Пайдоиши синфҳо

0
53

Пайдо шудани хоҷагии истеҳсолкунанда, яъне зироаткорӣ ва чорводорӣ, тақсимоти ҷамъиятии меҳнат, ба соҳаи мустақил табдил ёфтани ҳунармандӣ маҳсулнокии меҳнатро зиёд карда, барои пайдо шудани моликияти хусусӣ шароит муҳайё месозад. Шарти асосии пайдо шудани синфҳо пайдо шудани моликияти хусусӣ мебошад. Дар ҷамъияти ибтидоӣ замин, воситаҳои истеҳсолот ва чорво моликияти умумии ҷамоа буданд. Бо пайдо шудани оилаҳои ҷудогонаи яккаҷуфтӣ ин моликият дар байни онҳо тақсим шуда, ба моликияти хусусӣ табдил меёбад. Пешвоёни авлодҳо қисми зиёди моликияти ҷамоаро аз худ карда ба табақаи сарватманд табдил меёбанд. Дар ҷамъият нобаробарии молу мулкӣ ва синфҳо, яъне бойу камбағал пайдо мешаванд. Синф гуфта, гурӯҳҳои иҷтимоиеро меноманд, ки онҳо аз якдигар бо молу мулкӣ ва мақоми иҷтимоӣ фарқ мекунанд. Дар он давра ҷамъият ба ду синфи асосӣ – заминдорону чорводорон ва кишоварзони безамину камзамин тақсим мешуд, баъдтар, ғуломон пайдо мешаванд. Дар Осиёи Миёна ғуломдорӣ бештар хусусияти хонаводагӣ дошта, ғуломон дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ саҳми ночиз доштанд. Дар асоси ин як қисми олимон мавҷудияти сохти иҷтимоӣ-иқтисодии ғуломдориро дар Осиёи Миёна инкор карда, онро «тарзи осиёгии истеҳсолот» меноманд, ки бо феодализм шабоҳат дошт.

Дар ҷамъияти синфӣ оддитарин ташкилотҳои сиёсӣ дар шакли демократияи ҳарбӣ ва дар заминаи онҳо оддитарин шаклҳои давлат ба вуҷуд меоянд. Давлат ин ташкилоти сиёсиест, ки ҷамъиятро ба воситаи сохторҳои махсуси маъмурӣ ва низомӣ идора мекунад.  Иттиҳоди қабилаҳои бо ҳам хеш мустаҳкам шуда халқиятҳо, ки забон ва фарҳанги ягона доштанд, ба вуҷуд меоянд. Муносибатҳои иҷтимоӣ мукаммал шуда, меъёрҳои ҳуқуқӣ ташаккул меёбанд, одитарин тасаввуротҳои динӣ пайдо шуда, бутҳо ва худоҳо мавриди парастиш қарор мегиранд. Одамон истеҳсол кардани фулузот ва аз он сохтани асбобҳои гуногунро ёд мегиранд.

Загрузка...