Панҷи Ноором (оғози достон, духтарони Дарвоз)

0
21

Ин достон аз Панҷи ноороми устод Мирсаид Миршакар оварда шудааст.

Духтарони Дарвоз

Загрузка...

Мевазад боди тозаву форам,
Барги гулҳо ба ҷунбишанд аз он.
Мешавад паҳн дар фазо ҳар дам,
Ин суруди қадими куҳистон:
«Рӯзу шаб руди Панҷи ноором,
Мезанад доду мезанад фарёд.
Меравад худсарона, лекин ром
Ҳеҷ касро намешавад.
Ҳайҳот!
Куҳи хоро, нигар, ки уштурвор
Бар сари ганҷҳо намуда хоб.
Ҳеҷ гоҳе намешавад бедор,
Ӯ зи фарёди Панҷи заррин-об…»
Ману сарҳадчии диловари халқ,
Лаб-лаби Панҷ бо суруди баҳор
Роҳ рафтему Офтоб аз Шарқ,
Гашт рахшанда бар сари куҳсор.
Бар сари куҳ ситода машъал-сон,
Деҳаҳоро намуд рахшанда.
Гӯиё, ки ба ҷониби моён
Менамояд табассуму ханда.
Мо нишастем назди як чашма,
Дастҳоро намуда коса, аз он
Об хурдем пас ҳарисона.
Об не, балки буд роҳати ҷон.
Сумкаҳоро ба зери cap монда,
Дам гирифта, вале намехуфтем.
Бо муҳаббат махорка печонда,
Саргузашту ҳикоя мегуфтем.

https://donishju.tj/mirsaid-mirshakar