Рақобати нокомил ва шаклҳои он

Чӣ тавре аз таҳлили саволи пештара бармеояд, рақобати ко-мил дар шакли соф вуҷуд надорад. Тамсилаи он ба бозори ало-ҳидаи ғалла, мева ё худ фаъолияти хоҷагиҳои фермерӣ шабоҳат дорад, ки ҳаҷму меъёр ва нархмуқарраркуниро дар бозор тағйир дода наметавонад. Ин шакли бозор то нимаи асри XIX-ӯм асосан дар иқтисод ҳукмрон буд.

Баъд аз солҳои 1860-ӯм бо пайдо шудани шаклҳои монопо-лияҳо — рингҳо, пулҳо, картел, трест, синдикат, консернҳо ва ғай-ра таркиб ва вазъи бозор дигар мешавад. Бо пайдо шудани монополияҳо доираи рақобати комил маҳдуд гардида, ботадриҷ нақш ва мақоми онҳо дар бозор мустаҳкам шуда, бо ҳамин замина ба эҳё ва ташаккули рақобати бозори нокомил гузошта мешавад.

То ибтидои асри XX — эҳёи монополия ҳамчун ҳодисаи ягона ва баъди он ҳамаҷонибаю ҳамаро фарогиранда гардида, ҳам-чун қонунияти иқтисод тасвиб мегардад. Он таҳти шароитҳои иқтисод, алалхусус, рақобат қарор мегирад. Шаклҳои монопо-ликунонӣ, ҳамчун қарордодҳои картелӣ, якҷояшавӣ, фурӯбарии «ҷентелменӣ», бастани шартномаҳои ҳамкорӣ ва дар мояи онҳо бунёд гаштани рақобати монополӣ ривоҷу равнақ меёбад.

Дар адабиёти иқтисодӣ тибқи фаҳмиш ва маънидодкунии моҳияти рақобати нокомил фикру андешаҳои мухталиф мавҷуданд. Аксарият таҳти рақобати нокомил ҳукмронии монополияҳо ва густариши шаклу сохтори онҳоро дар назар доранд.

Таҳти рақобати нокомил асосан оқибатҳои иҷтимоии ҳукм-ронии монополӣ — аз худ кардани на танҳо қисми фоидаи соҳаи худ, балки дигар соҳаҳо, ҳавзаҳои гуногуни иқтисод ва иқтисоди дигар давлатҳо, яъне ситондани фоидаи барзиёди монополӣ дар назар дошта мешавад.

Дар шароити ҳозира рақобати нокомил асосан барои тавсифи сектори монополистӣ истифода карда мешавад. Он сектори ғайримонополистиро аз эътибор соқит мекунад. Бояд тазаккур дод, ки новобаста аз фавқулқудратии монополияҳо, дар иқтисодиёти аксари давлатҳои капиталистӣ корхонаҳои фардию хусусӣ, фермерӣ, деҳқонӣ ва ғайра арзи вуҷуд доранд. Фаъолияти онҳо, асосан бидуни рақобати нокомил сурат мегирад.

Пол Самуэльсон мавҷуд будани ин гурӯҳ корхонаҳоро дар иқтисод ҳамчун корхонаҳои «мариз», яъне корхонаҳои ба касалӣ дучор шудаи иқтисод (иқтисоди мариз) медонад. Тибқи ақидаи ӯ, ин тафриқаи корхонаҳо аз такмилот (рақобати комили бозорӣ) хеле ҳам дур мебошанд. Монополияҳо ва олигополияҳо низ аз нигаҳи такмили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз боиси баланд будани нарх ва ихтисор кардани истеҳсолот низ нокомиланд.

Ҷ. Гэлбрейт ба сифати рақобати нокомил — рақобатро дар доираи бизнеси хурд ё худ «монополияҳои хом»-и ибтидои асри XX тасаввур мекунад. Мувофиқи назардошти ӯ, нокомилӣ ҳам-чун таваккалии бузург сурат гирифта, дар ниҳояти кор ба муфлисшавию бекорӣ оварда мерасонад. Рақобат фақат дар ҳолати ба монополияҳои «пухта» сабзида расидан, комил ҳисобида мешавад. Мақсади асосии монополияҳои ҳозира на ба ҳадди аксар расонидани фоида, балки ба ҳадди ақал расондани таваккал ва ба даст овардани дараҷаи рушди  устувор мебошад (12,123).

Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи бозори нокомил мавҷуд будани унсурҳои монеъшаванда мебошад. Оиди омилҳои монеъшавандаи воридот ба бозор сароғоз иқтисоддони амрикоӣ Ҷо Бейн маълумот додааст:

  1. Ба фирмаҳо аз ҷониби давлат ҷудо кардани ҳаққу ҳуқуқи махсус (супоридани литсензияҳои ҳукуматӣ ба намудҳои муайяни фаъолият — почта, телевизиони кабелӣ, нақлиёт ва ғайра).
  2. Моликият ба захираҳои нодир ва аз нав барқа-рорнашаванда.
  3. Ҳуқуқи муаллифӣ ва патентҳо. Корхонаҳое, ки фаъолияти онҳо тибқи патент сурат мегирад, ҳуқуқи фурӯхтани литсен-зияҳоро пайдо мекунанд ва дар ин ҷода ҳуқуқи монополии он амиқ мегардад.
  4. Самараи миқёс, яъне афзалият доштани истеҳсолоти калон, ки имкон медиҳад хароҷот кам ва ҳаҷми маҳсулот зиёд карда шавад.
  5. Мавҷуд будани иқтисоди ниҳонӣ ва истифодаи методҳои ғайриқонунӣ бо рақибон аз ҷониби гурӯҳҳои «мафиозӣ»… ва ғайра (5,129-130).

Шакли пурраи рақобати нокомилро монополия ташкил медиҳад. Монополия (аз лотинӣ monopoly — инҳисор, яккаҳукм-ронӣ) дар адабиёти иқтисодӣ ҳамчун: 1) шакли бозоре, ки дар он теъдоди хеле ками фурӯшандагон мавҷуд буда, ҳар яке аз онҳо дар алоҳидагӣ имконияти ба ҳаҷми умумии тақозо ва нархи молу хадамот таъсир расондан доранд; 2) соҳаи бузург, ки дар он фирмаҳои начандон зиёд, ба ҳаҷми пурра ё худ қисми аксари истеҳсолот назорат карда  метавонанд фаҳмида мешавад.

Ҳукмронии монополӣ дар бозор маънои онро дорад, ки як тавлидгар қобилият дорад талаботи умумии бозорро қонеъ гардонад. Аз тарафи дигар, истеъмолгарони мустақили бешумор дар алоҳидагӣ ба нархи бозор таъсир расонда наметавонанд.

Фирма (монополия) аз сабаби он, ки қудрати истеҳсолии баланд, хароҷоти кам, миқдори зиёди маҳсулот дорад, метавонад рақибони худро аз бозор берун созад. Истеъмолгари алоҳида маҷбур аст, ки талаботи худро тибқи нархи муайянкардаи монополист мувофиқ гардонад. Монополист чунон нархе таъин менамояд, ки чизи тавлид кардааш пурра ба фурӯш равад ва фоидаи баланд ба даст орад.

Афзалияти монополияҳо дар пурра ва ҳамаҷониба ҳукмрон будани монополия, олигополия ва дигар шаклу намудҳои онҳо, маҳдуд карда тавонистани ҳаҷми маҳсулоти баровардашуда, баланду паст кардани нарх, тақозо, арза, ба ҳадди ақал расондани хароҷот, сарфаю сариштакорӣ дар истифодаи захираҳо, имконияти баланди истифодаи сармоягузорӣ дар соҳаи илм, навоварию ихтироотҳо ва ғайра зоҳир мегардад. Мисоли онро дар доираи лабораторияҳои фирма оиди кор карда баромадани ксерокс, транзистор, асбобҳои оптикӣ, фотокамераҳои суратгирии лаҳзагӣ, компютерҳои фардӣ ва ғайра мушоҳида кардан мумкин аст.

Бояд тазаккур дод, ки ҳавасмандӣ дар доираи корхонаҳо пе-ромуни ихтироотҳо бештар аст. Аз ин ҷиҳат давлат низ ин қабил ихтироотҳоро ба таври додани ҳуҷҷатҳо (патент, литсензия, ихтироот) қонунӣ гардонда, то ба мӯҳлати 17 сол аз он фоидагириро таъмин мегардонад.

Мавҷуд будани монополияҳо раванди рақобати монополистиро аниқ мегардонад. Он сирати хоси аксарияти давлатҳои капиталистӣ мебошад. Барои рақобати монополистӣ бештар чунин хислатҳо хос мебошанд: шумораи зиёди тавлидгару истеъмолгар; маҳдуд будани монеъгарӣ оиди ворид гаштан ва берун рафтан аз бозор; ҳис кардани нархҳои мавҷуда ҳамчун нархҳои муқаррарӣ ва нархгузорӣ ба маҳсулот бидуни дахолати субъектҳои дигари бозор; тафриқасозии маҳсулот; тавлиди маҳсулоти якхелаву аз ҷиҳати таркибу сифат гуногун ва ғайра.

Ба таври кулл хусусиятҳои кунунии равобити монополистиро чунин ҷамъбаст кардан мумкин аст:

  1. Монополияҳо оиди истеъмол ва рақибони худ иттилооти нисбатан саҳеҳ ва пурра доранд;
  2. Монополияҳо бештар бо воситаи таблиғ (реклама) ба раванди тақозои истеъмолгарон(азбаски барои онҳо ин бори гарон нест), таъсири беназир мерасонанд;
  3. Монополияҳо бо воситаи фишангҳои молиявию қарзӣ (кредитӣ), равобити сиёсӣ дар шахсиятҳои ташкилотҳои давлатӣ — «фармоишгарҳо»-и муайян доранд, мустақилан бо корхонаҳои бузурги давлатҳои дигар шартнома баста метавонанд.

Ин хусусиятҳо ҷараёни таваккал(хафв)-ро дар раванди рақобат кам ва раванди ба дастоварии фоидаи монополӣ афзун мегардонад.

Рақобати монополистӣ байни гурӯҳи молҳои якхела ташкил карда мешавад, яъне сӯзишворӣ, нӯшокиҳо, доруворӣ ва ғайра. Молҳои рақибкунанда фақат бо нарх, сифат, ороиш, нишонаи молӣ, дизайн, хизматрасонии баъди харид ва ғайра фарқ карда метавонанд. Дар ин маврид, ҳар як тавлидгар дар соҳаи худ монополист буда, байни ҳамдигар рақибӣ надоранд. Дар ин ҷо рақибпазирӣ байни онҳо оиди молҳои онҳо ташкил мешавад.

Ҳар як фирма талаботи истеъмолгаронро дар зербозор(бозори хурдтарин)-и худ қонеъ гардонда, нарх ва тақозоро ба таври худ танзим медиҳад. Дар ин шароит бозор ҳамчун маҷмӯи зербозорҳо ташкил мегардад.

Ҳар як тавлидгар кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки молу хадамоти худро нисбат ба дигарон беҳтар кунад, то ин ки харидоронро ба тарафи худ бештар ҷалб намояд. Дар навбати худ, харидорон тайёранд ин гуна маҳсулотҳое, ки нисбат ба маҳсулотҳои дигар фарқ доранд, онҳоро аз рӯи нархҳои баланд дастрас намоянд.

Ҳавзаи асосии фаъолияти рақобати монополистӣ — савдои чакана (автозаправка, хизматрасонӣ ба мошинаҳо (автосервис), бонкҳои хурд…) мебошад.

Байни рақобати комил ва нокомил (рақобати монополистӣ) бидуни тазоду тафовут хусусиятҳои умумӣ низ вуҷуд доранд. Барои ҳарду сохтори бозор, мавҷуд будани теъдоди зиёди фирма, тавлидгарону истеъмолгарон, фурӯшандагону харидорон, ба таври озод ворид гаштан ба бозор ва бурун рафтан аз он ва аз соҳа ҳис карда мешавад.

Ин умумият, дар навбати худ таҳти дигаргунсозию тағйиротҳои сифатӣ ба амал бароварда мешавад ва аз ин ҷиҳат онҳо (умумиятҳо) ба ҳамдигар қиёснашаванда мебошанд.

Агар дар шароити рақобати комил ба сифати тавлидгар хоҷагиҳои инфиродӣ, хонавода, иҷоракорону фермерҳо баромад кунанд, пас дар рақобати нокомил (монополистӣ) мавқеи асосиро монополия, олигополия, монопсония ва ғайра ишғол мекунанд. Аз ҷониби онҳо ҳаҷми зиёди маҳсулот бароварда шуда, тибқи маслиҳату қарордодҳо нархҳоро нисбат ба хароҷоти миёна ва хароҷоти интиҳоӣ баландтар бардошта, фарқи онҳоро ҳамчун фоидаи барзиёди монополӣ аз худ мекунанд. Ин тарзу услуби баланд бардоштани нархҳо молистеҳсолкунандагони майда ва то ҳатто миёнаро хонахароб намуда, рақобатпази-рии онҳоро нисбат ба монополия ва олигополия паст мекунад.

Рақобати нокомил дар ҳамон бозорҳое ҳукмрон аст, ки агар тавлидгарон қудрати ба нархи бозорӣ таъсир расондан дошта бошанд, яъне онҳоро тавонанд паст ё боло баранд. Аз ин ҷиҳат каҷхати тақозо барои ин гурӯҳи рақобат ҳамчун хатти гиперболаи рӯ ба хамӣ фурудоварда ташкил мегардад (ниг. нақшаи 34).

Тибқи қоидаҳои қабул ба ҳадди аксар расидани фоидаи рақобати монополии фирма дар давраи кӯтоҳмӯҳлат бояд ба шакли МС=МR мусоидат кунад. Дар ин ҳолат фирма молҳои худро аз рӯи нархҳои аз ҳама баландтаре, ки дар ҳамин мавқеи каҷхати тақозо имконпазир аст мефурӯшад. Мабодо нарх аз хароҷоти миёна (АС) баландтар бошад, онгоҳ фирма фоидаи барзиёди бавуҷудомадаро азони худ мекунад. Дар ҳолати аз сатҳи хароҷоти миёна паст рафтани нарх фирма зарар хоҳад дид. Агар нарх ба хароҷоти миёна мувофиқат намояд, фирма соҳиби фоидаи мӯътадил мегардад (ниг. нақшаи 35, чоркунҷаи хаткашидаи Р1,АТС ).

Аз нақша бармеояд, ки меъёри ба ҳадди аксар расидани фоида, таъмин кардани ҳолати мусовии даромади интиҳоӣ (МR) ва хароҷоти интиҳоӣ (МС) мебошад. Он дар шароити истеҳсоли молҳо (Q) ва фурӯхтани тибқи нархҳои муайян (Р1) сурат мегирад. Ҳаҷми фоида аз таносуби нарх (Р1) ва андозаи хароҷоти миёна (АТС) вобаста мебошад.

Барои ноил гаштан ба эътидолии рақобати монополистии дарозмӯҳлати фирма зарур аст, ки ҳаҷми хароҷоти дурнамоии миёнмӯҳлат ва нарх ба ҳам баробар бошанд. Фоидаи иқтисодӣ ба соҳа бештари фирмаҳои навро ҷалб намояд. Иттисоли онҳо то ба даврае анҷом меёбад, ки хароҷоти миёна ва нарх ба ҳам баробар нашаванд. Агар дар натиҷаи ворид гаштани зиёди корхона ба соҳа нархи молҳо нисбат ба хароҷоти миёна пасттар гарданд, дар он ҳолат аз соҳа бурун рафтани фирмаҳо ба амал меояд. Эътидолии дарозмӯҳлат дар ҳолате рух медиҳад, ки агар нарх бо хароҷоти миёна мувофиқ ояд. Дар ин асно, азбаски фоидаи иқтисодӣ вуҷуд надорад, дар фирма ҳавасмандии аз соҳа бурун рафтан ва ба он ворид гаштан пайдо намешавад (9,126).

Баъзан, аз нуктаи назари интихобӣ ва ҷустуҷӯӣ тарз ва услуби ташаккул ва густариши яккаҳукмронии фирма ва иштироки онҳо дар бозор ба сифати фурӯшандаи ягонаи молу хадамот, монополияҳоро ба се навъ — сарбаста, кушод ва табиӣ ҷудо мекунанд.

Монополияҳои баста (сарбаста) мувофиқи қонун ва қонунгу-зориҳои ҳуқуқии давлат ҳифз ва пуштибонӣ карда шуда, аз таъ-сири рақобат эмин нигоҳ дошта мешаванд. Ба онҳо ҳукмронии монополияҳоро дар соҳаи хадамоти почта, ширкатҳо оиди таъ-мини аҳолӣ бо газ, қувваи барқ, гармӣ ва ғайра дохил мекунанд. Баъзан ба гурӯҳи онҳо ширкатҳои патент ва ҳуқуқи муаллифӣ доштаро дар матбуот ва маҳсулоти нашрӣ ҳамроҳ мекунанд.

Монополияҳои табиӣ дар ҳамон соҳаҳое ташкил карда мешаванд, ки фирма ё худ ширкат раванди бозорро муайян карда, хизматрасонии пурраи онро ба дӯши худ доранд. Азбаски онҳо соҳиби ягонаи сарчашмаи канданиҳои фоиданоки нодир ва ашё мебошанд, хароҷоти миёнаи онҳо аз боиси ҳаҷман зиёд будани миқёси истеҳсолот ба ҳадди ақал наздик мебошад.

Аз ин лиҳоз, байни ҳамдигар тақсим намудани бозор сабаби паст шудани самаранокии истеҳсолот гардида метавонад.

Ба ҷумлаи онҳо корхонаҳои истифодаи умум (муассисаҳои барқӣ, газ, канализатсия, алоқа, роҳи оҳан, телевизиони кабелӣ ва ғайра) дохил карда мешаванд.

Монополияҳои боз (кушод) бидуни ҳифзи рақобат сурат мегиранд. Аз ин лиҳоз, фаъолияти онҳо дар бозор доимӣ боқӣ намемонад. Одатан, ба сифати ҳамин гуна монополияҳо, фирма ва ширкатҳои алоҳида бо маҳсулоти навтарини худ баромад мекунанд.

Бояд тазаккур дод, ки яккаҳукмронии онҳо дар доираи соҳаи худ, ба ҳамин намуд ва хели маҳсулоти пешниҳодгардида дуру дароз давом карда наметавонад, чунки ҳамин гуна ташаббусро дигар монополияҳои фавқулфавқ дастгирӣ намуда, намуди беҳтарини молу хадамотро пешкаши истеъмолгарон гардонда, мақоми яккаҳукмрониро ба зиммаи худ мегиранд.

Азбаски ҳадафи ниҳоии монополияҳо ба даст овардани фоидаи аксар мебошад, бинобар ин он дар шароите ба амал бароварда мешавад, ки ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолкардашуда ба ҳаҷми хароҷоти интиҳоӣ ва даромади интиҳоӣ мусоидат дошта бошад.

Хуллас, монополияҳо (баста, табиӣ, боз) ба ғайр аз афзалият, нуқсонҳоеро низ ба миён мегузоранд, ки баъзан садди инкишофи бозор гардида метавонанд. Монеъгариҳо дар раванди рақобат, зӯроварию таҳдид ва аз бозор маҳрум кардани тавлидгарони хурду миёна, аксар вақт ба раванди оқилона истифода ва боло бурдани дараҷаи самаранокии захираҳои иқтисодӣ (табиӣ, моддӣ, меҳнатӣ, молиявӣ) мусоидат намекунад.

Дар шароите, ки нархҳо нисбат ба хароҷоти интиҳоӣ ва миёна баландтар таъин карда мешаванд, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолкардашуда нисбат ба ҳолате, ки хароҷоти интиҳоӣ бо нарх мувофиқат менамуд кам мешавад. Дар натиҷа бозор ҳаҷми зарурии молу маҳсулотро гирифта наметавонад ва иқтидорҳои истеҳсолии фирмаву ширкатҳо пурра истифода намегарданд. Ҳамаи ин чизҳо ба вайрон кардани раванди муозинӣ ва эътидолию танзими бозор бурда мерасонад.

Эътироф бояд кард, ки рақобати монополистӣ вобаста ба  омилҳои ташаккул ва афзоиш шаклҳои гуногун қабул карда метавонад. Дар китоби дарсии “Назарияи иқтисодӣ” чунин шаклҳои рақобати монополистӣ номбар карда шудааст:

1). Рақобатпазири(ҳарифи)-и илмию техникӣ. Ин шакли рақибпазирӣ оиди коркарди маҳсулотҳои нав, ҷорӣ кардани равандҳои технологии муосир, андӯхт ва истифодаи иттилоот,  эҳё ва истифодаи патентҳову ихтироотҳо зуҳур мегардад.

Дар ин ҷода ду тамсила истифода карда мешаванд:

а) тамсилаи рақобатӣ — ин тамсила, асосан, дар мояи услуби истифодаи техникаи аз ҳама беҳтарин нисбат ба техникаи ҳари-фон; ба даст овардани фоидаи муваққатӣ, аз боиси нусхабар-дорӣ кардани ҳамин гуна технология аз ҷониби рақибон; гирифтани фоида баъд аз ҷорӣ кардани ихтирооту навовариҳои фирма; подош кардани масрифот оиди тадқиқотҳои илмӣ аз ҷониби тадқиқотчиён ва ғайра ба роҳ монда мешавад.

б) тамсилаи монополистӣ тибқи имконияти монополияҳо перомуни ҷорӣ кардани ихтироотҳо, гирифтани фоидаи доимӣ, афзалияти молиявӣ доштан нисбат ба истифодаи натиҷаҳои тадқиқотҳои илму техника, сари вақт рӯпӯш карда тавонистани раванди муфлисшавии истеҳлоки сармояи асосӣ, пинҳон нигоҳ доштани ихтироотҳои техникӣ истифода карда мешавад.

  1. Рақобатпазирии саноатию истеҳсолӣ бештар оиди такмили раванди истеҳсолот, идораву нақшагирии фаъолияти он, пурзӯргардонии иқтидорҳои истеҳсолӣ, аз худ ва ҷорӣ кардани намудҳои навтарини молу маҳсулот, тарзу услуби хадамот, паст кардани хароҷоти истеҳсолӣ, баланд бардоштани сифат ва самаранокии истеҳсолот ва ғайра назаррас мебошад.
  2. Рақобатпазирии тиҷоратӣ дар меҳвари калобишҳои нарх ташкил карда мешавад. Нарх таҳти рақобатпазирии байни фурӯшандагон оид бо нархҳои баланд фурӯхтани неъматҳову хадамот, байни истеъмолгарон оиди бадастории молҳо бо нархи паст, байни харидорону фурӯшандагон оиди фурӯш бо нархи баланд ва ба даст овардани молу хадамот тибқи нархҳои мувофиқу пасттарин сурат мегирад (12, 117-120).

Дар ин ҷода, ду навъи рақобат — рақобати нархӣ ва рақоба-ти ғайринархиро фарқ мекунанд:

а) рақобати нархӣ бештар тибқи усулҳои бо таври сунъӣ пасту баланд бардоштани нархҳо ба молу хадамот; табъиз(дискриминатсия)-и нархӣ, яъне фурӯхтани молҳо аз рӯи нархҳои гуногун новобаста ба хароҷот ба роҳ монда мешавад.

Табъизи нарх дар ҳолате имконпазир мегардад, ки агар:

— фурӯшанда монополист, ё худ ҳуқуқи монополӣ дошта бошад;

— фурӯшандаи молу хадамот қобилияти аз ҳам ҷудосозии гурӯҳи харидоронро, ки қобилияти харидории баланд дорад ва ба ивази чизу чораи харидаи худ маблағи пулии калон дода метавонад, дошта бошад;

— харидори аввала имконияти аз нав фурӯхтани молу хадамотро надорад.

Дар назар бояд дошт, ки табъизи нархӣ ҳангоми адои хизмати духтурон, соҳибони меҳмонхонаҳо, ҳаммом, боркашонӣ, нақлиёт ва ғайра истифода карда мешавад.

б) рақобати ғайринархӣ асосан бо воситаи баланд бардоштани сифат, беҳтар такмил додани шароити фурӯш(сервизатсия)-и молҳо, ба таври васеъ истифода кардани таблиғ, ҷобаҷогу-зорӣ, қуттибандӣ, тасвири бадеии онҳо, такмили савдо, хизматрасонии пас аз фурӯш ва гайра ба роҳ монда мешавад.

Дар адабиёти иқтисодӣ чунин намудҳои рақобати монополистиро фарқ мекунанд:

  1. Монополияҳои билатериалӣшакли бозоре мебошад, ки дар он як фурӯшанда ва як истеҳсолкунандаи умумӣ иштирок мекунад. Масалан, ҳукмронии монополияҳо дар соҳаи таъминоти оби гарм, газ, қувваи барқ, телевизионии кабелӣ ва ғайра. Ин шакли бозор ҳамчун бозори “монополияҳои дутарафа” эътироф карда мешавад.
  2. Монополияҳои маҳдудшакли бозорест, ки дар он як фурӯшанда ва чандин харидорон иштирок менамоянд.
  3. Полиполияшакли бозоре ҳисобида мешавад, ки дар он чандин харидорон ва фурӯшандагони молу хадамот иштирок карда метавонанд. Он ҳамчун “рақобати пурра” дониста мешавад (12,119).

Олигополия (инҳисори чандқутба, чандҷабҳа, фурӯш (oligopoly)) унсури муҳимтарини бозори монополӣ мебошад, ки дар он чандин фурӯшандагон(фирма, ширкат)-и мустақил иштирок намуда, талаботи истеъмолгаронро бо молу хадамот қонеъ мегардонанд. Дар ин бозор молҳои якхелаи стандартӣ, ё худ молҳои гуногун мубодила карда мешаванд. Дар ин бозор теъдоди тавлидгарон нисбат ба бозори монополистӣ зиёдтар ва нисбат ба бозори рақобати комил камтар мебошанд.

Рақибпазирии олигополӣ нисбат ба рақибпазирии монопо-листӣ оиди шумораи тавлидгарон, ки бозорро байни худ тақсим кардаанд маҳдуд буда, қудрат ва тавоногии он оиди нархму-қарраркунӣ дар шароити бозори рақобати комил бештар мебошад. Бояд тазаккур дод, ки назарияи ҳамаҷанбавии рақобати олигополӣ вуҷуд надорад. Он ҳамчун маҷмӯи тамсилаҳое, ки дар шароитҳои муайян ва махсус имконпазиранд, ташкил меёбанд.

Аз нуктаи назари маҳсулот ду навъи он — олигополияи соф (холис) ва тафриқави(дифференсиали)-ро фарқ мекунанд. Иштирокчиёни бозоре, ки маҳсулоти якхела истеҳсол мекунанд, олигополияи соф меноманд. Нархи молҳо дар ин бозор якхела муқаррар карда мешавад (нархи семент, маҳсулоти химиявӣ, синтетикӣ).

Олигополияи тафриқавӣ — шакли бозоре мебошад, ки дар он маҳсулотҳои гуногуну ҳархела истеҳсолкардашуда ба мақсади ягонаи иштирокчиён истифода мегардад (бозори автомобил…).

Аз нигоҳи теъдоди иштирокчиён(субъектҳо)-и бозор шаклҳои олигополияи билатериалӣ, олигопсония, дуополӣ ва ғайраро низ ҷудо мекунанд. Ба сифати бозори олигополияи билатериалӣ бозори монополистиеро тавсиф мекунанд, ки дар он якчанд фурӯшанда ва харидор ширкат варзида бошанд.

Олигопсония унсури муҳимтарини бозоре мебошад, ки дар он гурӯҳи харидорон аз ҳисоби маҳдуд гардондани ҳаҷми молу маҳсулоти харидашаванда, баланд бардоштани тақозо, нарх, аз даст додани қисми фоидаи тавлидгарон соҳиби фоидаи бештаре мегарданд.

Агар бозор байни ду тавлидгар тақсим шуда бошад ин хел бозорро дуополия  меноманд. Ин шакли бозор аз нигоҳи тамсилаи назариявӣ имконпазир буда, дар амалия қариб ки дида намешавад. Асосан олигополия шакли бозоре дониста мешавад, ки иштирокчиёни он аз се воҳид зиёд бошанд. Тибқи маълумоти Вазорати савдои ИМА бозори коркарди ибтидоии ашёву масолеҳ байни чор ширкатҳои бузургтарини мамлакат (90% истеҳсоли пиво, сигор, мошинҳои ҷомашӯй; 64% истеҳсоли алюминий ва самолётсозӣ) тақсим карда шудааст (5,154).

Аз сарчашмаҳои гуногуни оморӣ бармеояд, ки ширкатҳои бузургтарин (ба монанди Ҷенерал Моторз…) аз 60 то 80  сад дар сади бозори автомобилро таҳти назорат ва тасарруфи худ доранд. Боқимонда 20-40 фоиз ба зиммаи корхонаҳои хурду миёнаи бидуни монополӣ рост меояд. Фаъолияти онҳо дар шароити рақобати комил сурат мегирад ва таҳти таъсири ширкатҳои фавқулқудрат ба рақобати шадид дучор гардида рӯ ба шикаст мениҳанд.

Картел яке аз шаклҳои қадимаи олигополия буда, таҳти ни-қоби “созишгароии махфӣ” машҳур аст. Картелҳо ҳамчун шакли иттиҳодияи монополӣ ташкил шуда, байни худ масъалаҳои нарх, ҳаҷми фурӯши маҳсулот, тақсими бозор ва ғайраро ҳаллу фасл мекунанд. Онҳо дар мояи тазод ё худ гуфтушунид метавонанд рақобатро маҳдуд гардонанд, ба ҳам ба таври махфӣ забон як карда, ба ворид гаштани дигар ширкатҳо ба соҳаи худ монеъ шаванд. Предмети қарордод метавонад тасвиби нарх, миқдори муайянкардашудаи мол ва воридоти он ба бозор бошад. Дар шароити созиш ҳар як фирма тибқи саҳми ба он ҷудо карда бояд маҳсулот барорад, сатҳу дараҷаи нархро бетағйир нигоҳ дорад. Дар ҳолати вайрон кардани шарту шароити шартнома аз ҷони-би як фирма он соҳиби фоидаи баланди монополӣ мегардад. Дар аснои вайрон кардани шартнома аз ҷониби умум тақозо ба дараҷае мерасад, ки нархро то ба ҳадди рақобат поён мефурорад ва онҳо аз фоидаи баланди монополӣ маҳрум мегарданд.

Ин вайронкуниҳо, созишбандиҳои махфӣ ва дигар чорабиниҳои ғайриқонунӣ оиди фаъолияти якҷояи фирмаҳо, ташкил ва ба даст овардани фоидаи баланд тибқи қонунгузориҳои зиддимонополӣ манъ карда мешаванд.

Фаъолияти ширкатҳои олигополӣ баъзан дар чорчӯбаи тамсилаи “бартарӣ дар нархгузорӣ” анҷом дода мешавад. Хусусияти ин тамсила дар он зуҳур меёбад, ки нарх аз ҷониби сарварони ширкати асосӣ, ки зиёда аз 50 фоизи истеҳсоли молро дар дасти худ доранд, муайян карда шуда, дигарон хомӯшона ва кӯр-кӯрона онро дастгирӣ мекунанд. Фирмаҳои “дуввӯмдараҷа”, ки аз нигоҳи таъминоти техникаю технологӣ нисбат ба ширкатҳои фавқул-қудрат афзалият надоранд, ҳамеша аз паи баланд ё паст шудани нархи фирмаи асосӣ тақлидкорона рафтор мекунанд.

Назарияи нархгузории олигополӣ сарнахуст аз ҷониби иқтисоддони франсуз Августин Курно пешниҳод карда шудааст. Тибқи ақидаи А. Курно ҳар як фирма ба ҳамон миқдор моле тавлид мекунад, ки он ҳадди аксари фоидагириро таъмин карда тавонад. Барои ҳар як соҳа эътидолии муайян ва истиқрор байни ҳаҷми фурӯш ва нархи молҳо вуҷуд дорад. Нархи эътидолӣ аз теъдоди фурӯшандагон вобастагӣ дорад. Дар ҳолати маҳзари (ҳузур доштани) як фурӯшанда нархи монополӣ ба вуҷуд меояд. Баробари зиёд гаштани шумораи фурӯшандагон тамоюли поёнравии нархи эътидолӣ, то ҳолати ба хатти интиҳоии хароҷот расидан ҳис карда мешавад.

Эҳтимолияти баландшавии эътидолии рақобати олигополӣ дар ҳолати ҳарчӣ бештар зиёд гаштани шумораи фурӯшандагон назаррас мебошад. Мувофиқи ақидаи иқтисоддони амрико Э. Чемберлин, ҳамаи молистеҳсолкунандагон ба ҳам алоқаманд мебошанд. Дар ҳолати дар бозор кам будани теъдоди фурӯшандагон ва мавҷуд будани фақат молҳои стандартӣ олигополистон амалиётҳои ноҷоро, ки ба вайрон шудани вазъи умумии бозор оварда мерасонад, истифода намекунанд. Аз ин ҷо хулоса бармеояд, ки ҳар як иштирокчии бозори олигополӣ перомуни як мақсад — ба дастоварии фоидаи баланди монополӣ фаъолият ба сар мебарад. Охирон, бидуни созиши ниҳон низ ташкил мегардад. Байни олигополистон муносибатҳои қалбакӣ ҷой надорад. Ин таълимот дар адабиёти иқтисодии муосир ҳамчун таълимоти бошууронаи интиҳои параллелӣ маълуму машҳур гардидааст1 (12, 128).

Дар доираи ҳавзаи рақобати олигополӣ барои истиқрор ва муозин нигоҳ доштани “интизом” дар соҳа ё худ паст кардани нархҳо услуби “қоидаи нарангушт” риоя карда мешавад. Дар ин ҳолат ҳамаи фирмаҳо дар асоси услуби нархмуқарраркунии ягона — “хароҷот ҷамъи фоида” амал мекунанд. Ин тамсилаи нарх-гузорӣ ҳангоми тақсим намудани бозорҳо аз ҷониби тавлидгарони бузург ё худ олигополистони сарвар (лидер) истифода карда мешавад.

Тамсилаи мазкур, асосан бо раванди банақшаги-рии истеҳсоли маҳсулот ва фоида алоқаманд мебошад. Нарх ба маҳсулоти истеҳсолкардашуда дар асоси услуби — хароҷоти миёна ҷамъи фоида дар ифодаи фоиз нисбат ба хароҷоти миёна муайян карда мешавад.

Фирмаҳо ба ин услуб такя намуда, истеҳсоли миёнаи маҳсулотро дар асоси истифодаи 70-80 фоизи иқтидори пурраи истеҳсолӣ ба нақша мегиранд. “Плюс” (ҷамъ), ё худ изофапулӣ, ҳамчун фоидаи иқтисодии ҳадди ақал ба ифодаи фоиз, вобаста ба ҳадди нормаи миёнаи фоидаи дар тӯли 10 соли охир ташкилшуда, ба нақша гирифта мешавад. Формулаи “хароҷот плюс” меҳвари нархгузории стандартиро ташкил медиҳад, ки вобаста ба вазъу талаби бозор, нарх дар гирду атрофи он давр мезанад бо хароҷоти якхелаи миёна, бо таври автоматӣ метавонанд нархҳоро бо ҳам баробар кунанд ва фоидаи худро ба ҳадди аксар афзун гардонанд (5,162).

Нархмуқарраркунии якхела аз ҷониби олигополистон метавонад ба фаъолияти истеҳсолкунандагон ва ҳаҷму меъёри талаботи истеъмолгарон таъсири манфӣ расонад. Дар ҳолати муқаррар кардани нархҳои ҳархела барои харидорони гуногун табъизи нархӣ ба миён меояд. Одатан, чунин гурӯҳи табъизи нархиро фарқ мекунанд:

  1. Табъиз(дискриминатсия)-и фардӣ — нарх аз ҷониби фурӯшанда вобаста ба сатҳ ва дараҷаи даромад таъсис дода мешавад. Барои сарватмандон одатан нархҳои баланд, барои бенавою бечорагон, нисбатан нархҳои пасттар гузошта мешаванд. Баъзан барои аз худ дур накардани мизоҷон, ба таври рӯпӯш молу маҳсулот бо нархҳои пасттар фурӯхта мешавад;
  2. Табъизи гурӯҳӣ. Нархҳо бо тадриҷ фақат дар бозори рақибон паст карда мешаванд. Паст кардани нарх на ба мақсади ба даст овардани фоида, балки ғолибият бар рақиби худ, аз бозор дур сохтан, тобеъ гардондан ва нест кардани он истифода карда мешавад.
  3. Табъизи маҳсулотӣ дар ҳолати аз ҷониби фирмаҳо гузоштани нархҳои гуногун ба маҳсулотҳои якхела ба миён меояд. Ин бо воситаи васеъ истифода кардани тамғаҳои савдо, хусусан тамғаҳои маълумтарини савдою саноатӣ (чӣ худию чӣ хориҷӣ) ва ба онҳо гузоштани нархҳои хеле ҳам баланд ба роҳ монда мешавад. Он дар асоси принсипи “маҷбур намо барои этикетка пул диҳанд” амал мекунад.

Монопсония яке аз шаклҳои рақобати монополистӣ мебошад. Монопсония (монополияи харид, инҳисори харҷ — monopsony) дар маънои “як харидор” фаҳмида мешавад.

Ҳангоми таҳлили шакли бозори монополӣ ё худ олигополӣ бештар сухан оиди фурӯшанда мерафт, аз ин ҷиҳат онҳоро ҳамчун “инҳисори фурӯш” эътироф мекунанд. Дар он ҷо махсусан шумораи зиёди истеъмолгарон низ хотиррасон карда шуда буд. Аз ин ҷиҳат бозори ра-қобати нокомил ҳамчун ягонагии бозори “инҳисори фурӯш” ва “инҳисори харид”, яъне кулли бозорҳои монополӣ, олигополӣ ва монопсонӣ сурат мегирад.

Агар дар бозор, як ё якчанд истеъмолкунанда ҳузур дошта бошанд ва шумораи тавлидгарон бешумор боқӣ мемонад, дар ин ҳолат шакли бозори монопсонӣ дида мешавад.         

Вазни қиёсии ҳар як тавлидгар ва таъсири он ба қудрати истеъмолгар дар ин шакли бозор начандон бузург аст. Истеъмолгар (ягон муассиса, ташкилот, корхона…) талаботи худро аз ҳи-соби якчанд тавлидгарон қонеъ мегардонад. Вай нархи молҳои истеъмолкунандагони худро муайян мекунад ва ҳаҷми онро чунон интихоб мекунад, ки манфиати онро қонеъ гардонад.

Дар ин бозор истеҳсолкунанда ба сифати пассив ва истеъмолгар ба сифати фаъол баромад мекунанд.

Дараҷа ва ҳаҷми талаби истеҳсолкунанда таҳти нуфуси истеъмолгарон қарор дорад. Охирон, ҳаҷми нархи молро муайян намуда, тавлидгаронро маҷбур месозанд, ки фақат тибқи хоҳиш ва дархости онҳо молҳояшонро пешкаш намоянд.

Ин шакли бозор ҳамчун сохтори дуввӯмдараҷаи бозор сурат мегирад. Масалан, бозори омилҳои истеҳсолот ё худ бозори фармоиши давлатӣ ба бизнес оиди истеҳсоли яроқ, аслиҳа, самолёт, танк, автомат, пушка ва ғайра. Дар ин ҳолат давлат ё худ бизнес кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки барояшон то ҳадди имкон фармоиш кам шуда, воситаҳои молию пулӣ сарфа карда шаванд. Ин ҷараён аз ҷониби монополия, олигополия ва монопсония бештар ба зиддият дучор мегардад. Барои амалӣ гаштани мақсад ва мароми худ гурӯҳҳои алоҳидаи монополия ва монопсония ба ҳам як шуда, ба он истодагарӣ (монеъгарӣ) мекунанд.

Монопсония баъзан ба сифати миёнаравон иштирок карда, молҳои тавлидгардидаро бо нархҳои арзон харид карда, онҳоро бо нархҳои баланд ба истеъмолгарон мефурӯшанд. Ба ин сифат бештар биржаҳои молӣ машғул буда, ба ивази адои хизмат фоизи муайян ба даст меоранд.

Дар он ҷое, ки монопсония ҳукмрон аст, хоҳ нохоҳ, ба он қувваи дигар, қувваи муқовиматкунанда бар зидди он ташаккул меёбад. Масалан, бар зидди шакли монопсонии фирмаҳои тиҷоратӣ — истеҳсолкунандагони монополистӣ; бар зидди истеъмолгари монопсонӣ — монополия ё худ давлат дар шакли густариши иттиҳодияи саноатӣ;… монопсония дар бозори меҳнат — иттифоқи касаба ва ғайра истодагирӣ менамояд.

Дар айни ҳол монополист — истеъмолгар бар зидди монополист — истеҳсолкунанда оиди таснифи нарх, ҳаҷм ва миқёси маҳсулот ва ғайра истодагирӣ карда метавонад.


Ракобати нокомил ва шаклхои он, шаклхои ракобати нокомил, намудхои ракобати нокомил, Ракобати монополистии фирма, Эътидоли тамсилаи ракобати, Ракобатпазирии саноатию истехсоли, Ракобатпазирии тичорати, ракобати нархи, ракобати гайринархи


1 Докторина сознательного параллелизма(сознательного поведения)

Шарҳ баста аст.