Касе туро ранҷ ва ё азоб медиҳад? Тавсияҳо …

0
188

Вақте, ки туро озору истеҳзову ранҷ медиҳанд, бояд аз ин амалҳо воқиф бошӣ:

Загрузка...

Авф кардан

Зеро авф саломатии дил аст. Пок кардани дил аз барои касе, ки туро озор медиҳад, дӯст доштани некӣ дар ҳаққи касе, ки туро озор медиҳад, фурӯ бурдани ғазаб ва кина, авф намудан дар ҳаққи ӯ ва ба ҷои бадиаш некӣ кардан саломатии дил аст.

Чуноне дар асар омадааст “Ҳар оина Аллоҳ маро амр кард, ки ба касе, ки маро канда кунад часпам ва касеро, ки маро зулм бикунад, авф бикунам касе, ки маро маҳрум кард, бидиҳам “.


Тақдир

Бояд бидонӣ, ки туро касе озор намедиҳад, магар ба қазо ва тақдироти Худованд. Пас банда сабабе аз сабабҳояш аст, пас таслим бишав ба тақдироти Мавлоят, ки бахшандаву меҳрубон аст.


Кафорат

Кафорат, яъне шусташавии гуноҳҳо. Бояд бидонӣ, ки ҳар озоре, ки туро мерасад аз барои гуноҳонат ва нобудшавии бадиҳоят кафорат аст. Ва бо чеҳраи кушод ва сухани нек бо оне, ки туро озор медиҳад, вохӯрӣ намо, то аз ту ва ӯ кинаи адоват ва оташи хусумат дур карда шавад.


Донистани кӯтоҳии нафс

Яъне ин изову истеҳзо ва озор бар ту ҳамон лаҳза иттифоқ афтодааст, ки пеш аз вуқӯи балое аз худат хатогие сар задааст. Чуноне Бахшандаи бузург мефармояд:

“Ва аз мусибатҳо ҳар чӣ ба шумо бирасад, пас ба сабаби гуноҳе аст, ки дастҳоятон ба амал овардааст. Ва Ӯ аз [тақсироти] бисёре дармегузарад.” (сураи “Шӯро”, ояти 30).

Яъне он чӣ озору изо мерасад, бо сабаби гуноҳи худи шумоён аст. Пас ту бояд ҳамд бигӯӣ, то ин ки ту мазлум ҳастӣ на золим.


Раҳмат

Яъне ба касе, ки туро озор медиҳад раҳм кардан, ки ӯ сазовор аст. Вақте Мистаҳ духтари Абӯбакр Оиша (р)-ро озор дод, Абӯбакр (р) савганд хӯрд, ки дигар ба Мистаҳ нафақаву ёрӣ намедиҳад. Мистаҳ фақир буд ва Абӯбакр қаблан ӯро кӯмак мекард. Аллоҳ таоло амр кард, то нафақа ва ёриро давом бидиҳад, зеро гуноҳҳояш бо ин васила мағфират карда мешавад. Абӯбакр гуфт: “Оре, дӯст медорам, то гуноҳҳоям мағфират карда шавад.” Пас ёрӣ ва инфоқро давом дод ва ӯро афв кард.

Чуноне бародарони Юсуф (а) ба он кас душмании зиёде карданд, сару рӯяшро зада хуншор карданд, сипас унвони ғуломӣ ба худ гирифт, ҳатто дар зиндон афтид, вақте фарри шоҳӣ ба ӯ расид, ба бародаронаш гуфт, ҳеҷ боке нест барои шумо имрӯз, яъне гуноҳҳои бародаронашро афв кард.

Чуноне дар яке аз зарбулмасалҳои халқи ҳинду омадааст: “Касе қаҳру ғазаби худро медорад, далертар аст аз оне, ки шаҳрро ғалаба мекунад.”