Пайдоиши дини зардуштӣ ва Авесто

Макон ва замони пайдоиши дини зардуштӣ. Асосгузори дини зардуштӣ пайғамбар Зардушт писари Гистасп буд. Ба андешаи аксарияти донишмандон ин дин дар байни асрҳои X – VII п.м. дар Бохтар (Балхи асримиёнагӣ) пайдо шуда буд. Аз рӯи ривоятҳо Зардушт баъди аз худои олӣ Аҳура Маздо паём гирифтан ба назди шоҳи Бохтар Виштасп омада, ӯро ба дини нав даъват мекунад. Виштасп дини Зардуштро пазируфта мардумро ба он даъват мекунад. Баъзе олимон Хоразмро ватани Виштасп мешуморанд.
Пеш аз паёми Зардушт дар байни ориёиҳо бисёрхудоӣ ҳукмфармо буд. Бештари ин худоҳо таҷассуми неруҳои гуногуни табиат – об, оташ, бод, офтоб, моҳтоб ва ғайра буданд ва парастиши онҳо дар давраҳои хеле қадим пайдо шуда буд. Худоҳои қадимаи ориёиён ба ду гурӯҳ – аҳуроӣ (яъне худоҳои некӣ) ва девӣ (яъне худоҳои бадӣ) тақсим шуда буданд. Мардум низ ба ду гурӯҳи ба ҳам мухолиф ҷудо шуда буданд. Бисёрхудоӣ боиси парокандагии маънавӣ ва бархӯрдҳои ғоявии мардумони ориёӣ ва садди роҳи муттаҳидшавии онҳо гашта буд. Дар Авесто ин чиз хуб инъикос ёфтааст. Зардушт мегӯяд: «Кай эй Маздо ҳамроҳи Ростӣ (яъне дини яккахудоӣ) ва Хшатра (подшоҳӣ) оромии ҳаётбахшу чарогоҳдиҳанда меояд…. Бигзор бадкирдорон аз кирдорҳои неки шоҳ ба дод оянд. Бигзор қавмҳои муқимнишин оромона зиндагӣ кунанд». Барои аз ин варта раҳонидани ориёиҳо Зардушт онҳоро ба дини ягонаи яккахудоӣ, ба парастиши Аҳура Маздо даъват кард. Виштасп аҳмияти дини навро барои муттаҳид кардани ориёиҳо ва ташкил кардани давлати калони мутамарказ фаҳмида, онро қабул кард ва густариш дод. Бо пазируфтани дини нав эронинажодон ба марҳилаи нави таърихӣ, ба офаридани тамаддун ва давлати ягона қадам гузоштанд. Дини нав роҳи инкишофи минбаъдаи онҳоро ҳамвор сохт. Дар ҳаёти эронинажодон ин воқеъан падидаи инқилобӣ буд.
Авесто. Китоби муқаддаси дини зардуштӣ Авесто ва худои олии он Аҳура Маздо мебошанд. Ба ақидаи аксарияти донишмандон матнҳои Авесто аз даҳон ба даҳон аз насл ба насл мегузаштанд. Ривояте ҳаст, ки бо фармони шоҳи Бохтар Виштасп матнҳои Авесторо дар чанд ҳазор пусти гов бо оби тилло навиштанд ва онҳо то давраи Ҳахоманишиён буданд ва онҳоро Искандари Македонӣ сӯзонд. Муҳаққиқон ин ривоятро бофта ва дур аз ҳақиқат мешуморанд. Бовуҷуди ин будани нусхаҳои хатии Авесто дар давраҳои қадим, алалхусус дар давраи Ҳахоманишиён аз имконият дур нест. Аз рӯи ахбори китоби зардуштӣ Динкарт, ки ба забони паҳлавӣ навишта шудааст, бо фармони шоҳи Ашкониён (парфиягиҳо) Валахш (а. I п.м.) матнҳои парокандаи Авесторо дар як китоб гирд оварданд. Авестои то ба имрӯз омада расида, тақрибан аз се як қисми Авестои қадим буда, дар давраи Сосониён, бо алифбои махсуси барои он ихтироъ карда шуда, навишта шудааст. Ин Авесто аз чор қисм иборат аст: 1) Ясно – дуоҳои ба худоҳо бахшида шуда ва Готҳо, ки қадимтарин бахши Авесто буда, аз ҷониби худи Зардушт баён шудаанд; 2) Виспарат – иловаҳо ба Ясно; 3) Видевдат – қонуни зиддӣ девҳо. Дар ин бахш қоидаҳои иҷрои маросимҳои динӣ, таҳорату намоз, номгӯи гуноҳҳо, баъзе қонунҳои мулкӣ ва ҷиноятӣ баён шудаанд. Баъзе бандҳои Видевдат хеле баъдтар аз давраи Зардушт ба вуҷуд омадаанд ва бандҳои қадимаи он тағйир дода шудаанд; 4) Яштҳо – дуоҳҳои суннатӣ.
Мувофиқи Авесто замин куррашакл буда, аз ҳафт иқлим, яъне карашвар (кишвар) иборат аст. Иқлими марказӣ Хванираса ном дошт ва нахустватани ориёиҳо Арянем Вайҷаҳ дар он ҷойгир буд. Дар Авесто 16 кишвари ориёӣ, ки Аҳура Маздо офарида буд, номбар шудаанд: 1. Арянем Вайҷаҳ, 2. Суғд, 3. Марв, 4. Бохтар, 5. Нисайа, 6. Харайва (Ҳирот), 7. Вайкэрэта, 8. Урва, 9. Хнанта (Гургон), 10. Ҳарахвати (Арахосия), 11. Ҳайтумант (Ҳилманд), 12. Рага (Рай), 13. Чахра, 14. Варан, 15. Ҳапта Ҳенду, 16. Рӯди Рангҳа.
Аксарияти кишварҳои дар Авесто номбар шуда, дар Осиёи Миёна ва Хуросон ҷойгиранд, пас шубҳае нест, ки ин китоби муқаддас дар ҳамин минтақа аз ҷониби аҷдодони тоҷикон, яъне ориёиҳо офарида шудааст.
Ақоиди зардуштӣ. Асоси таълимоти дини зардуштиро эътиқод ва парастиши худои якка ва ягона, офаридгори одаму олам Аҳура Маздо ва худоҳои дигар ташкил мекунад. Баъди Аҳура Маздо шаш Амеша Спанта (Муқаддасоти абадӣ) меистанд, ки ёварони Аҳура Маздо буда, бо сарварии ӯ ҳафт офаридаи нек – одам, чорво, оташ, замин, осмон, об ва растаниҳоро пуштибони мекунанд. Баъди Амеша Спента яздон (шакли танҳояш эзад) меистанд, ки шумораашон хеле зиёд аст – Миҳр (Митро), Рашну (додвар), Атар (Оташ), Апо (об), Анаҳито (серҳосилӣ), Моҳ, Вао (бод), Ардохша (фаровонӣ), Веретрагна (ҷанговарӣ), Шаҳревар (шоҳӣ, сарварӣ) ва ғайра.
Ҷавҳари таълимоти дини зардуштиро дугунавият (дуализм), яъне муборизаи бадӣ ва некӣ ташкил мекунад. Дар баробари худоҳои некӣ бо сардории Аҳура Маздо худоҳои бадӣ бо сардории Аҳриман низ вуҷуд доштанд. Ҳар як пайрави дини зардуштӣ бояд пайваста ва босуботона бар зидди қувваҳои бадӣ ва барои дар ҷаҳон ҳукмрон шудани қувваҳои некӣ мубориза барад. Дар набарди бадӣ ва некӣ, ки ҳазорсолаҳо идома меёбад, билохира неруҳои некӣ пирӯз мешаванд.
Аввалин мавҷудоти зиндае, ки Аҳура Маздо офарид Говмард (Гайамартан-Каюмарс) буд. Аммо Аҳриман ҳайвоноти зарароварро офарида, обҳоро ифлос ва растаниҳоро заҳролуд карда, оқибат Каюмарсро ба ҳалокат мерасонад. Аз Каюмарс нуфта боқӣ монд ва аз он як марду як зан – Маши ва Машоя ва аз онҳо насли одами пайдо шуд. Аз нуфтаи гов ҳайвонҳо пайдо шуданд.
Мувофиқи таълимоти Авеста мақсади офариниш ва зиндагии инсон некӣ кардан ва бар зидди бадӣ мубориза бурдан аст. Инсони покдин бояд «андешаи нек, гуфтори нек ва кирдори нек» дошта, душманӣ, дурӯғгӯӣ ва бадкирдорӣ накунад. Инсони Авестаӣ фаъол буда, барои пирӯзии некӣ пайваста саъю талош мекунад, фаъолона бо зироаткорӣ ва чорводорӣ машғул мешавад. Ростқавлӣ ва саховатмандӣ сифатҳои беҳтарини инсони покдин мебошанд. Ӯ бояд ба оташ, об ва замин боэҳтиром муносибат кунад. Ҷолиби диққат аст, ки эҳтиром ба оташу об дар байни тоҷикон то имрӯз боқӣ мондааст.
Сохти ҷамъиятие, ки дар Авеста тасвир шудааст, падаршоҳӣ буд. Сардори хонаводаро «нманопати» ва зани калонии ӯро «нманопатни» меномиданд. Хонаводаҳо калон буда аз якчанд оилаи хурд иборат буданд. Дар хонаводаҳо дар баробари оилаҳои комилҳуқуқ, аъзоёни ғайрикомилҳуқуқ низ буданд. якчанд оилаи падаршоҳӣ «нафа», яъне қавмро ва якчанд қавм авлодро ташкил мекарданд. Дар Авеста «даҳю» «вилоят» ва «даҳюсасти» «иттиҳоди вилоятҳо» ёд шудаанд, ки аввалин шаклҳои давлат буданд.

Шарҳ баста аст.