Раванди қабули қарори сиёсӣ ва иҷроиши он

Қабули қарорҳои сиёсӣ ҳамчун марҳилаи алоҳидаи раванди сиёсӣ аз як қатор амалҳои пай дар пай иҷрошаванда иборат мебошад, ки ҳамаи онҳо дар якҷоягӣ механизми қабули қарор ва иҷроиши онро дар бар мегиранд. Онҳоро бо тартиби зерин нишон додан мумкин аст:

1.Таҳлили вазъият. Дар ин марҳилаи қабули қарор талаботҳои қонеънашудаи ҷомеа ва мушкилоту масъалаҳои ҷамъиятие, ки ҳалталаб мебошанд, муайян карда мешаванд. Дар чунин шароит ҷамъоварии иттилооти зарурӣ барои қабули қарор шароити муосид фароҳам меоварад. Дар ин марҳила таҳлили вазъияти баамаломада пурра анҷом дода мешавад ва моҳияти он бо назардошти мушкилоти ҷамъиятӣ муайян мегардад.

2.Ба вуҷуд овардани лоиҳаи қарор. Дар ин марҳила муайян намудани паҳлуҳои гуногуни масъала, баҳогузорӣ намудан ба он ва дар ниҳояти кор, дар шакли ҳуҷҷати меъёрию ҳуқуқӣ (қонун, фармон ва ғ.) ташаккул додани қарори сиёсӣ анҷом дода мешавад. Одатан, чунин раванд дар мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ дар шакли муҳокимаи озод ё дар шакли овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад. Баъзан лоиҳаи қарор ба муҳокимаи умумихалқӣ низ пешниҳод карда мешавад (масалан, раъйпурсии умумихалқӣ, пурсиши афкори ҷамъиятӣ ва монанди инҳо).

3.Қабули қарор. Дар амалияи сиёсии мақомоти ҳокимияти давлатӣ (ҳукумат, парлумон) одатан қарорҳои сиёсӣ бо роҳи овоздиҳӣ ва дар асоси меъёри аксарияти мутлақ қабул карда мешавад. Дар шароите, ки лоиҳаи қарор ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шуда бошад, мақомоти намояндагӣ танҳо натиҷаи онро тасдиқ менамояд. Баъзан ҳолатҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки мақомоти намояндагӣ натиҷаи муҳокимаи лоиҳаи қарорро тасдиқ намесозанд. Дар чунин ҳолат чорабинии мазкур бояд такроран баргузор карда шавад.

4.Дар амал татбиқ намудани қарор. Бояд тазаккур дод, ки барои ин марҳилаи раванди сиёсӣ эътирофи қарори қабулшуда аз ҷониби аъзоёни ҷомеа хеле муҳим мебошад. Зеро дар ҳолати баръакс қарори қабулшуда ба мавзӯи баҳсноки доираҳои гуногун табдил ёфта, ҳеҷ гоҳ барои ҳалли масъалаҳо мусоидат карда наметавонад. Барои он ки қарори сиёсии қабулшуда ба таври самаранок дар амал татбиқ гардад, бояд шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шаванд. Пеш аз ҳама, роҳбарияти сиёсӣ бояд ба раванди амалишавии қарори сиёсӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намояд, дар ин самт воситаҳо ва манбаъҳои заруриро сафарбар созад, он гурӯҳҳои иҷтимоиеро, ки дар самти амалишавии қарор мусоидат менамоянд, бояд ҳаматарафа дастгирӣ намояд. Ҳамзамон, роҳбарияти сиёсӣ амалҳоеро, ки дар самти амалишавии қарори сиёсӣ монеа эҷод менамоянд, бояд аз байн барад.

5.Назорат аз рӯйи иҷроиши қарор ҳам аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳам аз ҷониби ҷомеа амалӣ карда мешавад (назорати давлатӣ ва назорати ҷамъиятӣ). Анҷом додани назорат имкон медиҳад, ки дурустии қарорҳои қабулшуда баҳогузорӣ карда шавад, натиҷаҳои он нишон дода шаванд ва мушкилиҳои нави дар ҷомеа баамаломада муайян карда шаванд.

Роҳу усулҳои гуногуни қабули қарорҳои сиёсӣ ва дар амалияи ҷамъиятӣ татбиқ намудани онҳо мавҷуданд. Чунончи:

1.Зӯроварӣ воситаи самаранок ва шарту шароити муосид барои қабули қарорҳо мебошад. Бо истифода аз усули мазкур дар муддати хеле кӯтоҳ дилхоҳ қарори сиёсӣ қабул мегардад. Ҳангоми қабули қарор ва махсусан дар раванди амалисозии он зӯроварӣ дар шаклҳои зерин зоҳир мегардад: маҷбурнамоӣ, фишороварӣ, таҳдиди ҷазо, зулму ситам, ҷазодиҳӣ ва ғ. Методи зӯроварӣ дар ду ҳолат истифода бурда мешавад: дар ҳолате, ки манфиатҳои қисми зиёди аҳолӣ сарфи назар мегарданд ва дар ҳолате, ки дар дохили системаи сиёсӣ бинобар сабаби номувофиқатии манфиатҳои аъзоён ноустувории дохилӣ дида мешавад.

2.Низоми баргузории интихоботи бисёрзинагӣ яке аз усулҳои муҳимтарини қабули қарорҳои сиёсӣ ба шумор меравад. Одатан, таҷрибаи мазкур хосси ҷомеаҳои демократии замони муосир мебошад. Аммо дар чунин шароит гурӯҳҳои гуногун имкон пайдо менамоянд, ки усули фиреби назарро (манипулятсия) истифода намуда, рафтори шаҳрвандонро тағйир диҳанд.

3. Усули консенсуалии қабули қарорҳои сиёсӣ дар замони муосир афзалияти бештар пайдо намуда истодааст. Дар чунин шароит раванди қабули қарори сиёсӣ бе зӯроварӣ амалӣ гардида, баъзан бо назардошти манфиатҳои ҳамагон ва доимо бо назардошти манфиатҳои аксарият қабул мегардад, ки он талаботи аксариятро қонеъ месозад. Усули мазкур устувории системаи сиёсиро дар дараҷаи зарурӣ таъмин менамояд.


Калидвожаҳо: равандхои сиёсии чомеа, сиёсатшиносӣ, сиёсатшиноси, Раванди кабули карори сиёси ва ичроиши он.

Шарҳ баста аст.