Пиразани мазлум ва Нушервони одил (ҳикоя)

0
82

Чунин гуянд, ки чун Қубод фармон ёфт, Нушервони Одил, ки писари ӯ буд, ба ҷои ӯ бинишаст, ҳаждахсола буд ва кори подшоҳӣ ҳамеронд. Ӯ марде буд зиштиҳоро ба зишт доштӣ ва некиҳо ба некӣ. Ва ҳамеша гуфтӣ: «Падарам заифроест ва салим ва зуд фирефта шавад ва вилоят вайрон мешавад ва хазина тиҳӣ ва мол аз миён мебаранд ва зиштномиву мазолим дар гардани ӯ ҳамемонад. Ва фалон воли ва омил, ки эшон фалон вилоятро аз ӯ хост, ба ноҳак ҳалок карданд ва раоё дарвеш монд. Бад-он бадраи динор, ки оварданд ва симдӯстӣ, ки буд, фирефта шуд ва аз эшон хушнуд шуд ва ин моя тамиз накарда ва аз эшон напурсид, ки ту амир ва волии он вилоятӣ. Ман туро бад-он вилоят чандон ҳаволат кардаам, ки мавоҷиби ту ва хайли ту бошад. Донам, ки аз эшон ситудаӣ ва пеши ман овардаӣ ва аз мероси падар барнадоштаӣ. Ҳама он аст, ки аз раоё ба ноҳак бистудаӣ. Ва омилро хамчунин гуфтӣ, ки моли вилоят чандин аст, баъзе ба барот харҷ кардӣ ва баъзе ба хазина супурдӣ. Ин зиёдатиҳо, ки бо ту мебинам, аз куҷо овардӣ? Ҳама он аст, ки ба ноҳак бистудӣ ва ба урф он баҷо наёвардӣ, то дигар ростӣ пеша кардӣ.

Чун се чаҳор сол бар он бигзашт, гумоштагон ҳамчунон дароздастӣ мекарданд. Чун хозир шуданд, Нушервон бар тахт нишаст, Худойро сипос кард, пас гуфт:

Загрузка...

-Бидонед, ки маро ин подшоҳӣ Худои азза ва ҷалла дод ва дигар аз мероси падар ёфтаам ва се дигар адувон бар ман хуруҷ карданд, бо эшон масоф кардам ва дигар бор мулкро ба шамшер гирифтам. Чун Худоитаоло ҷахон ба ман дод, ман ба шумо арзонӣ доштам ва ҳар касро вилоят додам ва ҳар киро дар ин давлат ҳаққе бар ман буд, бенасиб нагузоштам, вайро ва бузургоне, ки бузургӣ ва вилоят аз падарам ёфтаанд, эшонро ҳам бад-он маҳал мартабат бидоштаам ва манзалату нонпораи эшон кам накардаам. Ман ҳурмати шумо нигоҳ дорам ва шумо сухани ман нашнавед ва аз Худойтаоло натарсед ва аз халқ шарм надоред ва ман аз Яздон метарсам. Набояд, ки бедоду шумии шумо дар рӯзгори ман расад. Бояд, ки пас аз ин бо халқи Худои некуӣ кунед ва раият сабукбор доред ва заифонро маёзоред ва

Мар-уламоро ҳурмат доред ва аз бадон бипархезед.

Худойро бар хештан гувоҳ гирифтам, ки агар касе хилофи ин тариқа варзад, набахшам.

Ҳама гуфтанд:

-Чунин фармон дорем.

Чун рӯзе чанд баромад, ҳама бар сари кор шуданд ва ҳамон бедодӣ ва дароздастӣ пеш гирифтанд ва Нушервонро ба чашми кудакӣ нигоҳ карданд. Ва ҳар кас пиндошт, ки Нушервонро ӯ бар тахти подшоҳи нишондааст, агар хоҳад ӯро подшоҳ дорад ва агар нахоҳад, надорад. Ва Нушервон тан ҳамезад ва бо эшон ба мадоро рӯзгор ҳамегузаронид, то дар ин ҳадис панҷ сол баромад.

Магар сипаҳсолоре аз ӯ тавонгартар ва бонеъматтар набуд ва Нушервон ӯро волии Озарбойҷон карда буд ва дар ҳама мамлакат хеҷ амир аз ӯ бузургтар бо ҳайлу таҷаммул набуд. Ӯро магар орзу чунон афтод, ки дар он шаҳр, ки нишастӣ ӯро боғе ва нишастангоҳе бошад.

Дар он шаҳр пиразане буд, он мивдор заминпорае буд вайро, ки дахли ӯ ҳар сол чандон будӣ, ки хироҷи волӣ бидодӣ ва барзгар насиби хеш бардоштӣ. Ва он қадар насиби пиразан расидӣ, ки соле то соли дигар ҳар рӯз чаҳортоӣ нон будӣ, яктоӣ ба нонхуриш бидодӣ ва яктои ба чароғ ва як нон ба чошт хурдӣ ва як нон ба шаб хурдӣ. Ва ҷома ба тараҳҳум мардумон ба вай додан ва ҳаргиз аз хона бадар наёмадӣ ва дар машаққат рӯз мегузаронидӣ. Магар ин сипаҳсолорро он пораи замин дархурд буд, ки дар ҷумлаи боғу сарой гирад. Кас бад-он пиразан фиристод, ки ин пораи замин бифуруш, ки маро дархурд аст.

Гуфт:

-Нафурушам, ки маро дар ҳама чахон ин кадар замин аст, ки қути ман аз он ҷост, кас қути худ нафурушад-

Гуфт:

-Ман ивази он замин бидиҳам, ки ҳам чандон дахлаш бувад.

Пиразан гуфт:

-Замини ман ҳалол аст, аз падару модар мерос ёфтаам ва ҳамсоягон мувофиқ днд ва маро озарм9 доранд. Ва он замин, ки ту маро дихӣ чандон хосият дар вай набошад. Агар даст аз ин боздорӣ, туро беҳтар.

Сипаҳсолор сухани пиразан нашунид ва ба зулм замин аз ӯ бигирифт ва девор гирди ӯ даркашид. Пиразан дармонд. Кораш ба зарурат расид. Бад-он розӣ шуд, ки баҳои замин ё иваз бидиҳад, худро пеши ӯ афканд, ки ё баҳо бидеҳ ё иваз. Пиразан ноумед аз пеши ӯ берун омад ва низ ӯро дар саҳро нагузоштанд. То ду сол баромад. Пиразан оҷиз шуд ва тамаъи инсоф аз вай бибурид ва бо худ гуфт:

-Оҳани сард мекубам. Эзид забардасти ҳар дастеро даст офаридааст. Охир ин бо ҳама бузургӣ чокари Нушервон аст. Тадбири ман он аст, ки худро пеши Нушервон афканам ва аз ҳоли худ ӯро маълум гардонам.

Пас бархост ва ба ранҷу душворӣ аз Озарбойҷон ба Мадоин шуд. Чун даргоҳи Нушервон бидид, гуфт:

-Маро нагузоранд, ки дар ин даргоҳ шавам, он ки волии ӯ дар Озарбойҷон аст ва чокари уст маро дар сарояш нагузоштӣ, кай ба ин боргоҳ гузоранд, ки худованди ҷаҳон аст. Тадбири ман он аст, ки дар саҳрое ӯро бинам ва қиссаи худ бар вай арз кунам.

Қазоро он сипаҳсолор, ки замини ӯ ситуда буд, ба даргоҳ омада буд. Нушервон азми шикор кард. Пиразан хабар ёфт, ки Нушервон ба фалон шикоргоҳ меравад. Бархост тарсон-тарсон ба сахтиву ранҷи тамом бад-он шикоргоҳ шуд ва дар паси хошоке бинишаст ва он шаб он ҷо бихуфт.

Рӯзи дигар Нушервон даррасид ва бузургон бипароканданд ва ба шикор машғул шуданд. Нушервон бо силоҳдоре бимонд. Пиразан чун маликро танҳо бидид аз паси хошок бархосту гуфт:

-Эй малик, доди ин заифа бидеҳ!

Нушервон суи ӯ асп ронд ва қиссаи ӯ бихонд, Об дар дидаи Нушервон бигардид ва гуфт:

-Дил машғул мадор, ки то акнун кор туро афтода буд, акнун маро афтод, муроди ту ҳосил кунам ва ё туро ба шаҳри ту фиристам. Он гоҳ фаррошро гуфт:

-Инро бар шутур нишон ва ба деҳ бубар ва ба меҳтардеҳ супор, то чун аз шикоргоҳ бозоям, ӯро ба шаҳр бар ва дар хонаи худ нигоҳ дор. Ҳар рӯз ду ман нон ва як ман гушт ва ҳар моҳ панҷ динори зар аз хазина бад-у мерасон, то он рӯз, ки ӯро аз ту талаб дорем.

Фаррош хамчунон кард. Чун Нушервон аз шикор бозгардид, дар андеша буд, ки чӣ чора кунад, то ҳақикати ин ҳол маълум шавад, чунон ки бузургон надонанд. Пас нимрӯзӣ, ки ҳама халқ хуфта буданд ва дари сарой холӣ буд, ходимро гуфт:

-Бирав фалон ғуломро овоз кун.

Чун ғулом биёмад, гуфт:

-Донӣ, ки эй ғулом, маро ғуломони шоиста бисёранд. Аз ҳама туро баргузидам ва эътимод бар ту кардам. Бояд, ки нафақот аз хазина биситонӣ ва ба Озарбойҷон шавӣ, ба фалон қадр ва фалон маҳаллат ва бист рӯз он ҷо мақом кунӣ ва бад-он мардум чунон намоӣ, ки ман ба талаби ғуломи гурехта омадаам ва пас бо даргуна мардум нишасту хест кунӣ ва бо эшон биёмезӣ. Ва дар миёни сухан, дар ҳоли мастию душёрӣ аз эшон суол кунӣ, ки дар ин мамлакат зане фалон буд, фалон ном, куҷо шуд, ки аз ӯ нишон намедиданд. Ва бишнав, ки чӣ мегуянд ва ёд гиру хабар боз ор ва туро бад-ин кор мефиристам. Валекин туро дар боргоҳ пеши бузургон бихонам ва бо овози баланд бигуям, чунон, ки ҳама бишнаванд:

-Бирав, аз хазина нафақот биситон ва аз он ҷо ба Озарбойҷон шав ва ба ҳар шаҳру нодияте расӣ, бубин ва бипурс, ки ҳоли ғаллаҳо ва мевадои эшон имсол чӣ гуна аст? Чӣ офати осмонӣ расидааст ё на, ва ҳамчунин аҳвол бубин ва бипурс. Чунон, ки ёбӣ, ба зудӣ бозгард ва маро хабар кун, то ҳеҷ кас надонад, ки ман ба чӣ кор мефиристам.

Ғулом гуфт:

-Фармонбардорам.

Дигар рӯз азми роҳ кард ва ба он шаҳр шуд ва бист рӯз он ҷо мақом кард ва бо дар кӣ нишастӣ, аз ҳоли пиразан пурсидӣ. ҳама гуфтанд, ки ин пиразани мастураро шавҳару фарзандон ба рахмати Худой шуданд ва ӯро порае замин маврус буд ва онро ба барзгар дода буд. Волиро мурод он буд, ки боғ ва сарое созад ва он заминро ба зур бигирифт ва дар ҷумлаи боғ даровард, на баҳо дод ва на иваз. Ва соле он пиразан ба дари сарои ӯ омад, гуш бад-у накард ва акнун муддатест, ки кас ӯро надидааст.

Ғулом ҳолро маълум кард ва ба даргоҳи Нушервон омад ва ахвол бозгуфт. Нушервонро тадқиқ шуд, ки пиразан рост гуфтааст. Рӯзи дигар бор дод ва чун бузургон ҳозир шуданд, замоне буд Нушервон руй бад-он бузургон карду гуфт:

-Волии Озарбойҷонро чӣ миқдор дастгоҳ бошад?

Гуфтанд:

-Ду бор ҳазор-ҳазор динор, ки ӯро бад-он хоҷат нест.

Гуфт:

-Аз матоъ ва таҷаммул?

Гуфтанд:

-Сесад ҳазор-ҳазор заррина ва симина.

Гуфт:

-Аз ҷавоҳир?

Гуфтанд:

-Понсад хазор-хазор динор.

Гуфт:

-Мулк?

Гуфтанд:

-Дар Хуросону Ироқ ва Озарбойҷон дар хеҷ ноҳияту шаҳре нест, ки ӯро он ҷо даҳ пора ва ҳафт пора мулку деҳ ва осиёю корвонсаро ва гармобаю мустағал нест.

Гуфт:

-Чаҳорпой?

Гуфтанд:

-Си ҳазор.

Гуфт:

-Бандаи дирамхарида?

Гуфтанд:

Ҳазору ҳафтсад ғуломи румӣ ва ҳабашии дирамхарида дорад.

Гуфт:

-Акнун касе, ки чандин неъмат дорад ва ҳар рӯз аз бист гуна таъом ва барраву ҳалво ширин хурад ва заифи дигар, ки аз парастори Худои таъоло буда бошад, яке бомдод хурад ва яке шабонгоҳ ин кас ба ноҳақ ду нони хушк аз ӯ биситонад ва ӯро маҳрум гардонад бар ӯ чи воҷиб ояд?

Ҳама гуфтанд:

-Ин касро муставҷиби ҳама уқубат бувад ва ҳар баде, ки бо вай кунанд, сазовор аст.

Нушервон гуфт:

-Пас ҳам акнун бихоҳам, ки пусти ӯ бикананд ва гушти ӯ ба сагон диҳанд ва пустро пури коҳ кунанд ва бар дари capoй биёвезанд ва ҳафт рӯз мунодӣ кунанд, ки ҳар кӣ баъд аз ин ситам кунад ва турбаи коҳ ё мурғе, ё дастаи тарра аз касе ба зулм биситонад, бо ӯ ҳамин кунанд, ки бо ин карданд. Пас он фаррошро гуфт: – Пиразанро биёвар. Ва бузургонро гуфт: – Ин ситамрасида аст ва он ситамгар, ки ин ҷазо ёфт, – ва он ғуломро гуфт, ки туро ба чӣ кор ба Озарбойҷон фиристода будам?

Гуфт:

-Бад-он то аз ҳоли пиразан, ки зулм бар ӯ рафта ба ҳақиқат маликро хабар кунам.

Пас бузургонро гуфт:

-То бидонед, ки ман ин сиёсатро бар ғазоф накардаам. Баъд аз ин бо ситамгарон ҷуз ба шамшер сухан нахоҳам гуфт ва мешу барра аз гург ниҳон хоҳам дошт ва дастҳои дароз кутоҳ хоҳам кард ва муфсидонро аз руи замин пок хоҳам кард. Ва ҷаҳонро бо адлу дод ободон хоҳам дошт, ки Худои таъоло маро аз бадри ин кор фиристодааст. Агар шоистӣ, ки мардумон дар чӣ хостандӣ, кардандӣ, эзид таъоло подшоҳонро падидор накардӣ ва бар сари эшон барнагумоштӣ. Шумо акнун ҷаҳд кунед, то коре накунед, ки ба шумо ҳамин равад, ки бо ин золим рафт.

Ҳар ки дар он маҷлис буд аз ҳайбату сиёсати Нушервон заҳрашон об шуд. Он пиразанро гуфт:

-Он ки бар ту ситам кард, ҷавобаш додам, он сарову боғро, ки замини ту дар он аст, ба ту бахшидам ва сутуру нафақа фармудам, ки то ту ба саломат ба шаҳри хеш бозрасӣ ва маро ба дуо ёд орӣ.

Пас гуфт:

-Чаро бояд, ки дари сарои мо бар ситамгарон кушода ва бар ситамрасидагон баста, ки раоё ва лашкариён ҳар ду зердастон ва коркунон моанд раоё агар ба даргоҳ ояд, нагузоранд, ки ӯ пеши ман ояд ва ҳоли деш бозгуяд. Агар ин пиразан роҳ биёфтӣ, ӯро ба шикоргоҳ рафтан ҳоҷат набудӣ.

Пас фармуд, то силсилае созанд ва ҷарасдо биёвезанд, чунон ки дасти ҳафтсола буд, ӯ бирасад, то дар мутазаллиме, ки ба даргоҳ ояд, ӯро ба воҷиб ҳочат набошад. Силсила биҷунбонад, ҷарасдо ба бонг оянд, Нушервон бишнавад ва доди ӯ бидивад. Ҳамчунин карданд. Бузургони сарони сипоҳ бозгаштанд ва ба хонаи хеш бозомаданд. Дарҳол вакилону уммол зердастон ва хайли7 хешро бихонданду гуфтанд:

-Бигӯед, дар ин даҳ сол чизе ба новоҷиб аз кӣ ситудаед?! Агар ба ноҳак касеро биёзурдаед, бояд ки мову шумо бари он шавем, то эшонро хушнуд кунем, пеш аз он ки касе ба даргоҳ равад ва аз мо шикоят кунад.

Ғамгинон биистонданд ва хасмонро хушнудӣ ҷустанд, баъзе ба узр, баъзе ба мол ва бо ин ҳама хат ба икрор меистоданд, ки фалон аз фалон хушнуд аст ва ҳеҷ даъво надорад. Бад – ин ки сиёсати бавоҷиб, ки Нушервон бикард, мамлакати ӯ рост биистод ва ҳама дастҳои дароз кутоҳ шуд ва халқи олам баросуданд, чунон ки ҳафт сол бигузашт, ки хеҷ кас ба даргохи ӯ аз мутазаллим наёмад.