шеваи  зистан ва  рафтор, ба сӯи кадом ормонҳо майл кардан, ё кадом арзишро интихоб намудан илм ҳеҷ намеомӯзонад. Мавқеи илм дар ҳаёти ҷомеа хеле бузург аст, натиҷаҳои иҷтимоӣ- сиёсӣ ва дастовардҳои он ба андозае назаррас ва муҳиманд, ки илм бо идеология ва сиёсат боз ҳам наздиктар гашта, равобити байни онҳо печидатар мешаванд. Сухан пеш аз ҳама дар бораи мубоҳисаҳо дар атрофи оқибатҳои иҷтимоии пешрафти илмӣ — техникӣ меравад. Таърихан, онҳо дар муҳити илмӣ ҳамчун аксуламали ҷомеаи илмӣ  бар зидди  ба вуҷуд овардани яроқи ядроӣ  ба вуқӯъ омаданд. Аз он давра ин мубоҳисаҳо паст нашудаанд, зеро пешрафти илму техника дар баробари  имкониятҳои дурнамои тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ инчунин хатар ва  таҳдидҳои нави ҷиддӣ- масъалаҳое, ки бо тараққиёти энергетикаи ядроӣ, саноати атомӣ, генетикӣ биотехнологӣ,  таъсири фаъолияти технологии инсон ба муҳити атрофро дар бар мегиранд, ба вуҷуд меоранд. Дигар масъалаҳои номбаршуда имрӯзҳо на танҳо дар байни олимон, балки  миёни сиёсатмадорон, ҳукуматдорон умуман ҷамъият низ мавриди муҳокима қарор дорад. Усулҳои истифодаи кашфиётҳои илмӣ, ки дар асоси технологияи онҳо ташкил карда шудаанд, муносибатҳое, ки барои ҳалли мушкилиҳои барои онҳо алоқаманд — ин масъалаҳоеанд, ки  бештар   аз идеология, ки  дар ин ё он  давлат ё  гуруҳи  кишварҳо, умуман, дар ҷомеаи ҷаҳонии ҳоло афзалият пайдо кардааст, чун яке аз системаҳои ҳукмфармои иҷтимоӣ, маънавӣ, сиёсии арзишҳо муайян карда мешавад. Бо вуҷуди ин  усулҳои илмии омӯзиш, тафаккур, далеловарӣ, асосноккунӣ  ва дигар дар он соҳаҳое ки бо ҷанбаҳои арзишии ҳастии башар сарукор доранд, коршоям нестанд. Н.А Бердяев оид ба он чунин қайд кардааст:  «ҳеҷ кас ба арзиши илм ҷиддан шубҳае надорад… Вале ба лозим будани илмият дар арзиш шубҳа кардан мумкин аст. Илмият бар эътиқоди он ки илм яке аз  ин меъёрҳои  олии ҳаёти  рӯҳ аст ва ба тартиботе,  ки он муқаррар кардааст бояд ҳама мутеъ гарданд, асос меёбад. Аммо илмият ин ҳанӯз илм нест ва он аз илм  сар назадааст. Ҳеҷ илм бар ҷанбаҳои барои илми вай  бегона дастури илмият намедиҳад.» Бердяев мӯътақиди он буд, ки арзиш илмият надорад, аз ҷиҳати илмӣ арзишро натанҳо тадқиқ карда намешавад, балки  онро дарк намудан низ мушкил аст.

Ба дараҷаи мутлақ  бардоштани илм, илмият барои ҳама зарур аст гуфта эълом доштан  хато аст, зеро  ҳама оқибатҳояш барои башарият хатарнок ва ноаён  аст, масалан, арзишҳои маънавӣ, иҷтимоӣ, гуманистиро , ки ба онҳо тамоми башарият такя мекунанд, дар чаҳор чӯбаи самараноки илмият асоснок кардан  ғайри имкон аст. Барои тарафдорони худкофигӣ ва мутлақияти илм чунин ношуданӣ  нишондоди  шакку шубҳа ва воҷибияти арзишҳою ормонҳост. Хоҳиши онҳоро иваз намудан бо идеяхо, усулҳо, муқаррарот ба тарзу услуби таффакури  технократӣ хос аст. Пас, савол ба миён меояд: Агар ҷамъият аз мафҳумҳои «ғайри илмӣ» ба монанди: некӣ, адолат,меҳрубонӣ, раҳмдилӣ, шафқат,ёрии байниамдигарӣ озод шавад, ба чӣ табдил меёбад? Агар  аз усулҳо, меъёрҳо, мавқеъ, ки ба қайдгирандаҳои озодии инсон, халқҳо мебошанд, ки ба исботу санҷиши илмӣ тобеънашаванданд, «тоза карда шаванд»  ҳосилаш чӣ гуна хоҳад шуд? Ҷавоб ҳувайдост: он ба ваҳшоният меафтаду  ба давраҳои барбарӣ, ҷангҳои ҳама зидди ҳама бармегашт. Аз рӯи адолат гуфтан лозим аст, ки дар даҳсолаи охир мутлақияти илмият тарафдори ниҳоят кам дорад.

Хусусиятҳои муҳими шаклҳои идеологии фаъолияти маънавии омӯхташуда, якчанд  хусусиятҳои идеологиро ошкор намуданд: Чи тавре ки дидем, идеологияҳо маълумотҳои илмиро бо ҳисоб мегиранд, вале усулҳои онҳоро ҳангоми асоснок намудан  истифода намебаранд, онҳо дар мадди аввал, далелҳо ва амалӣ намудани манфиатҳои муайяни умумиятҳои иҷтиморо ба назар мегиранд. Аз ин ҷо мафҳуми барои идеологҳо хоси тасаввуроти пуч –иллюзорӣ, яъне тасавуроти реалии воқеаият  на он тавре ки дар асл мавҷуд аст, балки он  тавре ки онҳо ба  идеологҳо вонамуд мешаванд,- хаёлӣ, ба вуҷуд овардани чунин манзараи оянда хеле ҷолиб  аст, вале аз ҷиҳати амалан бар он ҳолат  расидан асоснок карда нашудааст ва тавассути  тафаккури мантиқӣ ба он расида наметавонанд. Аз ҳамин сабаб К. Маркс дар идеология  шакли қалбакии шуури ҷамъиятиро медид, идеологияи худаш офаридаро ба қатори идеология  намедаровард, ҳол он ки идеология офаридаи вай идеологияи  тому бонуфузтарини ҷаҳон ба ҳисоб мерафт.

Бешубҳа, афзалияти хусусиятхои овардашуда дар идеологияҳои гуногун якхел нест. Масалан, дар марксисзми классикӣ ирратсионализм ба он андозае вуҷуд надошт, ки инчунин дар хомхаёлӣ/утопизм/ (таълимот дар бораи коммунизм) нақши муҳим мебозид. Дар технологияи индустриалӣ ва постиндустриалии асри ХХ дар тасвир ва ҳақиқати реалӣ тамоюлҳои паст шудани танқид ва таваққуфи дурнамои  индустриалӣ қайд карда шуд.

Нисбат ба илм идеологияҳо, одатан, консервативӣ, инертӣ догматикианд. Барпокунандагону тарафдорони идеологияҳо одатан ба  зарурияти дохил намудани тағйиротҳои ҳатмиеро, ки дар ҷаҳон ба амал бароварда мешавнд, баъзан бе майлу рағбат муносибат мекунанд. Онҳо  садоқатмандиро нисбат ба «принсипҳои устуворона»-е, ки дар асоси идеология гузошта шудааст, мекушанд ҳифз намоянд. Онро омили муҳимтарин ва қувваи бузурги сафарбаркунандаи идеология мешуморанд. Бинобар ин  воқеаҳо аз ҷониби иделогҳо  дида баромада шуда, ҷудо карда шуда баҳо дода мешаванд,  ҳамчун тасдиқкунанда  ва дастгирикунанда барои  устувории  идеология. Он чизе ки ба он мувофиқ намеояд  ба эътибор гирифта намешаванд ё «чи тавре ки  лозим аст» эзоҳ дода мешавад. Аз ҳақиқат дур будани муқаррароти асосии идеология, базаи эмпирикии  шусташудаи он, суст истифода шудани усулҳои илмӣ ба  он оварда мерасонад, ки ба ифодаи файласуфи амрикоӣ У.Ҷеймс «ирода бар эътиқод» дар он давра,  аҳамияти бузург пайдо мекунад.


Равобити мутакобилаи  идеология бо фалсафа ва илм