Принсипи детерминизм

Детерминизм (аз лот., determinare – муайян кардан) назариёти фалсафӣ аст, ки қонуниятӣ ва сабабӣ будани кулли зуҳуроти табиат ва ҷамъиятро эътироф мекунад.

Детерминизми фалсафӣ ва илмӣ ҳар кадом зуҳуротро натиҷаи ягон сабабҳо меҳисобад, ки онро ба вуҷуд овардаанд, ҳамчунин худи ин зуҳурот чун сабаби зуҳуроти дигар таҳқиқ шуданаш мумкин аст. бояд қайд намуд, ки мавқеҳои фалсафӣ дар ин масъала фарқи зиёд доранд, махсусан агар сухан дар бораи асосҳои сабабии олам равад. Баъзеи файласуфон мавҷудияти оламро бо сабабҳои табиӣ алоқаманд мекунанд, баъзеи дигар оламро офаридаи Худо ё хиради ҷаҳонӣ меҳисобанд.

Ҳамин тавр, дар низомҳои фалсафӣ (ҳам материалистӣ ва ҳам идеалистӣ) хусусияти қонуниятӣ доштани сабабиятнокии зуҳуроту равандҳои олам эътироф карда мешавад. Дар аксари ҳолатҳо индетерминизм ба сифати алтернативаи детерминизм баромад мекунад. Бояд гуфт, ки дар индетерминизм, чун қоида, танҳо ягон хусусияти детерминизм, ягон принсипи он (масалан, принсипи сабабият) инкор карда мешавад. Дар илми муосир чанде аз кашфиётҳо дар соҳаҳои физика, биология ва синергетика ба ақидаҳои индетерминистӣ нерӯ бахшид. Вале дар ягон соҳаи илм индетерминизм хусусияти қатъиро соҳиб нагардид. Гуфтан беҳтар аст, ки дар чунин шароит доираи принсипи детерминизм васетар шуда, як намуди фаҳмиши метафизикии он, ки детерминизми лапласӣ (аз номи Лаплас) аст, аз назари илмӣ бартараф гардид.

Детерминизми лапласӣ дар асоси комёбиҳои илми асрҳои XVII-XVIII, ки ба ташаккули манзараи механикии олам сабаб гардид, пайдо шуд. Нишонаҳои фарқкунандаи детерминизми лапласӣ инҳо мебошанд:

— нисбат додани кулли гуногунрангии робитаҳои олам (аз ҷумла шаклҳои детерминация) ба робитаҳои сабабӣ-натиҷавӣ;

— тасдиқи он, ки ҳар кадом як натиҷа фақат як сабаб дорад (монокаузализм);

— инкор кардани мавҷудияти зуҳурот ва робитаҳои тасодуфӣ дар табиат, айният додани тасодуф ба номаълумии сабаби ҳодисаҳо;

— фаҳмиши озодӣ ҳамчун зарурати даркшуда.

Камбудии ҷиддии детерминизми лапласӣ ин зоҳиршавии фатализм (аз лот., fatalis – фалокатовар; тақдирпарастӣ ) дар он мебошад. Андешида мешавад, ки агар кулли зуҳуроту ҳодисаҳо бо сабабҳои гузашта муайян шуда бошанд, пас дар лаҳзаи ҳозира оид ба ягон гуна интихоби озод сухан рондан муҳол аст. Рафтори минбаъдаи мо бо гузашта комилан муайян карда шудааст. Ҳамчунин камбудии дигари детерминизми лапласӣ дар он аст, ки ҳарчанд ҳамаи зуҳуротро сабабдошта ҳисобад ҳам, аммо хулосаи нодуруст бароварда, амали ин сабабро бо зарурат алоқаманд мекунад.

Инкишофи таърихии фалсафа ва илм нуқтаҳои детерминизми лапласиро инкор менамояд. Дар шароити муосир дар бораи фаҳмиши сифатан нав, фаҳмиши диалектикии принсипи детерминизм гуфтан ҷоиз аст. Мувофиқи он, олам ҳамчун томияти серзинаи инкишофёбанда баррасӣ мегардад, ки дар он эҷодкорӣ ва озодии инсон на танҳо мавҷуд аст, балки ба ҳайси омили сабабияти мавҷудият ва таҳаввулоти ин томият эътироф карда мешаванд. Ба нишонаҳои хоси детерминизми муосир мутааллиқ мебошанд:

  1. Эътироф кардани хусусияти обективии тасодуф дар табиат ва ҷамъият. Тасодуф ба зарурат набояд муқобил гузошта шавад, зеро онҳо ягонагии диалектикиро ташкил медиҳанд. Бетартибият ва номуайянӣ атрибути худи ҳастӣ буда, асоси объективии онтологии фардиятӣ, озодӣ ва эъҷодии инсон ба шумор мераванд.
  2. Мафҳуми «детерминизм» нисбат ба мафҳуми «сабабият» васетар аст, чунки ба он намудҳои ғайрисабабии вобастагӣ ворид карда мешаванд. Масалан, вобастагии функсионалӣ, низомӣ, мақсадӣ ва ғ. аз ҳамин қабил мебошанд. Бояд гуфт, ки доир ба масъалаи намудҳои детерминатсия (муайянкунандагӣ, шарт) дар байни олимон ақидаи ягона то имрӯз вуҷуд надорад.
  3. Шаклҳои мухталифи детерминатсия дар зинаҳои гуногуни ҳастии олам аҳамияти гуногун доранд. Чунончи, аҳамияти детерминатсияи мақсадӣ дар зинаҳои болоӣ меафзояд ва дар ҳастии инсону ҷамъият мақоми хосса касб мекунад.
  4. Ҳамон як навъи робитаҳо дар зинаҳои ҳастии олам гуногун зуҳур меёбанд. Вобаста аз болоӣ будани зинаҳо, навъи мазкури робитаҳо мураккабтар мегарданд. Чунончи, дар сатҳи равандҳои ҷамъиятӣ детерминатсияи низомӣ аз вобастагиҳои сершумори функсионалӣ, инчунин аз детерминантҳои сабабӣ ва арзишӣ-мақсадӣ ҷудо буда наметавонад.
  5. Робитаҳои сабабӣ хусусияти ғайриростхатӣ (сершохавӣ ва эҳтимолӣ) дошта, дар якҷоягӣ бо дигар шаклҳои детерминатсия таҳлил намудани онҳо мантиқи ғайрихатии тафаккури илмиро тақозо дорад, ки он шакли муосири зуҳурёбии тафаккури диалектикӣба шумор меравад.

Ин ҷо дар бораи чанде аз хусусиятҳои робитаҳои сабабӣ ва функсионалӣ гуфта мегузарем. Маълм аст, ки мафҳуми «робитаи сабабӣ» мафҳуми марказии детерминизм мебошад. Вай ифодакунандаи робитаи генетикии байни зуҳурот мебошад, ки дар ин робита як зуҳурот (сабаб) дар шароитҳои муайян ҳатман зуҳуроти дигар (натиҷа)-ро тавлид месозад. Аломати муҳими робитаҳои сабабӣ ин аст: аввалан, хусусияти тавлидсозандагии сабаб нисбати натиҷаи фарорасида; сониян, муносибатҳои сабабӣ-натиҷавӣ дар муттасилии фазоӣ-вақтии муайян амалӣ мешавад.

Робитаи сабабии оддӣ шакли соддатарини сабабият мебошад. Ин робитаи ду зуҳурот – А сабаб ва Внатиҷа мебошад, ки дар он зуҳуроти якум дуюмиро ба миён меорад: А→В. Сабаб нисбат ба натиҷа пештар зуҳур дорад, вале на ҳар ҳодисае, ки пештар ба вуҷуд омадааст, сабаби ҳодисаи баъдӣ аст. Муҳокима аз рӯи принсипи «баъд аз ин – пас бо сабаби ҳамин» хатогии мантиқӣ мебошад. Робитаи сабабӣ барнагарданда аст, яъне агар А сабаби В бошад, пас В сабаби А буда наметавонад. Ҳамон як сабаб дар ҳамон шароит танҳо ҳамон як натиҷаро падид меорад. Ин принсипи якхелагии олам мебошад. Аз он чунин маънӣ бармеояд, ки табиат моро ҳеҷ гоҳ «фиреб» намедиҳад. Ин принсип аҳамияти калони амалӣ дорад, зеро имкон медиҳад, ки ҳодисаҳо пешбинӣ ва идора карда шаванд.

Хотиррасон менамоем, ки на объектҳои моддӣ, балки тағйирёбиҳои онҳо сабаб ва натиҷа мебошанд. Ҳар кадом сабаб худаш натиҷаи сабаби дигар аст, ҳамчунин ҳар кадом натиҷа сабаби натиҷаи дигар аст:

 

→А→В→С→D→E→F→

 

Занҷираи сабабие, ки аз дигарҳояш пурра ҷудо бошад, вуҷуд надорад. Ин занҷираҳо ҳамдигарро бурида мегузаранд. Дар хати буриш ҳодисае (натиҷае) рух доданаш мумкин, ки барои ҳар дуи онҳо «ғайринақшавӣ», тасодуфӣ мебошад. Дар ин ҳолат чунин ҳодиса оғози занҷираи нави сабабӣ мегардад:

→А1→А2

                         (

→В1→В2→Х→Х1→Х2→Х3→Xn

                 &

→С1→С2

Ҳамчунин як ҳодиса сабаби наиҷаҳои сершумор шуда метавонад. Ҳар кадоми ин натиҷаҳо, дар навбати худ, сабаби натиҷаҳои дигар мешаванд, ки ягон занҷираи нави ҳодисаҳоро ташкил менамоянд. Ҳамин тавр, занҷираҳои сабабӣ ба шохаҳо тақсим мешаванд Дар чунин вазъият сабаби ибтидоӣ, ки дар нуқтаи буриш ҷой дошт, ба ҷараёни минбаъда, ба имкониятҳои амалишавандаи марҳилаи «афзоиш»-и онҳо таъсири ҳалкунанда намерасонад:

                        X1→X2

                    &

→А→В→С→Y1→ Y2

                     (

                          Z1→Z2

Ҳангоми пайдо шудани ҳар кадом зуҳурот маҷмӯи сабабҳо амал мекунанд, ки шароит номида шудаанд. Аз байни онҳо ҳамеша сабаби асосиро ҷудо кардан мумкин аст; онро баъзан сабаби хос меноманд. Вале ҳатто дар сурати мавҷуд будани сабаби асосӣ ва маҷмуӣ шароитҳо мумкин аст, ки натиҷа фаро нарасад. Барои фарорасии натиҷа баҳона лозим мегардад. Кӯшиши дарёфти бошууронаи баҳона ё баръакс, бартараф кардани он, аз ҷумлаи унсурҳоии муҳими ҳастии инсонӣ ба шумор мераванд.

Дарёфт кардани сабабҳо ва шароитҳои пайдоиши зуҳуроту ҳодисаҳои муайян вазифаи муҳими ҳар кадом илм мебошад. Маънидодкунии сабабӣ ҳамчун унсури ҳастии оқилонаи инсон ба тарзи ирратсионалии фолбинӣ имоноварӣ зид гузошта мешавад.

Робитаи функсионалӣ (ё коррелятсионӣ) низ навъи муҳими робитаҳо ба шумор меравад. Дар он муносибати тавлидсозандагӣ ба назар намерасад, вале коррелятсияи тарафайн (таносуб, иртиботи мутақобила) ва таъсири мутақобилаи зуҳурот ё предметҳо ҷой доранд. Ин коррелятсияи вақтииивазшавии шабу рӯз, дувоздаҳсолиҳо ва дигар доираҳо буда метавонад. Ин коррелятсияи фазоиинавъи муносибатҳои симметрӣ буда метавонад. Тобеияти коррелятсионии дохили низом аҳамияти муҳим дорад, масалан муоширати донишҷӯён дар доираи гурӯҳи худ; ҳаракати коррелятсионии амали дастони инсон; коррелятсияи мутақобилаи қисмҳои гуногуни геном (маҷмӯи генҳо дар ҳуҷайра) ва ғ.

Дар воқеъ, қонунҳои сершумор дар илмҳои гуногун тобеиятҳои муҳими функсионалиро муайян менамоянд, масалан вобастагии тағирёбии обуҳаво аз тағйирёбии фишори атмосфера, афзоиши миқдори талоҳо ва ногувории вазъи иҷтимоии ҷомеа. Ҳангоми балоиҳагирӣ ва сохтани таҷҳизоти техникӣ робитаҳои функсионалӣ аҳамияти муҳим доранд. Алоқамандии майна ва психика хусусияти функсионалӣ дорад, на сабабӣ. Шарҳдиҳии функсионалӣ ба шарҳдиҳии сабабӣ қатъиян зид гузошта намешавад, балки дар доираи назари диалектикӣ ба равандҳои дитерминатсия, онро пурра мегардонад.

Шарҳ баста аст.