Тибқи Кодекси гумрукӣ се намуди пардохти гумрукӣ муайян гардидааст, ки инҳоянд:

  1. Боҷи гумрукӣ;
  2. Андози арзиши иловашуда, ки ҳангоми воридоти мол ба қаламрави гумрукии ҶТ ситонида мешавад;
  3. Аксиз, ки ҳангоми воридоти мол ба қаламрави гумрукии ҶТ ситонида мешавад[1].

Ҳамин тариқ, пардохтҳои гумрукӣ ситонида мешаванд, агар онҳо мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ муайян шуда бошанд.

Ба хироҷҳои гумрукӣ дохил мешаванд:

  1. Хироҷи гумрукӣ барои барасмиятдарории гумрукӣ;
  2. Хироҷи гумрукӣ барои мушоияти гумрукӣ;
  3. Хироҷи гумрукӣ барои нигаҳдории мол дар анборҳои мақомоти гумрук;
  4. Хироҷи гумрукӣ барои додани шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарорандаи гумрукӣ[2].

Ҳангоми барасмиятдарории молу воситаҳои нақлиёт, мушоияти гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт, нигоҳдории мол дар анборҳои мақомоти гумрук, инчунин барои додани шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарорандаи гумруки хироҷҳои гумрукӣ тибқи тартиб ва андозаи муайяннамудаи Ҳукумати ҶТ ситонида мешаванд[3]. Бояд гуфт, ки хироҷҳои гумрукӣ аз ҷиҳати андоза бояд бо арзиши тахминии хизматрасонӣ маҳдуд шуда бошанд ва набояд асоси ғайримустақими ҳимояи моли ватанӣ ё бо мақсади ситонидани боҷу хироҷ асоси андозбандии моли хориҷӣ ҳангоми воридоти он гардад.

[1] Ниг.: Моддаи 340 Кодекси гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон.- Душанбе, 2006. – С. 193.

[2] Ниг.: Моддаи 347 Кодекси гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон.- Душанбе, 2006. – С. 196.

[3] Ниг.: Моддаи 348 Кодекси гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон.- Душанбе, 2006. – С. 196-197.

Шарҳ баста аст.