РАВАНДҲОИ ИТТИЛООТӢ

Тавре қайд шуд, мафҳуми иттилоот бо амалиёти дарёфт, қабул, ғункунӣ, нигаҳдорӣ, захирасозӣ, табдил, сабт, ирсол ва истифода зич алоқаманд аст. Маҷмӯи ин амалҳоро равандҳои иттилоотӣ мегӯянд. Равандҳои иттилоотӣ ҳам дар олами зинда, ҳам ҷомеа ва ҳам техника татбиқи худро ба таври васеъ ёфтаанд. Азбаски равандҳои иттилоотии гуногун метавонанд таҷҳизот ва технологияҳои куллан мухталифро истифода намоянд, бинобар он ҳангоми балоиҳагирии системаҳои иттилоотӣ ин равандҳоро аз ҳамдигар ҳатман ҷудо тасвир кардан лозим меояд.

Масалан, барои дарёфти иттилоот мо метавонем аз воситаҳои техникӣ (датчикҳо), ҳуҷҷатҳо, шаклҳои (формаҳои) экрании компютерӣ ва ғайра истифода барем. Барои коркарди компютерии иттилоот бошад, аз протсессорҳо истифода бурдан лозим меояд, ки миқдори онҳо дар компютерҳои фардии муосир аз 10-то ҳам зиёдтар буда метавонад: марказӣ, графикӣ, принтерӣ ва ғайра. Иттилоотро ҳам дар шакли коғазӣ (санадӣ) ва ҳам электронӣ – дискҳои магнитӣ, оптикӣ, флэш-кортҳо ва ғайра нигоҳ доштан мумкин аст. Барои интиқоли иттилоот бошад, ҳам барандагони номбурда ва ҳам шабакаҳои иртиботӣ хизмат мерасонанд.

Фаъолияти иттилоотии инсон

Таҷрибаи рӯзгор ва дониши одамон нисбат ба ҳодисаҳои муҳити атроф дар ҳамбастагӣ бо азхудкунии иттилоот рушд ёфтааст. Маҳз ҳамин раванд ба ташаккул ёфтани инфосфера оварда расонидааст.

Гарчанде худи мафҳуми коркарди иттилоот мафҳуми нав ба ҳисоб равад ҳам, вале усулҳои коркарди иттилоотро одамон ҳанӯз аз замонҳои қадим медонистанд. Дар ибтидо иттилоот аз насл ба насл бо таври шифоҳӣ интиқол дода мешуд. Масалан, бардошти малакаҳои касбӣ ва ба наслҳои оянда расонидани ин маълумот (тарзи шикор, коркарди ғаниматҳои бадастомада, усулҳои истифодаи замин ва ғайра) бо роҳи шифоҳӣ амалӣ гардонида мешуд.

 Баъдтар инсон тарзҳои бақайдгирии амсилаҳои (образҳои) графикии объектҳои муҳити атрофро аз худ намуд. Аввалин расмҳои болосангӣ дар шакли тасвири одамону ҳайвоноту наботот тақрибан 20-30 ҳазор сол қабл пайдо шудаанд.

Ҷустуҷӯ ва дарёфти усулҳои навбатии бақайдгирии иттилоот ба эҷоди хат оварда расонид. Дар Ҳиндустони қадим одамон дар барги дарахти нахл, дар Бобулистон дар тахтаи сафолин, дар Осиё дар девори ғор ва дар Руси куҳан дар пӯстлохи дарахти тӯс менавиштанд. Эҷоди хат қадами нави инсон дар самти нигаҳдорӣ ва интиқоли иттилоот буд.

Нахустҳодисаи инқилобӣ дар ин самт ихтирои дастгоҳи чопӣ ба ҳисоб меравад. Дастгоҳи чопӣ имкон дод, ки одамон дониши касбии худро тавассути барандаи моддии иттилоот – китоб паҳн кунанд. Вале китоб ҳамчун барандаи иттилоот воситаи мураккаб, нобоб, қимат ва хеле «суст» мебошад. Ҳама паҳлӯҳои мазмунии китоб ҳангоми варақгардонӣ, мутолиа ва дида баромадани он кушода мешавад. Вай бевосита ба раванди истеҳсолӣ таъсир расонида наметавонад. Сараввал шахс бояд китоби заруриро дастрас кунад, баъд дониши дар он маҳфузбударо омӯзад ва сонӣ онро барои тараққӣ додани истеҳсолот истифода барад. Бинобар он, китоб ҳамчун барандаи иттилоот имрӯз наметавонад ба суръати бемайлон болоравандаи азхудкунии муҳит ягон таъсири назаррасе расонида тавонад.

Бо гузашти вақт ҳаҷми мубодилаи иттилоотии байни одамон низ афзудааст. Барои ғункунӣ, коркард ва интиқоли иттилоот нашриёту типография – саноати иттилоотӣ тавлид гардидааст. Вале рӯзномаву маҷаллаҳо, ки бо теъдоди зиёд нашр мегарданд, ба одамон ба ғайр аз иттилооти муфид боз як миқдор маълумоти нолозимро низ бор менамоянд.

 ЭЗОҳ: Барои ишорати маълумоти нолозим аз мафҳуми махсуси мағали (ғубори) иттилоотӣ истифода мебаранд.

Ба ғайр аз маҳсулоти чопӣ оҳиста-оҳиста дигар воситаҳои иттилоотии оммавӣ, аз қабили радио ва телевизион, низ арзи вуҷуд намудааст. Агар имрӯз дар хусуси интиқоли иттилооте сухан равад, он гоҳ чун одат дар назар аст, ки вай тавассути радио ё телевизион пахш гардидааст.

Дар баробари шаклу воситаҳои иттилоотии номбурда, шаклҳои дигари фаъолияти иттилоотии инсон низ мунтазам тараққӣ кардааст. Масалан, дар гузашта барои дар сатҳи хуб гузаронидани амалиёти ҷангии байнидавлатӣ ҳар як давлатро зарур буд, ки доир ба иқтидори ҳарбии рақибони худ ягон миқдор иттилоот дошта бошад. Ин гуна иттилоотро онҳо асосан тавассути таҳқиқ (разведка) дастрас менамуданд. Барои аз душман эмин нигоҳ доштани иттилооти дастрасшуда бошад, ба онҳо эҷоди усулҳои ҳифзи иттилоот зарур буд. Ана ҳамин тавр усулҳои рамзбандӣ ва интиқоли фавриву бехатари иттилоот низ тавлид гаштаанд.


Воситаҳои техникии нигаҳдории иттилоот

Иттилооти дар ягон баранда маҳфузбуда, ҳатман дар он осори (пайи, асари, нақши) худро мегузорад. Баранда метавонад санг, дарахт, девор, пӯст, коғаз, фитта, диски магнитӣ, нурӣ, флэш-корт ё навор бошад. Агар осори иттилоот дар шакли ягон аломат дар рӯи санг, тани дарахт ё коғаз гузошта шуда бошад, он гоҳ гуфтан метавон, ки вай бо ёрии дасти инсон ё ягон асбоб (искана, қалам, мӯқалам ва ғайра) иҷро карда шудааст. Чунин осорро бо чашми одӣ низ дидан мумкин аст. Вале агар ба сифати барандаи иттилоот навори расм, фиттаи магнитӣ ё диски нурӣ (лазерӣ) истифода шуда бошад, он гоҳ барои нигоҳ доштани иттилоот дастгоҳҳои махсус – табдилгарони иттилоот лозим меоянд.

Масалан, барои сабти иттилоот дар навори расм (фотоплёнка) дастгоҳи расмгирӣ ва дар фиттаи (лентаи) магнитӣ – магнитофон зарур аст. Хусусияти фарқкунандаи ин навъи барандагон он аст, ки ҳам барои сабти иттилоот дар онҳо ва ҳам аз онҳо хондани иттилоот воситаҳои махсуси техникӣ заруранд. Ин хосияти онҳо имконияти механиконӣ ва худкорсозии раванди хондану навиштани иттилоотро фароҳам овардааст.

Гарчанде навори расм ва фиттаи магнитӣ дар гузашта бисёр эҳтиёҷоти одамонро қонеъ гардонида бошанд ҳам, онҳо барандагони устувори иттилоот набудаанд. Масалан, бо мурури замон расмҳои навор тира мегарданд. Истифодаи пай дар пайи дискҳои граммофон бошад, ба паст гардидани сифати сабтҳои магнитӣ оварда мерасонад.

Такмили минбаъдаи компютер, ҳамчун воситаи ҳамакори табдили иттилоот, ба ихтирои як қатор таҷҳизоти махсуси электронӣ овардааст. Масалан, сабти магнитӣ тарзи аз ҳама паҳнгаштаи нигаҳдории иттилоот дар гузаштаи на чандон дур ба ҳисоб мерафт. Барои нигоҳ доштани миқдори начандон зиёди иттилоот аз дискҳои магнитии чандир (floppy disks) истифода мебурданд. Ин дискҳоро аллакай Zip-дискҳо қариб ба пуррагӣ иваз намудаанд. Барои нигаҳдории миқдори зиёди иттилоот бошад, аз дискҳои «сахт» (hard disks) истифода мебаранд, ки онҳоро винчестер мегӯянд. Вале бояд қайд, ки тамоми дискҳои магнитӣ дар зери таъсири оҳанрабо ё гармӣ хосиятҳои худро гум мекунанд.

Бо афзоиши ҳаҷми иттилооти қабул ва интиқолшаванда барандаи шакли нав – диски нурӣ рӯйи кор омадааст. Диски нурӣ (лазерӣ) – диски сеқабатаест, ки аз шиша ё пластмассаи мустаҳкам сохта мешавад. Дар байни ду қабати тунуки пластмассӣ ё шишагин қабати сеюми бениҳоят тунук фолгаи металлии аз нуқра ё тилло сохташуда ҷойгир карда мешавад. Дар чунин диск иттилоот ҳамагӣ як маротиба бо нури лазер сабт карда мешавад.

Ин камбудии дискҳои нурӣ дар навъи дигари дискҳо – дискҳои магнитооптикӣ бартараф карда шудааст. Онҳо дар худ ҳам арзишҳои магнитӣ ва ҳам нуриро доранд. Дискҳои магнитооптикӣ дискҳои калонҳаҷм ба ҳисоб рафта, дорои хосиятҳои компактӣ (зичӣ, ҷафсӣ), мобайлӣ (мутаҳаррикӣ) ва азнавсабткунии иттилоот мебошанд.


Калидвожаҳо: РАВАНДХОИ ИТТИЛООТИ, Воситахои техникии нигахдории иттилоот.

Шарҳ баста аст.